Дар солҳои 90 уми асри ХХ тағйиротҳои куллӣ дар равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавию идеологии ҷаҳонӣ ба вуҷуд омаданд. Дар натиҷаи рақобатҳои геополитикӣ кишвари абарқудрати Шӯравӣ аз байн рафта, кишварҳои ҳайати он ба истиқлол расиданд, ки дар миёни онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд. Баъди ба даст овардани соҳибихтиёрӣ ва дар раванди сиёсии демократӣ Тоҷикистонро буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию идеологӣ фаро гирифт. Рӯз то рӯз буҳрони сиёсӣ амиқ, раванди дохилидавлатӣ мураккаб, печида, ноустувор ва пешгӯинашаванда гардида, як навъ ноумедӣ оммаро фаро гирифт. Ҳеҷ як равшанфикр ба ояндаи нек бовар надошт, миллати тоза баистиқлолрасидаи тоҷикро хатари парокандагӣ ва нобудӣ таҳдид мекард. Аз вазъияти мавҷуда ва холигии фазои идеологӣ кишварҳои манфиатдору гурӯҳҳои зархарид истифода намуда, кӯшиши тафриқаандозӣ, ҷудоиандозӣ, ба вуҷуд овардани ҳисси бадбинӣ миёни мардум, ба ҳамин восита ба вуҷуд овардани замина барои паҳн кардани идеология ва тафаккури бегонаро пеш гирифтанд. Чунин ҳолат боис гашт, ки қисме аз мардум ба доми фиреб гирифтор шаванд ва ғояи бегонаро ҳамчун андешаи худӣ қабул намуда, таблиғу ташвиқ намоянд, ки дар натиҷа парешонии ақидавӣ авҷ гирифта, дар ҷомеа ба “худӣ” ва “бегона” ҷудонамоии одамон оғоз гардид. Албатта, дар чунин ҳолат муносибатҳои ҷамъиятӣ хусусияти буҳронӣ гирифта, фалаҷгардии сохторҳои давлат ба миён омада, дар байни аҳолӣ нофаҳмиҳо, ҷудоӣ ва муқобилгузории фикриро ба миён овард. Ин раванд боиси эҳёи гурӯҳҳои иртиҷоии динӣ дар кишвар шуд ва фазои ҷумҳуриро беназмӣ, тарсу ҳарос ва мардумро ноумедӣ дунболгир кард.
Қобили зикр аст, ки вазъияти аз ҷиҳати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавиву идеологӣ номуътадил давлатро ба бесуботӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашонид, ки аз ноуҳдабароии роҳбарияти ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ, ки то андозае тафаккури дастнигарӣ доштанд, далолат мекард. Ҳамчунин, таблиғоти бардурӯғ, зиёдаравии динӣ боло рафта, фурсати мусоид барои осиёби ақидаҳои ғаразноку тундгаро ба вуҷуд омад.
Мавриди зикр аст, ки баргузории Иҷлосияи XVI уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити хеле душвор ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ тасмими дуруст ва саривақтӣ ба ҳисоб мерафт. Зеро баъди интихоби ин марди хиради ватандӯст, халқпарвар, мардумсолор ва бар аҳди худ устувор шароит ба кулли тағйир кард.
Иҷлосияи 16 уми Шӯрои Олӣ имконият фароҳам овард, ки роҳбарияти нави сиёсии кишвар интихоб ва сохтори конститутсионӣ барқарор гардида, роҳи ояндаи давлатсозӣ ва давлатдории миллӣ дар асоси арзишҳои демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иқтисодӣ бозорӣ муайян карда шавад, тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ барои аз бӯҳрони сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ берун овардани миллат ва ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар сурат бигирад. Вобаста ба ин, марҳала ба марҳала қарору қонунҳои дар иҷлосия қабул шуда, ки дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқиро дар бар мегирифт аз ҷумла, Қонун дар бораи гурезагон, эълони авфи умумӣ, қонун дар бораи парчам ва нишон ва дигар қарору қонунҳо татбиқ шудан гирифтанд. Бидуни шак, ин ҳама аз фаъолияти амалгароёна, дурбинона ва мутавозини Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медод.
Мавриди зикр аст, ки Иҷлосияи XVI уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки мардуми кишвар зери як парчам бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон биёянд, инчунин зуҳурот ва раванди бегонапарастӣ, падидаи маҳалгароӣ ва минтақагароӣ, ки ба авҷи аълои худ расида буданд, аз байн раванд ва тифли ормонҳои ҳазорсолаи гузаштагон яъне давлати миллӣ ва соҳибистиқлолӣ ҳифз гардад.
Тазаккур бояд дод, ки давлатсозии миллӣ раванди печида ва мураккаб буда, рақибони геополитикии худро дорад, ки ба ҳар роҳу восита хостори садди роҳ ва монеагузориҳо мешаванд. Инро мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дидем. Иҷлосияи тақдирсоз боис гашт, ки пеши роҳи таҳмилоти арзишҳои бегона, таъсиррасонии идеологияи ғайр ва таҳдидҳои ҷараёнҳои зиддимиллӣ ба кишвар гирифта шавад ва шароит барои неру гирифтани андешаи миллӣ ва замина барои ташаккули давлати тавоно фароҳам ояд.
Қобили қайд аст, ки иҷлосияи XVI уми Шӯрои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккул додани идеи миллӣ замина гузошт, ки минбаъд таҳкими давлатдории миллӣ дар асоси он рушд ёфта, арзишҳои фарҳангӣ эҳё гардиданд. Дар ҳамин замина ваҳдати ҳамагонӣ ва неруи тавонои илмию зеҳнӣ рушд кард.
Дар хулоса, ҳаминро бояд зикр намуд, ки дар муддати 30 сол идеяи миллӣ рушду тавсеа ёфта, дар таъмини амнияти ҷомеа саҳми назаррас мегузорад ва миллатро аз парокандагии ғоявӣ эмин нигоҳ медорад.
Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
мутахассиси пешбари раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон