Ҷаҳони муосир ба як ҷомеаи бузурги итттилоотӣ мубаддал гардидааст. Маҳз бо ҳамин сабаб мо бояд имрӯз ба иттилоъ ва тарзи пешниҳоди он таваҷҷуҳи хосса дошта бошем.
Вобаста ба ин таъкид менамоем, ки иттилоъ силоҳ барои ду ниҳоди асосӣ аст. Якум, барои хабарнигорон ва дуюм, барои онҳое, ки барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ машғули ҷанги иттилоотӣ ҳастанд.
Хабарнигор одатан ба ҷомеа хабареро, хоҳ манфӣ бошад ва хоҳ мусбат, оид ба рӯйдоде мерасонад,. Дар ин зимн, хабарнигор рӯйдоди манфиро расонида, онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад, ҷанбаҳои манфии онро барои ҷомеа мекушояд ва чӣ бояд кард, ки он бартараф карда шавад, гуфта, масъалагузорӣ менамояд ва роҳҳои пешгирӣ аз таъсири манфии он ба ҷомеа ва мардумро нишон медиҳад. Агар рӯйдод мусбат бошад, боз ҳам хабарнигор онро ба ҷомеа мерасонад, моҳияти онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, натиҷаҳои мусбати он ва роҳҳои рушди минбаъдаи ин рӯйдодро барои манфиати ҷомеа мекушояд.
Барои онҳое, ки машғул ба ҷангҳои иттилоотӣ ҳастанд, иттилоот ҳамчун восита барои расидан ба мақсадҳои дигар хизмат мекунад. Дар ҷангҳои иттилоотӣ аз тамоми воситаҳо истифода бурда шуда, ба ягон меъёри ҳуқуқию ахлоқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намегардад. Барои ҷангҳои иттилоотӣ чунин воситаҳо муҳимманд:
1) инкори ҳар гуна иттилои мусбат, худдорӣ аз расонидани иттилооте, ки барои мардум муфид аст;
2) тамаркуз додани таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба ҳодисаҳои камаҳаммият;
3) ҳар чӣ бештар додани иттилооти манфӣ, зеро одамон ба он нисбат ба иттилооти мусбат бештар таваҷҷуҳ доранд;
4) такя ба таҳқиқоти сотсиологию маркетингие, ки нодуруст ё ба таври ғаразнок гузаронида шудаанд;
5) танқиди бардурӯғу беасоси амалҳои мансабдорон ва ниҳодҳои давлатӣ ва ғайра.
Дар умум, ҷангҳои иттилоотӣ хусусияти муқобилияти стратегии иттилоотӣ дошта, ҳадафи асосии худ объектҳоеро чун роҳбарияти сиёсӣ ва ҳарбӣ, низомҳои таъмини соҳаҳои ҳаётии муҳимтарин, инфрасохтор, аҳолӣ ва ғайра қарор медиҳанд. Зимни ҷангҳои иттилоотӣ таъсиррасонӣ ба вазъи ахлоқию равонии ин объектҳо ба роҳ монда мешавад.
Ҷангҳои иттилоотӣ дар ҷаҳони муосир тавассути роҳандозии маҷмӯи тадбирҳо ва истифода аз усулу воситаҳои гуногун сурат мегиранд. Яке аз тадбирҳои асосии чунин ҷангҳо ин ташкили муҳит ва фазои холӣ аз маънавиёт ва ахлоқ мебошад, ки ба таври автоматӣ ба ташаккули муҳиту фазои мусоид барои барангехтани низоъҳои мухталиф оварда, нуфузи ҳокимияти давлатиро коҳиш медиҳад. Дар чунин муҳит идоракунии манипулятивии афкори ҷамъиятӣ ва самтгириҳои сиёсии гуруҳҳои иҷтимоӣ бо мақсади бунёди вазъи муташанниҷи сиёсӣ ва бенизомӣ сурат мегирад.
Тадбирҳои дигаре, ки ба ҷангҳои иттилоотӣ хоссанд, инҳо аз тезутунд намудани муборизаҳои сиёсӣ ва дар ниҳояти кор ба ташкили ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷомеа нигаронида мешаванд. Барои сар задани низоъҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, задухӯрдҳои байни миллатҳо ва пайравони динҳои гуногун низ ташкилкунандагони ҷангҳои иттилоотӣ хеле манфиатдоранд.
Дар раванди ҷангҳои иттилоотӣ кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки таъминоти иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ ҳар чӣ бештар коҳиш дода шуда, ба ин васила қабули қарорҳои муҳим аз ҷониби онҳо душвор гардад. Ба замми ин, ба аҳолӣ итилооти бардурӯғ дар нисбати мақомоти давлатӣ пешкаш гардида, нуфузи онҳо дар назди шаҳрвандон паст ва обрӯи онҳо доғдор карда мешавад.
Барои расидан ба ҳадафҳои худ ташкилкунандагони ҷангҳои иттилоотӣ барои баргузор намудани ҳар гуна аксияҳои мухолифат, корпартоӣ, бетартибиҳои оммавӣ ва тадбирҳои дигари амсоли он иқдом менамоянд. Дар баробари ин, тамоми қувва ба он равона карда мешавад, ки ба манфиатҳои давлат дар муҳимтарин соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ, иҷтимоӣ ва ғайра ҳар чӣ бештар хисорот ворид карда шавад.
Дар маҷмуъ, ҷангҳои иттилоотӣ ба вайрон сохтани арзишҳои дар ҷомеаи мушаххас қабулшуда, идоракунии манипулятивии шуури ҷамъиятӣ, фардӣ, таҳмил намудани ҳадафҳои бегона нигаронида шудаанд.
Бо моҳият ва тафовути хабарнигорӣ аз ҷанги иттилоотӣ дар асоси назарияҳои мутахассисони соҳа ошноӣ пайдо карда, имрӯз, дар шароите, ки тамоми кишварҳои олам бо оқибатҳои пандемияи коронавируси КОВИД-19 ва буҳрони иқтисодӣ муборизаи беамон мебаранд, мо бояд ба якчанд нукта таваҷҷуҳ намоем:
- Ахборро аз манбаъҳои муътамаду расмӣ бигирем, то тӯъмаи хабарҳои бардурӯғу беасоси ташкилкунандагони ҷангҳои иттилоотӣ нашавем.
- Имрӯз шабакаҳои интернетӣ ба манбаи асосии иттилоъ мубаддал шудаанд, вале мутаассифона, дар ин шабакаҳо ахбори нодуруст, бардурӯғ, ё худ “фейк” мавқеи муҳим пайдо кардааст, ки метавонад хеле зараровар бошад. Мо бояд ахбори санҷидашуда ва бардурӯғро фарқ кунем ва ба аҳли ҷомеа иттилои дурустро бирасонем.
- Имрӯз, мутаассифона, тарафдорони ҳаракатҳои экстремистию террористӣ аз ҷумлаи намояндагони миллати тоҷик, ки аз тарафи хоҷагони хориҷияшон барои бурдани ҷанги иттилоотӣ маблағгузорӣ мешаванд, хеле фаъол гардида, ахбори бардурӯғи онҳо васеъ интишор меёбад. Мо бояд дарк кунем, ки ин ифротгароён ҳадаф доранд, ки аз дур истода, низоми ҷомеаи моро номӯътадил созанд. Ҳадафи онҳо аз ин ҷанги иттилоотӣ яктост – ба даст овардани маблағ бо туҳмату бӯҳтон дар ҳаққи миллат, давлат ва сарварони он. Вале мо боварии комил дорем, ки тири ин нобакорон хок мехӯрад.
- Ба эътибор бояд гирифт, ки имрӯз дар ҷумҳурии мо фаъолияти баъзе аз расонаҳои хориҷӣ низ васеътар шудааст, ки онҳо низ аз хабарнигорӣ фарсахҳо дур рафта, ба ҷанги иттилоотӣ машғуланд ва ҳадафашон муташанниҷ сохтани вазъ дар кишвари мост. Хабарҳои чунин расонаҳоро низ мо бояд бо мизони ақл санҷида, ба аҳли ҷомеа иттилои дурустро пешниҳод созем.
Барои ғолиб гаштан дар ҷанги иттилоотӣ имрӯз бояд ҳар як шаҳрванди ватандӯсту миллатпарасти Тоҷикистон манфиатдор бошад. Дар ин вазъи муваққатӣ, ки дар тамоми олам бо сабаби вабои аср – пандемияи КОВИД-19 ва буҳрони иқтисодӣ ба вуҷуд омадааст, мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва бори дигар халқи музаффар будани тоҷиконро ба кулли ҷаҳон муаррифӣ созем.
Хуршед Зиёӣ,
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон