11 октябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳимми сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маъракаи муҳим ва тақдирсози кишвар дар фазои сулҳу субот ва оромӣ бо риояи ҳама гуна талаботҳо гузашт. Ҳама интихобкунандагон якдилона ва бо иродаи қавӣ ба ҳавзаҳои интихоботии маҳаллӣ ташриф оварда, ба тарафдории номзади арзандаи хеш раъй доданд. Миллати тамаддунофари тоҷик бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуд, ки дар гузаронидани чунин маъракаҳои сиёсӣ, ки ояндаи кишвар аз он алоқаманд аст, таҷрибаи кофӣ дорад. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври демократӣ ва шаффоф доир гардида, намояндагони якчанд созмонҳои байналмилалӣ дар он ҳамчун нозирон иштирок намуданд. Нозирони сатҳи байналмилалӣ доир ба иштироки саросарии шаҳрвандони кишвар дар рафти интихоботро баҳои баланд дода, баргузории интихоботи мазкурро шаффоф изҳор намуданд.
Миллати соҳибирода ва солимандешаи тоҷик шоҳиди 5-умин итихоботи президентии кишвар гардида, роҳбари арзандаи хешро баҳри рушди ояндаи кишвар интихоб намуд. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз номзадҳо ба мансаби президентӣ дар интихоботи навбатӣ ба ҳисоб мерафтанд, бо гирифтани 90, 92 дар сади овозҳо ба мақоми президентӣ сазовор гардиданд. Воқеан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзандатарин шахсияти сиёсӣ ба мақоми олии кишвар ба ҳисоб мераванд. Пирӯзии навбатӣ дар интихоботи президентӣ бори дигар исботи он гардид, ки халқ дар ҳақиқат ба Пешвои муаззами хеш боварӣ дошта, рушди минбаъда ва ояндаи дурахшони кишварро маҳз дар симои ӯ мебинанд. Натиҷаи эълон намудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз он дарак дод, ки мардуми кишвар бо дарк аз барномаи пешазинтихоботии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри боз ҳам рушд додани иқтисоди кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии некуаҳволии мардум равона гардида буд, роҳбарии ӯро аз ҳама авло дониста, ба тарафдории он кас овоз доданд. Доир ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ коршиносон ва роҳбарону аъзоёни гурӯҳҳои мухолифи хориҷ аз кишвар ақидаҳои хешро изҳор намуда, ҳадс аз ғайридемократӣ ва тақаллубкорӣ мезананд. Аммо, инҷо мо бояд ба назари мардуми хеш бингарем, шаффоф ва ё ғайришаффофро мардум ва миллати тоҷик муайян мекунад на андешаҳои баъзе роҳбарони гурӯҳҳои мухолифи кишвар. Метавон гуфт, ки имрӯз андешаву ақидаҳои сокинони кишвар аз андешаву ақидаҳои ингуна шахсони фурӯхташуда боло дониста мешаванд. Имрӯзҳо шоҳиди як гурӯҳ шахсоне ҳастем, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ намуда, ҳарф аз камбудиву озодӣ ва нуқсон мезананд. Шахси солимандеш ва соҳибиродаи кишвар метавонад дарк кунад, ки онҳо дар рушду ободии ин сарзамин саҳме надошта, ҳеҷ амалеро барои пешрафти ҷомеаи тоҷик анҷом надодаанд. Халқи заҳматкаши тоҷик бо Пешвои оқилу одили хеш тавонист ҳама мушкилоти барои миллат сангинро паси сар намуда, кишварро ба марҳилаи рушд ворид намояд. Ин касоне, ки имрӯзҳо дар Аврупову дигар қисматҳои минтақаҳо зери номҳои гуногун ҷавлон мезананду ҳарф аз “ватандорӣ” мезананд, заррае дар фикри ободӣ ва осоиштагии миллати тоҷик нестанд. Инҳо ҳамон нафароне ҳастанд, ки ба хотири тангаи хоҷагони беруна омолу ормонҳои миллати хешро фурухтанд. Ба хотири мансабу мақом, тиҷоратҳои ҳангуфт ва зиндагии шоиста дар қасрҳову кӯшкҳо дар хориҷ, рози шуданд зиндагии миллати хешро ба гирдоб ворид кунанд. Имрӯзҳо фазои сиёсӣ ва маҷозии ҷомеаи тоҷик нисбат ба солҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Миллати тоҷик бо дарк аз фоҷеаи паси сар намудааш, метавонад роҳи хеш ва ояндаи дурахшони миллати хешро муайян намояд. Фоҷеаҳои хунине, ки аз ҷониби ин гурӯҳҳои ба ном “ватанхоҳ” ба сари миллати тоҷик омад, барои кулли мардуми тоҷик даҳшат аст. Он золимӣ, бераҳмӣ, хунхорӣ ва рафторҳои ғайриинсоние, ки онҳо болои миллат ва ҳамватанони хеш раво донистанд, таърихи миллати тоҷик аз ҳаммиллатони хеш ин ҳодисаро дар хотир надорад. Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт хиёнати ин нафаронро фаромуш намесозад. Имрӯз аз он фоҷеаҳо 29 сол сипарӣ мешавад, аммо ҳанӯз дарду ғам ва андӯҳи он солҳо хотироти мардумро тарк накардааст. Ингуна шахсон таърихи миллати тоҷикро доғдор намуда, хешро ҳамчун фурухтагон ва хоинони миллат дар саҳифаҳои таърихи кишвар сабти ном намуданд. Хиёнати ин шахсон ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд.
Дар ҳоли имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дучори хатару таҳдидҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ, бархурди манфиатҳо ва рост наомадани роҳбарони сиёсии ҷаҳонӣ гардидааст. Мо шоҳиди он ҳастем, ки дар ин ҳолати ҳассос низ ин гурӯҳҳои ба ном “ватандори” фурӯхташуда, мехоҳанд вазъро дар кишвар ноором созанд. Пандемияи коронавирус, ки вазъи иқтисодии пешрафтатарин кишварҳои арсаи оламро ба мушкилот дучор намуда, ба кишвари мо низ бетаъсир намонд. Дар ин вазъият ҳама ташкилотҳо ва гурӯҳҳои аксар давлатҳо дар фикри наҷоти иқтисод ва таъмини вазъи иҷтимоии миллати хеш мекушанд, аммо инҳо бошанд дар фикри ноором сохатни фазои сиёсии кишвар ҳастанд. Пас инҷо метавон хулоса намуд, ки шароити кунунии миллат ва давлат барои онҳо арзише надошта, онҳо на дар пайи пешрафт, балки ҳамеша хостори халалдор кардани фазои сиёсии ҷомеа мебошанд. Вобаста ба шароити ба амал омада Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф намудани вазъият ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳама чораҳои зарӯриро ба роҳ мондааст.
Ҷомеаи тоҷик дар баргузор ва гузаронидани интихоботи президентӣ ва саҳм гузоштан дар рушди солҳои минбаъдаи кишвари хеш бетараф набуда, ҳамеша саҳмгузоранд.
Дар ҳақиқат мақоми роҳбарӣ вазифаи сангинест барои ҳар роҳбар. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте ба ҳисоб мераванд, ки аз сангинтарин лаҳзаҳо ва пурфоҷеатарин рӯзҳо роҳбарии ин миллатро бар зимма гирифта, давлати тоҷиконро аз нестшавӣ наҷот бахшид. Миллати тоҷик шахсияти ӯро ҳамчун наҷотбахш, меъмори миллӣ ва равшангару роҳнамо эътироф карда, номи ӯро дар саҳифаҳои таърихи ин миллат бо ҳарфҳои заррин менависад.
Пирӯзии Пешвои муаззами миллатро ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз кулли мардуми тоҷик муборакбод мегӯянд.
Шодбахт Сабуров, мутахассиси
Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати
дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон