Риояи санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии байнидавлатӣ кафили ҳамсоягии нек ва таҳкими ҳусни тафоҳум ва эътимод байни Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, ин далелро роҳбарияти сиёсии Ҷумҳурии Қирғизистон дидаю дониста рад мекунанд.
Мушоҳидаҳои охир нишон медиҳанд, ки роҳбарияти олии сиёсии Қирғизистон нияти якҷониба риоя накардани протоколҳои байнидавлатии қаблан имзошуда бо Тоҷикистонро эълон мекунад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд ва инро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ятимов низ изҳор дошт, ки чунин иқдоми ғайриқонунӣ танҳо боиси бад шудани муносибатҳои дуҷониба ва барангехтани низоъҳои мусаллаҳона мегардад, ки ба манфиатҳои куллии ду халқи бародар мувофиқат намекунад.
Риоя накардани протоколҳо, беэътиноии ошкоро ба музокироти сиёсӣ ва дипломатӣ аз ҷониби Қирғизистон нигаронкунанда буда, бори дигар ниятҳои аслии роҳбарияти сиёсии ин кишварро тасдиқ мекунанд. Мо зарур мешуморем, ки ба ҷониби Қирғизистон принсипи бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ – Pаcta sunt servanda, ки маънои «шартномаҳоро бояд риоя кард» – ро дорад, хотиррасон намоем. Ин принсип дар Оинномаи СММ низ дарҷ гардидааст.
Тавре раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов қайд кард «Дур шудан аз санадҳои ҳуқуқӣ, дурӣ ҷустан аз санадҳои имзошуда боиси ихтилоф мегардад. Ин протоколҳо бояд хеле қатъӣ риоя шаванд”.
Қирғизистон нияти бо роҳи сулҳомез ҳал кардани мушкилотро надошта, бо ҳар роҳ Тоҷикистонро ба муноқишаи ошкорои низомӣ таҳрик медиҳад. С.Ятимов дар брифинги худ ҳамчунин таъкид кард, ки ҳазорон далели амалҳои иғвоангези ҷониби Қирғизистон вуҷуд доранд.
Ҳодисаҳои рӯзҳои 27-28 январи соли 2022 моҳияти аслии роҳбарияти низомию сиёсии Қирғизистонро нишон дод, ки дастур дод то ба сӯи шаҳрвандони бесилоҳи Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони соҳаи тиб тир кушояд.
Бояд гуфт, ки халқҳои мо даҳҳо сол дар паҳлуи ҳамдигар зиндагӣ карда, чунин ғаму андуҳро намедонистанд. Роҳбарияти сиёсии Қирғизистон бояд дарк кунад, ки вазифааш на қатъи (денонсация) якҷонибаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии имзошуда, балки амалӣ намудани онҳо ва пешгирии барангехтани низои мусаллаҳонаи байнидавлатӣ аст.
Рӯзи 29 январи соли 2022 пас аз як даргирии дигар миёни Тоҷикистону Қирғизистон ду даври музокирот сурат гирифт. Ба фикри мо, натиҷаи асосии ин гуфтушунидҳо розигии тарафхо дар бораи аз нав оғоз намудани кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ мувофиқи ҳуҷҷатҳои асосии солҳои 1924—1929 ва қарорҳои комиссияи паритетӣ дар соли 1989 ба ҳисоб меравад. Дар бораи ин созишномаҳо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни брифинг пас аз анҷоми даври дуввуми музокирот рӯзи 29 январи соли 2022 ба хабарнигорон иброз намуд.
Дар баробари ин, Қамчибек Тошиев ҳамчунин ба риояи протоколҳои байниҳукуматӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии қаблан имзошуда, аз ҷумла протоколи №39 аз 1 майи соли 2021 розӣ шуд.
Дар партави музокироти ахири раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон умедворем, ки созишномаҳои шифоҳӣ дар бораи зарурати риояи тамоми санадҳои ҳуқуқии қаблан имзошуда ҳамчун “созишномаи мардонагӣ” (джентльменское соглашение) аз ҷониби Қирғизистон низ иҷро хоҳанд шуд. Чунонки дар урфият мегӯянд: «Мард як сухан дорад». Мо изҳори умедворӣ мекунем, ки суханони генерали қирғиз порчаи коғаз нест ва дар назди роҳбарияти олии сиёсии Қирғизистон арзиш доранд.
Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон