“Имрӯз бо итминон изҳор менамоям, ки мо, вакилони мардумӣ, он рӯзҳо масъулияти таърихӣ, қарзи фарзандӣ, вазифаи ҷавонмардӣ ва рисолати имонии худро нисбат ба сарнавишти кишвари тозаистиқлоламон, халқи Тоҷикистон ва наслҳои имрӯзаву ояндаи мардумамон иҷро кардем”.
Эмомалӣ Раҳмон

Дар марҳалаи аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ вазъи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи душвореро аз сар мегузаронд ва кишвар дар бӯҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ қарор гирифт. Бархӯрди манфиатҳо, зиддиятҳои мазҳабӣ, маҳалгароӣ ва ҳокимиятхоҳиву мансабталошӣ фазои сиёсии Тоҷикистонро фарогир буд. Бародаркушӣ, ҳамлаҳои пайдарпай, рехтани хуни ҳазорон нафарони бегуноҳ, ятим мондани тифлон, бехонумон гаштани ҳазорон оила аз қабили нигарониҳое буданд, ки тамоми ҷомеаро фаро гирифта буданд.

Дар чунин лаҳзаҳои барои миллати тоҷик ҳассосу тақдирсоз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба ояндаи миллати тоҷик асоси бунёдӣ гузошт. Иҷлосияи XVI санаи 16-уми ноябр дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, баргузор гардида, 16 рӯз идома ёфт. Илова бар ин дар қатори 116-ум номнавис гардидани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакил ва пас аз соли 1930 ҳамчун 16 – умин роҳбари давлати Тоҷикистон интихоб гардидан аз ҳикматҳои асроромези Иҷлосияи тақдирсоз дарак медиҳад. Аз ин рӯ, рисолати таърихии ин Иҷлосия ҷилавгарӣ аз хатари таназзули Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллат буд. Чунки дар чунин вазъи вахим ҳатто вакилони мардуми ба ояндаи кишвар ва мусолиҳаи миллӣ бовар надоштанд. Ҳамин тавр, дар кори Иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид.

Яке аз масъалаҳои муҳимми баррасишаванда дар Иҷлосия интихоби Сарвари давлат буд, ки ба ин масъала ба мушкилоти зиёд алоқамандӣ дошт. Ба бахти миллати тоҷик дар ин Иҷлосия фарзанди фарзона, сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифт. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки Иҷлосияи мазкур барои ба саҳнаи сиёсат ворид гардидани лидери сиёсӣ роҳ кушод. Ҳамин тавр, дар ҷараёни Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон бо матонату ҷасорати худ вазъи мавҷударо ба инобат гирифта, ҷиҳати рафъи буҳрони сиёсию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишвар тадбирҳои мушаххас пешниҳод намуданд, ки заминаи устувори самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ буданд. Сареъияти самаранок ва моҳияти мавқеъгириҳои сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба пойдор шудани нуфуз ва эътимоднокии халқ ба ин шахсият мусоидат намуд

Вазъи мавҷударо яке аз иштирокчиёни Иҷлосия, собиқадори меҳнат Адолат Раҳмонова чунин тасвир намудааст: “Баъди ба мақоми Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб оши оштӣ ташкил карда шуд. То он вақт ман ҳатто тасаввур карда наметавонистам, ки намояндагони ду тарафи муқобил дар як миз нишаста, бо ҳамдигар як пиёла чой менӯшанд ва якдигарро мебахшанд”.

Аз равандҳои сиёсии вақт маълум мегардад, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи аввали ба даст гирифтани ҳокимият ба ояндаи неку умедбахши Тоҷикистон бовар доштанд ва бо эътимоди том ибораи “Ман ба Шумо сулҳ меорам.”-ро иброз намуданд.

Ҳарчанд дар нигоҳи аввал ин гуфтаҳо сода намоянд ҳам, дар вазъи қариб ба фано рафтани миллати тоҷик бар дӯш гирифтани чунин масъулияти бузург кори саҳлу осон набуд. Чун Эмомалӣ Раҳмон пайваста миёни мардум буданд, аз ҷасорату матонати мардум ва гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик огоҳ буданд, ин калимотро бо итминони комил баён намуданд: “Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам”. Ниҳоятан баробари ба саҳнаи сиёсӣ омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон раванди эътидол ва барқарории кишвар оғоз шуд.

Дар робита ба ҳамин давраи ҳассос доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода, чунин ибрози андеша менамояд: “Хушбахтиву некиқболии миллати тоҷик, комёбиҳои беназир дар роҳи давлатсозии миллӣ маҳз дар он аст, ки мардуми Тоҷикистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби лидери миллӣ гардид, зеро маҳз ин шахсияти бузургу мондагор муҳофизу таҳкимбахши Истиқлоли давлатӣ ва бунёдгузори давлатдории навини тоҷикон маҳсуб ёфта, заминаи муътамади он дар Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд”.

Ҳамин тавр, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1992 баргузор гардид, барои сарнавишти халқи тоҷик ва фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти бузург дошт, чунки ин абармарди сиёсат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистони ҷангзадаи порагаштаро ба як давлати ташаббускори сатҳи байналмиллалӣ табдил дод.

Шаҳноза Нусратова
Мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази  тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед