Феълан дар мо андешае роиҷ гардидааст, ки аз COVID-19 натарсед, аммо худро эҳтиёт кунед. Дар ҳоле, ки муқтадиртарин кишварҳои дунё дар назди ин беморӣ оҷиз монда, аз пешгирии он дасткӯтоҳӣ доранд. Яке онро вабо, дигаре зуком сеюме илтиҳоби шуш ном мебаранд.

Мутаассифона,  то ҳол дар ин набарди шадид ягон кишвари дунё ба мувафаққият ноил нагаштааст. Ин омил моро водор месозад, ки баҳри ташаккул додани маърифати зеҳнии хонандагон вобаста бо фарзияҳои олимону коршиносони соҳа пайдоиши ин бемориро мавриди омӯзишу таҳлил қарор диҳем. Шояд ба ин васила тавонем алайҳи ин хатари маргбори глобалӣ мубориза барем. Дар ибтидо фарзияе роиҷ гардида буд, ки ин беморӣ аз куршапарак ба одам гузаштааст. Ба монанди  зукоми хук, парранда ва ғайра. Сипас боз фарзия роиҷ гардид, ки ин беморӣ дар  панголин дида мешавад. Тавассути мутатсия ба куршапарак аз он ба одам гузаштааст.

Коршиносони масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Русия бар он назаранд, ки ин бемори интихоби буда, он асалан барои ба танзим даровардани шумораи аҳолӣ аз ҷониби баъзе олимони касбӣ таҳрезӣ гардидааст. Ин андешаи хешро онҳо чунин тақвият медиҳанд, ки айни ҳол теъдоди аҳолии кураи замин чандин маротиба зиёд гардидааст.

Нигоҳдошти мардуми бемор ва пиронсолон барои ҳар як давлат маблағи зиёдро талаб мекунад. Ангезиши ин бемори имкон медиҳад, ки аксар давлатҳо аз ин мушкилот раҳои ёбанд. Дар баробари ин андеша,  онҳо боз иброз доштанд, ки ин беморӣ асосан ба мақсади аз байн бурдани  радикалҳои исломӣ таҳрезӣ гардонда шудааст.

Дар ин хусус аксар олимону коршиносон бар он назаранд, ки  аз солҳои 70-ум асри ХХ мутобиқи конвенсияҳои байналмилалӣ, омодасо­зии силоҳи биологӣ манъ аст ва ин андеша такмилу тавзеҳро дар оянда мехоҳад. Дар асоси баргузории як тадқиқот устодони донишгоҳи ба номи Ҷаворхаъл Неруи Ҳинд муайян намуданд, ки таҳлилҳои генетикии COVID-19 аз  ду аломати коронавирусии гуногун ва чор занҷири хоси бемории ВИЧ  иборат аст. Олимони Италия феълан бар он назаранд, ки ин бемори вирусӣ набуда, балки микробӣ мебошад. Аз нуқтаи назарияи пажуҳишгарони Эрон коронавирус буйи махсус дошта, он аввал  ба шуш баъдан ба системаи ҳозима таъсири манфӣ мерасонад.

Олими биолог Андрей Летаров  бар он назар аст, ки ин вирус 96 дар сад ба вируси мушҳо шабоҳат дорад. Аз далелу андешаҳои зикргардида равшан мегардад, ки то кунун дар байни олимон коршиносон оид ба ангезиши ин бемори ягонагии нуқтаи назар дида намешавад. Агар дар заминаи ҳамин гуногунандешиҳо Тоҷикистонро таҳлил намоем, нахуст дар кишвари мо андешае роиҷ гардида буд, ки ин бемории маргбор шояд ба минтақаи Осийи Миёна таҳдид накунад. Зеро, ки дар ин кишварҳо растании ҳазориспанд меруйяд. Новобаста аз ин андеша дар ҷумҳуриҳои ӯзбекистону Қирғизистон ва Тоҷикистон ин бемори доман паҳн намуд. Мутахассисони соҳаи тиб дар заминаи ин андеша истифода аз гиёҳи ҳазориспанд, сир ва меваи лимӯро барои пешгирӣ аз COVID-19 пешниҳод намуданд.

Акнун саволи мубрам ин аст, COVID-19 маҳсули эҷодии  чист?

Умуман алҳол нуқтаи назаре вуҷуд дорад, ки осори ҷисмии COVID-19 тез мегузарад, аммо асари равониву руҳии он дар хотираи майна дер боз боқӣ мемонад. Мутахассисони соҳа айни замон, бар он назаранд, ки агар  60 то 65 дарсади аҳолии дунё ин бемориро аз сар гузаронад, он гоҳ иммунитети коллективӣ пайдо шуда он марговар намешавад. Доир ба ин масъала  Академик, Виталий Зверев бар ин назар  аст, ки акнун ин вирус абадан бо инсоният хоҳад монд.

 

Акбаршои  Олимхон – мутахассиси

Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии

Маркази тадкикоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳасан Асоев – коршиноси масоили экологӣ

Чоп кунед