Хуршед Зиёӣ
доктори илми фалсафа, профессор, директори
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон устод Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мақолаашон «Пешвои миллат ЭмомалӣРаҳмон ва таҳаввулоти маданӣ дар Тоҷикистон» барҳақ қайд намудаанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои ватандӯстона «аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон консепсияи таҳаввулоти маданиро ҳамчун воситаи расидан ба давлатофаринӣ интихоб карда, онро давра ба давра дар ҷомеаи Тоҷикистон амалӣ намуданд».
Дар ҳақиқат ҳам, амалисозии ин консепсияи Пешвои муаззами миллат имкон дод, ки дар зарфи қариб сӣ соли истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ва мардуми он дар тамоми самтҳо ба дастовардҳои бузург ноил гарданд. Ин хизмати шоиста ва беназири Пешвои миллат ба он мусоидат намуд, ки дар Тоҷикистон «гузариши амиқи иҷтимоиву маданӣ ва баромадан ба зинаи нави беҳзистӣ» дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт «аз зиндагии моддӣ то арзишҳои маънавӣ» сурат гирифт. Мавриди зикри хос аст, ки ин таҳаввулоти маданӣ қабл аз ҳама дар таҳкими ҳувияти миллати тоҷик нақши босазо гузоштанд.
Пеш аз он, ки дар бораи таҳкими ҳувияти миллатамон бо сарварии Пешвои муаззами миллат дар замони соҳиистиқлолӣ сухан гӯем, мехостем нишонаҳои миллатро ҳамчун муқаддима ба ин суханон ёдовар шавем. Таърифу тафсирҳои зиёдро дар илми муосир ҷамъбаст намуда, метавон миллатро дар фаҳмиши васеи моҳияти ин мафҳум ҳамчун иттиҳоди таърихан шаклгирифта ва устувори гуруҳи одамон дар асоси умумияти ҳудуди ҷуғрофӣ, ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, забони адабӣ, хусусиятҳои равонӣ (ахлоқ, шуури ҳуқуқӣ, илму фалсафа, санъату адабиёт, урфу одат, ҳувият ва худшиносии этникӣ), меъёрҳои таҳсилот ва воситаҳои ахбори омма маънидод кард.
Аз таърифи зикршуда бармеояд, ки аз нишонаҳои муҳимтарини миллат дар қатори сифатҳои дигар умумияти забони адабӣ ба шумор меравад. Боиси таъкид аст, ки дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ ҳамчун забони ягонаи адабии миллати тоҷик рушди бесобиқае ёфт. Амалҳоеро, ки дар ин даврон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат сурат гирифтанд ва натиҷаҳоеро, ки тоҷикон дар ин пораи кутоҳи замонӣ ба онҳо ноил гардиданд, дар самти таъмини умумияти забони адабии миллат метавон мухтасаран чунин баён намуд: забони адабии тоҷикӣ тавассути қонунгузорӣ забони давлатӣ эълон гардида, мақоми аввалро дар раванди таъмини ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии миллату давлат касб кард; забон аз тамоми унсурҳои нозарури иқтибосшуда ва олудагиҳо дар захираи луғавӣ ва қоидаҳои сарфию наҳвӣ тоза гардид, қоидаҳои имлои он такмил ёфтанд ва ислоҳоти алифбои кириллиасоси тоҷикӣ сурат гирифт; эҳтиром ба забони давлатӣ, таҷлили рӯзи он дар сатҳи миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ғании фарҳангӣ, ки дар асоси он ба вуҷуд оварда шудааст ва амсоли он ба як ҷузви муҳимми барномаи ғайрирасмии эҳёи хотираи таърихӣ ва рушди миллат мубаддал гардиданд; 4) оммафаҳмии забони адабӣ ва сухангӯӣ бо он барои ҳамаи намояндагони миллат новобаста аз минтақаи зисташон таъмин гардид, нутқи шифоҳӣ ба забони адабӣ бештар наздик шуд ва ғайра.
Дар маҷмуъ, забони муосири адабии тоҷикӣ дар даврони истиқлолият бо сарварии Пешвои муаззами миллат дубора эҳё гардида, рушди он ҳамчун нишонаи миллат умумияти тоҷиконро боз ҳам тақвият бахшид. Бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат «омили муҳими ташаккули миллат», «рукни асосии давлат» ва “ҳастии миллат” шинохтани забон, эълом доштани соли 2008 ҳамчун Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, қабул ва амалисозии чандиндафъаи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди он ва тадбирҳои зиёди дигар дастовардҳои миллатро дар самти таъмини умумияти забонӣ боз ҳам афзунтар намуданд.
Як нишонаи дигари муҳимми миллат ин психологияи умумӣ аст, ки тавассути рафтору кирдори гуруҳи бузурги одамон зуҳур карда, дар тамоми шаклҳои шуури ҷамъиятӣ инъикос меёбад. Дар ин самт идеология, шуури ҳуқуқӣ, ахлоқ, илм, фалсафа, адабиёту санъатро муҳим меҳисобанд. Ҳамзамон, умумияти урфу одат, ҳувият ва худшиносии этникӣ низ аз нишонаҳои муҳимми равонии миллат мебошад.
Дар ин росто як дастоварди муҳимми даврони истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо новобаста аз равандҳои ҷаҳонишавӣ ё глобализатсия ин ҳифз кардан ва рушд бахшидани ахлоқи миллӣ аст. Чунонки маълум аст, ҷаҳонишавӣ ҷанбаҳои манфии зиёде, аз қабили надоштани ҷавҳари ахлоқӣ дорад, зеро тамаъ, ғазаб ва ҷаҳл дар замони муосир бе монеа ҳукмфармо гаштаанд. Дар гузашта меъёрҳои суннатии ахлоқу одоб дар ҷомеа пеши роҳи ин муносибатҳои зиштро мегирифтанд. Хушбахтона, тавассути баланд бардоштани ифтихори ватандорию худшиносии миллӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва тарбияи шахсияти бонангу номуси намояндаи миллати тоҷик бо мақсади нигаҳдошти миллат ва арзишҳои миллӣ дар рӯ ба рӯи ҷаҳонишавӣ, ки хавфи махлутшавӣ ва аз байн рафтани миллату давлатҳои миллиро амри воқеӣ гардонидааст, дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат саъю кӯшиши зиёде ба харҷ дода шуд ва миллати мо дар пешорӯи паҳншавии ахлоқи ғайрианъанавӣ истодгарӣ карда тавонист. Дар ин роҳ эҳёи ахлоқи ҳамидаи миллӣ ва фарҳангу адаби миллӣ низ нақши бузурге гузошта, умумияти ахлоқии миллат тавассути онҳо ҳифз гардид ва рушди бесобиқа ёфт. Маҳз бо ҳамин мақсад бо дастури шахсии Пешвои миллат дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ таълими фанни нав – “Одоби муошират ва рӯзгордорӣ” роҳандозӣ карда шуд.
Урфу одат ва анъанаву оинҳо ҳамчун хусусиятҳои равонӣ яке аз нишонаҳои возеҳи умумияти миллӣ барои ҳар як қавму халқ ба ҳисоб мераванд. Мо тоҷикон аз қадим бо расму оини худ аз миллатҳои дигар тафовут доштем, вале он анъанаҳои ниёгон, ки дар даврони шӯравӣ аз даст рафта буданд, танҳо дар замони нави истиқлолият дар заминаи талаботи замони муосир эҳё ва умри дубора диданд. Дар баробари ин, мо ба масъалаи танзими анъанаҳои худ таваҷҷуҳи зарурӣ равона сохтем. Хусусан, ибтидо аз нимаи дуюми солҳои навадуми қарни гузашта дар ҳалли мушкилоти дар ин самт мавҷудбуда фаъолият густурда гардид. Бо иқдоми Пешвои миллат қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2007, ки санади сирф миллии мо дар самти қонунгузорӣ аст, масъалаҳои мавҷуда дар ин самт ҳалли худро ба таври ниҳоӣ пайдо намуданд. Қонуни мазкур ду натиҷаи хеле ҳам мусбат барои тамоми сокинони кишвар ба бор овард: аввалан, ин самараи иқтисодии татбиқи қонун буд, ки мардуми моро аз харҷҳои ноҷо раҳоӣ бахшид; дуюм, натиҷаи иҷтимоии роҳандозии қонун буд, ки урфу одат ва анъанаву оинҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро ба ҳам қарину наздик сохта, умумияти миллии тоҷиконро дар ин соҳа тақвияти бештаре бахшид. Ба ибораи дигар, маҳз тавассути ҳамин тадбирҳои қонунгузорӣ ва амалисозии консепсияи таҳаввулоти мадании аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳодшуда дар даврони истиқлолияти давлатӣ боз як нишонаи хеле муҳимми миллат – урфу одат ва анъанаву оинҳо барои мо тоҷикон таҳким ёфт.
Ҳамчун нишонаи милат мутахассисони соҳа умумияти хусусиятҳои равонии дигар – ҳувият ва худшиносии этникиро низ муҳим арзёбӣ намудаанд. Ҳувияти миллӣ таҷассумгари ҷавҳари худшиносии ботинӣ, эътиқоди миллӣ ва фарҳангии инсон буда, эҳсоси мансубият доштани шахсро на фақат ба миллату фазои муайяни фарҳангию иқтисодӣ, балки ба давлат низ муайян месозад. Ба ибораи дигар, ин мафҳум майли инсонҳоро ба ҳамдавлатӣ, ҳамватанӣ ва якпорчагии марзу буми зисташон ҳам дар бар мегирад. Аз ҷониби дигар, дар худшиносӣ маҳз нақши эҳсос кардан ва дараҷаи зуҳур кардани ин эҳсос дар шуури шахс дар муносибат ба умумияти ғояи миллӣ, мансубияти марзӣ ва мутааллиқӣ ба як Ватан хеле баланд аст.
Боиси тазаккур аст, ки мардуми мо дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба куллӣ ба ин ду мафҳуми дар мадди аввал сирф илмию фалсафӣ – ҳувият ва худшиносии миллӣ ошноии комил пайдо карданд. Дар Тоҷикистони тозаистиқлоли мо, хушбахтона, тӯли се даҳсолаи охир дар ин роҳи пурпечутоби ташаккули худшиносӣ бо роҳбарии Пешвои миллат қадамҳои устувор гузошта шуданд. Новобаста ба он, ки тайи ин даврон тағйироти куллӣ ва буҳронҳои шадиди иқтисодию иҷтимоӣ дар тамоми ҷаҳон ҳукмрон буданд, тоҷикон дар муайянсозии асосҳои хештаншиносӣ ва ҳувияту маънавиёти миллӣ таҷрибаи ҷаҳонии ҳифзи амнияти миллию идеологиро омӯхта, барои тарғиби онҳо фаъолиятро ҷоннок намуданд ва саҳми ҳар як сокини бонангу номуси кишварро дар рушди маънавиёти он хеле баланд бардоштанд. Маҳз дар натиҷаи ҳамин имрӯз миллати моро бо номи тоҷик, забону фарҳанги ӯро бо номи тоҷикӣ на танҳо намояндагони ин миллат, балки халқу миллатҳои дигар ҳам муайян (ё идентификатсия) карда метавонанд. Ин амр аз таҳкими ҳувият ва худшиносии миллӣ ҳамчун нишонаи миллат дар даврони истиқлолият ба таври аёнӣ шаҳодат медиҳад ва дар тамоми суханрониҳои Пешвои миллат ва амалҳояшон дар самти татбиқи консепсияи таҳаввулоти маданӣ ҳам ин мавзӯъ пайваста мақоми марказӣ дорад.
Чунонки дар ибтидо таъкид намудем, мутахассисони муосир умумияти мактаб ё меъёрҳои таҳсилотро низ барои муайянсозии вазъи миллатҳо дар ҷаҳони имрӯза муҳим медонанд. Дар ҳақиқат ҳам, агар умумияти меъёрҳои таҳсилот набошад ё ба ибораи дигар, маориф ҳамчун унсури миллатсоз маҳсуб нагардад, дар шароити ҷаҳонӣ барои рушди миллат ва таҳким бахшидани нишонаҳои он муваффақ гаштан мушкилоти хеле зиёд пеш меоянд. Ва чунонки маълум аст, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иқдоми Пешвои миллат маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон гардида, онро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат ҳисоб намуданд. Аз ин рӯ дар даврони истиқлолият барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардида, барои рушди бемайлони соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам омад. Дар ин росто барои тамоми зинаҳои таҳсилот стандартҳои давлатӣ муайян карда шуданд, ки барои ташкили мактаби миллӣ мусоидат намуданд. Бо ҳамин далел метавон гуфт, ки мактаби имрӯзаи тоҷикон, агарчӣ талош барои наздик шудан ба меъёрҳои байналмилалӣ ва воридшавӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ дорад, ҷавҳаран миллӣ буда, дар ташаккули худшиносии миллии насли навраси кишвар ва таҳкими нишонаҳои миллат бо иқдомҳои бевоситаи Пешвои миллат яке аз нақшҳои калидиро иҷро мекунад.
Дар бораи умумияти воситаҳои ахбори омма низ хулосаи болоро дар бораи мактаби миллӣ метавон такрор намуд. Имрӯз мо тоҷикон матбуоти ҷавҳаран миллӣ дорем, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва шадид гаштани муборизаҳои иттилоотӣ дар мавқеи ҳифзи манфиатҳои миллӣ қарор дорад. Бо супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат зиёд кардани шумораи шабакаҳои телевизионию радиоии ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва дастрасии аҳолӣ ба онҳо, интишори рӯзнома, ҳафтанома ва маҷаллаҳои миллӣ, агентиҳои иттилоотӣ, дар даврони истиқлолият имкон доданд, ки дар кишвар фазои ягонаи иттилоотӣ барқарор гардида, андешаҳои миллии созанда бештар тарғибу ташвиқ карда шаванд. Дар баробари ин, ба шабакаҳои интернетӣ роҳ ёфтани алифбо ва забони тоҷикӣ, ифтитоҳи сомонаҳои зиёду гуногунранги миллӣ фазои иттилооти миллиро тақвият бахшиданд. Ҳама ин ба он мусоидат намуд, ки бо вуҷуди интишори ахбори ғайримиллӣ, ки аз ҷониби манбаъҳои хориҷӣ асосан паҳн карда мешавад, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол воситаҳои ахбори оммаи миллӣ хеле фаъол гарданд, дар шароити ҷаҳони муосир аз уҳдаи таъмини иттилоотии миллат бароянд ва вазифаи муқаддаси худро ҳамчун унсури муҳимми таҳкимбахши умумияти миллӣ ба иҷро расонанд. Дар умум, агарчи матбуоти тоҷик ибтидо аз нашри рақами нахустини рӯзномаи “Бухорои шариф” таърихи зиёда аз садсола дорад, вале маҳз истиқлолияти давлатӣ ва саъю кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат дар ин самт имкон доданд, ки умумияти воситаҳои ахбори омма барои кулли миллат дар ҳамин даврон устувор гардад.
Ба ҳамин тариқ, дар даврони истиқлолияти давлатӣ тоҷикон тавассути амалисозии консепсияи таҳаввулоти маданӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардидааст, давлати миллии худро эҳё намуданд, ки як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, шинохти он ҳамчун давлати соҳибихтиёр аз ҷониби тамоми кишварҳои олам сурат гирифт ва роҳандозии сиёсати дохилию хориҷии мустақил ба таҳкими нишонаҳои миллате, ки ин давлатро бунёд сохтааст, мусоидат намуданд.
Ҳамаи ин дастовардҳо дар самти рушди миллат, миллатсозӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба миллати хеш эътимоди комил дошта, гуфтаанд: “Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои хушбахтанд, ки тақдири имрӯзу фардои давлату ватани худро дар ихтиёр доранд”. Дар ҳақиқат ҳам, маҳз ҳамин хушбахтии миллати тоҷик – истиқлолияти давлатӣ доштани он ва татбиқи консепсияи комили таҳаввулоти маданӣ имкон дод, ки дар ин даврон мо ба рушди миллӣ ва таҳкими нишонаҳою ҳувияти миллати хеш ноил гардем ва устувории онро ҳамчун миллати соҳибдавлат барои садсолаҳои оянда ва барои наслҳои минбаъдаи ин миллати куҳанбунёд таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат таъмин созем.
Чунонки дар барномаи пешазинтихоботии Пешвои миллат низ мебинем, масъалаҳои таҳаввулоти маданӣ боз ҳам дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд, ки барои хушбин будан дар самти рушди фарҳангии миллатамон дар ҳафт соли оянда асоси қавие мебошанд. Дар баробари ин, барномаи пешазинтихоботии Пешвои миллат воқеӣ, рӯзмарра ва ҷавобгӯи талаботи тамоми табақаҳои аҳолии кишварамон буда, амалисозии он дар ҳақиқат ҳам рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардумро то соли 2027 таъмин месозад. Аз ин рӯ эътимоди комил дорем, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон ин Барномаро дастгирӣ мекунанд ва дар таърихи 11 октябри соли 2020 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзанда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона овоз медиҳанд ва бо ин амали худ дастгирии оммавии идомаи таҳаввулоти маданӣ дар Тоҷикистони азизро таъмин месозанд.