Наврӯз аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва суннати волои аҷдодии мост.

***

Таҷлили Наврӯз аз замонҳои бостонӣ то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳувияти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб меравад.

***

Наврӯз, ки дар Тоҷикистон ба шарофати Истиқлоли давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.

***

Далели асосии умри тулонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Маҳз дар айёми Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад.

***

Наврӯз айёми тавозуни байни табиат ва инсон буда, баробари дигаргунии куллӣ дар табиат рӯҳи инсонро низ ба куллӣ тағйир медиҳад ва ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод умедвор месозад.

***

Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмию ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст.

***

Яке аз ҷанбаҳои асосии фалсафаи Наврӯз ба сифати ҷашни моҳиятан оммавию мардумӣ дар баробарӣ миёни одамон зоҳир мегардад. Наврӯзро хурду бузург озодона ҷашн мегиранд ва баробар хурсандӣ мекунанд.

***

Мардуми Тоҷикистонро ба ифтихори Наврӯз, ҷашни бузурги миллӣ ва Соли нави аҷдодиамон, табрику муборакбод гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустию сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз орзу менамоям.

***

Наврӯзи ҷаҳонафрӯз яке аз рамзҳои ҳувияти миллӣ ва истиқлоли маънавии тоҷикон мебошад.

***

Расму ойинҳои Наврӯз рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд.

***

Дар айёми Наврӯз табиат эҳё мегардад, инсон нерӯи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накукорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд.

***

Наврӯз аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона: дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстию хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоию неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

***

Наврӯз ҳамчун ҷашни зодрӯзи Офтоби ҷаҳонафрӯз, ки ҳамеша барои ҳамагон ва дар ҳама ҷо нуру гармӣ мебахшад, сарвати тамоми инсоният аст.

***

Дар шароити мураккабу буҳронӣ гардидани вазъи ҷаҳони муосир ҷашни Наврӯз метавонад ҳамчун ойини сулҳу оромӣ ва ҳамкориву дӯстӣ барои мардумони олам хизмат намояд.

***

Яке аз рамзҳои наврӯзӣ тозаву озода кардани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва шинондани ниҳолу коштани донаи умед мебошад.

***

Мо ояд аз ҳама имкониятҳо истифода барем ва пойтахти азизамон зебошаҳри Душанберо ба идгоҳу наврӯзгоҳи воқеӣ табдил диҳем.

***

Тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизамонро бо фаро расидани Наврӯз табрик намуда, ба ҳар яки шумо саломатӣ, хонаи обод, файзу баракати наврӯзӣ ва барори кор таманно дорам.

***

Наврӯз ҷашни муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум аст.

***

Аҷдоди соҳибфарҳанги мо дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи Наврӯз онро ҳамчун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл мерос гузошта, бо ҳама рангорангию рӯҳи зиндагисозаш гиромӣ доштаанд ва барои пойдории он талош варзидаанд.

***

Русуму ойинҳои зиндагисози Наврӯз дар заминаи тамаддуни қадимаи моддиву маънавии мардуми мо инкишоф ёфта, бо мурури замон ба расму суннатҳои мардумиву фарҳангии халқу миллатҳои гуногуни сайёра ворид шуда, инсониятро ба сӯйи арзишҳои олӣ, камолоти ахлоқӣ ва маънавӣ ҳидоят менамояд.

***

Мардуми сарбаланди тоҷик аз замонҳои қадим Наврӯзро бо маросимҳои густурда ҷашн гирифта, дар он беҳтарин ҳунару истеъдод ва хислатҳои неки инсониро ба намоиш мегузоранд.

***

Мо суннатҳои наврӯзиро ҳамчун ёдоварӣ аз фарҳанги пурғановати худ ва расму ойини зебои аҷдодиамон, ки рӯҳи поку созанда дорад, бо самимият ҷашн мегирем.

***

Расми хубе, ки тоҷикон дар ҷашнгирии Наврӯз анҷом медиҳанд, расми густурдани дастурхони идона аз сарватҳои табиати диёр мебошад, ки ифодагари саховатмандии табиат буда, ишора бар он аст, ки инсон низ мисли табиат бояд саховатпеша бошад.

***

 Дар айёми Наврӯз суннати аёдати хешу табор ва аз аҳволи эҳтиёҷмандон бохабар шуда, Наврӯзи ҷаҳонафрӯз ва фасли баҳори нозанинро табрик намудан, дар фарҳанги мардуми мо ҷойгоҳи муҳим дорад.

***

Бузургони мо ба ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандону оилаҳои камбизоат кумак кардан, Наврӯзро табрик гуфта, шод кардани дили онҳоро аз ҷумлаи амалҳои хайру савоб донистаанд.

***

Бояд ҳар як фарди бонангу номус дар ёд дошта бошад, ки маризону эҳтиёҷмандон, хусусан, дар айёми Наврӯз бештар ба меҳру муҳаббат ниёз доранд.

