Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар таърихи 20 сентябри соли равон баргузор гардид, барои кишварҳои сайёра ва кишвари мо таҳаввулоти муҳим ва басо рамзист.
Дар кори Иҷлосия Асосгузори сулху ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтаво суханронӣ намуданд. Сарвари муаззами миллат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои таҳдиду хатарҳои муосир, вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисодиёти кишварҳо, ташаккули иқтисоди сабз, рушди тавлиди «энергияи сабз», мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои глобалӣ баррасӣ ва пешниҳод намуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити муосир ташаккули “иқтисоди сабз” яке аз вазифаҳои мубрами инсоният шуморида шуда, дар ин раванд истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон метавонад барои рӯшду тавлиди «энергияи сабз» дар минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба хадафҳои рушди устувор, суръат бахшидан ба амалҳо, доир ба рӯзномаи 2030 талош дорад ва дар ин самт “Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030” қабул намуда, дигар барномаҳои давлатиро низ мавриди иҷро қарор додааст.
Як нуқтаи басо муҳим, ки бояд арзёбӣ намоем, Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат таҳияи “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» буд, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани самти нави рушди иқтисодӣ дар заминаи ташаккули саноати мошинсозӣ, истеҳсоли нақлиёти барқӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои зиёд намудани нақлиёти барқии истифодашаванда, васеъ намудани инфрасохтори нақлиёти барқӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист мебошад.
Мушкилот ва зарурати энергия имрӯз барои тамоми кишварҳои ҷаҳон яке аз падидаҳои актуалӣ ба ҳисоб рафта, бештари маъхазҳои анъанавӣ, аз қабили газ, нафт ва дигар неруҳои кимиёвӣ аҳаммияти худро аз даст дода истодаанд. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки дигаргуншавии бесобиқаи иқлим мушоҳида мешавад, барои пешгирии ин раванд аз энергияҳои барқароршавандаи табиӣ самаранок истифода барем.
Дар робита ба ин, тамоми кишварҳо кӯшиш карда истодаанд, ки рушди “энергияи сабз”-ро аз неруи барқароршаванда ба роҳ монанд, чунки аз як ҷониб, агар ба тағйирёбии бесобиқаи иқлим таъсири мусбат расонад, аз ҷониби дигар, барои саломатӣ ва зиндагии инсонҳо мусбат арзёбӣ мегардад. Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала дар Паёмашон таъкид мекунанд, ки “Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқӣ аз лиҳози экологӣ тоза буда, аз рӯйи нишондиҳандаҳо кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад”.
Ёдовар мешавем, ки вобаста ба иҷрои талаботи барномаи “Шаҳри сабз» Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 104 адад, троллейбуси бесим, якчанд автобуси барқӣ ва як троллейбуси барқии бидуни тамос харидорӣ намудаанд, ки имрӯз дар пойтахти мамлакат ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон бештар истеҳсол мекунад. Аз ин рӯ, истифодаи наклиёти барқӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқи максад ва самараноку саривақтӣ мебошад. Махсусан, дар замони болоравии арзиши сузишворӣ, ки дар солҳои охир таъсири манфии худро ба иқтисодиёти кишвар боқӣ гузоштааст, истифодаи электромобилҳо на танҳо аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар, балки аз назари экологӣ низ хеле муфид буда, вобастагии кишварро аз як қатор маҳсулоти воридотӣ коҳиш хоҳад дод. Зикр намудан бо маврид аст, ки дар кишвари Норвегия 80 дарсади мошинҳои нав бо барқ ҳаракат мекунанд.
Бунёди пойгоҳҳои барқӣ дар қаламрави кишварҳое, ки аҳолиашон аз 5,5 миллион нафар зиёд аст, оғоз гардидааст. Мамлакатҳои Скандинавия аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин самт бештар аз даҳ сол пеш рушд кардаанд. ИМА низ ҳадаф гузоштааст, ки то соли 2030 фурӯши мошинҳои барқиро ба 50 дарсад расонад. Норвегия ин тасмимро дар соли 2019 амалӣ кард.Гузашта аз ин, мақомоти Осло тасмим гирифтааст, ки партобҳои дуоксиди нитрогенро дар соли 2030 ба сифр расонад. Тамоми нақлиёти шаҳр аллакай ба қувваи барқ гузаронида шудааст. Ҳоло ҳукуматдорони шаҳр бинокоронро таҳти назорати худ гирифтанд, чун ташкилотҳои бинокорӣ 25 дарсади гази карбонро ба атмосфера мебароранд. Аз ин рӯ, мақомот ба онҳое, ки аз техникаи сохтмонӣ, неруи барқ ё сӯзишвории биологӣ истифода мебаранд, ба таври афзалиятнок иҷозатнома медиҳад.
Кишвари мо 98 дарсад неруи барқро аз манбаи барқароршаванда, яъне гидроэнергетика истеҳсол мекунад. Аз рӯйи ин нишондиҳанда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорад.
Дар робита ба ин, дар баробари фаъолияти дигар фондҳое, ки доир ба пешрафти ин ё он соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷамъиятӣ равона гардидаанд, Фонди Иқлими Сабз (GCF) низ созмони нави ҷаҳонӣ мебошад, ки аз ҷониби Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим барои дастгирии талошҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, дар мубориза бо пешгирии хатарҳои экологӣ таъсис дода шудааст.
Бунёди фонди мазкур мусоидат намудан ба тағирёбии бесобиқаи иқлим, коҳиш додани паёмадҳои тағйирёбии иқлим, тақвият бахшидани “энергияи сабз” ва паст кардани газҳои гармхонавӣ равона гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки захираҳои Фонди Иқлими Сабз (GCF) бо мурури замон, дар байни кам кардани таъсир ва мутобиқшавӣ дар байни кишварҳои минтақа баробар тақсим карда мешаванд. Ҳадди ақал нисфи маблағгузории мутобиқшавӣ ба кишварҳои сусттараққикарда, давлатҳои хурди дар ҳоли рушд ва кишварҳои Африқо ҷудо гардидааст.
Дар робита ба ин, 24 июни соли 2021 – Бонки Ҷаҳонӣ, ки ба ҳайси агентии шарик аз ҷониби Хазинаи Иқлими Сабз (GCF) аккредитатсия шудааст, маблағгузории иловагӣ, барои Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани таъсири он, дар ҳавзаи баҳри Арал 19 миллион доллар ҷудо гардидааст. Ин аввалин лоиҳа дар Осиёи Марказӣ аст, ки аз ҷониби хазинаи мазкур барои рушди “энергияи сабз” маблағгузорӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Фонди байналмилалии наҷоти Арал (IFAS), Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.Маблағгузории иловагӣ барои татбиқи як қатор тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани таъсири онҳо дар байни аҳолии осебпазиртарини деҳоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон истифода мешавад. Бинобар ин, бо ин мақсадҳо лоиҳа барои татбиқи зерлоиҳаҳо доир ба ҷорӣ намудани зироатҳои ба иқлим тобовар, идоракунии самараноки об, барқарорсозии заминҳои харобшуда, истифодаи фаъолонаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва барои таъмини устуворӣ ва баланд бардоштани масъулияти онҳо бурсияҳо (грантҳо) пешбинӣ менамояд.
То имрӯз Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон 150 лоиҳаро дар ҳаҷми зиёда аз 850 миллион доллари америкоӣ маблағгузорӣ кардааст, ки амалисозии ин лоиҳаҳо дар рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар нақши назаррас дорад.
Аз ҷумла Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағҳои навро барои беҳтар намудани дастрасӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва технологияҳои сабз барои корхонаҳо ва хонаводаҳо дар Тоҷикистон ҷудо менамояд. Марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа бо 25 млн. доллар ба анҷом расида, марҳалаи дуввум бо 50 млн доллари амрикоӣ оғоз гардид.
Барномаи маблағгузории “иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон қарзгирандагони манзилӣ ва тиҷоратиро барои сармоягузорӣ ба технологияҳои сабз ва инноватсионӣ дар истифодаи самаранокии об ва идоракунии устувори замин мусоидат ва ҳавасманд хоҳад намуд.
Дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҷалби бештари маблағҳо барои рушди бахши хусусӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ва инкишофи бозори молиявии мамлакат зарур дониста шуд.
Дар санаи 6 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Марк Боуманро, ки барои иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Дар рафти мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, изҳор доштанд, ки дар тӯли 30 соли робитаҳои Тоҷикистон бо Бонк ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ рушд ёфта, имрӯз дар сатҳи баланди шарикӣ қарор доранд.
Барои амалӣ намудани ҳадафҳои ин лоиҳа интизор меравад, ки то 205000 (ду саду панҷ ҳазор) нафарро дар ҳар ду кишвар фаро гирад, ки ҳадди ақал 40 дарсади онҳоро занон ташкил диҳанд. Ҳамчунин фаъолияти ин барнома аз моҳи августи соли 2016 ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим кумак мерасонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷониба омили муҳимми тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фонди Иқлими Сабзро яке аз ҳадафҳои бузурги иқтисоди сабз ва ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии мардум муҳим арзёбӣ намуданд.
Истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои фаровони гидроэнергетикаи кишвар метавонад барои рӯшди тавлиди «энергияи сабз», «шаҳри сабз» ва дар тамоми минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар назар дошта шудааст, ки ҷаласаи Шурои идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз дар соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад
Суфизода Хадича Боймурод,
мутахассиси пешбари Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон