Дар ҷаҳони муосир вобаста ба он таҳаввулоте, ки дар арсаи равобити байналмилалӣ ҷараён дорад тасеаи ниёзҳои бунёдии ҷомеа ба суботи сиёсию ҳарбӣ ва иқтисодию фарҳангӣ мубрамияти хоса касб намудааст. Зеро рушду инкишофи бесобиқаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ боиси ҷаҳонишавии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ гардида, як қатор таҳдидҳои итиллоотиро ба бор овардааст, ки онҳо мустақиман ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ афзалиятҳои амниятии худро бо назардошти шароити феълии минтақа ва ҷаҳон таҳкиму густариш дода истодааст. Масоили умдаи амнияти миллию минтақавӣ ва байналмилалӣ дар низоми авлавиятҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакат мавқеи меҳварӣ дорад. Дар ин замина омилҳое, ки ба суботи миллию минтақавӣ ва байналмилалӣ хислати хатарзо доранд ба таваҷҷуҳ ва пешгирӣ ниёз доранд. Зеро амнияти миллӣ такягоҳи равнақу инкишоф ва асоси пойдории давлату миллат дар шароити дигаргуниҳои сохтории равобити байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти тағйирпазирии вазъи геополитикии Осиёи Марказӣ ҳамчун пайомади рақобати стратегӣ миёни абарқудратҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ зоҳиршавии инқилобҳои ранга дар фазои кишварҳои минтақа, мубрамияти хоса касб намудааст.
Ба андешаи мо зоҳиршавии инқилобҳои ранга ва дигар абзорҳои мудохила ба сиёсати дохилӣ алифбои тарҳи нооромист, ки ҳадафи аслияш аз назари геополитикӣ табдили режими сиёсӣ, аз байн бурдани истиқлоли сиёсӣ ва амалан зери нуфуз ва таъсири иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии худ қарор додани як кишвари соҳибистиқлол аст. Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ ба гирдоби кашмакашиҳои даҳшатангез кашида шуда буд ва то ҳол таҷрибаи талхи нооромиҳои сиёсиро дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа эҳсос менамояд. Аз ин лиҳоз, инқилобҳои ранга дар шароити давлатдории миллии тоҷикон самарае нахоҳад дод ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои дигари минтақа зарфиятҳои ба худ хос дорад.
Дар шароити кунунӣ равобити геополитикии қудратҳои минтақа ва ҷаҳон дар атрофи Осиёи Марказӣ хислати сифатан навро касб намудааст. Аз ин нуқтаи назар, зимни баррасии инқилобҳои ранга ҳамчун таҳдид ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омилҳои зерин бояд ба инобат гирифта шаванд:
Яке аз омилҳои муассири зоҳиршавии инкилобҳои ранга дар фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон тафовутҳои арзишист, ки самтҳои афзалиятноки рушди кишварҳои минтақаро фаро гирифтаанд. Тавре маълум аст, таҳаввулоти ҷаҳони муосир дар зери таъсири як қатор падидаҳои мухталиф, аз қабили ҷаҳонишавӣ, минтақагароӣ ва тамаддунгароӣ, ки дар равобити байналмилалӣ тафовути арзишӣ доранд, рушд намуда истодааст. Илова бар ин, тафовутҳои арзишию фикрӣ ба ҳавзаи мушаххаси сиёсию иҷтимоӣ марбут буда, ҳамчун омили асосии амалкардҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ дар арсаҳои мухталифи равобити минтақавӣ арзёбӣ мегарданд. Дар ин асно бархурдҳои арзишӣ ва фарҳангию тамаддунии қудратҳои бузурги олам дар масири геополитикаи ҷаҳонӣ ба ниёзи геостратегӣ табдил ёфтааст. Дар масири тафовутҳои арзишӣ, ки онҳо аз ҷониби марказҳои сиёсати ҷаҳонӣ таҳким мегарданд, дар кишвари мо масъалаи таҳкиму густариши зарфиятҳои зеҳнию маърифатии миллат пеш омадааст. Дар воқеъ заминаҳои афзунсозии иқтидори зеҳнии давлату миллат пеш аз ҳама метавонад тамоюли болоравии фирори мағзҳоро коҳиш диҳад. Махсусан дар шароите, ки сохтори афкори ҷомеа гуногунтаркиб аст тамоюли фирори мағзҳо метавонад тавозуни афкори ҷамъиятиро дар фазои маҷозии мамлакат номутаносиб созад. Муносибати қишри ҷавони мамлакат ба арзишҳо афзалияти ҳаётан муҳим дорад.
