Ба ҳамагон маълум аст, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи парлумонӣ қарор дорад, ки аз баргузор шудани он рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст.  Ҳама ҳизбҳои сиёсӣ бо барномаҳои хосу  ҷолиби худ ва бо як масъулияти баланди худшиносӣ ва ватандӯстӣ барои пешрафти минбаъдаи давлатдории миллӣ дар интихоботи парлумонии соли ҷорӣ иштирок намуда, талош меварзанд.

     Мардум бо як рӯҳияи баланди сиёсӣ, бо иродаи қавӣ ва инчунин бо як руҳияи идона ҳама аз фазои сулҳу амнияти рӯзмарра, осмони софу ва ҳавои беғубори кишвар нафаси тоза кашида, ба интихоботи порлумонӣ омодагӣ мегиранд ва иштироки фаъоли худро дар ин маъракаи муҳими сиёсии кишвар бо як майлу рағбати беандоза эълон медоранд.

     Бечунучаро саҳми арзандаи раиси ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳам овардани фазои орому осуда, таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории интихоботи шаффофу озод  ва иштироки ҳама ҳизбҳои сиёсии кишвар дар интихоботи парлумонии соли ҷорӣ бузург аст.

     Ба интихоти парлумонӣ рӯзҳое ба шумор мондааст ва шаҳрвандони кишвар ин рӯзро бесаброна интизор буда, аз тақдири рушди минбаъдаи кишвар масъулияти баланд ҳис карда, аз баргузоршавии ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар фазои амниятӣ хушҳолӣ менамоянд. Дар остонаи интихоботи парлумонӣ дар   байни ҷомеа ибораҳои зерин ҳамарӯза вирди забони мардум аст ва  садои баланди ҷавонони ватандӯст ба гӯш мерасад: “Тоҷикистон ба пеш”, “Ҳама ба интихобот”,  “Ман интихоби худро дорам”, “Иштирокам ҳатмист”, “Райъи ман ҳалкунанда аст”, “Ман масъулиятро ҳис мекунам ”, “Иштирок дар интихобот – масъулияти шаҳрвандии ман”, “Ман интихоб накунам, кӣ мекунад? ” ва ғ.

       Вижагии интихоботи парлумонии соли 2020  дар Тоҷикистон дар тафовут ба интихоботи қаблӣ дар он зоҳир мегардад, ки ҳизбҳои сиёсии кишвар ба таври бесобиқа ва бемаҳдудият фазои маҷозиро ҳамчун имкони нави таблиғоти интихоботӣ ба манфиати номзадони худ истифода мебаранд. Ва дар ин раванд ҳеҷ кас сари роҳи ин таблиғот шуда наметавонад ва маҳдудият ворид кардан ҳам  имкон надорад. Бояд иқрор шуд, ки чунин усули таблиғоти интихоботӣ барои Ҷуҳурии Тоҷикистон нав ва беназир аст, ки ин аз рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотию иртиботӣ дар кишвар дарак медиҳад.

       Усули таблиғоти интитихботӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои маҷозӣ барои ҳама ҳизбҳои сиёсӣ имкони ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботиро дар дурдасттарин минтақаи кишвар ба таври шабонарӯзӣ ва бемамонияту бемаҳдудият фароҳам меорад.  

         Агар интихоботи парулумонии соли ҷориро бо интихоботи панҷ сол қабл муқоиса намоем, пас ба ҳар як фарди солим  ва дурандеш маълум мегардад, ки ҳама гуна имконияти воқеӣ, чи дар фазои маҷозии ҷомеаи иттилоотӣ ва чи дар фазои ҷомеаи анъанавии Тоҷикистон фароҳам аст ва раванди таблиғоти интихоботӣ бомаром идома дошта, мардуми кишвар хеле фаъол шудаанд.

     Дебату баҳсҳо, ташвиқу тарғиби барномаҳои пешаинтихоботӣ ва вохӯриҳои ҳизбҳои сиёсӣ бо мардум ва бо шукуҳу шаҳомати хосса, чи дар фазои маҷозӣ ва чи дар фазои анъанавии Тоҷикистон бомаром идома доранд.

       Бояд қайд намуд, ки технологияҳои иттилоотии замони муосир дар ҷомеаи иттилоотӣ, пеш аз ҳама, ба муносибатҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои сиёсӣ таъсири амиқ расонида, шаклҳои зоҳиршавии сиёсиро дигаргун намуда истодаанд. Дар чунин шароит роҳу усулҳои таъсиррасонӣ ба афкори ҷамъиятӣ ба амал меоянд. Иттилоот ҳамчун манбаи асосии ҷомеаи иттилоотӣ ва технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафт ба ҳисоб меравад. Дар ҷомеаи иттилоотӣ истифодаи  технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) дар соҳаҳои гуногун ба амал меояд. Дар чунин шароит истифодаи технологияҳои мазкур дар соҳаи сиёсат низ ногузир мегардад.

      Дар шароити муосир бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъсири «сиёсати нарм», ғасби иттилоотӣ, паҳн гардидани иттилооти экстремистӣ ва таъсири онҳо ба шуури ҷамъиятӣ, махсусан таъсири кибертерроризм ва киберэкстремизм дар ҷомеа ва киберҳамлаҳои тарғиботӣ дар раванди маъракаи таблиғотии интихоботӣ ба мушоҳида мерасанд.

      Рушди ТИК ва ҷомеаи иттилоотиро бе шабакаи интернет тасаввур намудан ғайри имкон аст. Дар раванди истифодабарии шабакаи интернет ҳар як кишвар ба ду мушкилоти асосӣ рў ба рў мегардад:

  • якум, ташаккулдиҳии контенти миллӣ ва инфрасохтори иттилоотии мамлакат (бо забони давлатӣ сохта ба истифода додани системаҳои иттилоотии соҳавӣ, ба роҳ мондани хизматрасониҳои электронӣ, ташаккули ҳукумати электронӣ ва ғ.);
  • дуюм, таъмин намудани амнияти иттилоотии мамлакат (таъмин намудани амнияти инфрасохтори иттилоотии кишвар, баланд бардоштани саводнокии компютерии шаҳрвандон, омода намудани мутахассисони соҳаи ТИК, ҳимояи фазои иттилоотии мамлакат аз таҳдидҳои кибертерроризм ва киберэкстремизм, аз ҷумла аз киберҳамлаҳо дар раванди маъракаи таблиғотии интихоботӣ).

        Қайд кардан бамаврид аст,  ки тайи ду даҳсолаи охир дар шабакаи интернет шабакаҳои мухталифи иҷтимоие  дар фазои маҷозӣ ба вуҷуд омадаанд, ки ҳар яки онҳо хусусиятҳои ба худ хоссеро доро мебошанд. Агар аз як ҷониб шабакаҳои иҷтимоӣ иртиботи одамонро таъмин намоянд, аз ҷониби дигар сарчашмаи тарғибу ташвиқи андешаҳои ифротӣ ва ҳамчун унсури таъсиррасон ва тарғибу ташвиқ дар раванди маъракаи интихоботӣ васеъ истифода мегарданд. 

       Масалан, айни замон дар шабакаи интернет чунин шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди «Facebook», «Twitter», «Telegram», «WhatsApp», «Wechat», «IMO» «Instagram» «В Контакте», «Одноклассники», «Viber», «Мой мир» «Мир тесен», «Yandex: Мой круг», «MYSPACE», «BeOn» ва ғ. мавҷуд аст.   Дар байни онҳо «Facebook» ҳамчун бузургтарин шабакаи иҷтимоии интернетӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мувофиқи оморҳои моҳи июли соли 2019 онро ҳар моҳ беш аз 2,2 миллиард аъзошудагон фаъол истифода мебаранд.

        Дар ҷомеаи иттилоотии Тоҷикистон, ки дар  раванди босуръати ташаккулёбӣ қарор дорад, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) ҳамчун омили муҳим ба ҳисоб меравад, махсусан дар раванди маъракаи таблиғотии интихоботи соли 2020.           

        Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифобарандагони интернет хеле зиёд мебошанд. Тадқиқоти сотсиологӣ дар солҳои охир нишон доданд, ки аз истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ аз ҳисоби ҷавонон зиёд ба назар мерасанд. Агар мо ба вақтҳои истифодабарии интернет диққат диҳем, дар маҷмўъ, аз онҳо 53,5%-и истифодабарангони интернет дар қаламрави кишвар ҳаррўза ба сомонаҳои интернетӣ пайвастагӣ доранд, вале  46,5%-и он бошад, ақаллан дар як ҳафта як бор ва ё ду бор ба интернет пайваст мешаванд. Тадқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки аксари истифодабарандагони он аз ҳисоби ҷавонони шаҳр мебошанд (яъне, 68,2%-и ҷавонони шаҳр ва 41,8% ҷавонони деҳот).

       Вобаста ба минтақаҳои истифодабарандагони интернет дар ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе – 65%, ВМКБ – 50%, вилояти Суғд – 43%, НТМ–33,5% ва вилояти Хатлон –14,3%ро ташкил медиҳанд [1]. (Молодежь Центральной Азии. Таджикистан (результаты социологического исследования). – Алматы. 2017 -С.124.)

          Илова бар ин, дар соли 2019 аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии «Зеркало»  тадқиқоти сотсиологӣ дар бораи  «Дар Тоҷикистон кӣ ба чӣ  бартарӣ медиҳад: тадқиқот оид ба афзалияти ВАО миёни аҳолӣ» гузаронида шуд. Натиҷаи тадқиқот нишон дод, ки бештари истифодабарандагони интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Youtube, «Одноклассники» ва Facebook фаъолтар мебошанд.  Машҳуртарин ва серистифодатарин шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи иттилоотии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «IMO» ва «Viber» ба шумор мераванд.

           То моҳи декабри соли 2019 дар Тоҷикистон  645 500 истифодабарандагони Facebook ба қайд гирифта шудааст, ки 6,8%  аҳолии кишварро ташкил дода, аксарияти онҳо мардон буданд – 78,1%.  Ё ин ки 302 000 одамони аз 25 то 34 сола ҳамчун калонтарин гурўҳи истифодабарандагон ба ҳисоб рафтанд.

        Ё ин ки мувофиқи маълумотҳои «Data Reportal» то моҳи январи 2020 шумораи умумии истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон 2.42 млн ба қайд гирифта шуда, рушди солонаи он 15% ташкил дод. Инчунин, мувофиқи он то январи соли 2020 дар Тоҷикистон 490 ҳазор истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоии «Instagram» ва 240.0 ҳазор истифодабарандагони фаъоли «Facebook», 53.3 ҳазор истифодабарандагони фаъоли «Linkedin» ва  11,6 ҳазор истифодабарандагони фаъоли «Twitter»  ба қайд гирифта шудааст.

         Аз ин ҷо бар меояд, ки маълумот оид ба истифодабарандагони  шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишвар якхела набуда, тафовут дида мешавад. Вале дар маҷмуъ рушди ТИК дар Тоҷикистон бо суръати хеле баланд идома дошта, истифодаи сомонаҳои интернетӣ, хосатан шабакаҳои иҷтимоӣ назар ба дигар ВАО аз ҷониби ҷавонони кишвар васеъ истифода бурда мешаванд.

       Қайд кардан бамаврид аст, ки дар тўли ду даҳсолаи охир шабакаи интернет яке аз воситаҳои хеле муҳими пешбурди фаъолияти сиёсӣ гардидааст. Таҷрибаи баргузории интихоботҳои кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки номзадҳо чигуна аз саҳифаҳои интернетӣ истифода менамоянд. Ё ин ки кишварҳо ва гуруҳҳои манфиатҷў дар раванди маъракаҳои интихоботӣ бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ҳамлаҳои хакериро анҷом дода, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо паҳн намудани маълумотҳои бардуруғ нисбати сиёсати давлатии  ин ё он кишвар ба мафкураи шаҳрвандон таъсир расонида, дар райъи шаҳрвандон нисбати номзадҳо таъсир мерасонанд. Илова бар ин,  дар раванди маъракаи интихоботии кишварҳо гурӯҳҳои манфиатҷў бо ирсоли миллионҳо пайомакҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман паҳн намудани маълумотҳои  танқидӣ дар байни аҳолӣ нисбати сиёсати давлатии кишварҳо, проблемаҳои дохилии онҳо, мавқегирии як кишвар вобаста ба дигар кишварҳо,  аз ҷумла  мавқегирии нодурусти ҳизбҳо ва ғайра таъсир расониданд.

     Яке аз методҳои истифодабарии ТИК ва дахолати кишварҳои абарқудрат ин созмон додани ҳазорҳо истифодабарандаи бардуруғ бо номҳои маҳаллии  кишварҳо дар  шабакаҳои иҷтимоии «Twitter» ва «Facebook»   ё ин ки истифода намудани ҷавонон дар паҳн намудани маълумоти «фейк» ё худ бардурӯғ мебошад.   Таҷрибаи интихоботии баъзе кишварҳо нишон медиҳад, ки бо ин роҳ тавонистанд ба мафкураи мардум таъсир расонанд ва як навъ бадбинии мардумро   бедор намуда, райъи мардумро ба фоидаи ҳизбҳои худ ба даст оварданд.     Баъзе аз кишварҳо аллакай таъсиси ҳазорҳо истифодабарандаи бардурӯғ бо номҳои маҳаллииро дар  шабакаҳои иҷтимоии «Twitter» ва «Facebook»-ро муайян намуда, фаъолияти онҳоро маҳдуд ва бекор намудаанд, то ин ки аз ҳамлаҳои хакерӣ дар раванди интихоботӣ эмин бошад.

       Ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадаф ва  барои  иртибот доштан бо ҷавонон ва назорати онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман баҳри таъмини амнияти иттилоотии кишвар  пешниҳод мегардад, ки  дар оянда кишвари  мо низ шабакаҳои иҷтимоии худӣ ё маҳаллиро бо додани имтиёзҳои махсус ташкил намояд, то ки ҷавонон аз он истифода баранд. Масалан, Чин шабакаҳои иҷтимоии худдиро бо номи «QQ» ва «Wechat» дорад, ки истифодаи онҳо аз ҷониби шаҳрвандони Чин нисбат ба истифодаи шабакаҳои иҷтимоии дигари ҷаҳонӣ бештар ба назар мерасад. Чиниҳо тариқи истифодаи шабакаи иҷтимоии «Wechat» на танҳо муошират менамоянд, балки тамоми амалиёти хариду фурӯш тавассути он пардохт мегардад. Кишвари мо низ бо ин роҳ метавонад бо ҷавонони кишвар дар фазои иттилоотӣ дар иртибот қарор дошта бошад ва  онҳоро махсусан дар раванди маъракаи интихоботии 2020 аз таъсири идеологияи бегона нигоҳ дошта бошад.

         Ҳизбҳои сиёсии кишвар дар раванди баргузории маъракаҳои интихоботӣ оид ба номзадҳо дар баробари дигар ВАО, инчунин аз шабакаҳои интернетӣ низ ба таври васеъ истифода менамоянд.

         Дар саҳифаҳои сомонаҳои интернетӣ саҳифаҳои иттилоотию таблиғотӣ махсус оид ба барнома ва номзадон аз ҳизбҳои сиёсии кишвар, аз ҷумла аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кушода, барои интихобкунандагон   маълумоти зарурӣ  манзур намуданд, ки ба манфиати кор аст. Илова бар ин, бо мақсади паҳни васеи маълумот, саҳифаҳои иттилоотию таблиғотӣ дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии («Facebook», «Twitter», «Telegram», «WhatsApp», «Wechat», «IMO» «Instagram» «В Контакте», «Одноклассники», «Viber»)-и ҳама аъзоёни ҳизбҳои сиёсӣ, ки истифодабарандагони интернет мебошанд, ҷой дода шуданд ва дар паҳн намудани он фаъол мебошанд. Махсусан, ҳизбҳои сиёсӣ аз тариқи  блогерҳои фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудани маълумот оид ба барнома ва номзадони худро кор бурда истодаанд, зеро ҳар кадоме аз блогерҳои фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад садҳо хонандаи худро дошта бошанд. Ва ҳангоми гузоштани як хабар аз ҷониби блогер аллакай дар як вақт садҳо хонандаи саҳифаи шабакаи иҷтимоии ў аз маълумоти мазкур бохабар мегарданд. Бо ин роҳ имкон фароҳам меояд, то шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки истифодабарандагони фаъоли интернет дар фазои маҷозии кишвар ба ҳисоб мераванд, дар бораи номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ маълумоти муфассал пайдо менамоянд. Аз раванди баҳсу мунозира ва масъалагузории онҳо хабардор мешаванд.

         Ҳамарӯза дар раванди таблиғоти интихоботӣ рақобати солими ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ ва ҷомеаи анъанавии кишвар ба назар мерасад, ки муҳит ва фазои таблиғотӣ пурра аз баҳсу мунозираи рақибон аст.

        Фазои маҷозӣ ва технологияҳои иттилоотию иртиботӣ барои ҳизбҳои сиёсӣ имкон ва вазъияти нави кориро фароҳам овард, ки барои рафтории сиёсии онҳо, махсусан дар раванди таблиғоти интихоботӣ осониҳои зиёдеро ба бор оварда, сармояи зиёдро талаб наменамояд.  

        Бинобарин, ба андешаи мо, дар раванди талиғоти интихоботӣ истифодаи фазои маҷозӣ ва технологияҳои иттилоотию иртиботӣ ва инчунин ба роҳ мондани иртиботи фардӣ бо шаҳрвандони кишвар, махсусан бо ҷавонон, ки қисми зиёди аҳолии кишвар ва фаъолони фазои маҷозии он ба ҳисоб мераванд, яке аз роҳҳои муҳими ба муввафақият ноил гардидан номзадон дар интихоботи парлумонии соли 2020 мебошад.

Парвиз Муҳаммадзода – доктори илмҳои сиёсӣ,

 муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед