Санаи 15-17 январи соли 2025 Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар ҷараёни мулоқоти хосса ва васеъ бо иштироки ҳайатҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, аз зарфиятҳои фаровони бахшҳои саноати маъдан, сохтмон, хӯрока, дорусозӣ, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, фанноварӣ, кишоварзӣ, илму маориф ва соҳаҳои дигар мавриди таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми музокирот як силсила санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази пажуҳишии Шӯрои исломии Эрон ба имзо расид, ки барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ, бо мақсади таҳким ва рушди минбаъдаи шарикӣ, мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани самаранокии тадқиқотҳо заминаҳои мусоидро фароҳам меоварад.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон