Рушди соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна барои баланд бардоштани сатҳи зиндагвунекуаҳволии мардум мусоидат намуда, асоси ислоҳоти ичтимоию иқтисодӣ ва суботи сиёсиро таъмин месозад. Рушди фаъолияти соҳибкорӣ на танҳо ба даромади моддӣ, инчунин ба ошкор намудани иқтидори дохилии шахсият мусоидат менамояд.
Олимон қайд мекунанд: “Дар шароити имрӯза соҳибкор шахсест, ки на танҳо бо фаъолияти истеҳсолкуниву тиҷоратмашғул аст, инчунин диққати худро ба:
- омодасозиву таблиғи маҳсулоти нав дар бозор;
- омӯзиш ва азхудкунии бозори нави фурӯш;
- азхудкунии навъҳо ва манбаъҳои нави ашёи хом, таъсири бевосита ба азнавсозии сохтори соҳа;
- ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, равона месозад.
Ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ дар давлат бояд заминаи қонунӣ ва танзими ҳуқуқии он амал намояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои судманд андешида истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдити миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳама сола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки ба дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ диққати махсус дода шавад,зеро, ки соҳибкорӣ яке аз нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии давлат мебошад. Барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити фаъолияти соҳибкорон ва ба танзим даровардани фаъолияти онҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣба тасвиб расидааст:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаҳои сармоягузорӣ” аз 19.03.2013, №944;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” аз 26.07.2014, №1107;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор” аз 25.12.2015, №1269;
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, №645 “Дар бораи таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016 – 2020”;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” аз 01.03.2016, №1299;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)” аз 15.03.2016, №1289;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат” аз 30.05.2017, №1417;
- Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №503 “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”;
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” аз 16 январи соли 2018, № 990;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” аз 21 феврали соли2018, № 1505;
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5 июни соли 2020, №1544.
Дар асоси санадҳои ба тасвибрасида дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ дучанд гардида, барои давом додани ин раванд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоимиллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки санҷишҳои соҳибкорӣ барои солҳои 2019 ва 2020 низ манъ карда шавад, ки ин иқдом ба дастгирии минбаъдаи соҳибкорон равона гардидааст.
Дар натиҷаи афзалиятҳои дар ин санадҳо тасдиқшуда саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 70% расид, ки ин нишондиҳанда дар соли 2013 ба 54 дарсад баробар буд. Теъдоди субъектҳои соҳибкорӣ дар соли 2019 ба 326516 адад расид,ин нишондиҳанда дар соли 2013 ба 263598 адад баробар буд (афзоиш 123,9 дарсад), ки мунтазам тамоюл ба афзоиш доштани фаъолияти соҳибкориро нишон медиҳад.
Барои рушд додани фаъолияти соҳибкорӣ ва дастгирии ондар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйиру иловаҳо ворид гардидаанд:
- воридоти молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худ аз ҷониби хоҷагиҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳое, ки ба истеҳсоли хӯроки омехтаи парранда ва чорво машғул мебошанд, ба муҳлати то 12 сол аз пардохти андози арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ, андоз аз фоида, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз молумулки ғайриманқул озод карда мешавад. (Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози ҶТ», аз 28 декабри соли 2013, №1045);
- тибқи моддаи 172–и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон содироти молҳо, ба ғайр аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, алюминийи аввалия, консентрати металлҳо, оҳанпораи филизоти сиёҳ ва ранга, металлҳои дигари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, молҳои дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда, пилла, нахи пахта, калобаи пахта, пахтаи коркарднашуда бо андоз аз арзиши иловашуда аз рўйи меъёри сифр андозбандӣ карда мешавад (ҚҶТ №1188 аз 18.03.2015) ;
- фаъолияти марбут ба таҳвил ё содироти филизотиқиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз филизотиқиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад(дар таҳрири Қонуни ҶТ аз 18.03.2015, № 1188) ;
- ҷиҳати дастгирии корхонаҳои коркард бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №1367 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” пардохти андоз аз фурўши нахи пахта дар дохили кишвар бекор карда шуда, бар ивази он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.01.2017, №49 боҷи содиротӣ ба андозаи 10 фоиз аз арзиши гумрукии нахи пахтаи содиротшаванда тасдиқ шуд;
- мувофиқи моддаи 313–и боби 47. “Хусусияти андозбандии корхонаҳои навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагии дўзандагӣ) машғул мебошанд”, содироти молҳое, ки корхонаҳои навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда истеҳсол мекунанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд (ҚҶТ №1511_аз 21.02.2018);
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №198 «Дар бораи номгўи либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки таҳвили (фурўши) онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд» дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2018, № 1511 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст;
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №327 “Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани ашёи хоми ҷиҳати коркард ва маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда ва Номгўи ашёи хоми дар дохили мамлакат истеҳсолшаванда” тасдиқ карда шудааст.
Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №97 “Дар бораи таъсиси минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”” қабул гардид.
Барои дастгирии соҳибкорон ва содиркунандагони маҳсулоти ватанӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №390 “Дар бораи табдил додани Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк”” ба тасвиб расид.
Хулоса, дар давлати мо барои рушди устувори иқтисодӣ дастгирии фаъолияти соҳибкории хурду миёна ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст: заминаи ҳуқуқӣ, соддагардонии бақайдгирии соҳибкорӣ, фаъолгардонии низоми ҳисоботсупории электронӣ (омор, андоз), имтиёзҳои андозбандӣ.
Аз ин рӯ, барои ҳаматарафа тараққӣ ёфтани соҳибкории хурду миёна ва шароити мусоид фароҳам овардан ба фаъолияти самараноки минбаъдаи он андешидани чораҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморем:
- дастрас намудани манбаҳои маблағгузорӣ бо роҳҳои паст намудани арзиши захираҳои молиявӣ, ба сифати гарав қабул намудани таҷҳизоту иншоотҳои бунёдшаванда, кам намудани муҳлати баррасии дархостҳо, дароз намудани муҳлати қарз, пешниҳоди имтиёзҳо барои пардохти фоизи қарз ва ғайра;
- рушд додани татбиқи воситаҳои алтернативии маблағгузорӣ (факторинг, лизинг);
- идомаи корҳо дар самти ҷорӣ намудани стандартҳои байналмиллалии сертификаткунонии молу маҳсулот барои ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мутобиқ намудани маҳсулоти истеҳсолшуда.
Содиқова А.Ф. – сармутахассиси Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