ДУШАНБЕ, 15.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар маросими ниҳолшинонӣ иштирок карда, аз Маҷмааи фарҳангию этнографии “Шаҳри абадӣ” боздид ба амал оварданд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарони давлатҳои аъзо ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳудуди “Конгресс — холл” бо умеди рушду шукуфоии кишвари дӯсту ҳамсояи Узбекистон ва саодатмандии ҳар чи бештари мардуми бародари узбек ниҳоли дӯстӣ шинониданд.
Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии роҳбари кишвари мизбон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва сарони давлатҳои аъзо ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай ба Маҷмааи фарҳангию этнографии “Шаҳри абадӣ” ташриф оварда, зимни боздид бо имкониятҳои сайёҳии он шинос шуданд.
Дар “Шаҳри абадӣ” маҷмааи сайёҳии “Роҳи бузурги абрешим” ташкил гардида, он аз маркази байналмилалии “Конгресс” бо 3500 ҷой, 8 меҳмонхона, парки таърихию этнографии “Шаҳри абадӣ”, кул ва дарахтони гуногун иборат аст.
Иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи фарҳангию этнографии “Шаҳри абадӣ” дар масоҳати 120 гектар доман паҳн карда, соли 2022 ба ифтихори баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ифтитоҳ гардидааст.
Маҷмааи таърихию этнографии “Шаҳри абадӣ” як намунаи шаҳри бостонии Самарқанди Узбекистон мебошад.
Сайёҳон дар ин ҷо имкон доранд, ки зимни тамошои кӯчаҳо бо таъриху фарҳанг ва маданияти мардуми шаҳри қадима шинос шаванд.
Аз ҷониби ҳунармандони театр дар маҷмаа барномаҳои рангини консертӣ ва намоишномаҳо пешкаш карда мешавад.
Маҷмаа ҳамчунин муаррифгари ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии минтақаҳои гуногуни Узбекистон буда, меҳмонон имкон доранд аз маҳсули дасти ҳунармандон барои хотира харидорӣ намоянд.