Дарвоқеъ рушду тавсеаи равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон дар низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи бунёдгузори сиёсати хориҷии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои ба даст овардани Истиқлол то имрӯз аз муҳимтарин ва авлавиятноктарин самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Зеро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон бо дарки амиқи сиёсӣ таҳлил ва хулосагирӣ менамуданд, ки иҷрои вазифаҳои ниҳоят вазнин ва печидаи бунёд ва таҳкими давлатдории миллӣ ва ташаккули қудрати иқтисодии он бидуни ҳамкориҳои сиёсию иқтисодии фарогир бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон имконнопазир аст.

Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти сиёсати ҳамҷавории нек, риштаҳои анъанавии дӯстӣ, муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, эътимоди ҳамдигарӣ ва дарки умумияти ҳалли масъалаҳои мубрами миллию минтақавӣ, аз рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатии хеш муносибатҳоро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор дода, барои рушду тавсеаи ҳар чи бештари онҳо пайваста талош меварзиданд.

Илова бар ин, Пешвои миллат ҳамкории фарогири минтақавиро ҳамчун муҳимтарин василаи ҳалли масъалаҳои сиёсию амниятӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, экологӣ ва умуман таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори сулҳу субот, рушди устувори минтақа, ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи мардумони минтақа мебошанд.

Маҳз ҳамин талошҳо сабаб шуданд, ки имрӯз дар минтақаи мо фазои ҳамгироӣ ва дарки умумияти тақдиру сарнавишти давлатҳо ва мардумони онҳо торафт тавсеа ёфта, нақши Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсии муваффақ ва ботаҷриба дар пойдории субот, рушди ҳамкориҳо инчунин тавсеаи ҳамгироии созанда дар минтақа эътироф гардидааст.

Далели ин гуфтаҳо дар он зоҳир мегардад, ки 6 августи соли 2021 дар асоси Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба нахустин мукофоти олӣ – «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ сарфароз гардонида шуданд, ки аҳмияти хеле бузург дорад.

Қарори муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бораи ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор донистани ин мукофоти олӣ воқеан ҳам нишони арҷгузорӣ ва қадрдонӣ аз хидматҳои шоистаи ин сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талош меварзанд, арзёбӣ мегардад.

Шарафёбӣ ба ин мукофоти олӣ бори дигар эътибору нуфузи ин марди хирад, сиёсатмадори оқил, пешвои ваҳдатофарро дар арсаи байналмилалӣ тасдиқ намуда, эътирофи усули давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати эҳёгари Тоҷикистони навин ва мустақил, инчунин ташаббускори ибтикороти минтақавию ҷаҳонӣ мебошад.

Илова бар ин, қадршиносии мазкур бори дигар собит сохт, ки миллати тоҷик яке аз миллатҳои куҳанбунёд буда, дорои таърихи тӯлонии давлатдорӣ мебошад, ки таҷрибаи давлатдорӣ ва идории давлатии худро ба халқу миллатҳои дигари минтақа омӯзонида, пойдории моҳияти онро асрҳо нигоҳ доштааст.

Бояд қайд намуд, ки таъсири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъаллаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши муҳим ва калидӣ дошта, барои сулҳу субот ва рушди инкишофи минтақа ва ҷаҳон саҳми арзанда мегузорад.

Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми тамоми талошу фаъолиятҳои байналмилалӣ, ки ба решакан кардани зуҳуроти номатлуб нигаронида шудааст, фаъолона иштирок намуда, ба яке аз иштирокчиёни фаъоли ҷомеаи байналмилалии зиддитеррористӣ табдил ёфтааст.

Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо хатари ифротгароӣ ва терроризм буда, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои берун аз ҳудуди онро аз оқибатҳои фоҷиабори ин падида ҳифз менамояд.

Бо дарназардошти он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ таҷриба ва саҳми бузург дорад, кишвари мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ҳамчун давлати пешсаф ва ташаббускор дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Масалан, қатъи ҷанги таҳмилӣ ва овардани сулҳ ба Тоҷикистон худаш беҳтарин хизмат ба тамоми мардуми Осиёи Марказӣ аст, зеро ҷанги Тоҷикистон метавонист ба монанди ҷанги Сурия кишварҳои ҳамсояро низ ба оташи худ кашад.

Илова бар ин, вобаста ба нақши таъсиргузори Пешвои миллат муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои минтақа ва ҷаҳон яке аз собиқ президенти кишвари Осиёи Марказӣ гуфта буд, ки агар сари роҳи ифротгароиро дар минтақа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввали солҳои ба дастовардани истиқлолият пешгирӣ намекарданд, ҳоло тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ба як минтақаи бесубот табдил меёфт.

Ё инки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сол қабл яъне он солҳое ки перомуни буҳрони Афғонистон ва таҳдидҳои аз ин кишвар бароянда аз минбари СММ ва дигар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ суханронӣ мекарданд ва ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медоданд. Баъзе аз кишварҳо ин мушкилотро бо омилҳои гуногун дар аввал ҷидди қабул накарда, изҳор медоштанд, ки ин мушкилоти мо ва минтақаи мо набуда, мо дар минтақаи худ мушкили зиёд дорем. Онҳо мегуфтанд, ки худи Шумо ҳалли ин мушкилотро ёбед.

Ва вақте ки ин мушкилот кишварҳои онҳоро низ фаро гирифт баъдан ба таъхир ба дарки буҳрони Афғонистон ва таҳдидҳои аз ин кишвар бароянда оғоз намуданд, ки аллакай дер шуда буд. Баррасӣ ва пешгӯии масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар авлавияти рӯнзомаи кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, нақши таъсиргузор доранд.

Илова бар ин, бояд қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳристи шахсиятҳои варзидаи олам мақоми шоиста доранд. Чеҳраи сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Сарвари сиёсии муваффақ эътироф намуда, гуфтан мумкин аст, ки Президенти Тоҷикистон дар баробари хизматҳои шоён ба миллату давлати навини тоҷикон боз танзимгари ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ низ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки суханрониҳои Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамеша бо пешниҳоду ташаббусҳои асосноку созанда, пеш аз ҳама ба таъмини амният ва рушди муштараки устувор, таҳкими ҳамкорӣ ва робитаи байни давлатҳо, инчунин баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халкҳои минтақа равона гардидаанд.

Ташаббус ва пешниҳодҳои мубрами байналмилале, ки Тоҷикистон пешниҳод кардааст, бо дарназардошти вазифаҳои муштараки кишварҳои минтақа дар рафъи чолишҳо ва таҳдидҳои муосири бавуҷудомада буда, саривақтӣ ва воқеӣ мебошанд.

Ташаббуси дигари муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти обу иқлим ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки беш аз 60 дарсади манобеъи оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Вобаст ба ин, дар даврони истиқлол бо ибтикори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 10 қатънома дар бораи об қабул кард. Қатъномаҳои мазкур дар пешбурди масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳм гузошта, дар ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати ҳалли онҳо саҳми арзанда гузоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти обро барои истифода ва зиндагии муштараки давлатҳои минтақа дарк намуда, ба СММ ташаббуси наверо оид ба эълони “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” пешниҳод намуданд, ки якдилона қабул гардид.

Ин ташаббуси Президенти Тоҷикистон як платформаи беназир ва муҳимми ҳамкориҳои ҷаҳонӣ буда, метавонад дар таъмини амнияти иқлимӣ дар тамоми сайёра саҳми арзанда гузорад.

1 сентябри соли 2023 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи «Пайгирии натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба фарогирии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», 2018-2028»-ро бо иттифоқи оро қабул намуд.

Бояд ёддовар шуд, ки бори нахуст ин ташаббус аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат зимни Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид (22-24 марти 2023 дар Ню-Йорк) садо дода буд.

Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати соли 2028 дар Тоҷикистон баргузор намудани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба арзёбии фарогири ниҳоии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018- 2028-ро пазируфт.

Дарвоқеъ Конфронси СММ оид ба об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2028), ки бори аввал дар кишварамон баргузор гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани обруву нуфузи ҷумҳурӣ рӯйдоди таърихии беназир хоҳад шуд.

Дар инҷо, мехоҳам як марҳилаи муҳими таърихиро оид ба ташаббусҳои кишварҳои ҷаҳон дар доираи СММ, аз ҷумла Тоҷикистон ва қатъномаҳои махусуси СММ марбут ба ин ташаббусҳоро бароятон чунин шарҳ диҳам. Аз соли 1999, яъне аз соли пешниҳоди аввалин ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон то ҳол СММ вобаста ба ташаббусҳои кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун қатъномаҳои махсус оид ба эълони солҳоро дар ин ё он мавзуи муайян қабул намудааст. Аксарияти ин қатъномаҳо ҳоло вобаста ба моҳияташон амал намекунанд ё муҳлати татбиқашон ба итмом расидааст, ки пайгирии мавзӯъ ва идомаи ёфтани чунин ташаббус имкон надорад ё мувофиқи мақсад шуморида намешавад. Вале дар баробари ин ҳама қатъномаҳои СММ вобаста ба ташаббусҳои кишварҳои ҷаҳон аз соли 1999 то соли 2023 қабулшуда, бояд махус қайд намоям, ки ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи об, ки тамоми мавҷудоти олам аз он вобастагӣ дорад, ягоне қатънома ва ташаббуси амалкунанда ё зиндае мебошад, ки тайи ду даҳсола амал намудаистодааст. Баъда аз гузашти солҳо, имруз низ пайгирии минбаъдаи мавзуъи мазкур дар доираи дипломати об дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, вобаста ба ташаббусҳои навбатии кишвари мо қатъномаҳои махсуси СММ пай дар пай қабул гаштаистодааст. Метавон гуфт, ки мавзуъи интихобнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳодҳои ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ ин худ бозгуи сиёсати санҷидашуда ва ояндабинонаи бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Талошҳои Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон барои тақсими одилонаи манбаъҳои обӣ дар минтақа низ хеле таъсиргузор ва калидӣ буда, зимни суханрониҳои хеш борҳо омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати истифодаи оби кули Сарез барои ҳамаи кишварҳои минтақа иброз доштанд, ки аз сиёсати башардӯстону сулҳпарваронаи Пешвои миллат ва хизмати шоиста ӯ ба тамоми мардумони минтақа мебошад.

Дар маҷмуъ бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун ташаббускори ду раванди муҳимми ҷаҳонӣ яъне «Раванди Душанбе дар масъалаи об» ва «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» эътироф гардидааст.

Дарвоқеъ, ташаббусҳо ва талошҳои Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамгироӣ, муттаҳидшавӣ ва умаман наздикшавии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тарафи кишварҳои ҳамсояи мо муҳим, сарвивақтӣ ва дар умум мусбат пазируфта мешаванд. Зеро ҳама ташаббусҳо ва талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулуҳу амният, рушди устувор ва ояндаи дурахшони минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронида шуда, кишварҳои минтақа, махсусан Президентҳои ин кишварҳо ба ин фаъолиятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, ӯро эҳтиром ва эътирофи хосса менамоянд.

Далели ин амр дар он зоҳир мешавад, роҳбарони кишварҳои абарқударти ҷаҳонӣ ва инчунин роҳбарони кишварҳои минтақа дар суханрониҳои худ оид ба таҷрибаи ғании роҳбарӣ ва сарварии сиёсиии муваффақ ва сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсус қайд намуда, борҳо бо мукофотҳои олӣ ҳамчун нишони арҷгузорӣ ва қадрдонӣ сарфароз гардонидаанд. Махсусан нақши калидӣ ва саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар тақвияти дӯстӣ, бунёди намунаи олии ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа ва тавсеаи ҳамкориҳои судманду созанда миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро ба инобат гирифта, президентҳои кишварҳои Ҷумҳурии Қазоқистон,Туркманистон ва Узбекистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофотҳои олии давлати худ низ ҳамчун нишони арҷгузорӣ ва қадрдонӣ сарфароз гардонидаанд.

Масалан Президенти Ҷумуҳрии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёв дар бораи шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин суханони нек гуфтаанд, ки иқтибос меорем: “Мо Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатии Тоҷикистони муосир, фарзанди фарзонаи халқи худ ва пешвои ҳақиқӣ мешиносем, ки ба хотири сулҳу оромӣ ва шукуфоии кишваратон бо суботкории зиёд заҳмат мекашед”.

Баланд гаштани эътибор ва маъруфияти ҷаҳонӣ каб намудани Президенти давлати мо, пеш аз ҳама, аз муваффақияти касбӣ, хизматҳои бесобиқа, фикру андешаҳо дар бораи созандагию бунёдкорӣ ва сатҳи маҳбубияташон дар байни мардумони Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон бармеояд.

Дар бораи мақом ва эътирофи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсии пуртаҷриба дар сиёсати байналмилалӣ гуфтаҳои сарварони сатҳи баланди ҷаҳонӣ низ хеле зиёд аст. Аз ҷумла, барои тақвияти ин гуфтаҳо суханони Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпинро дар Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин – Осиёи Марказӣ” ба хотир меорем, ки чунин ибрози андеша намудааст:” Шумо, Ҷаноби Президент, миёни мо — сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай қарор доштед. Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошанд”.

Воқеан ҳам эҳтирому эътирофи Сарвари сиёсии давлати мо дар сатҳи ҷаҳонӣ – ин эҳтирому эътирофи миллату давлат ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз мебошад.

Маҳз маҳорати идоракунӣ, шуҷоатмандӣ, далерӣ, қотеият дар қабули қарорҳои сиёсӣ ва хиради сиёсию адолати иҷтимоии сарвари давлати тоҷикон боис гардид, ки ӯ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ шуҳрату эътибор пайдо намояд.

Бояд кайд намуд, ки ташаббусҳои байналмилалии пешниҳод намудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби давлатҳои Осиёи Марказӣ комилан ва ҳамеша дастгирӣ ёфтаанд. Ҷумуҳрии Тоҷикистон ин дастгириҳоро қадр мекунад ва он аз сиёсати неки ҳамсоягӣ ва дастгирии мутақобилаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дарак медиҳад. Итминони комил дорем, ки ин иқдомҳо дар пешрафти минтақа саҳми бузург хоҳанд дошт.

Ҳамзамон, мехоҳам таъкид намоям, ки Тоҷикистон ҳамеша аз ташаббусҳои глобалии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби СММ, ки ба рушди минтақа нигаронида шудааст, дастгирӣ намуда, минбаъд низ дастгирӣ хоҳад кард.

Ҳамин тариқ, бояд гуфт, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти воқеии башарият пешниҳодҳои воқеӣ ва муассир буда, ҳадафу вазифаҳои онҳо вобаста ба авлавияташон хеле оқилона гузошта шуда буданд.

Мавқеи санҷидашуда ва мутавозини Тоҷикистон, бешубҳа, ба таҳкими обрӯи байналмилалии Тоҷикистон ва мавқеи минбаъдаи кишвар ҳамчун нерӯи бонуфуз, созанда дар суботи минтақавӣ мусоидат мекунад.

Хулоса метавон гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Сарвари сиёсии муваффақ, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, кафили ҳифзи манфиатҳои миллию минтақавӣ ва обрӯю эътибори миллати тоҷик дар арсаи минтақа ва ҷаҳон мебошанд.

 

 Парвиз Муҳаммадзода – доктори илмҳои сиёсӣ,
муовини директори Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед