Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо густариши ҳамкориҳо ва ба даст овардани эътирофу эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ рушди самтҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат кори саҳлу осон набуда, сиёсати комили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои бузург, фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шавад.

Ба касе пӯшида нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон эътироф намуда, то имрӯз муносибатҳои хуби дипломатии 183 кишвари ҷаҳон боиси таъсиси 39 адад намояндагии дипломатӣ ва муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва дар зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон таъйин гардидани сафирони ғайримуқим гардидааст. Имрӯз 24 адад сафорати кишвари хориҷӣ, 57 адад намояндагии созмони бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ ва ғайридавлатӣ дар пойтахти мамлакат фаъолият менамоянд. Илова ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкориҳои судмандро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мамлакат ҳисобида, ҳамчун кишвари ташаббускор узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ва иштирокчии беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ дониста мешавад.

Боиси сарфарозист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар таҳкими муносибатҳои сиёсӣ назари нек дошта, густариши ҳамкориҳои судмандро таконбахши рушд медонад. Аз ин лиҳоз, ба густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои халиҷи Форс таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Хушбахтии миллати тоҷик аст, ки ҳоло дар мамлакат қонун волоият дорад ва Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз давлатҳои амнтарини сайёра ба шумор рафта, маҳз фазои сармоягузорӣ бо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ беҳтар гашта истодааст.

Муҳиму беназир он аст, ки ҳамеша сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо руҳияи шикастнопазиру иродаи қавӣ ва хеле самимӣ анҷом ёфта, зимнан вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи мамлакат баррасӣ карда мешавад. Дар ин самт ҷалби сармоягузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ нақши калидӣ дошта, зимни суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии халиҷи Форс иброз доштанд, ки: “…самтҳои афзалиятноки мо дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ соҳаҳои энергетика, саноат, бахусус саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ, иттилоотиву коммуникатсионӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва имкониятҳои транзитиву нақлиётии ҷонибҳоро фаро мегиранд”.

Бо шарофати робитаҳои мустақим ва судманди иқтисодиву тиҷоратӣ бо кишварҳои халиҷи Форс тайи солҳои 2007–2022 аз ҷониби сармоягузорони Амороти Муттаҳидаи Араб ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 204,6 млн. долл. ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз онҳо 74,5 млн. долл. ИМА сармоягузории мустақим ва 130,0 млн. долл. ИМА-ро қарзҳои аз ҷониби 36 адад корхонаву ташкилот ҷалбгардида ташкил медиҳанд.

Инчунин, тайи солҳои 2007­­­­–2022 аз ҷониби сармоягузорони Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 306,0 млн. долл. ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки ҳамаи он қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардидаро ташкил медиҳанд. Дар ин самт бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ санаи 24 декабри соли 2022 зимни баргузории Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ созишнома ба имзо расонида шуд, ки он самтҳои авлавиятноки иқтисодии кишвар, бахусус саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика, сохтмон ва сайёҳиро фаро мегирифт. Байни ҷонибҳо се санади нави ҳамкорӣ ба маблағи наздик ба 450 млн.доллар дар соҳаҳои кишоварзӣ, логистика, сохтмон ва бо кор таъминкуниро дар бар гирифта, айни ҳол дар мамлакат 7 ширкат бо сармояи муассисони Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои хизматрасонӣ, кишоварзӣ, сохтмон ва сайёҳӣ фаъолият намуда истодаанд.

Қобили зикр аст, ки инкишофи ҳамкории мутақобилан судманд ва рушди муносибатҳо байни Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат муҳим арзёбӣ мегардад. Бинобар ин, дар ҳошияи сафари шахсони воломақоми Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 300 млн. доллар, қаблан лоиҳаи “Диёри Душанбе” ва соли ҷорӣ дар ҳошияи сафари давлатии амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе, ки яке аз бузургтарин лоиҳаҳои сармоягузории ин кишвари арабӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳисобида мешавад, дар амал татбиқ гардид.

Мусаллам аст, ки ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистону Давлати Қувайт пайваста дар ҳошияи сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ба соҳаҳои сиёсиву тиҷоратӣ ва рушди муносибатҳои дуҷониба таконбахш мебошад. Дар ин хусус захираҳои гидроэнергетикӣ яке аз асоситарин сарвати Тоҷикистон буда, муносибатҳо дар ин бахш бо кишварҳои арабӣ ва ниҳодҳои молиявии онҳо бисёр муҳим арзёбӣ мегардад. Чунки Тоҷикистон бо иқтидори доштани 527 миллиард киловатт/соат неруи барқ дар як сол танҳо 5 дарсади он мавриди истифода қарор дорад. Бо дарназардошти ин, дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол намуда, дар байни кишварҳои ҷаҳон аз рӯйи фоизи истеҳсол ва истеъмоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза бошад, ҷойи 6-умро ишғол менамояд.

Тавре Пешвои миллат мусоидат ба рушди сохтори воқеии иқтисодиёт ва зиёд намудани қисми даромади буҷети давлатиро муҳим иброз намуда, зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид намуда буданд, ки: «…дар баробари 152 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, то соли 2025 татбиқи 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо беш аз 82 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ хоҳад шуд».

Бояд гуфт, ки сохтани як муҳити сармоягузории дурусту ҳисобӣ барои дилхоҳ давлат яке аз масъалаҳои меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, афзалиятҳо ва самтҳои калидии мамлакат ҷиҳати баромадан ба масири рушди устувор пурра дар «Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030» дарҷ гардидааст. Дар ин росто комилан тамоми сиёсатҳо имконпазир буда, ба натиҷаҳои дилхоҳ оварда мерасонад. Бинобар ин, роҳбарияти олии кишвар тамоми имкониятҳоро истифода намуда, боиси беш аз пеш ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисодиёт гашта истодааст, то ин, ки дар баробарии нокифоягии сармоягузори дохилӣ, рушди иқтисоди миллӣ таъмин карда шавад. Хусусияти асосии ҷалби маблағгузории хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар он аст, ки дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои соҳаҳои гуногуни афзалиятнок аз қабили: захираҳои фаровони обӣ, гидроэнергетикӣ, кишоварзӣ, захираҳо ва маъданҳои зеризаминӣ ва шароити мусоиди транзитиву нақлиётӣ барои инкишофи соҳаҳои истеҳсолӣ мебошад.

Дар робитаи ба ин, ҷиҳати беш аз пеш ҷалб намудани сармоягузориҳо ва густариши робитаҳои судманди мамлакат, чунин пешниҳодҳоро мувофиқи мақсад мешуморем:

  • омӯзиши аниқи имкониятҳои сармоягузорӣ дар кишвар бо дарназардошти таҳлил ва баҳогузории сарчашмаҳои он. Махсусан, интихоб ва дуруст таҳлил намудани сарчашмаҳои маблағгузорӣ имконияти бештар ба даст овардани рушди баланди иқтисодиро медиҳад;
  • беҳсозии фазои сармоягузорӣ ҳамчун воситаи ҷалби бештари сармояҳо ва суръат бахшидан ба рушди иқтисоди миллӣ. Вобаста ба вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон, рақобатҳои шадид барои пайдо намудани сармоя ва дастрасӣ ба захираҳо бе ниҳоят авҷ гирифта истодаанд. Дар ин росто, вобаста аз имкониятҳои мавҷудаи мамлакат бештар таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ доир ба соҳаҳои афзалиятнок бо ҳадафи ҷалби сармоягузорӣ мувофиқи мақсад мебошад;
  • ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати рушди ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва дар ин замина таъсиси паркҳои технологии муосир ва баланд бардоштани зарфияти истеҳсолии кишвар. Истифодаи дурусти паркҳои технологии муосир вобаста ба иқтидори истеҳсолии онҳо ба рақобатнокии иқтисоди миллӣ бе таъсир намемонанд;
  • сармоягузорӣ ҷиҳати бозсозии инфрасохтори истеҳсолӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ. Дар ин масъала роҳандозӣ намудани тадбирҳои иловагӣ махсусан барои кишварҳои арабӣ, ба манфиати кор буда, имкони сол то сол бештар ҷалб гардидани сармояи давлатҳои халиҷи Форс назар ба кишварҳои минтақа вуҷуд дорад;
  • ташкили рейтинги минтақаҳо доир ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар бахши саноат ва ҷалби сармоягузориҳо бо дарназардошти талаботи онҳо. Махсусан, соҳаи саноати мамлакат дар «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022–2026 бахши муҳим ва стратегии кишвар дониста мешавад;
  • аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ вобаста ба талаботи сармоягузорон таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ. Барои ноил гаштан ба афзалиятҳо зарурати саривақтӣ будани лоиҳа ва барномаҳои сармоягузорӣ пеш меояд, ки тибқи нақшаи стратегӣ бошанд.

Ҳамин тавр, аз факту рақамҳои овардашуда метавон хулоса намуд, ки ҷомеаи Тоҷикистон ва кишварҳои халиҷи Форс ба азму иродаи қавӣ ва ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар эътимоди зиёд дошта, бо фазои мусоиди сармоягузории кишвар қадамҳои устувор мегузоранд.

 

Муртазоев О.Қ.,
сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед