Тамоюли возеҳи муносибатҳои байналмилалиро дар замони муосир  раванди минтақагароӣ ташкил медиҳад. Равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа ҳамчун ҷузъи ҷаҳонишавӣ буда, сол то сол бештари кишварҳоро фаро мегирад.

Таҳлили равандҳои байналмилалӣ ба он хулоса меорад, ки равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ба муколамаи бисёрҷониба, кам кардани масраф ва  оқибати манфии ҷаҳонишавӣ метавонанд таъсири мусбат расонида, ба қабули қарорҳои созанда дар кишварҳо мусоидат намояд.

Дар солҳои охир раванди минтақагароӣ суръати нав пайдо намуда,  ба яке аз муҳимтарин заминаҳои баррасии тамоюлҳо ва дурнамои рушди муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Яке аз самтҳои асосие, ки дар раванди минтақагароӣ ифодаи худро меёбад, ин ҳамкориҳо дар самти таъмини амният мебошад. Таҳдидҳои муосири ҷаҳонро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ.  Ба гуруҳи таҳдидҳои анъанавӣ дохил мешаванд: таъмини амният ва суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, сӯйистифодаи иттилоот, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии гардиши ғайриқонунии силоҳ ва муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ.  Ба ғайрианъанавӣ дохил мешаванд: мубориза бо тағйирёбии манфии иқлим ва тавре, ки ҳодисаҳои охир нишон доданд, мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ ва ғайра.

Ҷаҳони имрӯз  дар таркиби худ бисёр таҳдиду хатарҳое дорад, ки давлатҳои муосир ниёз ба бозбинии ҳамкориҳо дар соҳаи амниятро пайдо намуданд. Яке аз минтақаҳое, ки дар маркази воқеаҳои ногаҳонӣ ҷой гирифт, Осиё Марказӣ мебошад. Таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ на танҳо ба манфиати кишвар дар алоҳидагӣ, балки ба манфиати тамоми минтақа мутталлиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, минтақаи Осиёи Марказӣ ҳато дар стратегияи амниятии Иттиҳоди Аврупо  ҷой гирифтааст.

Таърих ва таҷриба нишон медиҳад, ки сатҳи глобалии мубориза бо таҳдидҳои чандон самарабахшт нестанд. Инчунин, сатҳи минтақавӣ холигии фазоро, ки аз ҳамкории глобалӣ ба вуҷуд меояд, пур мекунад.

Дар тӯли як муддати кӯтоҳи таърихӣ, ки бо солҳои истиқлолият андозагирӣ шудааст, бо иштироки кишварҳои Осиёи Марказӣ созмонҳои мухталифи минтақавӣ ва байналмилалӣ таъсис ёфтанд, ки метавонанд дар таъмини амният ва суботи минтақавӣ чун як дастгирии воқеӣ хидмат кунанд. Созмонҳои байналмилалӣ, ки ҳамчун ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи амниятро танзим мекунанд, СААД ва СҲШ мебошанд.

СААД созмони минтақавӣ мебошад, ки 15 майи соли 1992 бо мақсади мутобиқ кардани он ба шароити муосири геополитикӣ ва ба воқеият табдил додани имконоти истифодаи қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи дастаҷамъӣ таъсис ёфтааст. Дар ибтидои солҳои 90-ум, СААД ягона мақомоти дастаҷамъӣ буд, ки амнияти минтақавиро таҳия менамуд.

СААД созмони кушодаи ҳарбӣ-сиёсӣ буда, хислати дифоӣ дорад. Мувофиқи Низомнома, ҳадафҳои асосии он таҳкими сулҳ, амният ва суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии давлатҳои аъзо мебошанд.

Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар заминаи “Панҷгонаи Шанхай” таъсис шудааст, воситаи дигари самарабахши ҳаллу фасли масъалаҳои фавқулоддаи таъмини амният дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Тавре ки маълум аст, “Панҷгонаи Шанхай” ҳамчун механизми бисёрҷонибаи ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ ва таҳкими амният дар минтақаи сарҳади шӯравии собиқ-Чин хидмат мекард. Имрӯз метавон гуфт, ки СҲШ бо суръати баланд ба рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи давлатҳои аъзо дар соҳаҳои гуногун қадамҳои устувор мегузорад. Қобили зикр аст, ки дар ҳамкориҳо дар чаҳорчубаи СҲШ афзалият ба масъалаҳои амният дода мешавад.

Дигар нуқтаи муҳими ҳамкориҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи амният – экология мебошад. Дар Аврупо ва дигар минтақаҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи ҷаҳон раванди декарбонизатсия, яъне даст кашидан аз манбаъҳои энергияи барқарорнашаванда афзоиш меёбад. Иттиҳоди Аврупо ба нақша гирифтааст, ки то соли 2050 аз ҷиҳати экология нейтралӣ бошад, ки ин сиёсат дар бозори ҷаҳонии энергетикӣ тағийроти назаррас ворид хоҳад кард. Аллакай, сармоягузории ҷаҳонӣ ба энергияи барқароршаванда аз сармоягузорӣ ба соҳаи нафту газ зиёдтар аст.

Тибқи маълумоти хадамоти обуҳавошиносии ҷаҳон, тағйирёбии иқлим аз болоравии ҳарорат ва хушксолӣ шаҳодат медиҳад. Ин тағйирот дар Осиёи Марказӣ тамоюли тақвиятёбӣ дорад ва метавонад ба кам шудани захираи барф дар минтақаҳои баландкӯҳи Осиёи Марказӣ таъсир расонад, ки норасоии онҳо ба мавҷудияти об дар минтақа таъсири манфӣ мерасонад. Масъалаи об дар Осиёи Марказӣ метавонад ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, тадбирҳои боздоранда ва такмили заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аҳамияти дарозмуддати стратегӣ дорад. Бинобар ин, бо дар назардошти аҳамияти масъалаҳои об ва иқлим, Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои худ баромад кардааст, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Бояд қайд намуд, ки тағйироти манфии иқлим на танҳо таҳдид барои кишварҳои Осиё Марказӣ, балки ҳамчун таҳдид дар миқъёси сайёра ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар ду сатҳ, яъне дар сатҳи минтақавӣ ва дар сатҳи глобалӣ  мувофиқи мақсад мебошад.

 

Муҳаммад Ф.Б., сармутахассиси Раёсати

таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии

МТС-и назди Президенти ҶТ

Чоп кунед