Вақтҳои охир дар фазои маҷозӣ шахсе бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамчун тутивор ба саҳми мардум иттилоотҳои беасос ва туҳматҳоеро дар ҳаққи давлату Ҳукумати кишвар расонида истодааст, ки ҳеҷ дадели воқеӣ надоранд. Дар ҳақиқат табиати баъзе аз инсонҳоро аз табиати ҳайвонӣ фарқ кардан душвор аст. Фарқи асосии инсон аз ҳайвон дар он аст, ки дар инсон сатҳи шуурнокӣ вуҷуд дораду дар ҳайвон он вуҷуд надорад. Мутассифона имрӯзҳо дар ҷомеа инсонҳое пайдо гардида истодаанд, ки фарқи онҳо аз ҳайвон танҳо тавассути сурати зоҳирӣ асту халос. Муҳаммадиқболи Садриддин ном шахс имрӯзҳо тавассути сомонаҳои интернетӣ бо пуштибонӣ аз ким кадом хоҷагону ашрофони хориҷиаш мехоҳад тавассути тарғибу ташвиқ ба идеологияи мардуми мо алалхусус ҷавонон таъсир расонида, идеологияи иртиҷоӣ ва фарҳанги ба мо бегонаро ҷой намояд. Муҳаммадиқболи ғарқи идеологияи ба ҷаҳони инсонӣ бегона дарак надорад, ки ҷавонони даврони истиқлол аз ҷавонони солҳои қаблие, ки бо ташаббуси якчанд хоинон ва фурӯхташудагон даст ба авбошиву ғоратгарӣ, қатлу куштори мардуми осоишта заданд, ба таври кулли фарқ мекунанд. Ин хоини косалеси якчанд аҷнабиёни беруна ҳамеша дар пайи халалдор сохтани фазои амну оромии кишвари азизамон буда, мехоҳанд ҳодисаҳои солҳои 90-умро, ки аз дасти онҳо сар зада буд, такрор намоянд.
Имсол аз он ҳаводисҳое, ки Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар кишвар ба бор овард 30 сол пур мешавад. Аммо, ҳанӯз бӯйи хуни фарзанд, падар, модар, хоҳару бародар аз димоғи мардум нарафтааст. Ҷанги хонумонсӯзе, ки аз ҷониби ин ташкилоти террористӣ дар кишвар тарҳрезӣ шуда буд, ҷони ҳазорон нафарро рабуд, ҳазорон нафарро бехонумон кард, боиси фирори садҳо мутахассисони барҷаста гардид, ки то имрӯз таъсири хешро ба рушди минбаъдаи кишвар расонида истодааст.
Муҳаамадиқболи Садриддин кист? Ин нафар фарзанди яке аз ҳамон ашхосе аст, ки бо тахаллуси Мулло Қаландар, ки номи аслиаш Қаландваров Садриддин буда, зери ин ном ба мардум фатвоҳои иртиҷоӣ медоду мардумро ба гумроҳӣ раҳнамуд мекард. Мулло Қаландар ва аъзоёни Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бозичаи дасти гурӯҳу кишварҳои хориҷӣ гардида, бо гирифтани маблағҳое шиками носерамзадаи хешро сер карда, дар яхтаву кушкҳои боҳашамат зиндагӣ меанмуданд, аммо вазъи мардуми бечораи ба мушкилот рӯ ба рӯ гардида, ки аз амалҳои наҳси онҳо ба вуқӯъ пайваста буд ҳеҷ аҳамияте надошт. Сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва ҳиҷрати маҷбурии ҳамватанони мо ба ҳамсоякишвар низ, ҳамин хоинони ватанфурушу танфурӯш буд, ки имрӯз даъвои ватандориву ватанпарастӣ карда истодаанд. Бояд гуфт, ки ҳеҷ амал бе ҷавоб намемонад, зеро ҳамеша ҳақиқат ҷойгоҳ ва мавқеи хешро пайдо менамояд.
Ин нафаре, ки имрӯз даъво аз ислом, сатр ва ҳиҷобӯ аҳодис мекунад ба амале гирифтор гардидааст, ки дар табиати инсонӣ ва дини мубини ислом қатъан мамнуъ аст. Ҳанӯз аз овони кӯдакӣ Муҳаммадиқболи Садриддин замони дар кишвари Афғонистон буданаш ба бемории ҳамҷинсгароӣ яъне баччабозӣ гирифтор шуда, баҳри ҷустуҷӯйи малҳаме ба дарди хеш макони зисти худро Аврупо интихоб кардааст, то ба дарди худ даво бахшад. Оё дар ягонҷои ислом оид ба никоҳи яккаҷинсӣ гуфта шудааст? Дар баъзе кишварҳои хориҷӣ фарҳанге, ки дар як оила ду падар ва ду модар зиндагӣ мекунанд барои чунин шахсон намунаи ибрат аст. Чигуна метавон баъд аз ин ҳама беобурӯӣ боз даъво аз дину диндорӣ кард, аҷиб аст куҷо шуд виҷдони инсонӣ? виҷдони марди ку дар ту боқӣ намонд, ҳадди ақал раҳме ба олами рӯҳии хеш бинмой. Ин нафар яке аз фарзандони саркардагони ҷанги хонумонсӯз дар кишвар мебошад. Дар ҳоле, ки худ ба чунин амал даст задаасту боз бо кадом обурӯ метавонад мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд, қазоват бар дӯши хонанда гузошта мешавад.
Дар ҳақиқат тарбияи дурусти оилавӣ заминаи асосии тарбияи фарзанд мегардад. Тарбияи нодурусту мафкураи танги бархе аз волидайн омили он гардидааст, ки фарзандони онҳо ба чунин роҳҳо раванд. Тибқи баъзан иттилоъҳои дастрасшуда, падари Муҳаммадиқбол, ки замоне ба тиҷорати чорво машғул буд ба ҳайвони хонагӣ дастдарози кардааст, ки боиси шармандагӣ ва беобурушавии ӯ дар ҷомеа гардида, ӯро равонаи зиндон сохтааст. Дар Қуръони карим Худованди мутаъол мефармояд “нафси шаҳвонӣ ҳам дар инсон ва ҳам дар ҳайвон вуҷуд дорад, аммо мо аз ҳайвонотро ба таври мавсимӣ ба роҳ монда, барои инсон ҳеҷ монеае, яъне бидуни мавсим ба роҳ мондем”. Аммо ин падару писари қонеънашаванда ба амалҳое даст заданд, ки аз олами инсонии воқеӣ берун мебошад. Ҷойи таассуф аст, ки ингуна афрод имрӯз хешро тоҷик эътироф карда нанге бар души миллат мезананд. Мутассифона, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон мушкилоти нав ба нав падид омада, кишварҳоро дар таҳкиму таъмини амният миллӣ дучори мушкилиҳои зиёд гардонида истодааст, ба ҷойи кумак баҳри рушд баръакс мехоҳанд монеаи ҳама пешравиҳо гарданд.
Муҳаммадиқболи бечора ба он хотире бечора мегуям, ки ту дар қабул ва интихоби роҳи хеш ва зиндагиат қалами хешро надорӣ, зеро қалами тасвиркунандаи ҳаёти ту дар дасти дигарон аст. Ҷойи таассуф аст, ки дар асри XXI инсоният бо пешрафти илму технологияи муосир ба кайҳон парвоз карда истодааст, аммо ту бошӣ дунболи ҳимояи манофеи ким кадом хоҷагони аҷнабиён гардида, косалесиат идома дорад.
Бояд гуфт, ки дар таҳкиму таъмини амнияти миллӣ ва ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳеҷ саҳме надошта, ҳамеша пайи он мекӯшид, вазъро халалдор созад. Имрӯз якчанд нафар хонинони миллат ва аъзоёни Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар хориҷ даъво аз ватандориву ватанхоҳӣ мезананд, дар кишвар сангеро рӯи санг нагузошта, ҳеҷ амалеро анҷом надодаанд то заррае ба нафъи ҷомеаи мо бошад. Соли сипари шуда низ яке аз ташкилкунандагони ҷанги шаҳрвандӣ Муҳиддин Кабирӣ дар яке аз суханрониҳояш дар Вашингтон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо кард, ки алайҳи кишвари Тоҷикистон таҳримҳо яъне санксияҳо ҷорӣ карда шавад. Пас аз ин гуфтаҳо чигуна метавон ба ватандории ин афрод бовар намуд. Нафаре, ки монеаи пешрафт ва рушди Ватану модари хеш гардида истодааст, чи гуна метавон ба он эътимод карду гуфтаҳои ӯро дастгирӣ намуд?
Бо боварии том метавон гуфт, ки имрӯз ҷавонони зодаи давронии истиқлол ҷавононе ҳастанд, ки бо пайравӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат дар пешрафт ва рушди кишвари маҳбуби хеш арҷгузор мебошанд. Дар шароити муосир, ки вазъ зудтағйирёбанда ба назар мерасад ҷавонони кишвари мо бо истифода аз технологияи муосир тавонистанд дар муқобила бо ҳаргуна идеологияҳои ба мо бегона муқовимат намоянд. Имрӯз ҷавонони кишвари мо қодир ҳастанд алайҳи садҳо чунин сагони косалес ва тунфурушу хоин муқовимат намоянд.
Мутахассиси Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон