Имрӯзҳо донишмандону табибони тамоми кишварҳои олам пайи дарёфти ваксина ва давои бемории фарогирии коронавирус (Covid-19) майна об мекунанд, вале ҳанӯз то ҷое мебояд, муваффақ нашудаанд ва ин беморӣ ҳамоно бо суръати баланд дар саросари олам доман паҳн мекунад. Дар чунин шароит, ба назари мо, ҳатто хурдтарин ихтироъ ва кашфи ночиз ҷиҳати пешгирии паҳншавии ин бемории марговар низ метавонад муҷиби таҳсину офарин ва нидои шодии «Эврика!» бошад.

Аз замони мактабхонӣ медонем, ки калимаи «Э́врика!» (юнонӣ. εὕρηκα ва ё ηὕρηκα, яъне: «ёфтам!») бори аввал аз забони Архимед, бузургтарин риёзидон, физик ва муҳандиси Юнони Қадим ва шояд тамоми дунёи антиқа садо додааст. Аз забони касе, ки дар қарни 3-юми пеш аз милод, яъне беш аз ду ҳазор сол пеш зиндагӣ ба сар бурдааст! Вале ин калима то имрӯз барои мо маълум аст ва вақти дарёфтани ҳалли ин ё он масъалаи душвор беихтиёр ба хотир ва ба забон меояд. Архимед дар Сиракуз, ки яке аз мустамликаҳои юнониён дар ҷазираи Ситсилия ба шумор мерафт, зиста ва дар Искандарияи Миср, яке аз марказҳои бузурги илмии он замон дониш андӯхтааст.

Бино ба шаҳодати «Донишномаи озод» (Википедиа), дар он солҳо Ҷумҳурии Рим, ки хеле пурқудрат гашта буд, ба забт намудани шаҳрҳо ва кишварҳо пардохт ва ба Сиракуз расид. Ривоят мекунанд, ки рӯзе Архимед, дар ҳоле, ки вай болои нақшаҳои ҳандасавии дар рӯйи рег кашидааш хам шуда будааст, ҷониби як сарбози римӣ, ки мехостааст ин нақшаҳоро вайрон кунад, фарёд задааст: «Доираҳои маро вайрон накун!». Ва сарбози истилогар ӯро бо шамшер ба қатл расонидааст.

Бисёре аз кашфиёти Архимед то имрӯз аҳаммияти худро гум накардаанд ва ҳамзамонони моро аз истеъдоди ин нобиғаи ду ҳазори дусад сол пеш зиста ба ваҷд меоранд. Аз ҷумла, ӯ формулаи ҳисоб кардани суммаи қатори беохири геометриро медонист ва муайян намуд, ки кура, силиндри дар атрофи он кашидашуда ва конус баландии якхела дошта, дорои ҳаҷмҳои бо нисбати 2:3:1 ифодашаванда мебошанд. Ӯ аввалин шуда, масоҳати эллипсро ҳисоб кардааст, аввалин шуда ҳаҷми пароболоиди  чархзананда, эллипсоид ва ҳиперболоидро ёфтааст, дар муайян сохтани қимати адади Лудолф ва ё «пи» саҳми арзанда гузоштааст. Дар илми ҳандаса бошад, Архимед бори аввал мафҳумҳои «маркази вазнинӣ» ва «хатти вазн»-ро ҷорӣ намудааст. Чунин аксиомаҳоро, ки ҳоло барои ҳар як хонандаи мактаб маълуманд, ба мисли «хатти рост кӯтоҳтарин пайвасти ду нақта аст» ва « ҳар як пор чаро аз миқдори муайяни пор чаҳои кутоҳтар сохтан мумкин аст», маҳз Архимед кашф кардааст, ки онҳо минбаъд дар рушди ҳандаса (геометрия – қисмате аз илми ҳисоб ё математика) нақши бориз бозидаанд.

Ва ниҳоят, дар бораи кашфиёти машҳуртарини Архимед, яъне кашфи қонуни ҳидростатӣ («Ҳама гуна ҷисм, вақте дохили моеъ мешавад, баробари обе, ки мерезад, вазни худро гум мекунад»). Ба ин кашфиёт донишманди юнонӣ ба шарофати дӯстии худ бо шоҳи Сиракуз Ҳиерони II ноил гардидааст. Шоҳ мехост муаяйн созад, ки оё тоҷе, ки ба тозагӣ барояш сохта буданд, тибқи фаромоишаш воқеан ҳам аз тиллои холис иборат аст ё заргар ба он дигар металлҳои арзонбаҳоро омехтааст. Ба ҳамин хотир аз Архимед хоҳиш намуд, ки тоҷро аз тафтиш гузаронад бидуни он ки ба он осебе бирасонад. Архимед пайи ҳалли ин муаммо чанд рӯз банди андеша гардид: сохти тоҷ мураккаб ва ба ин сабаб ҳисоб кардани ҳаҷми он аз имкон берун буд. Рӯзе ӯ барои оббозӣ вориди ҳаммом шуд ва ба ташти пуроб (ванна) даромад ва мушоҳида кард, ки чӣ гуна як миқдор об аз канори ташт мешорад. Архимед дарҳол пайхас кард, ки миқдори оби шорида рафта айнан ба ҳаҷми бадани ӯ баробар аст. Ӯ аз ташт ҷаҳида бархест ва тани бараҳна берун рафта, «Эврика, эврика!», гӯён дар кӯчаҳои Сиракуз битохт.