***

Аёдати пирону барҷомондагон дар айёми Наврӯз барояшон умеди зиндагӣ мебахшад.

***

Мо бояд бояд ҳамагонро дар шодии наврӯзии худ шарик созем, то чунин хушҳолӣ то Наврӯзи оянда идома ёбад.

***

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши наврӯзӣ бори дигар ёдрас мешавам, ки амалҳои хайру савоб, бахусус, дастгирии ятимону барҷомондагон ва маъюбону пиронсолон, ки қарзи шаҳрвандиву рисолати инсонии ҳар фарди бонангу номус ва саховатпешаву савобҷӯй аст, аз мадди назари ашхоси боҳиммат дур нахоҳад монд.

***

Соҳибкорону сармоядорон ва афроди накукору саховатпеша суннати деринаи ниёгонро пос дошта, дар айёми Наврӯз муҳтоҷону ниёзмандонро фаромӯш накарда, дили онҳоро шод мегардонанд ва соҳиби савоби зиёд мешаванд.

***

Аз табиати офарандаи Наврӯз бармеояд, ки ин ҷашни миллӣ, дар баробари дигар суннатҳои зиндагисози худ, ҷашни ваҳдату ягонагӣ мебошад.

***

Дар шабу рӯзҳои фарорасии Наврӯз ҳамбастагии хосу ом ва муттаҳидии аҳли ҷомеа ба амал омада, кинаву кудурат аз дилҳо берун меравад ва риштаҳои дӯстиву рафоқат боз ҳам мустаҳкам мегарданд.

***

Наврӯз таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳро тарғиб менамояд. Бинобар ин, Созмони Милали Муттаҳид ҳангоми ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид намудани Наврӯз қатъномаро таҳти унвони «Фарҳанги сулҳ» қабул намуд.

***

Баъди соҳибистиқлолии кишварамон Наврӯз эҳё гардид, мақоми хос пайдо намуд ва аз ҷашни мардумӣ то сатҳи ҷашни давлатӣ ва байналмилалӣ эътироф гардид.

***

Муҳимтарин суннату таомулҳои наврӯзӣ, аз қабили бо нақшаву ниятҳои нав оғоз намудани кору зиндагӣ, пок кардани дилҳо аз кинаву адоват, поксозии ҷиҳозу асбоби хона, аёдати пирону беморон, дастгирии ятимону эҳтиёҷмандон, шинонидани ниҳол, донапошӣ ба таври оммавӣ аз ҷониби мардуми кишварамон дастгирӣ меёбанд.

***

Наврӯз воқеан, руҳи солим дошта, дар ойини мардуми мо сароғози зиндагии нав ва амалӣ шудани ормонҳои наҷиб ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, дар ин давра бо нияти ризқу рӯзии фаровон аксари мардум рӯй ба замин ва корҳои кишоварзӣ меоранд.

***

Наврӯз ҳамчун шоҳпуле аз қаъри асрҳо гузашта, ормону омоли зиндагии ниёгон ва ҳадафҳои наҷиби созандагии имрӯзу ояндаи моро ба ҳам мепайвандад ва чун ҷашни муждаи рӯзи нав симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ ва суннатҳои деринаи халқи тоҷикро бо арзишҳои волои умумибашарӣ ҳамоҳанг месозад.

***

Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандаву ободгарона, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст.

***

Тозаву озода гардонидани хонаву кошона, хиёбону маҳалҳои зист ва дигар амалҳои ободонӣ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки ҳар кадоми мо бояд онҳоро ба хотири боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон анҷом диҳем.

***

Орзумандам, ки баҳору Наврӯз барои сарзамини мо бо шодиву хуррамӣ ва файзу баракати худ қадам гузошта, ҳамроҳ бо зиндаву тоза шудани табиат дилу дидаи мо низ ҳаёти дубора мегирад.

***

Бигузор Наврӯз низ барои мову шумо наврӯзи шодирасон ва фатҳу нусратҳои бузург гардад!

***

 Мардуми сарбаланд ва шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Наврӯзи ҷаҳонӣ самимона табрик менамоям.

***

Дар фарҳанги мардуми мо ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд аст.

***

Наврӯзи оламафрӯз соли нави аљдодии мост, ки таърихи бостонї дорад.

***

Наврӯз барои мардуми мо як восита ва айёми созандагию ободкорӣ буда, пешрафту ободии ҳар як хонадон мебошад.

***

Наврӯз на танњо дар кишварњои ориёї, балки дар сарзаминњое низ љашн гирифта мешавад, ки аз сарчашмаи пурбаракату љовидонаи фарњанги мо бањравар шудаанд.

***

Мо аз он хушбахтем, ки тамоми халќњои Осиёи Марказӣ дар рӯзи љашни фархунда њамдигарро бо ибораи тољикии «Наврӯз муборак!» табрик мекунанд.

Таҳияи Қиёмиддин Сатторӣ

Чоп кунед