Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик низ кам нестанд, ки онҳо ифтихори на танҳо миллати мо, балки боиси сарфарозии мардуми олам гардидаанд. Ин бузургон бо осори гаронбаҳо ва ғояҳои инсонпарварии худ дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштаанд. Ҳар як марҳалаи таърихи халқи тоҷик чунин шахсиятҳои барҷастаро ба арсаи ҷаҳонӣ овардааст. Ҳар кадоми ин бузургон дар соҳаҳои гуногуни илму маърифат, сиёсат ва таърих, адабиёт ва ҳунар чеҳраи тобноке дошта, бо осори пурқимати худ машҳури ҷаҳон шудаанд. Асри бистуми милодӣ низ дорои чунин бузургони зиёде мебошад.

Фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардондани он сарф намудааст. Солҳои тулонӣ ӯ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул буд. Ҳамзамон, созмондиҳандаи моҳири соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла шарқшиносӣ буда, барҳақ, яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик ба ҳисоб меравад.

Ҳанӯз солҳои сиюм самтҳои гуногуни фаъолияти роҳбарии Бобоҷон Ғафуров ва шинохти тоҷикон асарҳои илмии ӯ барҷаста ба назар мерасиданд. Дар ин давра нахустин муассисаҳои илмӣ маҳз бо ташаббус ва иштироки бевоситаи ин олими бузург таъсис ёфтанд. Ӯ бо вуҷуди душвориҳои мавҷудаи он давра, кӯшиш намудааст, ки дар Ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон ҳарчи бештар муассисаҳои илмиву маърифатӣ ва таҳқиқотӣ созмон дода шаванд. Инкишофи илму фарҳанги ҷумҳурӣ тақозо мекард, ки қувваҳои илмиву эҷодӣ афзун ва муттаҳид карда шаванд.

Хизмати таърихии Бобоҷон Ғафуров дар ин соҳа аз он иборат аст, ки бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи ӯ марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ – соли 1948 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 1951 Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва соли 1956 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон таъсис дода шуданд. Дар баробари ин, ӯ ба масъалаи таъмин намудани марказҳои илмию таълимӣ бо мутахассисони варзида ва соҳибтаҷриба бевосита машғул гашта, тавонист, ки беҳтарин олимони соҳаҳои гуногуни илмро ба ҷумҳурӣ даъват намояд.

Академик Бобоҷон Ғафуров бо олимону адибон ва умуман, бо аҳли фарҳанг мунтазам мулоқот мекард, ки ин вохӯриҳо барои офаридани асарҳои тоза ба тоза заминаи мусоид фароҳам меоварданд. Вазъи имрӯзаи илму техникаи ҷаҳонӣ тақозо дорад, ки мо ба ин масъала аз мавқеи соҳибистиқлолӣ назар андозем ва дар ин бобат аз таҷрибаи Бобоҷон Ғафуров ҳарчи пурсамар истифода бурда, соҳаҳои наву замонавии илму техникаро дар ҷумҳурӣ инкишоф диҳем. Бо вуҷуди мушкилоти имрӯза, Ҳукумати ҷумҳурӣ ба инкишофи соҳаҳои нави илму фарҳанг таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад, зеро бе равнақи илму фарҳанг рушди минбаъдаи ҷомеаи мо амри муҳол аст. Инкишофи тамаддун ва равнақи илму фарҳанги мо дар оғози асри XXI ба неруи офарандаву созанда ва ақлу заковати ҷӯяндаву навовар аз ҳарвақта бештар ниёз хоҳад дошт. Чунки асри XXI асри дастовардҳои бузурги истиқлолу худшиносӣ, асри имтиҳону озмоишҳои мушкили созандагиву бунёдкорӣ, асри рушду камол ва эҳёи илму фарҳанги тоҷикон хоҳад буд. Бо вуҷуди ин, ки Бобоҷон Ғафуров вазифаҳои масъули давлатиро бар дӯш дошт ва инкишофи илму фарҳанги ҷумҳуриро шахсан зери назорати доимии худ қарор дода буд, ҳамзамон Бобоҷон Ғафуров ҷмҳати шинохти тоҷикон  таҳқиқоти илмии хешро пайваста идома медод.

Вусъати дониш, таҷрибаи зиёди таҳқиқоти илмӣ, амиқ дарк карда тавонистани моҳияти назариявию сиёсии масъалаҳо ба ӯ имкон доданд, ки барои амалӣ кардани орзуи деринаи худ – офаридани «Таърихи халқи тоҷик» шуруъ намояд. Соли 1947 китоби ӯ «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Ин асар аввалин таҳқиқоти пурра ва ҷамъбастӣ доир ба таърихи яке аз қадимтарин халқҳои олам – тоҷикон аст. Аҳаммияти дигари асар аз он иборат мебошад, ки вай таърихи на танҳо тоҷикони ҷумҳурӣ, балки таърихи тамоми тоҷикони дунёро дар бар гирифтааст. Ин асари ҷамъбастӣ ба таърихнигории бунёдии халқҳои Осиёи Марказӣ ибтидо гузошт.

Ҳадафи Бобоҷон Ғафуров бо нашри ин асар ва асарҳои минбаъда ба оламиён исбот намудани он нукта буд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ҳақиқии ин марзу бум буданд ва ҳастанд. Дар он даврае, ки ғояҳои интернатсионализми сохта мағзу устухони низоми мавҷударо фаро гирифта буд ва ҳама гуна кӯшишҳои худшиносии миллӣ саркӯб мешуданд, аз ҷониби роҳбари мақоми аввали ҷумҳурӣ даст задан ба омӯзиши мавзуи тақдири таърихии миллати тоҷик худ як қаҳрамонӣ буд.

Ин асар шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро такмил дод ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ руҳ бахшид. Нашри ин асар дар ҳамон давра аз ҷасорату матонат ва ватанпарварии олим шаҳодат медод. «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ба забони русӣ тарҷума ва дар як муддати кӯтоҳ се маротиба дар шаҳри Маскав нашр гардид.

Ин асар аз тарафи шарқшиносони ҷаҳон баҳои баланд гирифта, барои таҳқиқоти минбаъда ва ба вуҷуд омадани таърихи бисёрҷилдаи халқи тоҷик замина гузошт. Дар шахсияти Бобоҷон Ғафуров айёми сарвари ҷумҳурӣ буданаш, истеъдоди созмондиҳӣ ва усули хуби роҳбарӣ барҷаста таҷассум ёфтааст. Ӯ баҳри ривоҷу равнақи иқтисодиёт, илм ва фарҳанги ҷумҳурӣ талош варзида, саъю кӯшиш мекард, ки дар идораи корҳои давлативу ҷамъиятӣ усулҳои роҳбарии аллома Бобоҷон Ғафуров ва шинохти тоҷикон дастаҷамъӣ ҷорӣ гарданд. Чун сарвари асилу дурандеш дар замири роҳбарон нисбат ба халқи заҳматкаш ғамхору меҳрубон буданро мепарварид. Бобоҷон Ғафуров дар фаъолияти роҳбарии худ ба масъалаҳои хурду реза саргарм нашуда, бештар ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарини тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ машғул мешуд. Пешомадҳои стратегии ҷумҳуриро андеша намуда, роҳҳои мушаххаси амалӣ гардондани онҳоро муайян мекард.   Масалан, яке аз масъалаҳои душвор, вале ҳаётан муҳими ҷумҳурӣ дар солҳои баъдиҷангӣ ин масъалаи ташкили муҳоҷирати дохилӣ буд.

Шароити тараққиёти иқтисодӣ тақозо мекард, ки корҳои обёриву ободониро алалхусус дар водии Вахш ва даштҳои Мирзочӯлу Дилварзин вусъат дода, ба ин минтақаҳо мардуми ноҳияҳои баландкӯҳ ва сераҳолӣ кӯчонда шаванд. Дар он давра ин масъала на фақат аҳаммияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ дошт, балки аз ҷиҳати сиёсӣ низ хеле муҳим буд. Сиёсати муҳоҷирати дохилӣ ҳанӯз солҳои бистуму сиюм оғоз шуда буд. Танҳо дар давоми панҷ соли баъдиҷангӣ аз ноҳияҳои кӯҳистони Қаротегин, Бадахшон, Кӯлоб, Зарафшон 18 ҳазор оилаи деҳқон ба водиҳои Вахшу Хатлон ва Дилварзин кӯчонда шуданд, ки онҳо дар рушди босуръати иқтисодиёти миллии Тоҷикистон нақши муҳим гузоштанд.

Бобоҷон Ғафуров зимни сиёсати муҳоҷиркунии дохилӣ, пеш аз ҳама, инкишофи минбаъдаи иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ, муттаҳид намудани қувваҳои корию эҷодӣ ва ягонагии мардуми тоҷикро дар назар дошт. Дар натиҷаи роҳбарии оқилона ва фаъолияти пурсамари Бобоҷон Ғафуров ҷумҳурии мо оқибатҳои ҷангро бартараф намуда, хоҷагии халқро тараққӣ дод. Дар давоми солҳои сарварии ин марди фозил, хусусан дар соҳаи саноат, натиҷаҳои чашмрас ба даст оварда шуд. Бунёди корхонаҳои коркарди пахта дар Уялӣ ва ноҳияи Ҷаббор Расулов, комбинати коркарди маъдани Такоб, заводи зарфҳои шишагии Хуҷанд, фабрикаи кешбофии Душанбе, заводи механикии Конибодом, комбинати маводи бинокории Вахш ва ғайра барои баромадан аз вартаи ақибмондагӣ, тараққии минбаъдаи саноат шароити мусоид фароҳам овард. Инчунин, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, ки дар давоми он солҳо авҷ гирифта буд, барои инкишофи саноати Тоҷикистон такони ҷиддие гардид.

Омӯзиши фаъолияти роҳбарии Бобоҷон Ғафуров дар солҳои 1946 – 1956 нишон медиҳад, ки ягон соҳаи муҳимми тараққиёти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аз мадди назари ӯ дур намондааст. Дар тамоми фаъолияти сиёсӣ, давлатӣ ва илмии ин марди наҷиб рӯҳияи арзишҳои умумибашарӣ афзалият дошт. Ӯ нисбат ба ҳар гуна зуҳуроти миллатгароӣ, ақидаҳои шовинистӣ, ҷудоиандозӣ оштинопазир буд. Ӯ дар баробари фаъолияти ҳизбиву давлатӣ корҳои илмии худро пеш мебурд, омӯзиш ва таҳқиқоти таърихи халқи тоҷик ва кишварҳои Шарқро пайваста идома медод. Ҳамин фаъолияти илмӣ ва таваҷҷуҳи Бобоҷон Ғафуровро ба назар гирифта, соли 1956 ӯро директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ таъйин мекунанд. Аз ҳамин давра дар рӯзгори ӯ марҳалаи нав оғоз мегардад.

Донишманди барҷастаи тоҷик фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва созмондиҳии худро комилан ба рушди илми шарқшиносӣ равона месозад. Дар мақоми сарвари Институти шарқшиносӣ қобилият ва истеъдоди Бобоҷон Ғафуров чун арбоби мумтози илм баръало зоҳир гардид. Дар баробари он ки Институти шарқшиносӣ ба яке аз марказҳои бузурги таҳқиқотии таъриху тамаддуни Машриқзамин табдил ёфт, бо дастгирии ӯ дар бисёр ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, Институти шарқшиносӣ таъсис дода шуд. Хизмати ин олими забардаст, инчунин, дар интишори силсилаи осори хаттии халқҳои Шарқ басо бузург буда, бо ташаббуси ӯ аз хазинаи осори классикӣ беҳтарин офаридаҳои олимону шоирон ва нависандагони Шарқи Қадим ва асрҳои миёна дастраси ҷаҳониён гаштанд.

Таҳлили фаъолияти илмию созмондиҳандагии академик Бобоҷон Ғафуров нишон медиҳад, ки ӯ дар роҳи ба ҳам наздику ошно намудани тамаддуни халқҳои Шарқу Ғарб саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ солҳои 1957 – 1966 дар кори таҳия ва амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои муҳимми ЮНЕСКО ҳамчун раиси Кумитаи шуравии «Шарқу Ғарб» фаъолона ширкат варзида, дар мавзуи «Омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ» лоиҳаи муҳиммеро ба ин созмони бонуфуз пешниҳод кард. Вай минбаъд ҳамчун Президенти Ассотсиатсияи байналмилалӣ доир ба омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар қабул ва татбиқи ин лоиҳа саҳми бузург гузошт. Конфронсҳои байналмилалии ЮНЕСКО доир ба таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги Осиёи Марказӣ дар замони Кушониён, доир ба таърихи интишори афкори ҷамъиятӣ дар Осиёи Марказӣ, доир ба мутобиқсозии таҳқиқоти бостоншиносӣ ва ғайра, ки бо ташаббус ва ширкати фаъолонаи Бобоҷон Ғафуров дар Душанбе, Деҳлӣ ва Кобул баргузор шуда буданд, дар омӯзиш ва тарғиби фарҳанги ғании халқҳои ин сарзамин иқдоми ҷиддӣ ва муассир гардиданд.

Академик Бобоҷон Ғафуров дар роҳи таҳкими равобити илмиву фарҳангӣ бо Эрон, хусусан дар соҳаи таҳқиқи таъриху фарҳанги форсизабонҳо хеле саъю кӯшиши зиёд кардааст. Аз ин ҷост, ки ба ӯ соли 1974 унвони доктори фахрии Донишгоҳи Теҳрон дода шуд. Устод Бобоҷон Ғафуров дар Алҷазоир, Бирма, Гвинея, Ҳиндустону Покистон, Сурия, Лубнон, Ироқ, Олмон, Амрико, Фаронса, Австрия, Чехословакия ва, албатта, дар Афғонистону Эрони ҳамзабон дӯстони зиёд дошт. Вай узви ифтихории даҳҳо ҷамъиятҳои илмии хориҷӣ буд, ҷоизаҳои зиёди илмии байналмилалӣ сазовор гардидааст. Ин сиёсатмадори маъруф дар мубориза баҳри пойдории сулҳ дар сайёра низ саҳми бузург дорад. Ӯ ҳамчун муовини раиси Кумитаи шуравии ҳамбастагӣ бо мамолики Осиё ва Африқо, узви Кумитаи шӯравии муҳофизати сулҳ ва Комиссияи Иттиҳоди Шуравӣ доир ба корҳои ЮНЕСКО донишу неру ва истеъдоди худро ба таҳкими дӯстии халқҳои сайёра сарф кардааст. Хизматҳои ӯ дар ин ҷода бо медали тиллои Шурои умумиҷаҳонии сулҳ ва ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру тақдир шудааст.

Бобоҷон Ғафуров ҳарчанд аз соли 1956 дар Маскав кору зиндагӣ мекард, лаҳзае аз ёди Тоҷикистон ғофил набуд. Ба пешрафту тараққиёти ҷумҳурӣ, бахусус инкишофи илму фарҳанги он мунтазам мароқ зоҳир мекард. Бо дастгирии ӯ дар давоми ин солҳо бисёр ҷавонони тоҷик дар марказҳои бузурги илмии шуравӣ рисолаҳои илмӣ дифоъ намуда, иқтидори зеҳнии ҷумҳуриро афзун намуданд.

Саҳми олим дар тарбияи мутахассисони ҷавони ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Қафқоз низ бузург аст. Ба подоши он некиҳо вай то имрӯз дар ин ҷумҳуриҳо соҳибэҳтиром аст. Бо пешниҳод ва иштироку роҳбарии бевоситаи Бобоҷон Ғафуров аз нимаи дуюми солҳои 50–уми асри XX омодасозӣ ва нашри асари бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» оғоз шуд, ки он солҳои 1963–1965 дар се ҷилд дар Маскав ба табъ расид. Интишори ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик густариш ёфт.

Воқеан, яке аз дастовардҳои пурарзиши олим, ки ӯро абадан дар радифи донишмандони бузурги миллат ҷой дод, шоҳасари безаволи ӯ «Тоҷикон» мебошад, ки соли 1972 дар Маскав ба табъ расид. «Тоҷикон» ба забонҳои ҷопонӣ ва лаҳӣ тарҷума ва нашр шуд, ҳамчунин, дар Афғонистон ва Эрон ба табъ расид. Ин асар аз тарафи маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, эътироф шуд ва ба таври сазовор арзёбӣ гардид.

Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо дар ҳақиқат такони ҷиддие гардид. Маҳз аз ҳамин хотир ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Ватан – Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Китоби «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи заҳмати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст. Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз саҳву хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони офатбори ҷанги шаҳрвандӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт.

Бешак, як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо гузаштаи пурифтихор ва мероси таърихӣ аст. Ҷомеа то хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, азхуд накунад, аз хираду заковати гузаштагон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад.

Омӯхтани таърих на танҳо барои донистани гузашта нест, балки он барои имрӯз ва шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ–хоҳ дурахшон бошад, хоҳ тира – сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян созад. Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад.

Мо бо истифода аз сабақҳои таърихи гузаштаи худ ва бо дарки масъулият дар назди наслҳои оянда бояд ба хотири истиқлол ва ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро анҷом диҳем. Таърихи башар шахсиятҳоеро меофарад, ки на танҳо тамоми асрори ин ё он илмро фаро мегиранд, балки марзҳои онро фарох ва хазинаи онро ғанӣ мегардонанд.

Бобоҷон Ғафуров аз зумраи ҳамин шахсиятҳо буда, дар радифи намоёнтарин олимони ҷаҳон қарор дорад ва барои рушди илми шарқшиносии ҷаҳонӣ ва таърихи Шарқ хизматҳои сазовор кардааст. Бовар дорам, ки ормонҳои воло, ғояҳои наҷиб, саъю кӯшишҳои ватанпарастона ва ҷонбозиҳои миллатдӯстонаи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи рушду нумуи илму маърифат машъали роҳнамоии ҳар як фарди бедордили кишвар хоҳад гардид. Халқи тоҷик давраи душвор, пурмашаққат ва пур аз маҳрумияти ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, имрӯз ба сулҳу салоҳ ва ваҳдату ҳамдигарбахшӣ расид. Бо вуҷуди ин, хатари нобудшавии миллати тоҷик ва давлату давлатдории тоҷикон ҳанӯз аз байн нарафтааст.

Бадхоҳони миллати мо дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистонро чашми дидан надоранд. Мо бояд ба саҳву хатоҳои гузашта роҳ надиҳем, дастовардҳои истиқлолро ҳифз кунем, оини дӯстию бародархондагии халқҳоро риоя намоем ва расму равиши ҳамсоягиро пос дорем. Қувваҳое буданд ва ҳастанд, ки ҳамсоягиву робитаи дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбекро халалдор кардан мехоҳанд, байни онҳо нифоқу кина меангезанд ва мехоҳанд бо ҳамин роҳ ба муроди худ расанд, вале онҳо сахт иштибоҳ мекунанд. Зеро дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек якрӯзаву дурӯза нест, балки аз имтиҳони садсолаҳо гузашта, ба ҳамхуниву хешутаборӣ табдил ёфтааст.

