Чашмаи саршори илм аз остони мактаб аст,
Мурғи масти орзу аз ошёни мактаб аст.
Ақлу дониш. илму ирфон, дафтару меҳри китоб,
Баҳри мо хидматрасон аз ганҷи кони мактаб аст.
Оре, мактаб макони пайдоиши илму маърифат, сарчашмаи тамоми арзишҳо ва заминаи ақлу заковати тамоми башарият мебошад. Бояд қайд кард, ки тамоми бузургони ҷаҳон дар оғуши гарми мактаб тарбия ёфта, ба ганҷинаҳои баланди илмӣ ноил гардидаанд.
Мактаб ёри меҳрубон, зиннати умру ҳастии тавон, озодандешии инсон ва маъхази маърифати ақлу заковати касон аст. Нест каси бохираде, ки маърифати ин даргоҳи бузургро нагирифта бошаду аз меҳнати бузургустоде баҳра набурда.
Дар фосилаи 31 соли Истиқлолияти кишвар дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф пешравиҳои зиёде дида мешаванд. Кобили зикр аст, ки ин соҳаи ҳаётан муҳим дар зери назару ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз бо талошу дастгириҳои ин марди хирадманду оқил, имрӯз соҳаи маориф яке аз соҳаҳои пешрафтаи кишвар ба ҳисоб рафта, барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ба техникаву технологияҳои муосир аз ҷониби Президенти мамлакат ба амал бароварда мешавад.
Бинобар ҳамин ҳам, ташкил намудани озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бемаврид набуда, ҳадафи авалиндараҷаи ин озмунҳо аз он иборат мебошанд, ки барои бардошти завқи китобхонии наврасону ҷавонон, тақвияти ҳофизаи маънавӣ, ғанӣ гардонидани фонди луғвию фарҳангӣ, тарбияи одобу ахлоқи ҳамида, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси ватанхоҳиву ватандустӣ, фаъолгардонии забондониву забономузӣ ва шомил нашудан ба ҳар гуна падидаҳои номатлуби замони муосир мебошад.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намудани “20 солаи омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ” аз зумраи он иқдомҳое мебошад, ки барои расидан ба рақобатпазирии авҷи техналогия дар ҷаҳони имруза ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷамъиятӣ мебошад.
Бояд қайд намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳояшон ба мактабу маориф аҳмияти хоса зоҳир намуда, таъкид бар он меварзанд, ки “Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам”. Бале, ҳамин тавр ҳам шуд. Ин буд, ки дар соҳаи маориф қонуну қарорҳои махсус қабул ва маблағҳои зиёде аз буҷети давалат ҷудо шуда, иҷтимоиёти муаллимон баланд гардиданд. Давоми солҳои охир биноҳои нави таълимӣ мавриди истифода қарор гирифта, биноҳои қаблӣ азнавсозӣ гардиданд. Аз ин рӯ, ифтитоҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти томактабӣ ва таъмири синфхонаҳои иловагии муҷаҳҳаз бо тамоми техналогияҳои замон иқдоми саривақтӣ ва самаранок аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Тибқи маълумотҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2026-ум дар Тоҷикистон бунёди 1 ҳазор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шудааст ва то соли 2022 дар кишвар 302 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ навсозӣ шуда, дар 6 моҳи соли равон 30 муассиса сохта ба истифода дода шуданд. Дар шаҳри Душанбе то оғози соли таҳсили 2022-2023 боз ифтитоҳи 11 муассисаи дигар ба нақша гирифта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолият дар кишвар нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд бардошта шуда, махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятиву соҳавии бонувон зиёд шуд. Дастгирии занону духтарон аз ҷониби пешвои миллат имрузҳо сафи занон ва бонувон дар вазифаҳои роҳбар дар сохторҳои идоракунии давлатӣ ба маротиб афзудааст.
Аз рӯйи маълумотҳои оморӣ то соли 2021 феълан дар Тоҷикистон 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият намуда, дар онҳо 128,8 ҳазор омӯзгор дарс мегуянд. Аз рӯйи маълумотҳои оморӣ бар меояд, ки имруз шумораи занони омӯзгор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 58588 нафар расидааст. Шумораи кормандон аз ҳисоби занону духтарон дар кишвар 39% -ро ташкил дода, дар мақомоти идораҳои давлатӣ 35,2 ҳазор нафар занон фаъолият менамоянд.
Тавре аз ҳисоботҳои оморӣ дида мешаванд, шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020-2021 ба 2,11 миллион нафар расида, афзоиши он нисбат ба солҳои 2019-2020 3,74%- ро ташкил медиҳад. Бояд қайд намоем, ки аз ин шумора 1,09 миллион нафарашро писарон ташкил дода, шумораи духтарон ба 1,02 миллион нафар рост меояд.
Мо ҷавононро мебояд бо чунин сарвари оқилу доно ифтихор намуда, дар масири сиёсати пешгирифтаи эшон пайравӣ намоем ва бо донишу маърифат ва зиракии сиёсии хеш дар ҳифзу нигоҳдории амну субот ва рушди Тоҷикистони азизамон саҳми хешро гузорем.
Салихов Ҷамшед Бобохалилович,
мутахассиси Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон