Дар давраҳои гуногуни инкишофи давлатҳо усулҳо, шаклҳо, роҳҳо ва воситаҳои гуногун барои барқарор намудани равобити байнидавлатӣ ба вуҷуд омадааст. Дар ин миён муколама ё гуфтугӯ ҳамеша дар меҳвари равобити дипломатӣ қарор доштааст. Ин аст, ки кишварҳо дар вазъиятҳои мураккабу печида барои ба вуҷуд овардани муколама кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ин замина, дипломатияи фарҳангӣ ва неруи нарм яке аз роҳҳои муассири ҳалли низоъҳои қавмию минтақавӣ ба шумор рафта, дар таҳкими суботи ҷаҳонӣ нақши ҳалкунанда дорад.

Баъзе кишварҳои ғарбӣ ҳанӯз моҳият ва аҳаммияти дипломатияи мардумиро дар нимаи асри бисти милодӣ дарк карда будаанд. Кишварҳои ғарбӣ таҷрибаи бузурги амалӣ дар пиёда кардани дипломатияи мардумӣ ва нерӯи нарм дорад ва аз миёнаҳои солҳои панҷоҳуми асри гузашта дипломатияи фарҳангиро бисёр муваффақона дар сартосари ҷаҳон истифода бурда истодаанд. Баъзе аз кишварҳои ғарбӣ озодиро дар шакли мусиқии ҷаз ва рок ташвиқу тарғиб намуданд, ки дар ин роҳ бисёр ҳам муваффақ шуданд.

Дар асри XXI зарурат ва аҳаммияти дипломатияи мардумӣ ва неруи нарм дар сиёсати хориҷии давлатҳо боз ҳам бештар мешавад. Барои ҳамин рӯ овардан ба дипломатияи фарҳангӣ ва неруи нарм як амри зурурӣ аст. Имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ давлатҳои хурду бузург аз неруи нарм барои пиёда кардани манфиатҳои миллӣ ва геополитикии худ ба таври густурда истифода менамоянд. Асосан, хусусияти неруи нарм, ҳамчун қувваи таҳаммулгаро, таъсиргузор, зидди низоъ, муноқиша, ҷанг ва зургӯйӣ баромад намуда, бештар ба фарҳангу тамаддун такя мекунад. Дипломатияи фарҳангиву мардумӣ ҷузъи дипломатияи бисёрсамта буда, дар ҷаҳони муосир бештари давлатҳо, чи абардқудратҳо ва чи кишварҳои рӯ ба рушд дар сиёсати хориҷии худ аз он истифода мебаранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ, ки ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, дипломатия хизматҳои сазовор кардааст, яъне дар раванди барқарорсозии сулҳ аз дипломатияи фарҳангию мардумӣ ба таври фаровон кор гирифта шуд ва дар музокираҳо бисёр самаранок истифода шудааст, ки онро метавон заминаҳои аввал дар самт номид.

Бояд зикр намуд, ки таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ ва зараре, ки аз он ба кишвар расид, ҷуброннопазир аст, хусусан, ҷони инсонҳо. Барои ҳамин Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии хеш ба дипломатияи фарҳангӣ ва неруи нарм авлавият медиҳад. Аҳаммият ва хусусиятҳои дипломатияи фарҳангӣ ва неруи нарм дар он аст, ки рӯҳияи башардӯстӣ, инсондӯстӣ, сарфи назар кардани қувваҳои гуногун дар ҳассостарин ҳолати муноқишаҳо ва низоъ, ба вуҷуд овардани ҳамдиливу ҳамзистӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва авлавият додан ба муколама мебошад. Барои ҳамин Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа додани дипломатияи фарҳангӣ ва неруи нармро дар равобити байналмилалӣ, хусусан, дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба афзалият медиҳад.

Албатта, ин бесабаб нест, зеро Тоҷикистон тамаддуни қадим ва фарҳанги ғаниро соҳиб ҳаст ва инчунин, аз ҳолатҳои фалокатбори низоъҳо хуб огоҳӣ дорад. Бинобар ин, дипломатияи фарҳангӣ ва неруи нарм дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосро дорост.

Бояд тазаккур дод, ки имкониятҳои Тоҷикистон барои истифодаи дипломатияи фарҳангӣ нисбат ба дигар мамлакатҳои минтақа бештар аст. Аллакай Тоҷикистон бо ба роҳ мондани дипломатияи бисёрсамта ва дар ин замина истифода намудани дипломатияи фарҳангӣ симои фарҳангии миллати тоҷикро ба оламиён муаррифӣ кард ва мамлакат ҳамчун кишвари фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Ҳатто кишварҳои минтақа ва берун аз он худро ҷузъи фарҳанги тоҷикон медонанд, масалан “кишварҳои ҳавзаи Наврӯз”, шашмақом ва дигар ҷашну анъанаҳоро метавон ном бурд.

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам васеътар истифода намудани дипломатияи мардумӣ, ҳамкорӣ ва дастгирии худро нисбати ҳамватанони бурунмарзӣ ба роҳ мондааст. Ҳамватанони бурунмарзӣ асосан муаррифигари тамаддуну фарҳанги халқи тоҷик дар хориҷи кишвар буда, заминаҳо барои пиёда кардани сиёсати фарҳангӣ фароҳам меоранд.

Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди дипломатияи фарҳангӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Фарҳанг дар ҳама давру замонҳои гуногун нақши муҳим ва ҳалкунандаро бозӣ карда, дар бештар маврид муколамаҳоро ба миён оварда, робитаҳои миёни кишварҳоро на танҳо аз диди фарҳангӣ балки аз дидгоҳи сиёсӣ низ ба ҳам мепайвандад. Дипломатияи фарҳангӣ, ки имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ бисёр истифода мешавад, Тоҷикистон низ бо назардошти дорои фарҳанги ғанӣ будан, имконияти зиёдро барои самаранок истифода бурдани онро доро мебошад. Моро зарур аст, ки барои боз ҳам тарғибу ташвиқи фарҳанги худ ва умуман барои пиёда намудани дипломатияи фарҳангии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ кадрҳои баландихтисосро омода намоем.

 Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед