Воқеан баъд аз тамошои филми «Хиёнат» ҳар фарде, ки ҳадди ақал каме фитрати инсонӣ дар ӯ ташаккул ёфтааст, нисбати ин гуруҳи разил, яъне ташкилоти экстремистӣ-террористии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ дар дили ӯ нафрати куллӣ ба вуҷуд меояд. Тавре аз маводҳои филм бармеояд, амалу кирдорҳое, ки аз ҷониби роҳбарон ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ тӯли ҷанги хонумонсузи шаҳрвандӣ анҷом шудааст, сабаби марги зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ гашта, садҳо ҳазор нафари дигар ба ҳайси гуреза бо азобу машақати зиёд дар хоки бегона паноҳанда шуданд.
Дар ҳар мамлакати дигари дунё барои ин хел ҷиноятҳои бемислу монанд ягон гурӯҳи террористиро намебахшанд. Дар худи Аврупо бо гузашти чандин даҳсола то имрӯз ҷиноятҳои режими фашистиро набахшидаанд ва ҳаргиз нахоҳанд бахшид. Ҷиноятҳои исботшуда ва ваҳшиёнаи ташкилоти экстремистӣ-террористии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар силсилафилми «Хиёнат» бисёр возеҳу равшан нишон дода шудааст, аз он кирдорҳои режими фашистӣ чӣ камӣ дорад? Баръакс, амалҳои аз ҷониби ин ҳайвонсириштон анҷомшуда, даҳҳо маротиба ваҳшитар ва даҳшатноктар буданд. Агар фашистон одамонро дар камераҳои газ кушта буданд, ин наҳзатиҳои разил одамонро дар бочкаҳои оҳанӣ буғӣ карда куштаанд.
Ин ҳама бузургӣ, ҳиммати баланди инсонӣ ва хоксории имонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба ҳамаи ин амалҳо нигоҳ накарда, ба хотири сулҳу ваҳдат, ба хотири тинҷию оромии Тоҷикистон ва ба хотири ояндаи дурахшони фарзандони миллати соҳибтамаддун, ин гурӯҳро ба авфи умум дохил карданд. Ин гургсириштон, ки дар он замон худро дар пӯсти гусфанд ҷокарда буданд, аз ин ҳиммати Пешвои муаззами миллат истифода карда, тӯли 16 сол дар фазои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ намуданд. Гарчӣ ҷиноятҳои онҳо барои халқи тоҷик ва барои идораҳои қудратии Тоҷикистон пурра маълум буд, ба хотири сулҳу салоҳ ва сухани ҷавонмардонаи Пешвои миллат касе он парвандаҳоро намебардошт ва касе аз он рӯзҳои сангин ёде намекард. Дар ин давра намояндагони ин гуруҳи разил соҳиби хонаҳои бошукӯҳ ва тиҷоратҳои калон гаштанд. Вале мутаасифона, фитрати нопоку носипос боз ҳам ба кор даромуду наҳзатиҳо ба ҷойи донистани қадри сулҳу ваҳдат, ба ҷойи додани ҷавоби сазовор ба гузашту бахшиши ҷавонмардонаи Роҳбари давлат, боз ба зидди давлат нақшаи табаддулоти давлатӣ кашиданд.
Вақте маҷмуаи фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва ҷиноятҳои роҳбарон ва пайравони Ҳизби наҳзати исломӣ, хусусан иштироки он дар кӯшиши табаддулоти давлатии 4-уми сентябри соли 2015 пурра исбот шуд, бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 ҲНИ ташкилоти экстремистию террористӣ эълон гашта, фаъолияти он манъ карда шуд.
Пас аз ошкор шудани ҷиноятҳо ва манъ шудани фаъолияти ҳизби террористӣ, ин касифони бе ору номус бо раҳбарии намояндаи аз ҳамаи бадфитрати худ Муҳиддин Кабирӣ роҳ сӯи кишварҳои Аврупо пеш гирифта, бо лофи демократия ва дуруғҳои ошкору номардона кӯшиш намуда истодаанд, ки давлати офтобмеҳвар ва фарҳангбунёдро дубора ба вартаи ҳодисаҳо ва воқеиятҳои солҳои 90-уми асри гузашта бозпас гардонанд.
Хушбахтона мардуми шарафманди тоҷик, ки мафҳуми ваҳдат ҷузъи маърифати ӯст, моҳияти субот бахше аз кирдори ӯст ва фарҳанги шукргузорӣ ними имони ӯст, дубора ба ин доми фиреби ғуломони молу хоҷадорон бо сардории Муҳиддин Кабирӣ ва намояндагони дигари ташкилоти экстремистӣ-террористии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ намеафтанд.
Миллати тоҷик ин саҳифаи сиёҳи таърихиро хушбахтона бо сари баланд паси сар кард. Дастовардҳои имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешрафту шукуфоии кишвари маҳбубамон мисли офтоб рушан аст, ки касе натавонад рӯйи он доғе гузорад. Мо танҳо бо интихоби роҳи субот ва пайравии ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонем давлати худро ба сӯйи дастовардҳои нав ва рушди нотакрор бирасонем.
Мо бояд шукрона кунем, ки дар фазои амн, оромиш ва субот зиндагонӣ дорем. Шукрона кунем, ки чунин ватани азизу маҳбуб дорем.
Шукрона як амри маҷбур нест,
Муҳтоҷи фармону дастур нест.
Шукрона як рукни имони мост,
Фарҳанги халқи мусалмони мост.
Холиқзода Бахтиёр,
коршиноси масоили сиёсӣ