(Бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” )

Чунонки маълум аст, дар замонҳои қадим тамоми фанҳо дар фалсафа муттаҳид буданд, вале файласуфони нахустин то Суқрот (469 – 399 то мелод, мутафаккири Юнони Қадим, ки таълимоташ як инқилобе дар фалсафа буда, ба омӯзиши инсон нигаронида шуда буд) танҳо табиатро меомӯхтанд. Дар асрҳои миёна бошад, илмҳои табиатшиносӣ хеле суст рушд намуда, омӯзиши табиат як машғулияти кӯдакона ва ҳатто аз нигоҳи динӣ гуноҳ шумурда мешуд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, тафаккури табиатшиносӣ ва техникӣ дар ҳар давру замон аҳаммияти бузурге барои рушди инсоният дошта ва онро то кунун аз надодааст.

Дар баробари ин, бояд зикр намуд, ки аз нигоҳи табиатшиносӣ принсипҳои илмӣ пешбинӣ менамоянд, ки объекти таҳқиқ бояд ба таври воқеъӣ вуҷуд дошта бошад, аз ҷиҳати эмпирикӣ, таҷрибавӣ дастрас ё худ мушоҳидашаванда бошад ва барои формализатсияи донишҳо имкон фароҳам созад. Ин принсипҳо ба тафаккури техникӣ низ, ки предмети омӯзиши фалсафаи техника мебошад, дахл доранд.

Вобаста ба ин бояд зикр намуд, ки фалсафаи техника фанни фалсафӣ буда, табиат, махсусиятҳо, сифатҳои донишҳои техникӣ, эволютсияи техникаро ҳамчун соҳаи фаъолияти инсонӣ, инчунин нақш ва таъсири техникаро ҳамчун як омили асосии рушди ҷомеаи инсонӣ таҳқиқ мекунад.  Фалсафаи техника ҳамчун соҳаи илмҳои фалсафӣ аз ҷониби донишманди олмонӣ Э. Кап (1808–1896) ба илм ворид карда шудааст. Китоби таълифкардаи ӯ «Асосҳои фалсафаи техника» дар Олмон соли 1877 нашр гардида буд. Ин муҳандиси олмонӣ яке аз аввалинҳо шуда барои пайвастани ду мафҳуми гӯё бо ҳам иртиботнадошта, яъне фалсафа ва техника иқдом намуд. Асосҳои фалсафаи техникаи ӯро «меъёри антропологӣ» ва «принсипи проектсияи узвҳои бадани инсон» ташкил медиҳанд.

Дар баробари мафҳуми фалсафаи техника дар илм истилоҳи антропологияи техника низ мавриди истифода қарор дорад, ки ҳар ду ҳаммаъноянд.  Ин истилоҳ, яъне антропологияи техникаро олими олмонӣ А. Хунинг – доктори фалсафа, профессори Донишгоҳи Дюсселдорф дар Олмон ба илм ворид кардааст. Ӯ ҳамчунин муаллифи таҳқиқоте бо номи «Фаъолияти муҳандисӣ аз нуқтаи назари масъулияти ахлоқӣ ва иҷтимоӣ» мебошад.

Дар асри ХХ оид ба мушкилоти таҳлили фалсафии техника Фр. Дессауэр (1881- 1963) – биофизики олмонӣ, философ-неотомист, ки техникаро ҳамчун ифодаи рӯҳи инсонӣ, Ҳастии Кулл ва Худо донистааст, Э. Чиммер (1873-1940) – муҳандис-химик ва файласуфи олмонӣ, ки соли 1913 китоби «Фалсафаи техника»-ро ба нашр расонидааст, А. Дюбуа-Реймон (1818-1896) – физиологу файласуфи олмонӣ, асосгузори яке аз мактабҳои илмӣ ва дигарон таҳқиқот бурдаанд. Саҳми бузург барои рушди фалсафаи техника донишмандони машҳуре чун файласуфони олмонӣ М. Ҳайдеггер (1880–1976), К. Ясперс (1883-1969), файласуфи испанӣ X. Ортега-и-Гасет (1883-1955), олими рус Н.А. Бердяев (1874–1948) , инчунин Ч. Йонас (1903 – 1993) – файласуфи олмонию амрикоӣ, Л. Мэмфорд (1895-1990) – файласуф ва сотсиологи амрикоӣ, намояндаи детерминизми технологиии манфӣ, Ж. Эллюл (1912-1994) – файласуф ва сотсиологи фаронсавӣ, профессори Донишгоҳи Бордо ва файласуфони дигар гузоштаанд. Муҳандиси рус П.К. Энгелмейр (1855-1941) – муаллифи консепсияи фалсафии техника ва таҳқиқоти дигар оид ба психологияи эҷокдорӣ, яке аз бунёдгузорони фалсафаи техника дар Россия буда, ҳанӯз дар ибтидои асри ХХ таҳқиқоти худ «Назарияи эҷодкорӣ» ва «Фалсафи техника»-ро таълиф карда буд. Дар нимаи дуюми асри ХХ таҳқиқоти фалсафии техника ба соҳаи мустақили фаъолияти илмӣ табдил ёфтанд.

Дар бораи мафҳуми худи техника (аз калимаи қадимии юнонӣ – санъат, маҳорат, малака) бошад, ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки он номгӯи тамоми олоту абзор, механизм ва таҷҳизоте аст, ки дар табиат вуҷуд надошта, аз ҷониби инсон барои роҳандозии раванди истеҳсол ва хизматрасонии талаботи ғайриистеҳсолии ҷомеа ба кор бурда мешаванд. Асоси техникаро принсипи проектсияи узвҳои инсонӣ ташкил медиҳад, ё ба ибораи дигар, техника дар мисоли узвҳои бадани зиндаи инсон сохта мешавад. Аз ин рӯ, сохтани техникаро на ҳамчун сохтани чизи нав, балки ҳамчун кушодани имкониятҳои табиии узвҳои бадани инсон мешуморанд.

Чунонки маълум аст, таъйиноти асосии техника ин озод сохтани инсон аз корҳои вазнини ҷисмонӣ ва ё муқаррарии якнавохт ба ҳисоб рафта, зимни он ҳадаф гузошта мешавад, ки барои ӯ вақти бештари озод барои машғулӣ ба корҳои эҷодӣ ва осонсозии ҳаёти рӯзмарра фароҳам сохта шавад. Олоти гуногуни техникӣ имкон медиҳанд, ки самаранокӣ ва натиҷабахшии меҳнати инсон боло рафта, захираҳои табиӣ оқилона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд, инчунин эҳтимолияти роҳ додан ба хатогӣ ҳангоми иҷрои амалиётҳои гуногуни мураккаб паст гардад.

Аз вазифаҳои асосии техника бошад, чунин омилҳоро махсусан зикр кардан зарур аст: ба вуҷуд овардани арзишҳои моддию фарҳангӣ, истеҳсол, дигаргунсозӣ ва интиқоли навъҳои гуногуни энергия, ҷамъоварӣ, коркард ва интиқоли иттилоот, сохтан ва истифодабарии воситаҳои гуногуни ҳамлу нақл, таъмини неруи мудофиавии давлат ва ғайра.

Дар замони муосир техника аз рӯи соҳаи истифодаи он тақсимбандӣ карда мешавад. Аз ҷумла, техникаи саноатӣ, нақлиёт, техникаи маишӣ, техникаи ҳисоббарор ва амсоли он. Инчунин техникаро ба истеҳсолӣ (дастгоҳҳо, олот, воситаҳои ченкунӣ ва ғайра) ва ғайриистеҳсолӣ (техникаи маишӣ, нақлиёти сабук, техника барои фароғат ва ғайра) тасниф менамоянд. Ҳамчун навъи махсус техникаи ҳарбӣ ҷудо карда мешавад, ки ба он ҳама гуна таҷҳизоти техникӣ ва мошинҳоро, ки барои таъмини неруи мудофиавии давлат, бурдани амалиёти ҳарбӣ дар хушкӣ, баҳр, ҳаво, кайҳон ва ғайра муайян гардидаанд, шомил медонанд.

Донишҳои техникӣ зимни ташаккул ва рушди худ аз марҳилаҳои зерин гузаштаанд:

– марҳилаи тоилмӣ (то нимаи дуюми асри XVIII) – дар ин марҳила донишҳо танҳо ба таври таҷрибавӣ ба даст оварда шуда, истифодаи донишҳои илмӣ барои бавуҷудории техника дар назар дошта нашуда буд;

– марҳилаи пайдоиши илмҳои техникӣ (аз нимаи дуюми асри XVIII то солҳои 70-уми асри XIX) – ба ин марҳила истифодаи донишҳои илмии табиатшиносӣ дар амалия ва пайдоиши аввалин илмҳои техникӣ хос мебошад;

– марҳилаи классикӣ (то миёнаҳои асри XX) – дар ин давра як қатор назарияҳои техникӣ ташаккул ёфтанд, ки пояи бунёдӣ барои рушди минбаъдаи техника ва технология гардиданд;

– марҳилаи муосир (аз миёнаҳои асри XX то имрӯз) – дар ин марҳила ҳамгироии илмҳои техникӣ на танҳо бо илмҳои табиатшиносӣ, балки бо илмҳои ҷамъиятӣ низ ба вуқӯъ пайваста, таҳқиқоти комплексӣ ба вуҷуд омад.

Оид ба таносуби техника бо илм ва ё ҳамчун ҷузви он сухан ронда, бояд таъкид намуд, ки техника худ ба худ як илми татбиқӣ буда, як ҷузви ҷудонашавандаи илм дар маҷмӯъ ба ҳисоб меравад. Рушди илм бошад, ҳамеша аз рушди дастгоҳҳо ва лавозимоти техникӣ вобаста буда, раванди рушди илму техникаро ҳамчун раванди мустақил, вале дар ҳамоҳангӣ бо ҳамдигар тавсиф кардан имкон дорад. Инчунин, қобили зикр аст, ки техникаи худи илм ҳамеша аз техникаи барои ҳаёти рӯзмарраи инсон пешбинишуда зудтар рушд меёбад.

Қобили зикр аст, ки фалсафаи техника объекти омӯзиши худ, яъне техникаро ба таври фарогир меомӯзад: он на танҳо рушди дохилии техника, балки таъсири онро ба ҷомеа бо дарназардошти дурнамо мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Доираи масъалаҳои мавриди омӯзиши фалсафаи техника хеле васеъ буда,  мавзӯъҳои методологӣ, иҷтимоӣ-фалсафӣ ва фалсафӣ-антропологиро дар бар мегирад, ки муҳимтаринашон инҳоянд: муайянсозии моҳияти мафҳуми  техника, омӯзиши пайдоиш ва рушди таърихии он,  баррасии махсусияти илмҳои техникӣ,  алоқамандии онҳо бо илмҳои дигари бунёдӣ ва махсус, бо санъат, сиёсат, иқтисодиёт, ҷустуҷӯи консепсияҳои нави иртиботи инсон ва табиат,  рафтори нави техникӣ  дар олами муосир, масъалаҳои ахлоқӣ дар олами саноат,  метод ва методологияҳои техника ва ғайра.  Дар баробари ин антропологияи техника масъалаҳои таълиму тарбияи техникӣ, ташаккули низоми арзишҳо, омезиши мабдаъҳои зеҳнию ахлоқӣ дар инсон, нақши инсон дар рушди техника ва истифодаи он, паҳнсозии донишҳои техникӣ ва фаҳмиши ақлонии ҳудудҳои рушди техникӣ ва амсоли онро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Яке аз масъалаҳои марказии методологияи техника ин таҳлили махсусиятҳои донишҳои техникӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар фалсафаи техника чунин шумурда мешавад, ки чунин донишҳо дар қиёс бо донишҳои дигар сифати махсуси худро доранд. Аз ҷумла, аз нуқтаи назари таҳлилгарони фалсафии техника объектҳои маърифати техникӣ дар муқоиса бо объектҳои мавриди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ табиати сунъӣ дошта, натиҷа ва баҳогузории онҳо аз ҳам тафовут мекунанд. Масалан, ба назарияҳои табиатшиносӣ чунин талабот гузошта мешавад, ки аз нуқтаи назари математикӣ бо формулаҳо ба расмият дароварда шуда, чунин назарияҳо ҳар чӣ бештар куллӣ, универсалӣ бошанд, дар таҷрибаву амалия тасдиқи худро ёфта, сода ва самаранок бошанд. Аз системаҳои техникӣ, баръакс, талаб карда мешавад, ки ба осонӣ хизмат расонида шаванд ва назорат карда шаванд, ҳаддалимкон муҳлати дарози истифодабарӣ дошта, ҳар чӣ сарфакорона истеҳсол ва истифода карда шаванд.

Чунонки таъкид гардид, як хусусияти донишҳо ва дастовардҳои техникӣ ин аст, ки онҳо бештар аз илмҳои табиатшиносӣ бо ҷомеа робита дошта, ба рушди он бевосита таъсир мегузоранд. Дар баробари ин, ҳудудҳои тафовути донишҳои техникӣ ва донишҳои илмӣ-табиатшиносӣ шартӣ буда, равандҳои илмикунонии техника ва техникикунонии илм дар таъсиргузорӣ ба ҷомеа ҳамдигарро пурра мекунанд.

Бояд таъкид намуд, ки муқоисаи техника бо санъат имкон медиҳад, ки моҳияти он амиқтару дақиқтар равшан карда шавад. Чунонки маълум аст, санъат шакли махсуси азххудкунии маънавию амалии воқеият ва муносибати эстетикӣ ба олам мебошад. Аз ин рӯ, имрӯз, масалан, дар баробари техникаи сохтмон инчунин дар бораи санъати сохтмон, ё техникаи расмкашӣ ва санъати расмкашӣ (санъати тасвирӣ) ва ғайра сухан мегӯянд. Ҳамзамон, чунин мафҳумҳое чун техника ва санъати идоракунии одамон, техника ва санъати бурдани ҷанг, техника ва санъати навохтани асбобҳои мусиқӣ, техника ва санъати баҳс ва амсоли он мавриди истифода қарор доранд. Инҷо чунин фарқият мавҷуд аст, ки ҳангоми санъат гуфтан, танҳо дар бораи инъикоси образии табиат ва идеяҳои мундариҷадошта дар шуури инсон сухан меравад. Ҳангоми техника гуфтан бошад, ҳатман сухан дар бораи истифода ва дигаргункунии табиат меравад. Бо ҳамин сабаб аз нуқтаи назари фалсафаи техника фаъолияти техникӣ дар тафовут аз санъат на танҳо ба фаҳмишу дарки воқеият, балки ба дигаргунсозии он дар мувофиқа бо талаботу эҳтиёҷоти инсон нигаронида шудааст. Техника кӯшиш мекунад, ки ҳукмронии инсонро аз болои табиат таъмин сохта, онро барои дастрасӣ ба ҳадафҳои гузоштаи инсон мутобиқ созад, ки ҳамаи ин маърифат ва дарки равандҳоро дар табиат талаб мекунад. Вобаста ба ин дар фарқият аз санъат ченаки техника ин фоиданокӣ мебошад, ки худшиносии инсонро дар самти озодӣ ва тавоноии ӯ бар табиат, бар модда, бар ҳаёт, тавассути руҳия ва рӯҳи инсон тақозо карда, ҳамзамон худмаърифаткунии инсонро бо тамоми бузургияш ифода менамояд.

Яке аз самтҳои муҳимми фалсафаи техника ин таҳлили рушди инсоният дар доираи мушкилоти глобалии даврони муосир ба ҳисоб меравад. Чунонки маълум аст, рушди техника дар асри ХХI сифати духӯра доштани дастовардҳои техникиро бештар аз пештар айён месозад. Аз як тараф, агар рушди инсониятро бе техника тасаввур кардан ғайриимкон бошад, аз ҷониби дигар, техника неруӣ тавоное мебошад, ки метавонад паёмадҳои манфӣ ва ҳатто фоҷиабор ҳам дошта бошад.

Вобаста ба масъалаи мазкур бояд таъкид намуд, ки аз солҳои шастуми асри гузашта бо сабаби сар задани экспансияи технологӣ ва баҳсҳо дар атрофи он дар тафаккури техникӣ буҳрони шадиде сар шуд. Дар асари машғулии сартосарӣ бо техника, технологияҳои иттилоотию иртиботӣ, ибодат ба дастовардҳои Инқилоби илмӣ-техникӣ (ИИТ – НТР) дар олам таносуби низоми «ҷомеа-техника-табиат» дигаргун гашта, интизориҳои аҳли ҷомеа аз рушди техникӣ манфӣ гардиданд ва муҳофизони муҳити зист бонги хатар заданд. Дар ин самт муҳаққиқони зиёди соҳаи фалсафаи техника ҷиддан ба чунин масъалаҳо – паёмадҳои иҷтимоии рушди техника, мушкилоти ахлоқии истифода аз техника ва технология, махсусиятҳои «даврони технотронӣ» (ба мавҷуди ғайримаънавӣ табдил ёфтани инсон дар натиҷаи иттилоотикунонӣ), ташаккули низоми арзишҳо дар ҷомеаи саноатӣ ва пасосаноатӣ, маърифатноккунонӣ ва тарбияи техникӣ ва амсоли он таваҷҷуҳи махсус мекунанд.  Ин мушкилот ба манфиатҳои тамоми инсоният рабт доранд, зеро дар натиҷаи пайдоиши онҳо на танҳо тағйироти бебозгашт ба табиат расонида мешавад, балки худи инсон, шуури ӯ, тарзи дарки олам ва самтгириҳои арзишии инсон ва ғайра тағйир меёбанд.

Масъалаҳои гуманитарии фалсафаи техника дар асарҳои зиёди донишмандон, аз ҷумла файласуфи амрикоӣ Л. Мэмфорд (1895-1990), файласуфи фаронсавӣ Ж. Эллюл, ичунин донишмандони шинохтае чун Ортега-и-Гасет, Ҳайдеггер, Бердяев ва дигарон тафсири худро ёфтаанд.  Мушкилоти рушди техникӣ ва паёмадҳои иҷтимоии онро баррасӣ намуда, ин донишмандон ояндабиниҳои худро оид ба дастовардҳои техникӣ бо он рабт додаанд, ки ҳамаи ин ҳаёти шахсӣ ва ҷамъиятии инсонро стандартӣ сохта, озодиҳои ӯро маҳдуд мекунад ва дар натиҷа инсон ба як мошини бе руҳу бе маънавиёт табдил меёбад.

Як масъалаи дигари барои фалсафаи техника хеле муҳим ин нақши зиёиёни техникӣ дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад.  Чунонки маълум аст, дар миёнаҳои қарни гузашта як консепсияе бо номи «консепсияи технократӣ» хеде роиҷ гашта буд. Дар доираи он, ба андешаи иқтисоддони амрикоӣ Т. Веблен (1857–1929), аксар унсурҳои «мактаби таърихӣ» аз ҷониби равияи иқтисодшиносии инстиутсионализм қабул шудаанд ва тибқи он бояд мутахассисони соҳаи техника бо ҳам муттаҳид гардида, дар саноат мақомҳои калидиро соҳиб шаванд ва тамоми ҷомеаро оқилона идора намоянд. Ин ақидаҳои Вебленро иқтисоддон ва сотсиологи амрикоӣ, институтсионалист А. Берл (1895-1971), ки идеологи назарияҳои «инқилоби корпоративӣ» ва «инқилоби идоракунандагон» мебошад, дастгирӣ намуда, ҳамчун муҳофизатгари корпоратсияҳои бузург баромад намуд. Берл чунин меҳисобид, ки корпоратсияҳои бузург бо сабаби он, ки имконияти номаҳдуди такмили истеҳсолот ва татбиқи пешрафти техникиро доранд, «унсурҳои инқилобии ҷомеаи муосир» буда, сохтори давлатдории амрикоиро ба «сармоядории халқӣ» мубаддал кардаанд. Дар баробари ин, иқтисодшиноси норвеягӣ, дорандаи Ҷоизаи нобелӣ дар соли 1969 (барои «ташкил ва истифодаи меоделҳои динамикии таҳлили равандҳои иқтисодӣ») А. Фриш (1895-1973), ки аз ҷониби Ҷамъияти эконометрӣ ҳамасола ибтидо аз соли 1978 медали бо номи ӯ дода мешавад ва дигар олимон ақидаи  Вебленро дастгирӣ намуданд.

Солҳои 60-70-уми асри гузашта ақидаҳои технократиро яке аз иқтисоддонони намояндаи назарияи иқтисодӣ-либералии амрикоӣ Ҷ.К. Гэлбрейт (1908 – 2006) идома додааст. Ба ҳайси мафҳуми асосии консепсияи Гэлбрейт истилоҳи «техноструктура» («сохтори техникӣ») хизмат мекунад. Ин мафҳум барои ифодаи низоми мартаботии мутахассисони техникӣ ва одамоне, ки донишҳои техникӣ доранд, истифода бурда мешавад. Ақидаҳои технократӣ инчунин ба ҳайси пояи консепсияҳои «ҷомеаи технотронӣ», «ҷомеаи пасосаноатӣ», «ҷомеаи иттилоотӣ» хизмат намуда, дар ин консепсияҳо дигаргуниҳои муҳим дар ташкил ва идоракунии ҷомеа ва истеҳсолоти муосир инъикос ёфтаанд.

Бояд тазаккур дод, ки солиёни дароз ояндабиниҳои техникӣ воқеъбинона ва хушбинона ба назар мерасиданд. Аз ҷумла, дар нимаи дуюми асри ХХ инсоният ба дастовардҳои бузурги илмӣ-техникӣ ноил гардида, бо ин роҳ маҳсулнокии меҳнат боло рафт ва сатҳи зиндагии мардум хеле беҳтар гардид. Аммо ҳамзамон, рушди бемеҳдуди техника ба тезутундшавии як қатор мушкилот овард, ки инсониятро ба фалокати умумиҷаҳонӣ наздик сохтанд. Ҳамаи ин дарку тасаввури хушбинонаи натиҷаҳои пешрафти илмӣ-техникиро каме поён бурд.

Имрӯзҳо низ барои фалсафаи техника масъалаҳои технократия муҳим арзёбӣ карда мешаванд. Мунаққидони технократия эътимод доранд, ки фалсафа бо истифода аз абзорҳои бунёдии сотсиологӣ, ахлоқӣ, муқаррарот ва тафсирҳои фалсафӣ-ҳуқуқии худ метавонад ҷомеаро эътиқодманди он созад, ки дурнамои технократии пешрафт қобили қабул нест. Аммо дар ҷомеае, ки ба «тамаддуни техникӣ» асос ёфтааст, инсон на танҳо худ созандаи ҷаҳон маҳсуб аст, балки ҳамчун объекти созандагӣ низ баромад мекунад. Аз ин рӯ фалсафаи техника бештар ба баҳогузории нақши зиёиёни техникӣ дар рушди техника ва идоракунии он таваҷҷуҳ мекунад.

Чӣ тавре, ки маълум аст, фаъолияти илмӣ ва техникӣ ҳамеша фаъолияти эътидолию бетарафона будааст. Аз ин рӯ дар ибтидо масъала оид ба масъулияти олим ё муҳандис чандон муҳим набуд. Вале дар даврони муосир мавзӯи масъулияти олиму муҳандис яке аз масъалаҳои марказии фалсафаи техника ба шумор меравад, зеро бе масъулияти илмию ахлоқии олиму муҳандис, риояи андоза аз ҷониби онҳо дар муносибат бо техника ва муҳити атроф паёмадҳои нохуши рушди техникию технологиро пешгирӣ намудан ғайриимкон мебошад.

Дар анҷом бояд таъкид намуд, ки ташаккул ва рушди тафаккури техникии инсон низ яке аз мавзӯъҳои асосии фалсафаи техника ба ҳисоб меравад. Чунонки маълум аст, тафаккури техникӣ ба донишҳои илмӣ ва ба донишҳои мантиқан ва бо тарзи ратсионалӣ (ақлонӣ) бадастомада такя мекунад. Ин мафҳумро бори аввал ба илм муҳандиси рус П.К. Энгелмейер дар асари худ «Фалсафаи  техника» ворид сохта, ду махсусияти онро таъкид доштааст: тафаккури техникӣ шакли фаъоли инъикоси воқеият дар шуури инсон буда, ба маърифати ҳадафнок, бавосита ва умумии воқеият нигаронида шудааст, он робита ва муносибатҳои моҳиятии ашё ва зуҳуротро фаро гирифта, аз бунёди эҷодкоронаи идеяҳои нав ва пешбинии ҳодисаҳо ва фаъолиятҳо иборат аст; тафаккури техникӣ амали мантиқиест, ки ба таҳия, эҷод ва истифодаи воситаҳои техникӣ ва равандҳои технологӣ нигаронида шуда, ҳадафи он маърифат ва дигаргунсозии табиат ва ҷомеа мебошад.

Тафаккури техникӣ навъҳои назариявӣ ва амалӣ дошта, аввалӣ ба кашфи қонунҳо ва маърифати моҳияти объектҳо нигаронида шудааст, дуюмӣ бошад, татбиқи ин кашфиёту донишҳоро дар амалия фаро мегирад. Дар баробари ин, барои тафаккури техникӣ ҷустуҷӯ кардан аз муҳимтарин амалҳо буда, он ҳамеша пайдо кардани воситаҳои муносибтарини таҳаввули модда, энергия ва иттилоотро ба маҳсулоти ба инсон зарурӣ тақозо дорад.

Дар фалсафаи техника чунин ҳисобида мешавад, ки тафаккури техникӣ, ки ҷузви тафаккури илмӣ аст, бевосита ба ҳаёти моддии одамон дахл дорад. Аз ин рӯ, рушди ин навъи тафаккур барои инсон аҳаммияти аввалиндараҷаро соҳиб мебошад. Маҳз бо ҳамин сабаб дар баробари додани донишҳои илмӣ ба рушди тафаккури техникии инсон низ бояд таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад. Барои ин дар фалсафаи техника ду роҳи асосӣ пешниҳод карда мешавад: 1) азхудкунии илмҳои табиию риёзӣ, аз қабили табиатшиносӣ, математика, физика, биология, химия, информатика, технология ва ғайра; 2) рушди бевоситаи тафаккури техникӣ тавассути тарбияи малакаҳои эҷодкорӣ, мунтазам ҳал намудани масъалаҳои мантиқӣ ва муаммоҳои мантиқӣ-техникӣ, таҳияи нақша ва графикаҳо, иҷрои лоиҳаҳои эҷодӣ, мушоҳида ва дарки ашё, ҳодиса, зуҳуроти гуногун ва тарзи кори механизмҳои мухталиф, таҳияи модел, механизм ва конструктсияҳои соддатарин, ҳалли масъалаҳои конструкторӣ ва техникию технологӣ ва ғайра.

Дар маҷмӯъ, фалсафаи техника ҳамчун илми фалсафӣ тарзи тафаккур ва донишҳои техникӣ, эволютсияи техника, нақш ва таъсири онро ҳамчун омили рушди ҷомеаи инсонӣ таҳқиқ намуда, асосҳои таҳқиқи фалсафии техника ба фаҳмиши моҳият ва аҳаммияти он аз нигоҳи гуманитарӣ мусодиат менамоянд.

Зиёӣ Хуршед Махшулзода
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед