Паёмҳои Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ, ки ҳамасола ироа мегарданд, хусусияти сиёсӣ-иҷтимоӣ дошта, самтҳои сиёсати давлатдориро дар дохил ва хориҷи кишвар муайян менамояд. Дар баробари муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём аз ҷониби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзуъҳои дигари ҳаётан муҳимми кишвар низ матраҳ гардиданд. Дар ин замина, суҳбате доштем бо директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода, ки фишурдаи онро манзури хонандагон месозем.           

–Сараввал бардошти Шуморо доир ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” донистан мехостем?

Паёми навбатии Сарвари давлат барои марҳалаи кунунии рушди давлатдорӣ аз ҳар ҷиҳат фарогир ва  пурмуҳтаво буд. Дар он тамоми масъалаҳои муҳимми ҳаёти мардуми кишварамон таҳлилу баррасӣ шуда, дурнамои рушд ва қадамҳои навбатӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ муайян карда шуданд.

Муҳимтарин нуктае, ки ба назари мо дар муҳтавои Паёми ироашуда эҳсос шуданд, ин буд, ки  соли 2023 дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварамон пешрафтҳо ва дастовардҳои назаррас ба даст омаданд. Зикри ин нукта бисёр зарур аст, зеро дар партави мураккабшавии бесобиқаи вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир, ки бешубҳа, давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарин барои инсоният дар таърихи қариб сад соли охир ба шумор меравад, дар аксари кишварҳои олам коҳиши дараҷаи рушди иқтисодӣ ба қайд гирифта шуда истодааст. Иқтисоди кишварҳо заиф ва вазъи зиндагии мардум бадтар ва вахимтар шуда истодааст. Аммо, хушбахтона, новобаста аз омилҳои мавҷудаи ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар бо роҳандозии сиёсати дурусту дурбинона тавонист, ки пеши роҳи таъсири буҳронҳои ҷаҳониро ба иқтисоди худ гирад ва низоми муназзами инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварро таъмин намояд. Тасдиқи ин нуктаро дар се нишондиҳандаи асосие, дар Паёми имсола зикр гардид, метавон дарёфт. Тавре дар Паём қайд карда шуд, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 8,3  дарсадро ташкил дода, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.  Навобаста аз болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 дарсадро ташкил намуд ва дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 дарсади соли 2017 то 21,2 дарсад дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Бешубҳа, сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар қиёс бо нишондиҳандаҳои истеҳсолию молиявии солҳои сипаришуда фарқкунанда ва умедбахш аст. Ин, албатта, дастоварди муштараки Ҳукумати кишвар ва мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва раҳнамоии Пешвои муаззами миллат буда, далели дурустӣ ва ба вазъи имрӯзаи иқтисоди ҷаҳон ҷавобгӯ будани барномаҳои давлатӣ, стратегияи милли рушди кишвар ва нишони устувории буҷети давлатӣ мебошад. Дар навбати худ, устувории буҷети давлатӣ асоси инкишофи  рӯзафзуни соҳаҳои  иҷтимоӣ, пеш аз ҳама маорифу тундурустӣ ва илму фарҳанг, беҳдошти ҳаёту фаъолияти кормандони соҳаҳои таъминоти буҷетӣ, дар маҷмуъ,  некӯаҳволии тамоми мардуми Тоҷикистон хоҳад буд.

–Пешвои миллат дар Паёми хеш қайд карданд, ки Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030”  ҳамчун воситаи асосиии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.  Шумо дар ин замин чӣ назар доред?

–Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо баррасии муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2023 оғоз шуда, дар он соли сипаришуда барои кишварамон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он боз як соли бобарор арзёбӣ гардид. Яъне бо вуҷуди таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла густариши бемории сироятии “КОВИД–19”, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ба мо таҳти сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки нишондиҳандаҳои рушди кишварамонро дар ин марҳалаи ҳассос таъмин намоем. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  метавон ҳамчун як  санади стратегии фарогир, таҳлилу баррасикунандаи амиқу дақиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъминкунандаи дурнамои рушди устувори кишвар унвон намуд.

Ҳамасола дар баробари дигар соҳаҳо, таҳлилу арзёбии вазъи иқтисодии мамлакат ва таъмини дурнамои рушди минбаъдаи он, аз ҷумла тавассути рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ яке аз бахшҳои калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ташкил медиҳад.

Доир ба ин масъала Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи худ  зикр намуданд, ки Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид. Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд. Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд. Соли 2023 аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд, ки аз саҳми бузурги соҳибкорон дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дарак медиҳад.

Хулосаи калом, ба андешаи мо, агар ҳар як вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ дар тадбиқи мақсаду вазифа ва афзалиятҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда, ҳамчун санади фарогир ва барномаи стратегии воқеан амалишаванда ва амалисозии дастуру ҳидоятҳои қатъию мушаххаси Пешвои муаззами  миллат воқеъбинона назар кунанду онҳоро, аз ҷумла тавассути рушди бахши хусусӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон дар амал татбиқ намоянд,  кишвари  мо дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, бахусус саноатикунонии босуръати рушд ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳамчун ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат бо қадамҳои устувор пеш хоҳад рафт.

–Сарвари давлат дар Паёми хеш пешниҳод намуданд, ки соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. Аҳаммият ва ҳадаф аз эълон намудани соли 2024-ро ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар чӣ мебинед?

–Мақсад аз эълони “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва ба анҷом расонидани тадбирҳои он арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.

Ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсия аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар назди ҳар сокини мамлакат масъулияти бештар мегузорад, зеро риояи қонун аз оила, аз маҳалла, аз ҳар яки мо вобаста мебошад. Агар садҳо биноҳои муосири баландошёна бунёд шаванд, тамоми роҳу шоҳроҳҳо мисли шиша ҳамвору чароғон шаванд, тамоми шароити маишӣ дар сатҳи баланд муҳайё  шавад, вале маърифати ҳуқуқӣ–риоя ва иҷрои қонун,  чи аз тарафи сокинони одӣ ва чи аз тарафи шахсони вазифадору масъулин, таъмин нашавад, бунёди ҷомеаи мутамаддин ба зудӣ ва осонӣ ба мо муяссар намегардад.

–Дар охири Паёми  навбати худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки  бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта, қабл аз ҳама, вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар –аъзои Ҳукумат, Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё, фаъолон ва тамоми мардуми шарифи кишвар мебошад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид чӣ тадбирҳо меандешад?

–Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  назди ниҳодҳои давлатӣ ва аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, таъмини сулҳу амният, суботи ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон вазифаҳои мушаххас гузоштааст. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди таҳлилию машваратӣ дар ин самт мисли солҳои пешин саҳми худро мегузорад. Пеш аз ҳама, коршиносону мутахасисони Марказ авзои ноороми минтақа ва ҷаҳонро дар самтҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ омӯхта,  таҳдиду хатарҳои эҳтимолиро муайяну мушахас намуда, онҳоро ҳаматарафа таҳлил менамоянд ва барои пешгирӣ аз ин таҳдиду хатарҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президент, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор  пешниҳодҳои мушаххас манзур менамоянд. Барои мустаҳкам намудани вазъи дохилии кишвар, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, бардавом гардонидани суботу оромии кишвар равандҳои сиёсию иқтисодию фарҳангии дохили ҷумҳурӣ омӯхта шуда, ба риштаи таҳлил кашида мешаванд. Хулосаҳои таҳлилии дар ин самт анҷомдодашуда низ ба мақомоти дахлдори кишварамон   фиристода мешавад.

Марказ ду маҷаллаи илмӣ–“Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва “Муносибатҳо байналмиилалӣ ва амният”–ро  таҳия ва ба чоп  мерасонад, дар онҳо бо се забон тоҷикӣ, русӣ, англисӣ маводҳои таҳлилию илмӣ нашр мешаванд. Сомонаи интернетии Марказ низ маводҳои илмӣ эҷодии олимони соҳаҳои гуногунро нашр менамояд. Ҳоло сомона дар як сол  беш 2 млн  800 ҳазор хонанда дорад, ки гувоҳи ҷолибияти маводҳои нашрии он мебошад.

Хулоса, соли 2024-ум барои кормандони муассисаи мо соли махсус аст, зеро имсол 30-солагии таъсиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Кормандони Маркази мо Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи фаъолияти  доимии худ қарор дода, ба ҳайси ниҳоди таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади мусоидат ба амалишавии стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва такмили механизмҳои татбиқи сиёсати дохилию хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  саҳми  муносиб мегузоранд.

  Мусоҳиб Нозукбибии Темур,
бознашр аз  ҳафтаномаи “Мароми пойтахт”,
№2(780), 10.01.2024

Чоп кунед