Аз таърихи сиёсии кишвар маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлолият, ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар шароити басо ҳасос вакилони мардумӣ дар мақоми олии намояндагонии мамлакат, 16 – ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии мамлкат, даъвати дувоздаҳумро баргузор намуда роҳбари ҷавону дилсӯз ва раҳнамову сулҳҷӯ Эмомалии Раҳмонро интихоб намуданд. Баробари интихоб шуданаш ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии мамлакат савганд ёд намуда гуфта буданд, ки “Ман ба шумо сулҳ меорам”.  Баробари бар души худ вазифаи масълиятнокро гирифтани, Пешвои миллат Тоҷикистони тозаистиқлол дар арсаи байналмиллалӣ ҷойгаҳи намоёнро касб намуд. Яке аз муҳимтарин дастовард, ин аз вартаи ҷанги хунини бародаркуш наҷот бахшидани миллати куҳанбунёди тоҷик буд. Пешвои Миллат баробари бар души худ гирифтани масъулияти роҳбарии кишвар роҳи сулҳу якдигарфаҳмӣ ва ҳамдилию муттаҳидиро пеша намуда, бозгашти гурезагон, оташбаси саросарӣ, ободсозии харобаҳои ҷанг ва дигар корҳои ҳаётан муҳимро оғоз намуданд. Пешвои миллат 29 сентябри соли 1993 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нияти нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати милливу ягонаги ва таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон шинохт намуданд. Акнун замони он расида буд, ки мардум бо Пешвои интихоб кардаи худ бо нигоҳи нав ва дидаи умед бо ояндаи дурахшон хеш сарнавишти навини худро бисозанд. Хисороти ҷанги хунин миллионҳо долларо ташкил дода беш аз садҳо ҳазор ҷони мардумро рабуда беш аз миллионҳо шаҳрвандонро гурезаву саргардон намуда ва кишваро ба вартаи нестӣ овард.  Маҳз Пешвои миллат бо сиёсати сулҳофару созандаи хеш сиёсати дарҳои кушодаро пеш гирифтанд, ки баъди эълони чунин тасмим дар самти муносибатҳои байналмиллалии Тоҷикистон такони ҷиддие ба амал омад. Дар ин самти муҳим бо ташаббусу дастгирӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат корҳои арзанда ба анҷом расида, дар баланд бардоштани иқтидори кишвар ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои зиёд рӯи кор овардаанд.

Дигар дастоварди ҳаётан муҳим барои миллати тоҷикон бо талошу заҳмат ва ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат, ки дар таърихи навини халқи тоҷик бо ҳуруфҳои зарин сабт шудааст, ин 27 июни соли 1997 имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад. Баъд аз имзо гардидани созишномаи таърихии миллати тоҷик, мардуми куҳанбунёд роҳи бунёдкорӣ ва ободониро пеша карда, бо муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои худ ба сӯи пирӯзиҳо роҳ пайвастанд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳон таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро мунтазам омӯхта, барои давлатҳо чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалии Раҳмон дар Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза, ки аз 29 август то 1 сентябри соли 2003 баргузор гардида буд ғояи эълон кардани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” пешниҳод намуданд. 23 декабри соли 2003 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул намуда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмиллали амал “Об барои ҳаёт” эълон намуд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид  гузоришеро дар бораи натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 интишор кард. Дар таърихи СММ Даҳсолаи мазкурро бо назардошти пешравиҳое, ки дар ҷараёни он ба даст омадаанд, бо ягон даҳсолаи дигар наметавон қиёс кард”.

Бо ташаббуси Пешвои миллат  29 октябри соли 2016 сохтмони иншооти бузурги аср, бунёди НБО-и Роғун оғоз гардид. Пешвои миллат таъкид карданд, ки НБО-и Роғун яке аз иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таъмини зиндагии сазовор ва барои наслҳои имрӯзу фардои миллат хизмат хоҳад кард. Ҳамчунин, дар муроҷиатномаи Пешвои миллат омадааст, ки “Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт”. Баъди заҳматҳои тӯлони, аввалин агрегати неругоҳи барқи обии Роғун ва баъди чанд мудаде агрегати дуюм низ ба кор даромад. Ба  истифода додани  якумин агрегати неругоҳи барқи обии Роғун шаҳодат аз он буд, ки давлату ҳукумат бо сарварии Пешвои ғамхору хирадманди худ пайваста баҳри ободӣ ва гулгулшукуфоии ин марзу бум заҳматҳо хоҳанд кашид ва давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон қарор хоҳанд дод.

Ҳамин тавр, Тоҷикистони азизи мо дар давоми соҳибистиқлолии худ ва бо раҳнамоии Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид. Махсусан ҷонисории Пешвои миллат баҳри халқу ватани азизи худ буд, ки миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дар ҷомеаи ҷаҳон шинохтанд.

 

Муродов Муҳаммад,
Мутахассиси Раёсати таҳлил
 ва ояндабинии сиёсати хориҷии
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед