Ҳанӯз ҳазорҳо сол қабл (570-490 пеш аз милод) мутафакир ва файласуфи Юнони Қадим, Пифагор гуфта буд, ки дунёро рақамҳо идора менамоянд. Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир низ рушди иқтисодиёти кишварро бидуни технологияи итилоотӣ тасаввур кардан, ғайриимкон аст зеро он тамоми самтҳои фаъоли иқтисодиётро фаро гирифтааст. Технологияи рақамӣ ҷараёни иқтисодиёти дунёро ба таври фарох дигаргун намуда, барои рушди соҳаи тиҷорат ва дар умум, фаъолияти соҳибкорӣ шароити хуб муҳайё менамояд.
Мусаллам аст, ки таърихи инсоният шоҳиди се инқилоби бузурги техникӣ буда, ҳар яки он зиндагии мардумро ба куллӣ тағйир дода, ки боиси рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт гардидааст. Ҳоло инсоният дар марҳалаи нави техникӣ мебошад, ки ба куллӣ аз дигар инқилобҳои техникӣ фарқ менамояд.
Чуноне Президенти Умумиҷаҳонии Форуми Иқтисодӣ дар Давос қайд намуд: “Дар робита ба системаҳои киберфизика, омезишёбии технологияҳо, паҳншавии сарҳадоти рақамикунонӣ на танҳо дар самти иқтисод, балки рақамикунонии физикӣ ва биологӣ, суръати баланди рӯйдодҳо аз он шабеҳанд, ки на танҳо давоми Инқилоби Сеюм, балки инқилоби нави техникӣ бавуҷуд омада истодааст,–зикр кард дар суханронияш Клоус Шваб. Ҳамчунон қайд намуд, ки аз ҷиҳати технологӣ пешрафтҳоро метавонанд дар чунин соҳаҳо, аз қабили паҳншавии технологияи рақамӣ, зеҳнҳои сунъӣ, нақлиёти бесарнишин, таҷҳизоти парвозкунанда, амалиёти гуногуни интернетӣ, 3D ва 5D, нанатехнология, техникаҳои роботӣ, биотехнология, системаи нигоҳдории неруи барқ ва дигар неруҳо, ҳисобаробаркуниҳои квантӣ, ки дар маҷмуъ, иқтисодиёти рақамиро месозанд.
Раванди рақамикунонӣ ба мо имкониятҳои зиёд фароҳам оварда, навобаста аз ҷойи қарордошта аз тамоми иттилоот бохабар мегардем ва соҳибкорон дар дилхоҳ минтақаи ҷаҳон фаъолияти тиҷоратию соҳибкорияшро ба анҷом мерасонанд. Муҳосиб барои гирифтани дастхат ба ягон дар надаромада тавассути шабакаи ягонаи рақамӣ амалиёташро ба анҷом расонида, тамоми пардохтҳои ғайринақдӣ аз дилхоҳ гӯшаи дунё дар муҳлати кӯтоҳтарин ба ҷойи лозими мерасад, ки инро амалиёти иқтисодиёти рақамӣ меноманд.
Математики машҳур Клайв Хаиби қайд менамояд, ки хабарҳо ба монанди нафт зарур буда, арзишҳои баланди иқтисодиро дорад, лекин коркардро металабанд. Чи тавре нафтро ба сӯзишвориҳо, газу бензин, пластмасса ва бо ёрии онҳо дигар амалият ба анҷом расонида, самаранокии баланд медиҳанд, ахбор низ чунин самара дода метавонад. Бештари давлатҳои Аврупо ва Амрико дар ин модели иқтисодӣ пешсаф мебошанд. Аз давлатҳои Осиё бошад, Чин дар мадди аввал буда, бештар кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар дунё пешсаф бошад.
Дар шароити имрӯз яке аз омилҳои таъмини амнияти иқтисодии кишвар ва рақобатпазир будани он дар бозорҳои ҷаҳонӣ иқтисодиёти рақамӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ доир ба татбиқи иқтисодиёти рақамӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, таҳти № 642 Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
Консепсияи мазкур барои марҳала ба марҳала табдил додани рақамикунонӣ дар кишвар нигаронида шуда, давраи амалишавии он ба се марҳала то соли 2040 ба нақша гирифта шудааст. Марҳалаи якум то соли 2025, дуюм марҳала то соли 2030 ва марҳалаи сеюм бошад, то соли 2040 –ро дар бар мегирад.
Дар марҳалаи аввал мебояд чунин корҳо ба анҷом расонида шаванд:
– мустаҳакамкунии асосҳои рақамӣ ва муайян кардани ташаббусҳои
– калидӣ таъсири пайвастаи самаранокии лоиҳаҳо:
– тайёр кардани кадрҳои ихтисоснок
;– эҷоди модели асосҳои рақами ва муайян кардани раванди рақамикунонӣ;
– муайян кардани ҳадафҳои асосӣ муваффақияти табдили рақамӣ;
– арзёбии вазъи кунунии рушди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувафақияти табдили рақамӣ;
– дастгирии иттилоотӣ ва таълимии табдили рақамӣ;
– экосистемаи раванди рақамикунонӣ;
– маблағгузорӣ ва буҷет;
Марҳалаи дуюм, аз соли 2026 то соли 2030 мебошад, ки таъмини дастрасии фарохмаҷроро доир ба амнияти итилоотӣ, киберамният ва ҳуҷуми технологияҳои навтарину ҳимоя аз онҳо мебошад. Инчунин, таъсиси марказҳою равзанаҳо (платформаҳо) ва рушди хизматрасонии рақамӣ, дастгирии иттилоотӣ, Маркази такмили ихтисос, инноватсия ва оғози лоиҳаҳои озмоиширо дар бар мегирад.
Марҳалаи сеюми табдилдиҳии рақамӣ солҳои 2031-2041 буда, мақсади асосӣ боз ҳам пурзӯр кардани лоиҳаҳои ғайрирақамӣ ва рақамиро пешбинӣ мекунад, ки асосан дар ҷумҳурӣ ба роҳ мондани лоиҳаҳои рақамӣ дар соҳаҳои асосии саноат, инчунин, дар соҳаҳои иҷтимоӣ мувофиқи афзалиятҳои пешбиникардаи миллӣ, “Стратегияи рушд барои давраи то солҳои 2030”, ки рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, телекамуникатсия ва нақлиёт, саноат, аз ҷумла, истихроҷи маъдан, тиҷорат, дигаргунсозии бахши хизматрасонӣ, фарҳанг, маориф ва тандурустиро дар бар мегирад.
То охири давраи соли 2040 ба нақша гирифтани дивидентҳои назарраси рақамӣ аз татбиқи миёнамуҳлати “Барномаи рушди иқтисодиёти рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, то 2% афзун кардани маҳсулоти иловагӣ, ба вуҷуд овардани 0,5 миллион ҷойҳои нави корӣ ва баланд шудани сифати зиндагонии аҳолӣ аз ҳисоби дигаргунии куллӣ дар соҳаи хизматрасонӣ ба амал бароварда мешавад. Инчунин, ҳангоми амалӣ гардидани чунин мақсадҳо метавонад чунин пешрафтҳои назарраси дигар ба вуҷуд оянд:
– рақамикунонӣ ба бештаре аз соҳибкорон ва корхонаҳои истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки аз ҳисоби сарфаи вақти кормандон, ҳосилнокии меҳнати кормандон зиёд гардад. Албатта, дар аксари хизматрасониҳо ва пардохтҳои шартномавӣ ва харидорӣ вақти зиёд харҷ мегардад, ки ин раванд метавонад дар вақти кутоҳ амалӣ гардад:
– рақамикунонӣ метавонад хараҷотро кам карда, даромади корхонаро зиёд намояд. Дар раванди рақамикунонӣ корфармо бо ҷалби корманд ба шуғли фосилавӣ хароҷоти таъсиси ҷойи кор, арзиши неруи барқ, лавозимоти конселярӣ кам карда, имкон медиҳад, ки маоши кормандон зиёд гардад. Инчунин, метавонанд тариқи фосилавӣ чунин мутахассисони лозимаро дар дигар соҳаҳо, бахусус соҳаи маориф низ истифода намоянд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин иқдомот, саволе ба миён меояд, ки оё ягон мушкилот метавонад ба миён ояд, ки боиси хатар ба амнияти иқтисодӣ гарданд? Дар ҳақиқат, пешрафт бе мушкилот буда наметавонад ва дар раванди рақамисозӣ метавонад мушкилот низ ба бор орад ва натиҷаи он боиси ноамнии амнияти иқтисодӣ гарданд:
– имконияти дуздидани маълумот ва пешниҳоди маълумот ба дигарон тавассути ҳамлаҳои киберӣ. Тамоми маълумоти иқтисодию сиёсӣ, сармоягузориҳо, маълумоти шахсӣ рақамӣ кунонида шудаанд ва бехатар нигоҳ доштани он вазифаи авалиндараҷа мебошад. Дар аксари мавридҳо ин имконпазир аст, зеро таҷрибаҳои кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки бо вуҷуди дифои қавии онҳо имкониятҳои шикаст хӯрданро доранд.
– эҳтимолияти афзоиш ёфтани бекорӣ дар баъзе кишварҳо, ки дараҷаи саводнокияшон кам буда, афзоиши табии зиёд доранд. Бо вуҷуди мавҷуд гардидани 0,5 миллион ҷойҳои кории нав, дар раванди татбиқи Консепсияи рақамикунонӣ, метавонад аз ин нишондод зиёд ҳам бекорӣ ба вуҷуд ояд.
Ҳамин тариқ, бо рушди зеҳни сунъӣ, идоракунии рақамӣ ва аз байн рафтани касбҳои куҳна дар бозори меҳнат шумораи зиёди одамонро озод кардан мумкин аст. Масалан, бо назарияи нави технологияҳои пешқадами замонавӣ Блок Чейн бо татбиқи пурра гузаштан ба ин низоми рақамӣ то соли 2050-ум имконияти афзун шудани бекорон ва ба ҷойи онҳо кор кардани ақлҳои сунъӣ ва роботҳо ба миён меояд. Дар бештари давлатҳои ҷаҳон аллакай чунин корхонаҳо фаъолият намуда истодаанд, ки ба ҷойи 20 нафар коргар як робот шабонарӯзӣ фаъолият менамояд. Дар ин маврид зарурат пайдо мегардад, ки бештаре аз ихтисосҳо аз байн рафта, барои тайёр кардани коргарон аз рӯйи касбҳои нави серталаб ва бо кор таъмин намудани онҳо зиёд гардонида шаванд;
– дастрас набудани хизматрасонӣ ва надонистани аксари шаҳрвандон дар бораи амалиёти рақамӣ, махсусан дар деҳот, бо дар назардошти 74 % истиқомат намудани аҳолии кишвар. Сатҳи маърифати аҳолӣ дар соҳаи рақамисозӣ паст буда, дар баъзе нуқтаҳо онҳо малакаи истифодаи компютер, банкомат, набудани постерминалҳо ва надоштани смартфонҳо мушкилот ба бор меорад, аммо ин вазъият, албатта, ҳалшаванда буда, танҳо вақтро талаб мекунанд.
Бо дар назардошти ҳамаи ин метавон якчанд корҳоро суръат бахшида, ки ба манфиати амнияти иқтисодии кишвар буда, барои рушди минбаъдаи ин самт тадбирҳои зеринро амалӣ кардан зарур аст:
– баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии аҳолии кишвар ва бори дигар фаҳмонидани самаранокии он дар корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо, аз ҷумла, омӯзиши самараноки технологияҳои иттилоотӣ ва фанҳои дақиқ дар деҳот. Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташакули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад”;
– афзун намудани инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ ва таъмини дастрасии он дар кишвар. Дар ин раванд гузаронидани хатҳои интернетӣ, вайфайҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, колледҷҳо ва афзун кардани суръати интернет дар тамоми қаламрави кишвар;
– мода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи иттилоот ва иқтисод оғоз аз зинаи поёнӣ. Барои ин пурзӯрнамои донишҳои компютерӣ ва бо компютерҳо муҷаҳҳаз гардонидани тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ авалиндараҷа мебошад;
– ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдии тамоми хизматҳои давлатӣ тавассути хидматҳои рақамӣ ва пайваста таблиғ намудани он барои мардуми кишвар.
РУСТАМҶОНИ Сайдуллои Қузратзода,
муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодӣ Маркази тадқиқоти
стратегии Тоҷикистон назди Президенти Ҷумҳурии