Тавре маълум аст, санаи 29 майи соли 2022 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон оғоз гардид. Дар раванади сафари мазкур мулоқоту музокироти сатҳи олии ҷонибҳо доир гардида, бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Эрон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. 

Аз ҷумла, дар ин миён Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид, ки дар тақвият ва рушди ҳамкориҳои илмиӣ-тадқиқотии муассисаҳои болозикр нақши муҳим мегузорад.

Қобили зикр аст, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои илмӣ, тадқиқотӣ ва таҳлилию машваратие мебошад, ки дар татбиқи сиёсати давлатии нақши муҳим дорад. Ҳамзамон Маркази тадқиқоти стратегӣ дар самти анҷоми корҳои илмию тадқиқотӣ бо марказҳои бонуфузи минтақа ва ҷаҳон ҳамкориҳои самарбахшро ба роҳ мондааст, ки имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон яке намунаҳои он аст.

Чоп кунед