Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешорӯйи интихоботи президентӣ қарор дорад ва пеш аз ҳама дар фазои субот ва ҳамгироӣ баргузор гардидани интихобот бисёр муҳим аст, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи рушди устувор ворид гардидааст, ки ин марҳалаи давлатдорӣ суботи комил ва шахсияти сиёсии рушдёфтаро тақозо менамояд. Албатта, дар ҷомеаҳои демократӣ ва қонунгузории онҳо вобаста ба талаботи мушаххас ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ки дар интихоботи президентӣ иштирок намояд, номзадии худро пешбарӣ кунад ва ё ба номзади арзанда овоз диҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки низоми демократии давлатдориро асоси рушди ҷомеаи худ қарор додааст, чунин меъёрҳоро дар қонунгузории худ ҷой додааст, ки онҳо раванди баргузории интихоботро ба танзим медароранд. Маврид ба зикр аст, ки дар шароити муосир масъалаи интихоботи президентӣ аз ҳар вақта дида бештар рӯзафзун ва ҳассосу нозук гардидааст, зеро ҷаҳони муосирро таҳдидҳои нав ба нав дунболагирӣ намуда истодаанд, ки аҳаммиятнокии масъаларо бештар мегардонанд. Ин нуктаи бисёр муҳим аст, ки бояд тамоми доираҳои фикрии ҷомеаи тоҷик, ки ҳадафи асосиашон ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ аст атрофи он андешаронӣ намоянд. Вобаста ба масъалаи мазкур, гуфтан ба маврид аст, ки раванди пешбарии номзадҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ ва хулосагирӣ қарор диҳем.
Тавре маълум аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алакай ҳизбҳои сиёсӣ номзади худро барои иштирок дар интихоботи дарпешистода муаррафӣ намудаанд, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории давлат аст. Дар баробари ин чандест дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрванде бо номи Иргашев Фаромӯз аз худ дарак дода, номзадии худро ба интихоботи президентӣ ба таври худпешбар пешниҳод намудааст, ки баъзе аз доираҳо оид ба ин мавзӯъ адешаҳои худро иброз намуда истодаанд. Бояд қайд кард, ки бештари чунин ашхос ба масъалаи мазкур на аз мавқеи манфиатҳои миллӣ, балки аз мавқеи манфиатҳои гурӯҳиашон муносибат намуда истодаанд, ки ин боиси нигаронии доираҳои илмии миллатмеҳвар аст. Ҳамзамон, бояд гуфт, ки шахсе номзадии худро барои иштирок дар интихоботи мазкур пешниҳод менамояд, ки бояд аҳаммияти давлат барои ҷомеа ва дар шароити давлати миллӣ, аҳаммияти давлати миллӣ барои бақо ва рушди як миллатро дуруст ва огоҳона дарк намояд. Ӯ бояд таърихи талошҳои миллат барои истиқлоли давлатӣ, имтиёзу дастовардҳои миллатҳои соҳибдавлат ва сарнавишти фоҷеавии миллатҳои бедавлатро ба таври амиқ донад. Ӯ бояд дуруст тасаввур намояд, ки дар сурати аз даст рафтани давлат тақдири миллати ӯ, тақдири худи ӯ, сарнавишти падару модар ва фарзанди ӯ, сарнавишти ҳамватанон ва ҳаммиллатони ӯ чӣ хоҳад шуд. Маҳз дар сурати дарки ҳам ҳиссӣ, ҳам иттилоотӣ ва ҳам ақлии ин масъала шахс метавонад давлатро ҳамчун арзиши аввал ва зарурати якум муҳим донад ва ҳифзу бақои давлат ва манфиатҳои онро дар афзалият қарор диҳад. Касби чунин сатҳи фаҳмиши давлатӣ низ таҳсили зарурӣ, мутолиаи васеъ ва таҷрибаи муносибро мехоҳад, зеро инсони дорои таҳсили нокифоя ва ё камтаҷриба наметавонад чунин сатҳи тафаккурро ба даст оварад.
Ҳамакунун дар пайвастагӣ ба масъалаи пешбарии номзадҳо ва аҳаммияти ин интихобот баёни чанд нукта муҳим арзёбӣ карда мешавад.
- Дар воқеъ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд, ки синнаш аз 30 боло аст метавонад, дар интихобот номзадии худро пешбарӣ намояд. Бояд қайд кард, ки раванди интихоботи президентиро дар кишвар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” муайян менамояд. Тавре дар моддаи 24- и қонуни конститутсионии мазкур дарҷ гардидааст:
“Моддаи 24. Пешбарӣ намудани номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонуни конститутсионӣ ба қайд гирифта шудаанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар анҷуманҳо, конференсияҳои онҳо мувофиқи оинномаашон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин маҷлиси намояндагони вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ пешбарӣ карда мешаванд. Mеъёри намояндагӣ ва тартиби ташкил ва гузаронидани Маҷлиси намояндагони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо тобеи ҷумҳуриро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян мекунад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)”
Ин паҳлӯи ҳуқуқии масъала аст, ки қонунгузорӣ муайян намудааст. Аммо, як нукта бисёр муҳим аст, ки интихобот пайвастагӣ ба сарнавишти миллат дорад ва шахсе, ки президент интихоб мегардад, масъули таъмини амният, субот ва ваҳдати ҷомеа аст. Таъкид намудан муҳим аст, ки қонунгузориро меъёр қарор дода, ҳама наметавонад номзадии худро ба президентӣ пешбарӣ намояд. Паҳлӯи миллии масъаларо андешидан муҳим аст. Яъне, шахсе, ки номзадии худро пешбарӣ менамояд, дар назди худ масъалагузорӣ намояд, ки оё метавонад, аз уҳдаи идораи равандҳои сиёсӣ барояд? Аз ҳамин лиҳоз ба масъалаи пешбарии номзадии Иргашев Фаромуз дар интихоботи президенти ҳаминро қайд намудан зарур аст, ки шаҳрванд на аз мавқеи манфиатҳои миллӣ ва дарки равандҳои сиёсии ҷаҳон, балки аз мавқеи синну солӣ ба масъалаи интихобот мароқ зоҳир намудааст. Бинобар, ин бисёр хуб мебуд, агар Иргашев Фаромуз меъёри синну солиро меҳвари пешбарии номзадиаш қарор намедод ва як бор манфиатҳои миллиро меъёр қарор медод, албатта аз пешбарии номзади худ ба интихоботи президентӣ таҷдиди назар ва аз он худдорӣ менамуд. Зеро, ба андешаи инҷониб номзадии Ф. Иргашев ҳоло дар чунин шароит ҷавобгӯи хоставу талаботҳои мардуми кишвар ва тақозои равандҳои сиёсии ҷаҳон нест. Шахсан ман ҳамчун ҷавони фаъоли ҷомеа ва ҳамсинну соли Ф. Иргашев талоши худпешбарии ӯро ба ин мақом муносиб намешуморам. Барои он ки ӯ мисли дигар “номзадҳои шух”, ки дар интихоботи қаблии кишвар бе ҳеҷ як омодагии ҷиддии ҳаматарафа, номзадии худро пешбарӣ намуда, бо суханпардозиҳои хандаовар ва умуман саҳме дар ҷомеаи кишвар надораду ҳадди ақал дар деҳаву минтақаи худ шахсияти ӯро ба хубӣ намешиносанд, ки ӯ кист, даъвои идоракунии миллатро намуда истодааст.
2.Равандҳои ҷаҳонӣ, манфиатҷӯйи давлатҳо ва ташкилотҳои мушаххас дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳадафҳои геополитикии онҳо, равандеро ба вуҷуд овардааст, ки мо бояд ба масъалаи интихоби Президент аҳаммияти ҷиддӣ диҳем. Як ҷавоне, ки таҷрибаи идорӣ надорад ва ҳанӯз манфиатҳои умумимиллӣ ва системаи таъмини амнияти миллиро дуруст дарк наменамояд, наметавонад бори масъулияти як давлату миллатро бар душ гирад. Ва шаҳрвандон низ бояд дар интихоботи роҳбари давлат оқилона андеша намоянд.
Ҳамин тавр дар шароити имрӯзаи ҷаҳон ва раванди бархурди тамаддунҳову моҷароҷӯии қудратҳои ҷаҳонӣ моро зарур аст, ки шахсиятҳои муносиб ва хирадмеҳварро интихоб намоем. Ва онҳо тавонанд, ки суботу оромии ҷомеаро таъмин намоянд ва ҳамзамон дар баробари равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ тасмимгириҳои ҷиддӣ дошта бошанд.
Ашуров А.,
мутахассиси пешбари Маркази тадқиқоти стратегӣ