Санаи 2 феврали соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз тамошои дастаҷамъонаи филми мустанди «Бешарафӣ» семинари корӣ бо иштироки роҳбарияти Марказ ва сардорони раёсатҳои дахлдори муассиса доир гардид. Хулосаҳои ин семинари кориро бо номи «Филми «Бешарафӣ» – ифшокунандаи тиннату равони носолими наҳзатиҳо» ба хонандагон пешниҳод менамоем.

Маркази матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Филми мустанди «Бешарафӣ», ки аз ҷониби «Тоҷикфилм» таҳия ва наворбардорӣ шудааст, дар мисоли таҳлили ҳаёту фаъолияти бешарафонаи як узви Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, саркардаи пойгоҳи “Ислоҳ.нет” – Муҳаммадиқболи Садриддин ҷавҳари тинат ва равони носолими на танҳо ин шахс, балки ҳар як хоини наҳзатиро ифшо мекунад. Аз наворҳо бармеояд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин соҳиби тамоми хислатҳои манфию манфури инсонӣ аст: хурофотӣ, бесавод, танфурӯш, тангназар, мутаассиб, қаллоб, палид, дурӯғгӯю туҳматчӣ, худсито, нешдору нешзан…, хуллас, ки бешараф. Ин хислатҳоро ба тамоми аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ нисбат додан имкон дорад, зеро таҳлили фаъолияти онҳо дар солҳои охир нишон медиҳад, ки муҳити носолими наҳзатиён ҳамаи онҳоро њомили чунин хислатҳои бешарафона кардааст.

Маводи филм ба таври аёнӣ ва аз нигоҳи илмӣ равшан месозад, ки чӣ гуна муҳити носолими оилавӣ ва гурӯҳӣ метавонад сарнавишти як инсонро тираву торик гардонад. Дар оилаи хурофотии Қаландари Садриддин, ки баъзеҳо ӯро Мулло Қаландар меномиданд, ба дунё омада, Муҳаммадиқболи Садриддин аз хурдӣ бо фисқу фасод мувоҷеҳ гардидааст. Падаре, ки шуғлу касби муайян надошт, дар дин саводи кофиро соҳиб набуд ва бар замми ин, одитарин хислатҳои ахлоқии ҳамидаро надошта, даст ба дуздию таҷовузи чорво задааст, танҳо фарзанди нохалаферо чун Муҳаммадиқболи Садриддин тарбия карда метавонад. Дар солҳои минбаъда ин шахс дар муҳити гурӯҳии хоинони наҳзатӣ ба воя расидааст, зеро падараш яке аз муассисони Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Маҳз ҳамин муҳити носолими наҳзатиён боиси ташаккули минбаъдаи чунин ҳаёту фаъолияти бешарафонаи Муҳаммадиқболи Садриддин ва даҳҳо аъзои дигари ин созмони ифротгаро шудааст.

Фаъолияти пурнафрини Муҳаммадиқболи Садриддин дар асоси маълумоти дар филм омада танҳо аз фактҳои манфию ғайри қобили қабул иборат аст, ки ба якчанд хулоса меоранд: 1) номбурда аз кӯдакӣ дар мактаби дунявӣ сарсарӣ таҳсил кардаву бештар таълими динию хурофотӣ гирифтааст – ин нишон медиҳад, ки ҷаҳолат ва дур будан аз илм, аз таъсири педагогикаю психология ва омӯзгор баҳра набардоштан чӣ гуна сарнавишти инсонро метавонанд тира созанд; 2) ҳангоми таҳсил дар мактаб Муҳаммадиқболи Садриддин ба авбошию озурдани ҳамсолону ҳамсоягон машғул будааст – ин нишон медиҳад, ки ба талабагони душвортарбия аҳаммият надодани мактаб дар якҷоягӣ бо оила танҳо шахсонеро чун Муҳаммадиқболи Садриддин ба вуҷуд меорад; 3) ба танфурӯшӣ, хунсоӣ машғул будан дар сарзамини Афғонистон – дар мисоли Муҳаммадиқболи Садриддин аён аст, ки ба танфурӯшӣ, хунсоӣ зӯран ҷалб намудани нафаре, минбаъд ба хислати носолим ва тиннатию доимии ӯ мубаддал мегардад, зеро дар мисоли номбурда агар дар ибтидо ҷангиёни афғонӣ ӯро ба чунин амали нангин ҷалб карда бошанд, баъдан дар Ҳироту Покистон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва ҳоло дар Аврупо ӯ ба таври ихтиёрӣ ин феъли номардонаи худро идома дода истодааст; 4) фаъолияти қаллобӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб – ин даврони ҳаёти Муҳаммадиқболи Садриддин собит месозад, ки инсони ба як феъли бад гирифторшуда, тамоми хислатҳои дигари номатлубро соҳиб мегардад, зеро ӯ бо истифода аз аҳкоми динӣ мардуми дигарро ба доми макру тазвири худ кашида, бо суханони ҷабрдидагоне, ки Муҳаммадиқболи Садриддин аз онҳо бо фиребу найранг қарз гирифтаву барнагардонидааст, ба як қаллобу ҷаллоб табдил ёфтааст; 5) машғулӣ ба туҳмату буҳтон дар нисбати миллати тоҷик дар кишварҳои аврупоӣ – ин давраи фаъолияти Муҳаммадиқболи Садриддин исботгари он аст, ки барои ӯ ва дигар наҳзатиён на дини ислом қиммате дораду на Ватану миллат, зеро барои мусулмони воқеӣ «Ватан гӯшае аз имон аст»…

Дар филм, чунонки таъкид гардид, ҷабрдидагоне, ки ба суд муроҷиат кардаанд, аз қарздор будани Муҳаммадиқболи Садриддин сухан меронанд, ки бо роҳи фанду фиреб ва истифода аз маъниҳое, чун «муъмин бародари муъмин» маблағҳои калоне аз онҳо гирифтаву барнагардонидааст. Вале дар баробари ин, аз маводи филм маълум мегардад, ки бо маблағҳои аз танфурӯшӣ, аз ҳоҷагони хориҷӣ ба даст овардааш ва аз ҳисоби дуздидаҳои падараш бо номи Мулло Қаландар, ки ҳаққи ҳалоли гурезагони тоҷикро дар Афғонистон мунтазам бешарафона азхуд кардааст, Муҳаммадиқболи Садриддин дар Тоҷикистон моликияти зиёде харидорӣ намудааст. Ӯ метавонист, ки аз ҳисоби ин маблағҳои мардумро баргардонад, вале бешарафӣ ба ӯ имкон намедиҳад, ки ин корро ба анҷом расонад. Муҳаммадиқболи Садриддин, ки аз худ мулло ва пайрави ислом метарошад, аз ёд баровардааст, ки дар мусулмонӣ одами қарздорро ҳатто ҷаноза ҳам намекунанд.

Дар маҷмӯъ, ҳаёт ва фаъолияти бешарафонаи як наҳзатии носолим – Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар филми мустанди «Бешарафӣ» инъикос ёфтааст, метавонад ҳамчун маводи таҳқиқӣ барои тасвир кардани симо ё портрети наҳзатиён дар кул хизмат кунад. Дар муҳити носолими наҳзатӣ тарбия ёфта, тамоми пайравони имрӯзаи ин ташкилоти террористию экстремистӣ, аз саркардаашон Муҳиддини Кабирӣ оғоз карда, мафкура, шуур ва ахлоқи носолим доранд, зеро онҳо аз хислати асосии хосси инсон – соҳиб будан ба шараф, дур гаштаанд. Танфурӯшии Муҳаммадиқболи Садриддин, занҷаллобии Муҳиддин Кабирӣ ва аксарияти кулли наҳзатиён аз ин дарак медиҳанд. Чунин носолимии аъзо ва муҳити наҳзатиро шояд танҳо бо истифода аз психоанализ ва таълимоти психологи машҳури олмонӣ Зигмунд Фрейд таҳлил кардан имкон дошта бошад.

Шахсияти манфури Муҳаммадиқболи Садриддин ва даҳҳо наҳзатиёне чун ӯ, дар ҳақиқат ҳам, бояд мавриди таҳлили амиқи психоаналитикӣ қарор гирад, зеро ғаризаҳои ҷинсию шаҳвонии онҳоро, ки ба талаботи рӯзмарраи ботинияшон табдил ёфтаанд, дигар ақлашон идора карда наметавонад. Инсон, ки дар маҷмӯъ, аз назари илму фалсафа, мавҷуди биологию иҷтимоӣ аст, дар мисоли онҳо ба мавҷуди танҳо биологӣ, яъне ҳайвон мубаддал гаштааст. Ҳамҷинсгароӣ, танфурӯшӣ, хунсоӣ шуури чунин нафарони бешарафро вайрон карда, аз онҳо шарму ҳаё ва тарсро дур сохтааст. Дар натиҷаи ин чунин ашхос омодаанд, ки ҳатто ба падару модар, хоҳару бародар ва фарзандони худ дастдарозӣ кунанд. Баъди аз даст додани ҳисси тарс, ки мавҷудияти он дар тинати инсон, аз нигоҳи ислом, сабабгори торикии имон ҳисоб мешавад, Муҳаммадиқболи Садриддин ва шахсоне чун ӯ ба фарди пӯшида, бадбин нисбати тамоми одамон, аз ҳама норизо мубаддал гашта, мехоҳанд, ки дигаронро низ монанди худ кунанд. Машғул шудани онҳо ба таблиғу тарғиби дар зери аҳкоми исломӣ пардапӯшшуда маҳз ба ҳамин хотир аст. Чунонки мутахассисони соҳаи психология дар филми «Бешарафӣ» изҳор доштаанд, чунин шахсони бешараф, ки аз падару модар норизоянд ва ҳатто дар ҷанозаашон ширкат намеварзанд (ин қабл аз ҳама ба Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин дахл дорад), аз ҳар як нафар роҳбару сарвар низ норизо буда, ба харобкорӣ рӯ меоранд. Онҳо барои хароб кардани оила, гурӯҳ ва ҳатто давлат низ талош мекунанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин ва шахсони дигареро чун ӯ дар назар дошта, асосгузори психоанализ Зигмунд Фрейд дар яке аз асарҳои худ навиштааст: «Доштани падари неруманд барои писар интихоби дурусти объекти ҷинсиро маҳз аз миёни одамони ҷинси муқобили ӯ таъмин месозад». Вале, мутаассифона, падари сусту бемаънӣ, ки таҷовузкори чорво аст ва ҳаққи мардуми азияткашидаро медуздад, дар мисоли Мулло Қаландари Садриддин писари ӯ Муҳаммадиқболи Садриддинро аз чунин интихоб маҳрум сохтааст. Ба шањодати аъзои собиќи њизби нањзатиён ба никоҳи қумандони афғонӣ Ғулом даромадани номбурда, бо либосҳои занона ва дар пой зангула рақс карданҳои ӯ, шабона бо алоқаҳои ҷинсии ихтиёрӣ бо мардони тасодуфӣ даромадан дар Афғонистону Покистон, Амороти Муттаҳидаи Арабу кишварҳои ғарбӣ натиҷаи ҳамин бешарафиҳои падар ва писар аст, ки ба қавли З. Фрейд нишонаи айёнии вайрон гаштани «раванди рушди вазифаи ҷинсӣ буда, дар қатори дигар ҳолатҳои аномалӣ (аз қоида берун), ба таҳрифҳои ҷинсӣ, аз ҷумла ба фаъолияти хунсоӣ меорад».

Аз маводи филми мустанади «Бешарафӣ» бардоштҳои дигаре низ оид ба сарнавишти Муҳаммадиқболи Садриддин ва наҳзатиёне чун ӯ кардан имкон дорад. Аз ҷумла, ҳолати носолими равонӣ, ки номбурда ба он гирифтор гаштааст, мутаассифона, аз нуқтаи назари психология одатан дар оқибати кор ба сӯиқасд ба ҷони худ ва худкушӣ меорад. Сабабгорони асосии ба чунин ҳолати бешарафӣ гирифтор гаштани Муҳаммадиқболи Садриддин ин пеш аз ҳама падари ӯ ва муҳити наҳзатӣ мебошанд. Аз ин рӯ, Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҷойи иҷро кардани супоришҳои саркардаи ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ оид ба пас нагаштан аз муборизаи иттилооти худ, бояд аз ин шахс ҳамчун аз яке аз бунёдгузорони муҳити носолими назҳатӣ интиқом бигирад, ӯро ба маҳкама кашад ва ғайра.

