Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо
дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз
муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони
муосир ба ҳисоб меравад.
Эмомалӣ Раҳмон
Раванди ҷаҳонишавӣ мушкилоти гуногунеро эҷод месозад, ки махсусан ба кишварҳои миллӣ барои аз байн бурдани фарҳанг ва арзишҳо таҳдид мекунад. Дар чунин шароит ҳифзи забон, маданият, таърих ва фарҳанги миллӣ басо душвор ва масъулиятталаб аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бо гузашти замон ва зери таъсири таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ қарор гирифтан, бархе аз забонҳо, фарҳангҳо ва ҳатто миллату халқият аз байн рафтаанд. Барои кишвари мо, ки дар раванди рушди давлатдории миллӣ қарор дорад, эҳтиром гузоштан ва ҳифзи арзишҳо ва фарҳанги миллии аз ниёгони сарбаландамон ба меросмонда ниҳоят муҳим мебошад.
Аз ин хотир, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ омӯзиши таърихи миллат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллиро муҳим арзёбӣ намуда, фармудаанд:
“Бахусус дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди техналогияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз наслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.”
Дар ҷомеаи мо тарбияи ҷавонон дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ ва эмин нигоҳ доштани мафкураи онҳо аз ақидаҳои бегонаю иртиҷоӣ ҳанӯз ҳам масъалаи нигаронкунанда боқӣ мемонад. Пайвастани бархе аз ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва рӯ гардонидан аз арзишҳои худ далели гуфтаҳои боло мебошад. Саволи асосӣ ин аст, ки чаро чунин падидаҳо вуҷуд доранд ва чӣ бояд кард?
Агар хоҳем, ки мушкилоти мавҷудбударо дар ҷомеа бартараф созем, пеш аз ҳама, бояд сарчашмаҳои асосии ин мушкилотро пайдо карда, бо он мубориза бурдан лозим аст.
Маълум аст, ки дар ҷаҳони муосир унсурҳои бегона тавассути техналогияи иттилоотӣ ба фарҳанги миллӣ ворид мешавад. Имрӯз рушду инкишофи босуръати техника ва техналогияи муосир имкон медиҳад, ки дилхоҳ маълумот, падидаҳо, равандҳо ва омилҳои ба тафаккури ҷомеа таъсиррасон бидуни мамоният паҳн гарданд. Аз ин рӯ, пешбинӣ ва дарки паёмадҳои манфии ин падидаҳо вазифаи ҳар як ҷавони соҳибмаърифат аст.
Надонистани таърихи давлату миллат ва огоҳ набудан аз арзишҳои бузурги миллӣ низ яке аз сабабҳои рӯоварӣ ба фарҳанги бегона мебошад. Аз ин ҷост, ки омӯзондани арзишҳои миллӣ ва талқин намудани ҳисси худшиносии миллию ғурури ватандорӣ барои насли наврасу ҷавон, ҳадафи асосии на танҳо давлату ҳукумат, балки ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиёну донишмандон ва умуман аҳли ҷомеа мебошад.
Маҳз дар асоси дарки амиқи таъриху арзишҳои миллӣ ва саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони миллат ҳисси вадандорию ғурури миллӣ баланд мегардад. Дар роҳи таблиғу ташвиқи фарҳанги миллӣ аз тамоми воситаҳо бояд истифода кард. Махсусан нақши мактаб, муасиссоти олӣ, театр, филмҳо, востиаҳои муосири иттилоотрасон, китобу мақолаҳо ва семинарҳои омӯзишӣ барои ҷавонон хеле бузург арзёбӣ мегардад.
Таҷрибаи як қатор кишварҳо нишон медиҳад, ки тавассути филмҳои таърихӣ талқини арзишҳо, фарҳанги миллӣ ва таблиғу ташвиқи он хеле самаранок мебошад. Хусусан кишвари Туркия солҳои охир тавонистааст ба воситаи силсилафилмҳо, махсусан, филмҳои таърихӣ натанҳо аз ҷиҳати даромади молиявӣ фоида ба даст биёрад, балки дар таблиғу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллии хеш комёб шуда, ақлу ҳуши тамошобинони мамлакатҳои гуногунро ба худ ҷалб намояд.
Миллати тоҷик таърихи бениҳоят ғанӣ дошта, кайҳо боз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати миллати тамаддунофару бофарҳанг эътироф гардидааст. Дар тӯли таърихи мавҷудияти миллат, китобу асарҳо эҷод шудаанд, ки аз ҳуввият, фарҳанг ва маърифати тоҷикон шаҳодат медиҳад.
Дар робита ба ин масъала яке аз вазифаҳои асосӣ, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола ба он таъкид доштанд, ин ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар мебошад. Шароити замони муосир тақозо менамояд, ки осори бузургон, хусусан осори таърихии миллати мо ба забонҳои хориҷӣ бештар тарҷума гардида, дар сомонаҳои интернетӣ низ пешкаши истифодабарандагон гарданд.
Инчунин, аз саргузашти бузургони миллат, дастовардҳои давлатдории қадим ва асрҳои миёна филмҳо сохта шаванд. Бо ин восита метавонем арзишҳо ва фарҳанги миллии худро барои насли наврасу ҷавони кишвар талқин намоем.
Маҳз бо ин усул мо метавонем, дар дили насли наврасу ҷавони кишвар меҳри ватандорию ғурури миллиро таҳким бахшем ва онҳоро дар роҳи дарки ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои ниёгон роҳнамоӣ созем, то ки дар ҳимояи манфиатҳои миллату давлат қодир бошанд.
Фирӯз Равшаналиев,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон