Вазъияти иқтисодиву сиёсии ҷаҳони имрӯза номуътадил буда, афзоиши рақобат, тағйирёбии нархҳои молу маҳсулот ва ашёи хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дастгирии рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусиро дар ҷумҳурӣ тақозо менамояд. Дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҳамкории мутақобилаи давлату бахши хусусӣ нақши муҳим дорад.
Маврид ба зикр аст, ки фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гражданӣ, Кодекси андоз ва гумрук, Кодекси меҳнат, Кодекси замин, созишномаҳои байналмилалӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ба танзим дароварда мешаванд. Айни замон, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ муҳиммияти фаъолияти соҳибкориро барои рушди иқтисодиёт ва ҷомеа дарк намуда, пайваста барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии он тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар ин ҷода иқдомҳои навбатии дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ироагардида яке аз қадамҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ба монанди:Ø Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» аз санаи 10 январи соли 2025, таҳти № 915.Қобили қайд аст, ки яке аз роҳҳои самараноки дастгирии соҳибкорон ин эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохидӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28 декабри соли 2024 ироа гардида буд, пешниҳод намуданд, ки «бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад»[1]. Дар Тоҷикистон дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ чор маротиба, солҳои 2008, 2011, 2018 ва 2022 мораторий эълон гардида буд, ки ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ асос гузошт.Ø Ҳамзамон, Президенти кишвар дар Паёми имсола барои боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият дар самти рушди инноватсионии иқтисодиёт ва рақамикунонии он пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардад ва дар баробари ин, барои панҷ соли оянда самтҳои афзалиятнок дар самтҳои зерин муайян карда шуд:
«Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ»[1]. Ҳамзамон, ҷиҳати тарбияи кадрҳо ва мутахассисони соҳавӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар вилояти Хатлон дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис ёбад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки иқдомҳои мазкур дар баробари фароҳам овардани шароити муосид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани шуғлнокӣ, тақвият бахшидани фаъолиятҳои истеҳсолию хизматрасонӣ ва содиротӣ, ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, ҳамчунин, барои баланд бардоштани некӯаҳволии ҷомеа мусоидат менамоянд.
Қобили қайд аст, ки тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда дар моҳҳои январ-декабри соли 2024 ба зиёда аз 370000[2,С.59] адад расида, сол то сол афзоиш меёбад. Боиси қайд аст, ки ҳамчунин, теъдоди соҳибкорзанон низ афзоиш ёфта, ҳоло 30%-и соҳибкоронро ташкил медиҳанд. Инчунин, дар диаграммаи 1 таносуби шумораи шахсони хукукӣ ва соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда аз рӯйи минтақаҳои ҷумҳурӣ дар соли 2024 нишон дода шудаанд (диаграммаи 1.).
Диаграммаи 1. Таносуби шумораи шахсони хукукӣ ва соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда аз рӯйи минтақаҳои ҷумҳурӣ дар соли 2024, бо %[2,С.59,63].
Аз маълумоти диаграммаи 1 муайян карда мешавад, ки аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд 27,8% шахсони ҳуқуқӣ ва 35,6% соҳибкорони инфиродӣ, дар вилояти Хатлон 26,6% шахсони ҳуқуқӣ ва 32,2% соҳибкорони инфиродӣ, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14,8% шахсони ҳуқуқӣ ва 17,3% соҳибкорони инфиродӣ, дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5,1% шахсони ҳуқуқӣ ва 2,6% соҳибкорони инфиродӣ ва дар шаҳри Душанбе 25,7% шахсони ҳуқуқӣ ва 12,3% соҳибкорони инфиродӣ фаъолият менамоянд. Бартарии ҳиссаи вилояти Суғд дар шумораи умумии соҳибкорони ҷумҳурӣ бо минтақаи аз ҷиҳати саноатӣ рушдёфта будани он маънидод мегардад.
Қобили қайд аст, ки барои самаранок ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ мавҷудияти маблағҳо ва сармоягузориҳо нақши асосиро мебозанд. Чунончи, аз маълумотҳои оморӣ бар меояд, дар моҳҳои январ – декабри соли 2024 ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар ба 24557,8 млн. сомонӣ баробар гардид. Дар диаграммаи 2 сохтори қарзҳои додашуда дарҷ гардидааст, ки тибқи он ба соҳаи истеъмолот -47%, савдои хориҷӣ -15%, кишоварзӣ -13%, саноат -12%, хизматрасони -7%, сохтмон -3,9%, нақлиёт -0,6%, хӯроки ҷамъиятӣ -0,2%, миёнаравии молиявӣ -0,1% ва дигар соҳаҳо -1,4%-ро ташкил додаанд (диаграммаи 2.).
Диаграммаи 2. Ҳиссаи қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи соҳаҳо дар давраи январ-декабри соли 2024[3,С.90]
Ҳамзамон, маврид ба зикр аст, ки фазои сармоягузории ҷумҳурӣ низ беҳтар гардида, ҷалби сармояи хориҷӣ сол то сол афзуда истодааст. Масалан, тибқи маълумотҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2024 ба ҷумҳурӣ 4,9 млрд.доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардида, аз он 349, 3 млн. доллари ИМА сармояи мустақим мебошад.
Тибқи маълумоти диаграммаи 3 ҳиссаи бештари сармояи мустақим ба соҳаи саноати коркард 45%, саноати истихроҷ 37%, миёнаравии молиявӣ 8% ва савдою хизматрасонӣ 7% равона гардидаанд. Инчунин, сармояи мустақим ба андозаи 1,4%-и ба соҳаи сохтмон, 0,5% ба соҳаи кишоварзию шикор ва 1,3% ба дигар соҳаҳо равона гардидаанд.
Диаграммаи 3. Тақсимоти сармояи хориҷӣ аз рӯйи соҳаҳо %
Сарчашма: таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти [4].
Дар баробари ин, қайд кардан зарур аст, ки саноатикунонии босуръат яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба шумор рафта, ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои саноат, иқтисоди “сабз”, сармояи инсонӣ кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, фармасевтика, IT ва рақамикунонӣ афзалиятнок мебошад. Боиси зикр аст, ки дар Паёми имсола боз якчанд масъалаҳои мубрам, ироа гардиданд, ки ҳалли масъалаҳои мазкур ба рушди минбаъдаи на танҳо фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, ҳамзамон, барои рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои иқтисодиёт мусоидат хоҳад кард:
- пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ;
- ташаккули «иқтисоди сабз»,
- рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ;
- ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ;
- фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқию ташкилӣ ва танзими давлатии муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электронӣ;
- истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ;
- рушди сармояи инсонӣ;
- ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта;
- пайванди илм бо истеҳсолот;
- тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ;
- истифодаи технологияҳои муосир;
- истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда;
- таҳияи Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040.
Ҳамин тавр, таҳлил нишон медаҳад, ки фазои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ торафт беҳтар гардида, барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт мусоидат менамояд.
Адабиёт
- https://prezident.tj/event/missives/49225 [Захираи электронӣ], (Санаи муроҷиат: 11.03.2025);
- Маҷмӯаи оморӣ “Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Январ-декабри соли 2024, АОНПҶТ, с.59;
- Маҷмӯаи оморӣ “Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Январ, 2025, АОНПҶТ, с.90;
- https://investcom.tj/presscenter/news/538-varaai-ittiloot-oid-ba-ambasti-natiaoi-faolijat-dar-soli-2024.html [Захираи электронӣ], (санаи муроҷиат: 10.03.2025).
Содиқова А.Ф.,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон