ДУШАНБЕ, 10.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Танҳо дарки муносиби муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» метавонад асосҳои захиравии ҷомеаро барои баромадан ба сатҳи нави рушду пешрафт бар зидди  буҳронҳои шадиди ҷаҳони имрӯза равона намояд. Аз ин рӯ,  зарурати омӯзишу таблиғи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеияте аст, ки метавонад ба манфиати афзудани қудрати ҷавобгӯйи муносиби ҷомеаи тоҷик ба тамоюлоти на ҳама вақт пурра пешбинишавандаю ҳассоси замони муосир хизмат намояд. Чунин изҳори назар намудааст директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

— Паём яке аз муҳимтарин  санадҳои  барномавие аст, ки дар он на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимоли равандҳои ояндаи дохилӣ, минтақавӣ ва глобалӣ аз нигоҳи илмӣ баён гардидааст. Аз ин рӯ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди тамоми  соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бо камоли дақиқият ва аз лиҳози таҳлилҳои воқеъбинонаю дурандешона муайян менамояд ва барои мардуми мамлакат чун дастури раҳнамо ба сӯйи созандагию бунёдкориҳои нав хизмат менамояд. Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ диди хеле амиқ ва ҳаматарафа санҷидашуда доир ба таҳлили вазъи мавҷудаи ҳаёти ҷомеа ва пешбинии самти инкишофу пешрафти  он барои солҳои минбаъда ҷой дода шудааст.

Мутолиа ва дарки муносиби муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олӣ ҳар сокини мамлакатро ба он уммедвор менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир зарфияти таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум тақвият дода, кафолати ҳаёти осоиштаю шоистаро истеҳком мебахшад. Муқоисаи рақамҳои оморие, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои нишон додани суръати рушди ватанамон оварда шудаанд, дар замири ҳар фарди ин диёр ҳисси баланди ифтихору масъулиятро ҷой медиҳад. Ҳамаи ин гувоҳи равшани он аст, ки  зарфияти посухгӯйии давлатамон ба масъалаҳои рӯзмарраи ҳаёти ҷомеа дар ин давраи мураккаб хеле муносибу уммедворкунанда мебошад.

Паём матни комили сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқие аст, ки бе дарки банду басти таркибияш мазмуну ҳадафи онро дарк намудан мушкил аст. Интихоби равиши муносиби мантиқӣ барои мутолиаи мақсадноки муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим аст. Барои ин истифода аз нозукиҳои барои исботи фикру андешаҳои муҳим дар матн ҷойдошта ҷолиб аст. Дар ҳамин маврид санъати исботи мантиқӣ ба мо имкон медиҳад, ки дар матни Паём муҳокимаю қазоватҳои калидӣ пайдо намуда, онҳоро бо тартиб пайи ҳамдигар ҷой диҳем.

Агар аз ин мавқеъ ба матни Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олӣ назар андозем, пас мебинем, ки тезисҳои калидии он аз 13 банди муҳимтарин иборат мебошанд, ки онҳоро ба таври зерин метавон баён намуд:

— Пеш аз ҳама, дар мақтаи баёни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олӣ таъкид шудааст, ки соли 2023 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир боз як соли бобарор гардид. Чунин баҳогузорӣ тасаввуроти сокинони мамлакатро ба тавонмандию манзалати низоми ҷории сиёсии мамлакамон устувортар менамояд ва он кафолати таҳкими суботи ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Зеро саодати инсониро аз он низоми иҷтимоию сиёсие метавон интизор шуд, ки дороии ҷамъиятиро ҳамеша барои хизмати бештару саривақтии мардум новобаста аз мақоми иҷтимоияшон, балки  танҳо ба хотири узви иттиҳоди як ҷомеаи инсонӣ буданашон пешниҳод намуда метавонад. Ҳодисаҳои охири ҷаҳони имрӯз гувоҳи равшани он мебошанд, ки дар сурате ки баъзе кишварҳо бар асари арзишҳои мафкуравӣ чунин дороиҳоро дар ихтиёри гурӯҳи маҳдуди молиявӣ қарор медиҳанд, ё баъзеашон дучори даргириҳои дохилӣ ҳастанд, мутаассифона, қобилияту имконияти сари вақт ба мушкилоти фавқулодаи мардум расиданро аз даст медиҳанд ва боиси афзоиши қурбониҳои зиёд мегарданд.

Ҳамин тавр, соли 2023 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму талоши собитқадамона тавонист пешрафти ҳамаҷониба ва устувори соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро, новобаста аз тамоюлҳои манфии низоми иқтисоди ҷаҳонӣ таъмин намояд. Дастовардҳои мамлакатамон дар соли 2023 баёнгари сиёсати созанда ва мутавозини роҳбарияти олии давлатамон мебошад, ки он дар дохил ва сатҳи байналмилалӣ ҷонибдории ҳамаҷониба дорад. Мувафаққияти дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба даст омада имкон фароҳам овард, ки сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат беҳтар гашта, тамоюлоти пешрафти устувору дарозмуддати он таъмин шавад. Ҳанӯз ҳам тамоюли барқароршавии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ноустувору аз бисёр ҷиҳат равшан нест. Бинобар ин, бо пайравӣ аз ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон сари вақт имконияти ҷориро дарк ва истифода бурдан барои таъмини инкишофи ҷомеа муҳим аст. Мо бояд ҳамқадами замон пеш рафта, дар ҳоле, ки олам нисбат ба садсолаи охир тағйироти ҷиддиро пушти сар менамояд, онро ба манфиати рушди ватанамон истифода барем.

Қазовати дигари калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода ёфтааст, ки Ҳукумати мамлакат барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат дар се соли оянда низ хароҷоти буҷавиро афзоиш медиҳад. Ҳадафҳои пешбининамудаи он бештар ба модернсозии иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ баҳри устувор намудани заминаҳои рушди устувори давлат равона шудааст. Дар ин самт истифодаи оқилонаи захираҳои табиии ҷумҳурӣ, махсусан захираҳои инсонӣ дар заминаи технологияҳои наву инноватсионӣ, дар асоси самтҳои афзалиятноки муайяншуда ва барномаҳои стратегии рушди мамлакат пешниҳод шудааст. Фановариҳо яке аз муҳаррикони муҳими рушди имрӯзаи инсоният ба шумор мераванд ва татбиқи инноватсияю технологияҳои рақамӣ ба ин мақсад нигаронида шудааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки сол то сол бо мушкилӣ фаъолият намудани ҳалқаҳои силсилаи робитаҳои иқтисодӣ дар мамлакат аз байн меравад. Яке аз омилҳои дохилии нигоҳдории ҳамбастагии ҳалқаҳои фаъолияти иқтисодӣ татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат- саноатикунонии босуръат аст. Зеро дар мавриди эҷоди ҷойҳои нави кории тавассути истеҳсоли саноатӣ ба вуҷуд омада, зимнан он ба шакли мултипликатсионӣ самара дода, боиси эҷоди ҳалқаҳои бешумори таъмини ҷойҳои дигари нави корӣ ва фаъолияти пурсамари меҳнатӣ мегардад.

Ҷиҳати таъмин намудани нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷаи давлатӣ, самаранокии хароҷоти он раванди рақамикунонии молияву андоз густариш дода мешавад. Барои рушди иқтисоди рақамӣ таҳияи якчанд стратегия ва барномаҳои дахлдор аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардид, аз ҷумла «Консепсияи рушди иқтисоди рақамӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷорати электронӣ», «Консепсияи ҳукумати электронӣ» ва «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорию  сармоягузорӣ пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олӣ идомаи чунин равиши самарабахши дастгирии фаъолнокии субъектҳои соҳибкории мамлакат барои соли 2024 низ ба миён гузошта шуд. Таъкид гардид, ки шумораи соҳибкорон дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид. Соли 2023 аз ҷониби соҳибкорон 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи кор сохта, ба истифода дода шудааст. Барои баланд бардоштани имконияти сармоягузорӣ ба мамлакат стандартҳои миллии экологиву иҷтимоӣ ва идоракуниро дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ таҳия намудан зарур дониста шуд.

Соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи давлат дониста шуда, тавассути онҳо барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешавад. Давоми солҳои истиқлолият 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи кор сохта шудааст. То соли 1991 ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ буд. Иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим дар самти таъмини саноатикунонии босуръати мамлакат арзёбӣ гардид. Нақши соҳаи энергетика ба рушди саноатикунонии мамлакат мусбат арзёбӣ гардида, дастур дода шуд, ки бояд дар се соли минбаъда истеҳсоли он ба 10 миллиард мегаватт расонида шавад.

Тезиси дигари калидии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олӣ аз он иборат аст, ки солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа  табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ камтарин партовҳои CO2 ба ҳар сари аҳолӣ дорад ва ҳамагӣ тақрибан 2−3% аз ҳаҷми умумии партовҳои CO2 дар минтақаро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, мамлакати мо аз рӯйи партовҳои газҳои гармхонавӣ (гулхонаӣ) дар ҷаҳон дар ҷойи 135-ум қарор дорад, ки саҳми арзандаи Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки дар миқёси минтақавӣ ҳаҷми партовҳои газҳои гармхонавӣ дар Тоҷикистон ба як нафар камтарин аст ва саҳми ин дар беҳбуди вазъи экологии минтақа ва сайёра хеле калон мебошад. Бо ин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «…аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ намудани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам намудани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем»Ҳамзамон:

  • Истеҳсоли энергияи «сабз», рушди иқтисоди «сабз», паст намудани партови газҳои гулхонаӣ.
  • Соли 2032 100% истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда таъмин шавад.
  • То соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад ва Тоҷикистон ба «мамлакати сабз» табдил дода мешавад.

Дар мавриди яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ–таъмини истиқлоли энергетикии ҷумҳурӣ Президенти мамлакат зарурати ҳарчӣ зудтар ҳал намудани мушкилоти норасоии барқу маводи сӯзишворӣ, дарёфти роҳи ҳали мушкилоти ин соҳаро ба сифати омили таъмини рушди устувори иқтисодию  иҷтимоӣ арзёбӣ намуданд. Президенти Тоҷикистон вазорату идораҳои дахлдорро ба дарёфти манбаъҳои иловаи маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бунёди неругоҳҳои хурди обӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, таъмини сифатноки аҳолӣ ба неруи барқ, истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ, сарфаҷӯйии неруи барқ ва камсозии талафоти технологии он муваззаф намуданд.

Доир ба баровардани мамлакат аз бунбасти иртиботӣ- яке аз ҳадафи стратегии миллӣ ҳарф зада,  Президенти Тоҷикистон бунёди роҳу нақбҳои мошингардро омили табдил додани Тоҷикистон ба  давлати воҳиду транзитӣ номиданд. Имрӯз дар соҳаи нақлиёт, бунёди пулу роҳҳо чандин лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ мавриди татбиқ қарор дода мешаванд, ки баҳрабардории иқтисодии онҳо дар баробари тамоюлоти дохилӣ инчунин тамоюлоти минтақавӣ низ доранд. Яъне татбиқи онҳо барои кишварҳои минтақа долонҳои иловагии ҳамлу нақли молу хизматрасониро фароҳам оварда, вобастагияшонро аз хатҳои таҷрибашудаи аз ҳад зиёд пурбор камтар мегардонад. Ин гувоҳи он аст, ки татбиқи манфиатҳои миллии мамлакатамон на дар заминаи муқобилгузорӣ бо манфиатҳои миллии кишварҳои дигари минтақа, балки ҳамчун тамоюли ба воқеият пайвастани онҳо амалӣ мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ  зарурати баландбардории сифати рушди инсониро тавассути татбиқи чорабиниҳои муҳиму самаранок дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла маориф, энергетика, шуғли аҳолӣ, соҳибкории истеҳсолӣ ва ғайра таъкид намуданд. Таъмини иҷрои ин масъала барои ҳамаи мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷамъиятӣ муфассал асоснок шуд. Дар ин самт тақвият бахшидани ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, муҳайё намудани ҷойҳои иловагии корӣ, инчунин ворид намудани технологияи муосир, дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, мусоидат намудан ба таъсиси ҷойҳои кории сифатан нав ва таъмини музди меҳнати арзанда дар бахши давлатию хусусӣ, бунёди шумораи зиёди корхонаи нав дар соҳаи саноат аз ҳадафҳои афзалиятноки минбаъдаи давлат арзёбӣ гардиданд.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар баробари таҳлилу арзёбии натиҷаҳои рушди мамлакатамон дар соли 2023 инчунин барои минбаъд низ тақвият бахшидани раванди дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ  дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Маълум аст, ки дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ аслан ин амал кори саҳл нест, вале ба ин нигоҳ накарда, пайдо намудани маблағ ва маблағгузории соҳаҳои буҷавӣ, махсусан илму маориф, соҳаи тиб саҳмгузории Президенти Тоҷикистон ба ин соҳаҳо буда,  маблағгузории онҳо асоси рушди давлат шуморида мешавад.

Идомаи мантиқии таҳлили масъалаи марбут ба зарурати тарбияи кадрҳои ба талаботи рушди имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯйро Президенти мамлакат дар заминаи равандҳои пуртазоди ҷаҳони муосир ба миён гузоштанд. Дар шароити хеле печидаи ҷаҳони муосир ҳадафи асосӣ таъмини рушди  устувори  иқтисодию  иҷтимоии мамлакат ва бад-ин васила фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар фарди ҷомеа буда, вазифаи муҳимтарин дар ростои ин ҳадаф тарбияи шахсияти худшиносу ватанпараст ва дорои дарки масъулияти волои иҷтимоӣ, донишу ҷаҳонбинии муосир, шахси соҳиби қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯза мебошад.

Бинобар ин, таълиму тарбия самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат  қарор дода шудааст. Бо  назардошти афзоиши  табиии аҳолӣ масъалаи муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ яке аз масоили  муҳимтарини  рушди  ояндаи  иқтисодиёти   давлат мегардад. Аммо раванди  таъсиси ҷойҳои нави  корӣ  аз афзоиши босуръати   табиии аҳолӣ ва захираҳои меҳнатӣ қафо монда, алҳол бозори меҳнати дохилӣ имкони пурра бо ҷойи кор таъмин намудани корҷўёнро надорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  перомуни  сиёсати  хориҷии Тоҷикистон иброз намуданд, ки сиёсати «дарҳои боз»-и  давлат минбаъд низ  бо назардошти  манофеи  миллӣ идома дода мешавад. Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя робитаро аз рӯйи усули ҳамкорӣ ба хотири шукуфоии муштарак пайгирӣ  менамояд.

Аз дарки муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бармеояд, ки он ҳамчун санади ҳуқуқӣ ва сиёсии дорои принсипҳои барномавӣ, ки дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, раванди амалияи давлатӣ ба худ хислати  санади дастуриро касб менамояд ва барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳар инсон ва барои ҷомеа дар маҷмуъ аҳаммияти калон дорад.

Президенти Тоҷикистон дар суханрониашон  башардӯстӣ ва фаъолияту зиндагии озодонаи ҳар инсонро усулҳои умдаи фаъолияти қонунгузорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки қонун дар навбати аввал  бояд ҳуқуқу озодиҳои инсонро чун арзиши олӣ эътироф ва ҳифз намояд. Пешниҳод шуд, ки соли соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад.

Дар робита ба ин масъалаи муҳим бояд таъкид сохт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун сарвари кордону инсони комил зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ба арҷгузорӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои суннатии хонаводагӣ, ки вақтҳои охир бо таъсири  раванди ҷаҳонишавӣ халалдор шудаанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Яке аз чунин арзишҳои калидии инсонпарварӣ  эҳтиром гузоштан ба падару модар аст.

«Ба қадри падару модарон бирасед ва онҳоро иззату икром намоед, баракат мебинед»,- таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Итминони комил дорам, ки ин суханони пандомези Президенти хирадманд ва оқиламонро ҳар фарди ватандӯсти мамлакат, махсусан  насли наврасу ҷавон сармашқи  ҳамешагии фаъолият ва зиндагонӣ қарор медиҳад.

khovar.tj

Чоп кунед