Рӯзи 10 июн соли 2023 дар ҳошияи сафар ба шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Парвиз Муҳаммадзода бо директори Институти тадқиқоти Роҳи Абрешим ва Иститути Осиёи Марказии Донишгоҳи Шимолу Ғарбии Чин Лу Шанбин мулоқот намуд.
Ҷонибҳо баргузории Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” ва сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чинро муҳим арзёбӣ карда, “Эъломияи Сиан”, Изҳороти муштарак миёни Ҷумуҳрии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар санадҳои нави ба имзо расидаро дар таҳкими ҳамкориҳои фарогири миёни кишварҳо баҳогузорӣ намуданд.
Тарафҳо нуқтаҳои дахлдори санадҳои болозикр доир ба ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба инобат гирифта, ҷиҳати пайгирӣ ва дар амал татбиқ намудани самти мазкур тасмим гирифтанд, ки санади ҳамкориро барои тавсеа ва татбиқи ҳадафҳои муштараки марказҳои таҳлилӣ ба имзо расонанд.
Ҳамин тариқ, дар фарҷоми мулоқот миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти Роҳи Абрешими Донишгоҳи Шимолу Ғарбии шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон