Агар кишвар барои анҷом додани тадқиқоти илмӣ ва аз худ кардани технологияи нав саъю талош наварзад, он ногузир дар радифи мамлакатҳои ақибмонда қарор мегирад ва истиқлолияту асолати хешро аз даст медиҳад…    .

(академик А. М. Прохоров, дорандаи Ҷоизаи нобелӣ)

Далелҳои таърихӣ собит месозанд, ки давлатдории миллӣ, пеш аз ҳама, ба он халқҳое муяссар мегардад, ки дар кишвари онҳо илм ташаккул ёфта бошад. Давлатдории миллӣ ва сарнавишти миллати тоҷик дар даҳаи охири асри бист ба чунин ташак­кулёбӣ ноил гардида, гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан навро касб кард, ки дар ниҳоят фазои холии илмро пурратар гардонида, илм ҷойгоҳи калидӣ пайдо кард.

Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат (23 — юми декабри соли 2022) роҷеъ ба самти рушди илм ва беҳтар гардонидани сатҳу сифати маърифатнокии кадрҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯ чунин баён шудааст: «Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа мегардад».

Ворид гардидан ба ин марҳилаи нави таърихӣ дар назди роҳбарияти давлату миллати тоҷик ва тамоми сокинони Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон иҷрои вазифаи пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва рукнҳои давлатдории муосирро пеш ­гузошт. Яке аз вазифаҳои муҳим дар ин самт ба вуҷуд овардани фазои мусоид барои рушди илм ва технологияи муосир, тарбияи кадрҳо ва ташкилу идора намудани соҳаи илму маориф дар шароити нав ба ҳисоб мерафт, зеро дар ҳар давру замон маориф ва илм омили муҳимтарини пешрафту пойдории давлату миллатҳо ба шумор рафта, ин арзишҳо дар таърихи башарият ҳамеша нақши асосӣ ва муайянкунанда доранд.

Ба замони соҳибистиқлолии кишвар назар карда, бо ифтихору сарфарозӣ гуфта метавонем, ки мардуми Тоҷикис­тон бо роҳбарии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери фазои сулҳу суботи устувор, бо татбиқи сиё­сати ҳадафманду амиқи давлатӣ, нақшаю барномаҳои созанда барои рушди илм ва маориф ба сӯи оянда қадам мегузоранд ва дар ин замина, аз ҷониби Сарвари давлат барои таҳкимбахшии соҳаи илму маориф ва истифодаи самараноки натиҷаҳои илм дар ҳаёти ҷумҳурӣ, давра ба давра чораҳои судманд андешида мешаванд. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: « … агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад, муҳимтар аз ҳама рушди давлат халалдор мегардад».

Дар ин давра давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидани сиёсати мақсаднок ва босуботро дар самти рушди илм пайгирӣ намуда, барои аз ҳолати буҳронӣ раҳо намудани соҳаи мазкур тадбирҳои муфид андешида, барои дастгирӣ ва рушди муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ-техникӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир корҳои мушаххас ба анҷом расонданд.

Таҳлили сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи илм собит месозад, ки аз ҷониби Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила амру фармонҳо ва қарору фармоишҳое қабул гардидаанд, ки барои дастгирӣ ва рушди соҳаи мазкур нақши муассир гузоштаанд. Роҳбарияти давлату Ҳукумат, олимони тоҷик, роҳбарони муассисаҳои илмию тадқиқотӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти муътадили соҳаи мазкур, корҳои илмию тадқиқотӣ, тарбия намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ саъю талош меварзиданд. Чун робитаҳои илмӣ бо дигар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла бо Федератсияи Россия, ҳанӯз канда нашуда буданд, олимони тоҷик барои ҷамъбасти тадқиқоти илмӣ, аз ҷумла ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ, ба ҳамкорони хориҷии худ, хусусан ба ҳамкасбони россиягӣ, муроҷиат мекарданд ва дастовардҳои илмии худро муаррифӣ мекарданд.

Дар маҷмӯъ, аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ сарфи назар аз фазои носолими сиёсӣ ва вазъи номувофиқи иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ, бо кӯшишҳои Сарвари давлат барои таъмини фаъолияти муътадили илм ва муассисаҳои илмӣ чораҳои судманд андешида мешуданд. Ҳукумат аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба неруҳои ақлонии мамлакат, махсусан ба рушди илму маориф, тарбияи насли нави соҳиби донишу маърифати баланд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ хулосаҳои илмӣ, донишу малака ва дархосту пешниҳодоти онҳоро мавриди истифода қарор медод.

Агар дар Паёми соли 2021 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба илму дониш, яъне маърифатнок намудани мардум, ба таври зайл: « … мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад» ёдовар шуда бошад, пас дар Паёми соли 2022 таъкидан зикр намуданд: «Вобаста ба ин бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад».

Мушоҳида ва таҳлилҳо собит месозанд, ки сарфи назар аз мушкилоте, ки дар ин самт вуҷуд доштанд, дар ин давра барои рушди босуботи илм ва маориф, ба роҳ мондани технологияҳои муосир бо истифода аз неруи илмии ҷумҳурӣ, аз дастовардҳои олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавию мактабҳои олӣ барои дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ намудани дастовардҳои олимони тоҷик корҳои муайян ба анҷом расонда, маблағгузорӣ ба таври кофӣ ба роҳ монда шудааст. Ин аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 41 мактаби олӣ фаъолият намуда, зиёда аз 229 ҳазор донишҷӯро фаро гирифта, аз рӯи 300 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.

Бояд зикр намуд, ки ташрифи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳанӯз соли 1996 ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои вохӯрию суҳбати аввалинашон ба аҳли илм дар ин кохи донишу хирад барои Академияи ­илмҳо ва дигар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ барномаи мукаммали фаъолият гардид.

Сарвари андешавар ва хирадгарои тоҷикон дар ин суҳбати ошкоро бо аҳли илм масоили мушкилоти соҳаи илм ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотиро дар давраи гузариш ва роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи соҳаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, нақши тақдирсози илм ва неруи зеҳнии ҷумҳуриро дар рушди минбаъдаи иқтисоду фарҳанг ва ташаккули тафаккури созандаю ватан­дӯстонаи шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ, тибқи қонунгузорӣ, ин масъалаҳо ҳамчун ҳамоҳангсози илм ба уҳдаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вогузор гардид. Бо ин мақсад марҳила ба марҳила як силсила амру фармонҳои Президент, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардиданд, ки барои ташкил, идора ва истифодаи самараноки илм ва захираи зеҳнии ҷумҳурӣ дар марҳилаи нав мусоидат намуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ» , «Дар бораи таъсиси Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии тахассуси олӣ», «Дар бораи ислоҳоти низоми маблағгузории илм», «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқ намудани тартиби аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ» аз ҳамон ҷумлаанд.

Қобили қайд аст, ки қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии номбурда дар самти ташкил ва идоракунии илм ва муассисаҳои илмӣ, ҳамоҳангсозии мавзӯъҳои илмию тадқиқотие, ки аз ҳисоби давлат маб­лағгузорӣ шуда, дар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва кафедраҳои мактаб­ҳои олӣ ба анҷом расонда мешуданд, аз аттестатсия гузаронидани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии тахассуси олӣ, ки дар кишварҳои гуногун рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд, тартиби аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронидани муассисаҳои илмӣ, инчунин консепсияи сиёсати давлатӣ барои рушди минбаъдаи илму техника дар шароити соҳибис­тиқлолӣ мусоидат намуданд.

 Бояд тазаккур дод, ки шурӯъ аз солҳои 2000-ум дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва маориф марҳилаи тоза оғоз гардид. Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рушди соҳаи маънавиёти шаҳрвандон сиёсати пайгирона ва босуботро амалӣ намуда, дар ин давра қарору фармоишҳое қабул гардиданд, ки маҳз талаботи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳуриро дар назди илм ба миён мегузоштанд.

Канда шудани риштаҳои ҳамкорӣ дар самти илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ, ­баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, пеш аз ҳама, илмҳои дақиқ ва эксперименталиро дар ҳолати ногувор гузошт, зеро то ин дам муассисаҳои илмӣ ва кафедраҳои мактабҳои олии ҷумҳурӣ бо марказҳои бузурги илмии шӯравӣ дар самти тадқиқотҳои муштарак ва тарбияи кадрҳо ҳамкорӣ доштанд, ки ин ҳамкориҳо бо гузашти вақт қисман суст ва қисман қатъ гардиданд.

Дар ин давра, инчунин, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015», «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015», қоидаҳои ташаккул, экспертиза, тасдиқ, маблағгузорӣ ва иҷрои барномаву лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ, тасдиқи «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» қабул гардиданд, ки ҳар яки он барои ин марҳилаи рушди илм дар ҷумҳурӣ хеле саривақтӣ ва бамаврид буданд.

Аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ гардидани «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соҳаи илм ва технология барои соли 2011-2015» ҳуҷҷати асосии роҳнамо барои фаъо­лияти муассисаҳои илмӣ — тадқиқотӣ ба шумор меравад. Дар заминаи ин ҳуҷҷати муҳим ва барои иҷрои бевоситаи он аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаҳои зерин, аз қабили «Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015», «Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015», «Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2015», «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020» тасдиқ гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи барномаҳои марбут ба соҳаи илм ва фаъолияти муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла чунин зикр намуданд: «Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки барои ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шавад». Ин таъкидҳо ба он роҳнамун намуд, ки дар шароити бесобиқаи илму фановарӣ дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ низ дигаргуниҳои муҳим ба вуҷуд ояд. Вобаста ба талаботи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва филиалу факултетҳо таъсис дода, барои омода кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир барои пайванди илм ба истеҳсолот тадбир­андешӣ намоянд.

Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ барои тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, ки дар гузашта чун як ҷисми том дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иқтисод, сиёсат, фарҳанг, илм, маориф бо ҳазорон риштаҳои ноаён пайваст буданд, мушкилоти зиёдро пеш овард. Аз ин рӯ, имрӯз ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъмин намудани равобити муассисаҳои илмӣ ва олимону мутахассисони ҷумҳурӣ бо муассисаҳои илмӣ ва олимону донишмандони кишварҳои дигар чун як самти муҳими сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон оид ба соҳаи илм ва тарбияи мутахассисон муайян гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти илму маориф мутаваҷҷеҳ шуда, барои тавсеаи ҳамкориҳо ва равобити илмӣ чунин таъкид менамоянд«Ҳамзамон бо ин, вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд». Бо мақсади беҳбуд бахшидан ба ин соҳа миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигар зиёда аз 80 созишнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ, илмию техникӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ ба имзо расонда шудаанд, ки ин ҳамкориҳо дар шароити рушди босуръати илму технология ва дастрасӣ ёфтан ба иттилооти нав оид ба соҳаи илму техника, нақши муҳим гузоштанд.

Миллати тоҷик дар давраи соҳиб­истиқлолӣ зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар фазои осоишта бо фаъолияти бунёдкорона барои бунёди ҷомеаи озоду демократӣ дилпурона қадам мениҳад.

Абдураҳмон Қурбонов,
доктори илми фалсафа, сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии МТС
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

sadoimardum.tj

Чоп кунед