Ба туфайли кашфи ин қонуни физикӣ ӯ муқаррар намуд, ки тоҷи Ҳиерон асосан аз металли одӣ сохта шуда, ба он як миқдори ночизи тилло танҳо рӯкаш карда шудааст. Ва заргари қаллоб ба ҷазои сахттарин – қатл маҳкум мешавад.

Бино ба як ривояти дигар, он сарбози римӣ, ки баъдтар худи Архимедро ба қатл мерасонад, гӯё аслан римӣ не, балки аз худи Сиракуз ва яке аз хешовандони ҳамон заргари бадбахт будааст…

Ҳоло бармегардем ба сари ду кашфиёти тозаи олимони Академияи миллии Тоҷикистон, ки ба наздикӣ АМИТ «Ховар» дар бораашон хабар дод.

Аввалан, аз ҷониби Академия сохта шудани таҷҳизоти махсус барои истеҳсоли гипохлорити натрийи табиӣ, ки қаблан ба Тоҷикистон аз хориҷи мамлакат ворид карда мешуд. Се дистиллятор ба ҳам васл карда шудаанд ва обро тоза менамоянд, сипас ба он об намак ҳамроҳ карда мешавад. Барои истеҳсоли 1 тонна гипохлорити натрий 50 килограмм намак лозим будааст… Ҳоло ин таҷҳизот дар як шабонарӯз то 4 тонна гипохлорити натрий истеҳсол мекунад, ки он барои безаҳрсозии қабати беруна, шустушӯи даст, ҳолати беҳдоштию санитарии манзилҳои истиқоматӣ, ҷойҳои корӣ ва ҷамъиятӣ истифода бурда мешавад.

Сониян, аз ҷониби ин ниҳод сохта шудани таҷҳизоти дигар ва тавассути он ба роҳ мондани истеҳсоли нанозарраҳои нуқра, ки хусусияти муҳофизаткунанда дошта, бактерияҳо, вирусҳо, замбурӯғҳо ва дигар флораи патогенӣ ва зарароварро несту нобуд мекунад.

Албатта, ҳардуи ин ихтироъ кашфиёти нав нестанд, дар кишварҳои дигар низ дастгоҳҳои истеҳсоли гипохлорити натрий сохтаанд ки дар бозори ҷаҳонӣ ҳоло нархашон то 20 ҳазор доллар расидааст ва тавре худи Президенти АМИ Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ гуфтааст, хосиятҳои зиддимикробӣ, зиддибактериявӣ ва зиддивирусии оби нуқра низ аз замонҳои қадим маълум аст. Вале ҳардуи ин ихтирои хурд ҳам кашфиётанд! Махсусан, дар рӯзҳои мо, ки тамоми кишварҳои олам барои пешгирӣ ва нест кардани коронавирус, ин вабои аср, ҷаҳду талош доранд, кашфи як маҳлули одӣ, як васлаи кӯчак ҳам кори бузург аст.

Вале, мутаассифона, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷойи изҳори шодию сипос ва ифтихору қаноатмандии ҳамватанонамон дар нисбати ин кашфиётҳои олимони тоҷик баръакс садои хандаи ихтилоҷӣ ё тамасхуромези иддае аз онҳо ба маънии «олимони тоҷик куҷою пешгирии коронавирус куҷо!» ба гӯш расид. Шояд онҳо хабар надоранд, ки халқи тоҷик аз қадим ба илму дониш пайванду эҳтироми хос дошт ва дар тӯли таърих нобиғаҳое ба мисли Сино, Форобӣ, Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигарон ба дунё овардааст, ки дар рушду тараққиёти ҷаҳон саҳми бузург гузоштаанд.

Барои чӣ мо дар ин робита дар оғоз аз Архимед ёдовар шудем?

Қабл аз ҳама барои он ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ солҳои 2020–2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ” эълон намуданд, зеро имрӯз, дар даврони  пешрафти бесобиқа, бемайлон ва босуръати илму техника ва технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ, маҳз омӯзиш ва рушди ин гуна фанҳо Тоҷикистонро метавонад ба сатҳи нави тараққиёт барорад. Беваҷҳ нест, ки ба ин масъала дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.

Бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат Ҳукумати мамлакат маҳз дар доираи ҳамин Стратегия ва Бистсола эълоншуда саноатикунонии (индустрикунониӣ) босуръати иқтисодиётро ҳадафи чоруми худ қарор додааст, ки татбиқи он бидуни кашфиёти наву муосир дар соҳаҳои техника, технология, физика, математика, геометрия, география, химия, биология, тиб ва ғайра ва истифодаи босамар аз ин кашфиёт ғайри имкон аст. Чуноне Пешвои миллат дар мулоқоти анъанавии худ бо намояндагони илму маорифи кишвар 18 марти ҳамин сол иброз доштанд: «Дар ин раванд мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем».

Дар омади гап, давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаи олам, аз қабили ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Ҷопон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон ва ғайра маҳз ба туфайли истифода аз дастовардҳои пешқадами илму техника ба муваффақиятҳои беназир ноил мушарраф шудаанд.

Ва аз даврони Архимед то рӯзҳои мо чунин буду ҳаст. Маҳз риёзидонҳо ва физикҳои машҳур Архимед, Нютон, Галилей, ҳисобшиносони барҷаста Декарт, Пифагор, Евклид, Ал-Хоразмӣ, ҷуғрофияшиносони номвар Ҳеродот, Страбон, Марко Поло, физиологҳо Павлов, Бехтерев, донишмандони тиб Сино, Ҳиппократ ва Ҳален, кимёшиносон Авогадро Амедео, Дмитрий Менделеев, биологҳо Чарлз Дарвин, Иван Павлов ва Вилям Гарвей, геодезист Досифей, ситорашиносони маъруф Конон Самосский, Ал Берунӣ, Умар Хайём, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва даҳҳо нафар олимони боистеъдоди дигар бо кашфиёти нодири худ сабаби пешрафтҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти инсоният гардидаанд.

Нахустин насоси обкашро ҳам Архимед ихтироъ кардааст, ки то имрӯз сохти он дар истеҳсоли таҷҳизоти обкашонӣ ва обтозакунӣ дар шаҳру деҳот, аз ҷумла дар соҳаи обу корез ва системаи обёрикунии ҷаҳон истифода бурда мешавад.

Агар олими шотландӣ Александр Флеминг аввалин доруи зидди бактерияву вирусҳо (антибиотик)–пенитсиллинро кашф намекард, миллионҳо одамон то имрӯз аз захми рӯда, маддаҳои фасоднок (абстсессҳо), бемориҳои гузаранда ва ғайра талаф меёфтанд.

Агар физики немис Вилгелм Рентген соли 1895 ба ногоҳ нурҳои рентгениро намедид, ҳоло дар тибби муосир рентген вуҷуд надошт.

Агар табиби англис Вилям Харви соли 1628 системаи гардиши хунро пайдо намекард, имрӯз дар беморхонаҳо дараҷаи фишори хуни инсонро муайян сохта наметавонистанд.

Агар химики швейтсарӣ Фридрих Майшер намешуд, имрӯз табибони мо ДНК (кислотаи иборат аз молекула ва сафедаҳо, ки барои ҳифз ва аз насл ба насл гузаштани системаи генетикӣ хизмат мекунад)-ро муаяйн карда наметавонистанд.

Агар ҷарроҳи амрикоӣ Ҳенри Бигелоу аввалин бор барои бедардгардонӣ эфир ва хлороформро истифода намекард, ҳоло анестезияи ҳозира набуд ва ҳама гунна ҷарроҳиҳо бидуни наркос гузаронида мешуданд.

Соатҳои механикии швейтсариро, ки дар даст мебандем, соли 723-и милодӣ ҳисобшиноси чинӣ Ай Ксинг ихтироъ кардааст. Қоғазу қаламу ранг, телефону телевизору радио… хуллас, ҳама ашёву асбобе, ки дар зиндагӣ истифода мебарем, ихтирои олимон аст.

Агар соли 1664 аз қазо ба сари Исҳақ Нютон аз дарахт себ намеафтид ва ин донишманди англис ба ин минвол қонуни гравитатсиро кашф намекард, ҳоло ҳеҷ кас фаҳмида наметавонист, ки чаро ашёҳо ба замин меафтанд ва чаро сайёраҳо дар атрофи Офтоб давр мезананд.

Агар олими франсавӣ Луи Пастер соли 1860 пастеризатсияро (коркарди техникии маҳсулот ҷиҳати бартарафсозии моддаҳои зарарнок дар онҳо) кашф наменамуд, ҳоло мо ҳар рӯз аз шири оддӣ заҳролуд мешудем.

Агар Томас Сэйвери ва Ҷеймс Ватт дар замони худ муҳаррики бо буғ коркунандаро ихтироъ намекарданд, мошину паровозҳо ва умуман, соҳаи саноат, ба вуҷуд намеомад.

Агар олимон нахустин сипори пӯлодинро ихтироъ намекарданд, техникаи имрӯзаи шудгоркунандаро дар соҳаи кишварзӣ тасаввур карда ҳам намешуд.

Агар муҳандиси амрикоӣ Виллис Карриер соли 1902 аввалин кондитсионери барқиро намесохт, одамон дар тамузи тобистон дар хонаҳои тафсон зери обу арақ кору зпндагӣ мекарданд.

Худи барқ чӣ? Агар аввалин генератори сохтаи Майкл Фарадейи англис намешуд, неругоҳҳои барқӣ сохта намешуданд, ба ном « чароғи иличӣ» ҳам ба вуҷуд намеомад ва имрӯз сокинони сайёра дар равшании «чароғи бобоӣ» (ё пилтачароғ) ба сар мебурданд. Агар Алберт Эйнштейн назарияи нисбиятро ба вуҷуд намеовард, умуман, илми ҷаҳонӣ то ҳадде, ки имрӯз ҳаст, инкишоф намеёфт.

Маҳз бо дар назардошти ҳамин Сарвари давлат Бистсоли омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (яъне фанҳои астрономия, математика, физика, химия, биология, зоология, география, геометрия, геология, информатика ва фанҳои техникӣ, аз қабили кайҳоншиносӣ, мошинсозӣ, алоқаи барқӣ, радиоэлектроника, энергетикаи ядроӣ ва ғайра) эълон намуданд ва ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон дастур доданд, ки аз рӯйи фанҳои мазкур ҳар сол озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро бо зиёд кардани ҷойҳои ифтихорӣ ва аз лиҳози молиявӣ ҳавасманд гардонидани ғолибон ба роҳ монда, дар асоси талаботи нав ва бо мақсади мутобиқ сохтан ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин, баланд бардоштани сифати таълим стандартҳои давлатӣ ва нақшаву барномаҳои таълимиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар намояд.

Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба рушди илму маърифат таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд, аввалин мулоқоташон дар соли 1993 маҳз бо аҳли илму маърифат ба вуқӯъ афтодааст ва дар мулоқоти имсолаашон низ асосан намояндагони илму маориф (маориф бо илм пайванди ногусастанӣ дорад ва бидуни илм вуҷуд дошта наметавонад!) ширкат варзиданд. Ва ин бесабаб нест. Илм муҳаррики асосии рушду тараққиёт аст. Беҳуда Суқрот нафармудааст: «Дар дунё фақат як Худо вуҷуд дорад, ки номаш дониш аст ва танҳо як Иблис мавҷуд аст, ки ҷаҳолат ном дорад».

Бинобар ин, Бистсолаи номбурда ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба ин мавзуъ масъулияти на танҳо донишмандону муҳаққиқон, балки аҳли ҷомеаро бояд даҳчанд гардонанд. Донишмандон вазифадоранд, ки бо шавқу ғайрати даҳчанд аз пайи таълиму тарбияи насли наврас ва омӯзишу пажӯҳиш шаванд, зеро илм дар як ҷо намеистад ва бояд ҳамеша дар ҳаракат ва рушду такомул бошад вале дигарон низ дар ин кори хайр наметавонанд дар канор бошанд. Дигарон, яъне мо ҳама – шогирдон, устодон, мутахассисон, коршиносон, ҳуқуқшиносон, иқтисоддонҳо, адибону рӯзноманигорон, намояндагони касбу кори гуногун, хуллас, кулли ҷомеа бояд аз Пешвои миллатамон ибрат гирем ва олимонамонро бо сухани хуш ва амали хайр кумаку дастгирӣ намоем, барои фаъолияти пурмаҳсулашон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам биоварем, бо фикру андешаи ҷолиб (идея) ба онҳо илҳом бубахшем, барояшон арҷ гузорем ва дарк намоем, ки ҳар як кашфиёт, ҳатто кашфиёти хурдтарин дар бадали афкору мубоҳисаҳои зиёд, шабҳои бехобӣ ва кору заҳмати пурмашаққат ба даст меояд.

Ва агар донишмандони мо дар баробари кашфиёту навоварии худ чун Архимед  ба кӯчаю бозор баромада, ба чор тараф ҷор намезананд, месазад, ки мо сипосгузорона ва ифтихормандона «Эврика!» гӯем, ба онҳо ҳамду сано хонем, онҳоро ба ихтироот ва кашфиётҳои нав ба нав ҳидоят ва рӯҳбаланд намоем. Фаромӯш насозем, ки ба олимон низ, чун ба шоирон, илҳоми эҷодӣ лозим аст.

Валиҷон ОЛИМЗОДА,

муовини сардори Раёсати

таъминоти иттилоотии

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед