ДУШАНБЕ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Маълум аст, ки  падидаи  сарварӣ аз замони пайдоиши инсон ва ҷомеа вуҷуд дошт ва ҳамеша  одамон дар зиндагӣ ба сарвари шуҷоъ,  марди кордон ва роҳбалади закӣ ниёз доштанд. Дар илмҳои сиёсӣ сарварӣ   дар худ хусусияти  гуногунро таҷассум  намуда, пояи асосии сиёсат ва ҳокимият ба шумор меравад ва доираи маҳдуди инсонҳоро дар бар мегирад, ки қобилияти махсус доранд. Чунин ибрози андеша намудааст ноиби  Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон Муҳаммад. 

Баъзан сарвариро сифати барҷастаи шахс ҳисобида, онро бо чунин сифатҳо муайян менамоянд: ақли расо, иродаи матин, қобилияти беҳамтои ташкилотчигӣ ва ғайра. Баъзе муҳаққиқон онро вобаста ба таълиму тарбия ва таҷрибаи зиндагӣ истеъдоди фитрӣ ва  худододӣ  низ медонанд.  Ҳамин тавр, дар дунё  бисёр сарварони сиёсиеро номбар кардан мумкин аст, ки  барои  миллату давлатҳои худ  хизматҳои   барҷаста намудаанд. Яъне нақши  сарвари сиёсӣ аз нигоҳи  мусбат  дар рушду нумуи  давлату  миллатҳо  хеле назаррас  аст.

Аз ҷумла, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ интихоб шудани   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  падидаи сарварии давлат дар Тоҷикистони навини мо  заминаи устувор гузошт.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумӣ оҳиста-оҳиста вазъияти сиёсию иқтисодии мамлакат рӯ ба беҳбудӣ овард, ки дар ин самт хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари сиёсӣ  бениҳоят бузург мебошад. Аз охири соли 1997 то соли 2000  Пешвои миллат  ба ҳамаи мушкилиҳои амалишавии Созишномаи умумӣ нигоҳ накарда, барои барқарор намудани иқтисодиёти фалаҷгардида ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии мардум талош намуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои сиёсати хориҷии он бо сарварии Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо сиёсати сулҳу оштии миллиро дар мамлакат пеш гирифта, онро муваффақона амалӣ гардониданд, балки ба анҷом  ҳам расониданд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон исбот кард, ки душвортарин масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро метавон аз тариқи муколамаву музокира ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кард.[1]

Дар ин росто, албатта, шахсияти аввал ҳамчун Сарвари сиёсии хизматнишондода- ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мебошанд. Аз ин рӯ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  феҳристи шахсиятҳои  варзидаи олам мақоми шоиста доранд. Эмомалӣ  Раҳмон дар тўли  солҳои  соҳибистиқлолӣ ягона Сарвари сиёсие мебошанд, ки тамоми ҳастии худро ба миллату Ватан  бахшидаанд.  Интихоб гаштани  Эмомалӣ Раҳмон ба сифати  Сарвари сиёсии мамлакат  дар ҳамон вазъият  санҷиши мардонагӣ,  масъулиятшиносӣ ва ватандўстӣ буд, ки  ҳокимияти сиёсии фалаҷгаштаро  барқарор, муносибатҳои  бенизоми  иҷтимоиро  муътадил ва сулҳу амниятро пойдор  карда тавонистанд.

Мавриди тазаккур аст, ки  Сарвари давлати мо  тавонистанд ҳаракати мардумиеро роҳбарӣ намоянд, ки хусусияти минтақавӣ дошт ва зуд ба ҳаракати  умумимиллӣ табдил ёфта, бо шиорҳои  озодӣ, ваҳдат, демократия ва соҳибистиқлолӣ шинохта шуд. Чунин амал дар ҳамон марҳала ҳаракати  ватанпарастонае буд, ки  дар мазмуни сиёсии худ ба муқобили ақидаҳои кӯҳнашудаи коммунистӣ  ва исломи радикалӣ  қарор дошт.

Бояд тазаккур дод, ки Сарвари сиёсии давлати мо  шахсияте мебошанд, ки қобилияти муттаҳид намудан ва роҳбарии  ҳаракатҳои гурўҳи муайяни одамон, ҳизбҳо ва ташкилотро доранд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар замони соҳибистиқлолӣ  барои идоракунии давлат муҳимтар  аз ҳама, сиёсати касбӣ эҷод карда тавонистанд. Сарвари сиёсии Тоҷикистон   тавонистанд зиддияти гуногунеро, ки  дар дохили ҷомеаи мо  вуҷуд дошт, аз байн баранд.

Чеҳраи сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Сарвари сиёсии муваффақ эътироф намуда, гуфтан мумкин аст, ки Президенти Тоҷикистон   дар баробари  хизматҳои шоён ба миллату давлати навини тоҷикон  боз танзимгари ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ низ мебошанд. Баланд гаштани эътибор ва машҳур гаштани  Президенти  давлати мо, пеш аз ҳама, аз муваффақияти касбӣ, хизматҳои  бесобиқа,  фикру андешаҳо  дар бораи  созандагию бунёдкорӣ ва сатҳи  маҳбубияташон дар байни одамон  одамон бармеояд.  Тазаккур бояд дод, ки обрую нуфузи   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз амалҳои сиёсии сулҳпарварона, гирифтани пеши  роҳи ҷанги шаҳрвандӣ, содиқ будан ба Ватану миллат ва ҷонфидоиҳо  барои  таҳкими давлатдории навини миллӣ  баланду боло гардидааст. Президенти мамлакат ба мардуми мо сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ оварданд, ки  мардуми  Тоҷикистон аз ҳамон замон он касро  ҳамчун Сарвари сиёсии муваффақ ва дурбин эътироф намудаанд.

Дар бораи мақом ва  эътирофи  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун  Сарвари сиёсии пуртаҷриба дар сиёсати байналмилалӣ гуфтаҳои  сарварони  сатҳи баланди ҷаҳонӣ низ хеле  зиёд аст. Аз ҷумла,  барои тақвияти  ин гуфтаҳо  суханони   Си Ҷинпинро  дар Саммити  якуми  сарони  кишварҳои  “Чин – Осиёи Марказӣ” ба хотир меорем, ки чунин ибрози андеша  намудааст: ” Шумо, Ҷаноби Президент,  миёни мо — сарони давлатҳо  аз ҳама сиёсатмадори  пуртаҷриба ба шумор меравед, ки дар саргаҳи  таъсиси  Созмони  ҳамкории Шанхай истода будед. Шумо хеле  сиёсатмадори  хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди  муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо  барои мо ниҳоят  муҳим мебошанд”.

Воқеан ҳам  эътирофи  Сарвари сиёсии  давлати мо  дар чунин сатҳ-  ин эҳтирому  эътирофи  миллату давлат ва соҳибистиқлолии  Тоҷикистони азиз мебошад.

Ҳамин тариқ, сарварӣ парвардаи вазъияти сиёсӣ, муносибатҳои байниҳамдигарии иштирокчиён ва сифатҳои шахсӣ буда, имконият медиҳад роҳбар масъулиятро ба дӯши  худ гирад. Сарвар  ба омма роҳбарӣ намуда, онро ба пеш мебарад ва дар навбати худ ҷомеа низ вазифадор аст, ки сарварро  аз назари сиёсӣ дастгирӣ ва комил гардонад. Мақому манзалати  шахсии  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи рамзи  идеяи сиёсии муайян собит месозад, ки он кас ҳамчун роҳбари сиёсӣ  тавонистанд шавқу ҳаваси  сиёсии  умумимиллиро  дастгирӣ ва тарафдорӣ намоянд.

Муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон  чун Сарвари сиёсӣ  дар  тасаввуроти  аксари  аҳолӣ   ба мисли шахсияте шинохта мешаванд, ки мардум ба он кас чун ба фарзанди  фарзонаи   миллат эҳтирому ифтихори самимӣ  доранд. Чунин боварӣ ба Президенти мамлакат ҳамчун Сарвари  сиёсии муваффақ  ба он асос меёбад, ки  он кас ба ҷанги  таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима бахшида, мамлакатро аз  нестӣ  наҷот дода тавонистанд ва Тоҷикистонро ба шоҳроҳи нави пешрафту тараққиёт ва муваффақияту шуҳрат  роҳнамоӣ намуданд.

Албатта, афкори ҷамъиятӣ дар чунин  ҳолат нақши асосӣ мебозад. Маҳз афкори умум дар ҳолатҳои муайян  ба сарвари сиёсӣ таъсир мерасонад.  Сарвари cиёсии мо  ҳамеша  ба усулҳои сиёсии танзимнамоӣ  такя намуда, бо назардошти баҳисобгирии  манфиатҳо, эътиқодмандӣ, муколама, намунаи шахсиро  мавриди истифода қарор додан, ҳамеша ташаббускор ва  дар пеш мебошанд. Ҳатто  ҳамон шиори  Президенти  мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон   “Тоҷикистон,  ба пеш” нишонаи ин гуфтаҳо ва сармашқи андешаҳои  созандагию бунёдкории мардуми тоҷик  гардидааст.

Қобили тазаккур аст, ки шакли  идоракунии  президентӣ дар Тоҷикистон такони ҷиддие  барои  эҳё, дигаргуниҳои  куллӣ ва  тағйири низоми  арзишҳои миллӣ  гардид. Хусусан  барои  масъалаҳои  таҳкими истиқрори   сулҳу ваҳдати миллӣ, ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, эҳёи иншооти бузурги аср, бунёду эҳёи хотираи таърихӣ  корҳои зиёде ба анҷом  расонида шуд.

Ҳамин тавр, сарварии сиёсӣ — сифати барҷастаи шахсиятҳои  бузург, нотакрор ва  шуҷоъ буда, навъ ва шаклҳои гуногуни он дар фаъолияти худи  сарварони сиёсӣ   зоҳир мегардад. Ҳамаи инро ба назар гирифта,  мақоми сарвари сиёсиро  дар  ташаккули  давлатдории миллӣ,  ҳифзи манфиатҳои  ҳаётан муҳим   ва боло бардоштани  ҳисси худшиносию ватанпарварӣ ҳамеша эътирофу эҳтиром бояд намуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Сарвари сиёсии муваффақ, обрӯю эътибори  миллат ва  кафили ҳифзи манфиатҳои миллӣ  мебошанд, ки  мо бояд тамоми   дастоварду муваффақияти замони  соҳибистиқлолиро  ба  он кас вобаста ва тавъам бидонем.

Абдураҳмон МУҲАММАД,
ноиби  Президенти Академияи миллии 
илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

khovar.tj

Чоп кунед