Рӯзи 16 марти соли 2022 дар ташкилоти ибтидоии  “Стратег”-и  ҲХДТ вохӯрӣ бо Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Обидзода баргузор гардид. Сараввал, раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии   “Стратег” Хайриддин Усмонзода ҳамоишро кушода, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонафрӯз муборакбод намуда, Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагонро муаррифӣ намуд.

Сипас Фозил Обидзода зимни суханронии хеш қайд кард, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар низоми идоракунии давлати тоҷикон ва рушди иҷтимоиву иқтисодиву сиёсии он мавқеъ ва нақши ҲХДТ бузург аст.  Чунончи, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси ҲХДТ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҲХДТ тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад.  Ин аст, ки робита миёни ҳизб ва ҷомеа тайи ин солҳо на танҳо устувор гардид, балки сол то сол тақвияту густариш  меёбад.

Дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲХДТ ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ аз иҷрои чаҳор вазифае, ки дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, бомуваффақият  баромад: якум, хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дуюм, барқарор намудани сулҳу субот, сеюм, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва чорум, ташаккул додани рукнҳои давлатдории миллии Тоҷикистон. ҲХДТ зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолу озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ  собит намуда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ менамояд.

Ҳамзамон, дар суханронӣ қайд гардид, ки Фраксияи ҲХДТ дар  Маҷлиси намояндагон дар доираи масъалаву ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ кору фаъолият намуда, дар пешбурди сиёсати созандаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаълона ширкат меварзанд. Дар Фраксияи номбурда ҳамагӣ 43 нафар  вакил, ҳамзамон, 8 нафар профессор ва 11 нафар номзади илмҳои  гуногун фаъолият менамоянд ва дар таҳия ва қабули қонунҳои Ҷумҳуҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

Сипас Фозил Обидзода ба Раиси ТИҲ “Стратег” Хайриддин Усмонзода ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҳамаҷонибаи  ғояҳои созандаи ҲХДТ ва баланд бардоштани нуфузу мартабаи он дар ҷомеа “Сипоснома”-и Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ-ро тақдим намуд.

Раиси ТИҲ “Стратег” Хайриддин Усмонзода бо арзи эҳтиром ба намояндаи Фраксия миннатдории хешро баён намуда, таъкид намуд, ки дарвоқеъ, рисолати ҳизби сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, барои кишварҳое, ки низоми давлатдории демократиро интихоб намудаанд, бениҳоят бузургу масъулиятнок аст. Ҳизби сиёсӣ ҳамчун муҳимтарин унсури ҷомеаи демократӣ,  тавассути интихобот метавонад номзад ва намояндагони худро ба мақоми намояндагӣ ва иҷроия пешбарӣ намуда, соҳиби ваколат намояд, ки маҳз онҳо барои амалӣ гардонидани барномаҳои ҳизб иқдом менамоянд. Барои ноил шудан ба ҳадафҳо, ки сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳанд, ҳизб тавассути намояндагони худ дар ҳама шохаҳои ҳокимият талош меварзад, ки барои таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

  Хадамоти  матбуотии  Маркази

тадқиқоти  стратегии   назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Чоп кунед