Дар ин замина ниҳодҳои пешбарандаи сиёсати давлатии ҷавонон бояд қаблан омилҳои дар сатҳи мафкураи ҷавонон пайдо шудани халои маърифативу маънавиро пешгирӣ намоянд. Зеро як қатор ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, аз қабили ҳизби мамнуи “ТТЭҲНИ”, “Гуруҳи24” ва дигар ашхоси алоҳида тавассути шабакаҳои интернетию технологияҳои иттиллоотӣ-коммуникатсионӣ сайъ намуда истодаанд, ки дар зеҳну тафаккури ҷавонон як навъ муносибати нигилистонаро нисбат ба муқаддасоти миллӣ ва сохтори сиёсии дунявият дар шароити давлатдории миллӣ бедор намоянд, ки ҷунин ҳолат метавонад боиси афзоиши таҳдиду хатарҳо ба амнияти миллӣ гардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи ҳассоси геополитикӣ қарор дорад. Инчунин кишвари мо аз назари ҷуғрофӣ дар чорсӯи тамаддунҳои гуногуни ҷаҳонӣ қарор дошта, бо онҳо ҳамҷавору дорои муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад. Бо назардошти мавқеияти геополитикии кишвар, аксаран дар ин масир афзалиятҳои геостратегии қудратҳои минтақа ва ҷаҳон хислати оштинопазир касб намудааст, ки интиқоли тарҳи нооромии суботи сиёсиро дар шароити зоҳиршавии таҳдиду хатарҳои замони муосир рушан сохтааст. Бо назардошти ин омил, Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии хеш сиёсати «дарҳои боз»-ро пайгирӣ менамояд, ки ба махсусиятҳои ҷуғрофию геополитикии кишвар мутобиқ аст.
Эҳёи давлатдории миллии тоҷикон дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат ҷавлонгоҳи ормонҳои ҳазорсолаи миллат аст. Давлати миллӣ дар заминаи арзишҳо, фарҳанг ва ормонҳои миллӣ сохта шуда, омили устувортарини таъмини амният ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад. Ба сифати омилҳои дохилии зоҳиршавии инқилобҳои ранга, пеш аз ҳама, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва буҳрони илмию маърифатии миллат баромад карда метавонад. Маънавиёт ҳамеша инсонҳоро ба созандагию ободкорӣ сафарбар менамояд.
Дар шароити нави ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор таҳдиду хатарҳои берунӣ рӯ ба рӯ гардидааст, ки онҳо метавонанд дар самти ноором намудани суботи сиёсии мамлакат ҳамчун таҳдиди эҳтимолӣ арзёбӣ гарданд. Омилҳои мазкур ҷанбаи қавии геополитикӣ дошта, механизмҳои ба худ хос доранд. Ба сифати технологияҳои геополитикии инқилобҳои ранга дар фазои Тоҷикистон ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористие баромад менамоянд, ки онҳо мехоҳанд ба таври ғайриқонунӣ ҳокимияти сиёсӣ ва сохтори конститутсионии кишварро барҳам зананд. Ҳизбу ҳаракатҳои террористии мазкур тавассути технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ афкори ҷомеаро тағйир дода, дар зеҳну тафаккури миллат ҳисси бадбинию нафратро нисбат ба давлату ҳукумат бедор менамоянд. Сохторҳои давлатӣ ва зиёиёни кишвар бояд самаранокии ҳимояи манфиатҳои миллиро таъмин намуда, тавассути он афкори ҷомеаро ба самти муайян сафарбар намоянд, ки маҳз дар заминаи он машруияти ҳокимияти сиёсӣ таъмин мегардад. Бояд гуфт, ки бартараф намудани омилҳои дохилие, ки метавонанд ангезиши инқилобҳои рангаро дар зеҳну тафаккури миллат ба вуҷуд оваранд, мувофиқи мақсад буда, барои дурнамои пешрафти кишвар арзиши стратегӣ доранд.
Ҳамин тариқ, дар масири тағйирпазириҳои геополитикӣ ва равандҳои воқеаҳои сиёсии охир дар фазои Осиёи Марказӣ нишонаи равшани зоҳиршавии инқилобҳои ранга мебошад. Инқилобҳои ранга на танҳо ба амнияти сиёсию иҷтимоӣ дар алоҳидагӣ, балки ба амнияти минтақавӣ низ метавонанд таъсири бевосита дошта бошанд.
Дар ин замина, насли ҷавони кишвар ҳамчун қишри фаъолтарини ҷомеа бояд дар шароити рушди давлатдории миллӣ дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия ёфта, дастовардҳои истиқлолро дар шароити ҳассоси минтақа ва ҷаҳон ҳифз намоянд.
Баротов Исроил
муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои
амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон