ДУШАНБЕ, 01.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии (МТС) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: вазъ ва дурнамои таъсирпазирӣ» бо иштироки сардорон, муовинони сардорони раёсатҳо, мутахассисон ва коршиносони марказ ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар МТС.

Директори Марказ Хайриддин Усмонзода баргузории чунин ҳамоишро барои мустаҳкам гардидани ҳамгироии минтақавӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва шарикони стратегии онҳо муҳим арзёбӣ карда, тазаккур дод, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири минтақа нисбат ба равандҳои минтақавӣ бетафовут нест. Зиёда аз ин, Тоҷикистон кишвари фаъоли минтақа ва давлати пешқадам дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ба шумор меравад. Дар сиёсати хориҷии бисёрсамтаи Тоҷикистон дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ ба рушди ҳамкорӣ дар минтақа аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «мо ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкории созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақа мебошем”. Ба гуфти Сарвари давлат, дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат мегиранд.

“Mушоҳида мекунем, ки вазъият дар ин кишвари ҳамсояи наздики мо ҳамоно печида ва мураккаб боқӣ мемонад, — изҳор намуданд Пешвои миллат, — Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем».

Яъне, бо пуштибонӣ аз чунин равиши сиёсати хориҷӣ Тоҷикистон дар ҳама марҳилаҳо ғояи рушди ҳамкорӣ ва лоиҳаҳои ҳамгироии минтақавиро дастгирӣ менамояд.

Ба гуфти директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, дар амалияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон зери мафҳуми минтақа ба таври анъанавӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар дошта шудааст. Таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Қирғизистон бояд ҳамеша аз рӯйи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шавад. Ҳадафҳо ва вазифаҳои муштарак дар минтақа кишварҳоро водор месозанд, ки бо истифода аз зарфияти ҳар кишвари минтақа барномаҳо ва стратегияҳои муштаракро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ коркард намуда, бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои ҳамсоя сиёсати созанда ва устуворро пеша намоянд.

«Умумияти ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои минтақа қарор доранд, зарурати рушду тавсеаи муносибату ҳамкории Тоҷикистонро аз рӯйи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо кишварҳои Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон тақозо мекунад. Роҳбарияти давлати Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад ва ин бардоштро дар амалияи сиёсии худ тайи 30 соли Истиқлоли давлатӣ борҳо нишон додааст. Мо якҷоя ва дар ҳамкории созандаву ҳусни эътимод бо якдигар метавонем бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем, чунки ҳамгироии созандаи минтақавӣ ба манфиати давлату халқҳои ҳамаи минтақа ва ҳар кишвари Осиёи Марказист»,-изҳор дошт Х. Усмонзода.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки аҳамияти самти минтақавии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он ифода мешавад, ки имрӯз манфиатҳои миллӣ, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодии кишварҳои минтақа ба ҳам вобастагии зич дошта, таъмини комили рушду амнияти ҳар кишвар танҳо дар заминаи таъмини рушду амнияти минтақавӣ имконпазир мебошад. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи унсурӣ ва фаъоли минтақа ҷонибдори ҳамкориву ҳамгароии минтақавӣ буда, ба рушди робитаҳои баробарсатҳ дар ин самт аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

khovar.tj

Чоп кунед