Рӯзи 18 апрели соли 2022 директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода “Ифтихорнома”-и Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳидро ба ифтихори 30-солагии ҳамкориҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон бо имзои Раиси Кумитаи Иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ба сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Мирзо Ашӯров барои хизматҳои шоён ба муносибати 70-солагии зодрӯзаш дар вазъияти тантанавӣ супорид ва барояш аз номи ҳайати кормандони Марказ комёбиҳо ва барори кор таманно намуд.
Бояд тазаккур дод, ки Мирзо Ашӯров дар муддати фаъолияти худ дар соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ хизматҳои шоиста намудааст. Солҳои 1990–1994, ҳангоми даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ масъулияти роҳбарии яке аз корхонаҳои муҳим ва ҳаётии давр корхонаи нонпазии шаҳри Ваҳдатро ба зимма гирифта, дар як муддати кӯтоҳ фаъолияти онро доимӣ роҳандозӣ намуда, барои аз гуруснагӣ раҳонидани тарбиягирандагони боғча-кӯдакистонҳо, хонаи пиронсолон ва сокинони шаҳр хизмати босазо намуд. Давоми солҳои 1994–1998 ба ҳайси раиси ҷамъияти матлуботи Роҳатии шаҳри Кофарниҳон (алҳол Ваҳдат) ҳамеша ба халқ такя карда, барои таъмин намудани ҳама гуна ниёзҳои мардум пайи кору фаъолият шуда, дар байни халқ эҳтироми хос соҳиб гашт. Аз ҳамин ҷост, ки сокинони шаҳри Ваҳдат шаш даъват оғоз аз соли 1993 то соли 2020 ӯро вакили маҷлиси намояндагони шаҳри Ваҳдат интихоб карданд.
Мирзо Ашӯров солиёни зиёд дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишварамон дар вазифаҳои масъул бенуқсон кор кардааст.Аз ҷумла, дар Кумитаи Марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дошт ва дар ин муддат аз референти хизмати давлатии дараҷаи якум то ба мушовири давлатии дараҷаи сеюм расид. Дар сафарҳои хизматӣ ба кишварҳои хориҷӣ чун намояндаи салоҳиятдори Тоҷикистон ба ҳайси нозири ҷараёнҳои интихобот дар як қатор кишварҳои хориҷӣ обрӯву эътибори давлатамонро баланд бардоштааст. Барои хизматҳои шоиста дар баргузории интихоботҳо дар ҳайати гурӯҳи кории нозирони давлатҳои ИДМ бо имзои Котиби кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев бо “Сипоснома” қадрдонӣ шудааст.
Тайи ҳашт соли фаъолият дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ фаъолияти пурсамар нишон дода, барои пешбурди сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад. Махсусан, дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи ҳарбиву ватандӯстии насли наврас, риояи танзими ҷашну анъанаҳои миллӣ ва ғайра иштироки фаъолона дорад. Мавқеи миллӣ ва андешаи созандаи вай боис гардидааст, ки ҳайати кормандони Марказ дар симои ӯ яке дастпарварони шоистаи мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мебинанд ва ҳурмату эҳтиромашонро баҷо меоранд.
Фаъолияти пурсамару содиқона ва заҳматҳои созандаи Мирзо Ашӯров бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009, таҳти №687, бахшида ба 17-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” ва нишони сарисинагӣ ва қадрдонӣ шудааст.
Инак, ба ифтихори ба 30-солагии ҳамкориҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон бо имзои Раиси Кумитаи Иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев барои хизматҳои шоён ба ифтихори 70-солагии зодрӯзаш Мирзо Ашӯров бо “Ифтихорнома”-и ИДМ сарфароз гардонида шуд.
Устод Мирзо Ашӯровро бори дигар аз номи ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сарфароз гардидан ба “Ифтихорнома”-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табрику муборакбод намуда, барояшон комёбиҳои нав ба навро орзумандем.
Хадамоти матбуоти
Маркази стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон