Рӯзи 16 июли соли 2020 бо ташаббуси Маркази тадқиқоти “Як камарбанд, як роҳ”-и Донишгоҳи Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, Форуми байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чаҳорчуби “Як камарбанд, як роҳ” дар Осиёи Миёна ва Ғарбӣ баъд аз пандемия” дар формати онлайн доир гардид.
Дар кори ин Форум омилҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҷанбаҳои иқтисодию-иҷтимоӣ, сиёсию амниятӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, логистика, технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ, савдои хориҷӣ ва савдои электронӣ, энергетика, инчунин ҳамкориҳо дар саҳаҳои фарҳанг ва сайёҳӣ миёни кишварҳои Осиёи Миёна ва Ғарбӣ дар чоҳрчубаи “Як камарбанд, як роҳ” дар марҳилаи баъди пандемия баррасӣ гардида, роҳҳои рушди густариши ҳамкориҳо таъкид гардида, ҷонибҳои иштирокчӣ ба аҳамияти идомаи талошҳои муштарак ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои тарафҳо дар ҳошияти “Як камарбанд, як роҳ” ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро қайд намуданд.
Дар Форуми мазкур коршиносони марказҳои зеҳнӣ ва намояндагони мақомоти давлатӣ аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Афғонистон, Эрон, Туркия ва Чин иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар мавзӯи “Дидгоҳи Тоҷикистон оид ба пешбурди ҳамкориҳои Осиёи Миёна ва “Як камарбанд, як роҳ” дар марҳилаи баъди пандемия: дурнамо ва таҳлили омилҳои нав” суханронӣ намуд.
Ӯ зимни муаррифии дидгоҳ ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳамкориҳои мутақобилан судбанд дар чоҳорчубаи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” аз ҷумла қайд намуд, ки ташаббуси мазкур метовонад ба Тоҷикистон дар татбиқи стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ноил шудан ба ҳамкориҳои рушди устувор мусоидат намояд.
Илова бар ин, зимни суханронӣ аз пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи Форуми дуюми байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” (27 апрели соли 2019 дар шаҳри Пекин) садо дода буданд, ёдовар шуда, аз ҷумла зарурати шомил намудани роҳҳои мошингарди “Чин –Тоҷикистон –Узбекистон ” ва “Чин –Тоҷикистон –Афғонистон”-ро ба руйхати лоиҳавии ин ташаббус махсус қайд намуданд.
Ҳамзамон соҳаҳои тиб, дорусозӣ, технологияҳои нав ва навоварӣ ва дигар саҳаҳоро ҳамчун самтҳои нави ҳамкорӣ дар доираи “Як камарбанд, як роҳ” арзёбӣ намуд.