Дар баробари ин, филми мазкур ба таври аёнӣ нишон медиҳад, ки барои Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар наҳзатиён пул ва тиҷорат дар ҷойи аввал меистанд, на ақида. Онҳо барои пул омодаанд, ки тамоми навъњои бешарафиро зоҳир намоянд, бо ҳар касу нокас, ки пайсае ҷудо мекунад, ҳамкорӣ намоянд. Ҳамин пулпарастӣ аст, ки тамоми ифротгароёни исломии рӯйи олам, аз ҷумла наҳзатиён, мафҳуми наверо дар солҳои охир – «секс-ҷиҳодро» ба миён оварданд, ки дар он на танҳо занони сабукпо, балки хунсоҳое чун Муҳаммадиқболи Садриддин низ ширкат меварзанд. Бо ин роҳ наҳзатиён чандин духтарону занони миллати моро низ бешараф гардонидаанд, ки барои ин бояд дар назди миллату Ватан ҷавоб гӯянд.

Аз саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ бармеояд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин худро на танҳо чун сиёсатмадор, балки ҳамчун тарғибгари ислом низ муаррифӣ месозад. Инсоф кунед, оё марде, ки дастони худро дар бадани марди дигар олуда кардааст, ҳуқуқ дорад, ки пас аз ин даст ба Қуръон занад? Оё аз даҳоне, ки ба даҳони марди дигаре расидааст, шунидани оятҳои қуръонӣ ё њадисњои паёмбарӣ пас аз ин раво аст? Ва садҳо суолҳои дигар…

Хулоса, филми мустанди «Бешарафӣ» бори дигар ба ҳамагон маълум сохт, ки Муҳаммадиқболи Садриддин аз иғвогарҳои  беору номус ва бешарафтарин узви ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ки бояд аз шарм худро аз ҷомеа канор бигирад. Вале ба ҳамаи шармандагиҳои худ нигоҳ накарда, номбурда берӯёна пайваста талош мекунад, ки дар фазои иттилоотӣ симову башараи манфур ва афкори пурмоҷорои худро  назди хосу ом муаррифӣ намояд. Ӯ собиқаи бузурге дар ангехтани оташи фитна, хусумат ва афрӯхтани низоъ дошта, чун буқаламуни бешарм ҳар лаҳза пӯсти худро иваз менамояд ва сатҳи ҷаҳолати худро барои дигарон дар намоиш мегузорад.

Илова бар ин, саркардаи бешарафи пойгоҳи таҳлилии “Ислоҳ.нет”- Муҳаммадиқболи Садриддин чун фарди гумроҳу бешараф аҳдоф ва нақшаҳои душманони Тоҷикистонро аз номи халқи ин сарзамини шариф баён менамояд. Бо ин ҳама бешарафӣ Муҳаммадиқболи Садриддин ва наҳзатиёни дигар ҳеҷ гоҳ ҳуқуқи маънавии аз номи халқи шарафманди тоҷик сухан карданро надоранд ва зиёда аз ин, бо сабаби хиёнаткориҳои худ ба миллат ва аз танфурўшї ба ватанфурӯшӣ гузаштан ҳуқуқи даъвои намояндагӣ ва муаррифгарӣ аз ин миллати бонангу номусро аллакай аз даст додаанд.

Ҳамчунин, барои хурду калони Тоҷикистон маълум аст, ки саркардаи наҳзатиҳо Муҳиддин Кабирӣ як ҷинояткори  байналмилалӣ мебошад, ки Муҳаммадиқболи Садриддинро чун як гӯсфанди қурбонӣ барои расидан ба нақшаҳои разилонаю ҷинояткоронаи худ истифода мекунад. Вале дур нест он замоне, ки ин бешарафон  дар назди мардуми шарифи Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори кишвар барои ҷиноятҳои содирнамудаашон ҷавоб хоҳанд дод.

Дар охир, ба саркардаи пойгоҳи таҳлилии “Ислоҳ.нет”, бешарафтарин мард – Муҳаммадиқболи Садриддин бояд хотиррасон намуд, ки мардуми Тоҷикистон дигар ба нақшаҳои разилонаю душаманонаи ӯ барин  шарафбохтагону фурӯхташудагон, буқаламуну рӯбоҳони маккор ва шағолони ланг  ниёз надорад.  Ҳеч касе аз ин наҳзатиён дигар қодир нест, ки сулҳу ваҳдати бебозгашти мардуми Тоҷикистонро, ки дар истиқрори он наҳзатиён заррае ҳам саҳм нагузоштаанд ва пешрафти ҷомеаи навини тоҷиконро, ки бо талошҳои мардуми шарафманди кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, андаке ҳам осебпазир намояд!

Чоп кунед