Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни эҷодкор, олимон ва муҳаққиқон, ки дар остонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе доир мешавад, як навъ идомаи мантиқии вохӯрии Пешвои миллат мебошад, ки дар Рӯзи дониш баргузор гардида буд. Дар Рӯзи дониш Сарвари давлат бештар ба масъалаҳое, ки дар соҳаи илм, мушкилоти он ва фаъолияти олимон вуҷуд доранд, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бахусус доир ба сатҳи пасти таълими фанҳои табиатшиносӣ дар таълимгоҳҳои мамлакат ибрози назар карданд.
Ин нуктаро дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон ҚУРБОНОВ зикр намуд.
Мавсуф афзуд, ки дар мулоқоти навбатии Пешвои миллат бо аҳли зиё барҳақ масъалаҳои марбут ба илм бештар матраҳ хоҳанд гардид. Зеро таҳлилҳо собит месозанд, ки илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кайҳо боз ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.
Абдураҳмон Қурбонов мегӯяд, ки дар давраи Истиқлолият се маротиба бо супориши ҳукумат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳот дар соҳаи илм ва низоми Академияи илмҳо гузаронида шуд, ки бештар хусусияти сохторӣ доштанд. Ин танҳо бо тағйирот дар сохтори Академияи илмҳо, муттаҳид ва ҷудо намудани пажӯҳишгоҳҳо, иваз намудани кадрҳои роҳбарикунанда – синни калонсол ба ҷавонон анҷом ёфта буд. Ислоҳоте, ки имрӯз илми тоҷик талаб мекунад, пеш аз ҳама, ислоҳоти самтҳои илм, яъне муайян ва дақиқ намудани равияҳои илм мебошад.
Дар зарфи панҷ соли охир аз ҷониби Пешвои миллат оид ба тадқиқот дар самти илмҳои дақиқ, тадқиқоти бунёдӣ ва самтҳои афзалиятноки илм эродҳои ҷиддӣ гирифта шудаанд. Ин далели он аст, ки дар ин самт камбудиҳо вуҷуд дошта, он ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.
Корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меафзояд, ки барои ислоҳот ва муайян намудани равияҳои илм дар ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, дар заминаи талабот ва нишондодҳое, ки дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 дарҷ гардидаанд, бояд такя карда шавад. Чунки Стратегияи миллии рушд як навъ «қонуни асосӣ» барои рушди иқтисодиёти мамлакат мебошад. Ҳамаи фаъолияте, ки дар бахшҳои ҳаёти сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ анҷом дода мешавад, бояд дар чаҳорчӯбаи нишондодҳои Стратегияи миллии рушд сурат гирад.
«Бинобар ин барои муайян намудани самтҳои равияҳои илм мавзӯи нав таҳия намудан зарур нест, — мегӯяд Абдураҳмон Қурбонов,- зеро дар ин санад самтҳо аллакай муайян шудаанд. Масалан, самтҳои афзалиятнок ё худ ҳадафҳои стратегии мамлакат, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян шудаанд — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ё табдил додани ҷумҳурӣ ба давлати воҳид ва транзитӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва аз мамлакати аграрӣ ба давлати индустриалӣ –аграрӣ табдил додани он.
Дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат аҳли илм, олимону донишмандонро мебояд бо пешниҳоду пажӯҳишҳои илмӣ саҳми назаррас гузоранд. Хусусан дар масъалаи рушди энергияи сабз, ки иқтисодиёти давлати мо бояд ба он такя намояд, дар ҷумҳурӣ доир ба энергияи сабз заминаҳои зиёди воқеии табиӣ мавҷуданд. Аҳли илм метавонад, ки бо иштироки фаъоли худ дар рушду тавсеаи он саҳмгузор бошад. Ҳамзамон яке аз самтҳои афзалиятноки илм дар марҳилаи кунунӣ бояд ба таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шавад.
Дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз тавассути дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илм ва аҳли зиёи мамлакат ба як неруи пешбарандаи ҷомеа табдил ёфта, дар рушди иқтисоди мамлакат ва пешрафти он, хусусан дар таҳкими маънавиёти ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллиамон бо иштироки фаъолонаи худ саҳми муассир мегузоранд.
Ин аст, ки дар вохӯриҳои Пешвои миллат бо аҳли зиё ҳамеша атрофи масъалаҳои илму фарҳанг, рушди онҳо ва баланд бардоштани мавқеи олимону муҳаққиқон дар пешрафти ҷомеа табодули назар сурат гирифта, аҳли зиёро ба ҳифзи манфиатҳои давлат ва миллат раҳнамун месозанд. Дар шароити кунунӣ зиёиён бояд бо фаъолиятҳои илмию эҷодӣ, кашфиёту навовариҳо, рафтору гуфтор ва кирдори шоиста барои насли ояндасоз — олимони ҷавон намунаи ибрат бошанд.
Сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти мамлакат дар робита ба ин зикр намуд, ки «ҳар вохӯрӣ бо пешниҳодҳои муфиду созанда доир шуда, аз вохӯриҳои қаблӣ тафовут мекунад. Умед аст мулоқоти навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо зиёиёни эҷодкор, олимон ва муҳаққиқон дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мешавад, дар самти рушди илми тоҷик такони ҷиддӣ хоҳад гардид».
Бознашр: АМИТ “Ховар”