Руҳи поки Бобоҷон Ғафуров онҳоеро, ки садди роҳи муносибатҳои неки ин ду халқи ҳамсояву ҳамқисмат мегарданд ва дар ҳаққи Ватану миллат хиёнат мекунанд, ҳаргиз намебахшад. Мо имрӯз бар марҳалаи нави давлатдории худ–марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ қадам гузоштаем. Бе давлати тавонои соҳибистиқлол ва миллати тифоқу пешрафта, бе иқтисодиёту иҷтимоиёти тарққикарда ва эҳёи илму фарҳанг, бе неруи тавонои низомию сарҳадӣ ва ҳалли муаммои соҳаҳои илму фарҳанг ҳалли дигар мушкилоти мавҷудаи ҷомеа мо наметавонем, ки дар ҷаҳони пурмоҷарои имрӯза мавқеи устувор дошта бошем.

Ҳар фарди бедордиле, ки нангу номус дорад ва қисмати миллату сарзамини аҷдодӣ барояш азиз аст, бояд дар марҳалаи созандагию бунёдкорӣ барои пешрафти Ватан, миллат ва ҷумҳурии соҳибистиқлол саҳми муносиб гузорад. Истиқлолро ба даст овардан, ҳанӯз кам аст. Онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, ҳамчун арзиши волотарини давлату давлатдорӣ пос доштан ва барои афзоиши иқтидору пойдории он пайваста талош варзидан, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.

Асри XXI дар пешорӯйи ҳар фарди бонангу номуси ҷумҳурӣ вазифаҳои нав ва масъулияти басо бузург мегузорад. Мо бояд дар сафи давлатҳои пешрафтаи олам ҷой гирифта, бо симои миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва дастовардҳои иқтисодӣ мақоми арзанда пайдо кунем. Имрӯз фурсати он расидааст, ки мо ба қадри истиқлол, давлату давлатдории миллӣ, ба қадри Ватану ватандорӣ, сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ бирасем. Заҳмати ҳалол ва созандагию ободониро пешаи худ созем, барои таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ақлу дониш ва неруи худро дареғ надорем. Барномаи стратегии давлатро дар роҳи истиқлоли озуқавию ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, таъмини истиқлоли энергетикӣ, бунёди роҳи оҳану роҳҳои нави мошингард, бунёди фурудгоҳҳои байналмилалӣ, истихроҷу коркарди сарватҳои зеризаминӣ ва боло бурдани иқтидори саноатии мамлакт дар ҳаёт татбиқ намоем.

Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз миллат ва ҳувияти миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги аҷдодӣ ва ниёгони сарбаланди хеш барои ҳар як фарди ҷомеа бояд меъёри доимии зиндагӣ гардад. Имони комил дорам, ки ақлу заковат, таҷрибаи роҳбарӣ, меҳри беандоза нисбат ба Ватану миллат ва мероси гаронбаҳои илмии Бобоҷон Ғафуров ба ватанпарастони воқеӣ, ба наслҳои имрӯзу фардои миллат, ба созандагони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистони азизамон илҳому неруи тоза хоҳад бахшид. Бигузор дӯстону душманони Тоҷикистон донанд, ки миллати тоҷик аз таърих сабақи омӯзанда гирифтааст ва дар оянда фирефтаи ҳеҷ қувваи бадхоҳе нахоҳад шуд. Дар ин роҳ моро руҳи Исмоили Сомонӣ ва даҳҳо бузургмардони миллат: – Рӯдакӣ Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ибни Сино, Мавлоно Румӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва амсоли онҳо мададгор хоҳад шуд. Бигузор рӯҳи Бобоҷон Ғафуров шод бошад ва моро ба ватандӯстиву худшиносии миллӣ ҳидоят намояд.

 

Мирзо Ашӯров,
Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед