ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи давлатии  амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов дирӯз, 19 сентябр пас аз мулоқот ва имзои созишнома бо ҷониби Қирғизистон изҳори итминон намуд, ки  дар сарҳадҳои давлатии ҳарду кишвар сулҳи ҳақиқӣ пойдор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Мо ба созиши умумӣ расидем ва Протокол ба имзо расонидем, — гуфт ӯ дар изҳороти худ. — Итминон дорем, ки дар сарҳадҳои давлатии мо сулҳи ҳақиқӣ пойдор мешавад».

Дар идома Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур дод, ки дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳо дар рӯҳияи манфиатҳои ду халқи бародар фаъолият ба роҳ монда мешавад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 19 сентябри соли 2022 дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» мулоқоти Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, риояи ҳатмии оташбасро таъкид намуданд.

Зикр гардид, ки бояд масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи хосса қарор дода шуда, минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад.

Аз ҷониби раисони КДАМ-и ду кишвар 19 сентябри соли 2022 ҳамзамон протокол имзо гардид, ки тибқи он қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, амнияти сокинон таъмин карда мешавад.

khovar.tj

Чоп кунед