ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии СММ, ки дар ин рӯзҳо дар Ню-Йорк ҷараён дорад, тавассути видеоконфронс суханронӣ мекунанд. Сарвари давлат андешаҳои худро оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳон ва роҳҳои ҳалли онҳо манзур хоҳанд кард. Аз ҷумла, он кас мавқеи расмии кишвари моро оид ба Афғонистон муайян менамоянд.
Қаблан Сарвари давлати мо доир ба вазъи Афғонистон ҳанӯз 22 июл ибрози назар намуда буданд. Он кас таъкид намуданд, ки ахиран вазъ дар ин кишвар, мутаассифона, боз ҳам мушкилтар ва фоҷиабортар гардида, боиси нигаронии ҷиддӣ дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон шудааст.
25 августи соли равон Президенти Тоҷикистон мавқеи кишвари моро дақиқтар ва возеҳтар баён карданд. Сарвари давлати мо гуфтанд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти амнияти сиёсии кишвари ҳамсоя бо иштироки ҳамаи ақаллияти миллӣ, аз ҷумла тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46% -ро ташкил медиҳанд, ҳукумати фарогир ташкил кардан зарур аст.
«Тоҷикистон ҳеҷ як ҳукумати дигареро, ки дар ин кишвар тавассути зулм ва таъқиб, бе назардошти мавқеи тамоми мардуми Афғонистон, хусусан тамоми ақаллияти миллии он таъсис ёфтааст, эътироф намекунад»,- иқтибос меоварад суханони Эмомалӣ Раҳмонро АМИТ «Ховар».
Сарвари давлат афзуданд, ки тоҷикон бояд дар ҳукумати ояндаи Афғонистон мавқеи шоистаро ишғол намоянд.
Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ 14 сентябр ба кори худ оғоз кард. Мавзӯи ҷаласа «Таҳкими устуворӣ дар ҳаёт бо боварӣ ба беҳтаринҳо» мебошад. Дар доираи иҷлосия рӯзҳои 21-27 сентябр Ҳафтаи сатҳи баланд баргузор мешавад: 150 нафар сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва мақомоти корҳои хориҷӣ дар муҳокимаи мушкилоти мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ иштирок мекунанд. Миёни ин масоил яке аз муҳимтаринҳо вазъи Афғонистон аст.