Барои ҳар як давлате, ки дар шароити муосир дорои суверенитет ва истиқлоли сиёсӣ аст, масъалаи ҳифзи субот ва устувории сиёсӣ дар доираи системаи таъмини амнияти миллӣ ҳадафи усулӣ ба ҳисоб меравад, зеро бидуни мавҷудияти ду унсури зикргардида ягон давлати миллӣ наметавонад соҳиби рушд гардад, манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои миллии худро ҳимоя намояд ва ҳамзамон, мавҷудияти системавӣ ва ниҳодии худро нигоҳ дорад. Таърихи сиёсӣ ва таҷрибаи давлатдории миллӣ собит намудааст, ки муҳимтарин ормонҳои миллӣ дар заминаи мавҷудияти субот ва устувории сиёсии давлат амалӣ мегарданд. Раванди таъмини устувории сиёсӣ ва ҳифзи субот дар давлат кори осон нест, махсусан, дар замони муосир, ки ҷаҳонро хатару таҳдидҳои нав ба нав дунболагирӣ доранд, масъалаи мазкур аз ҳар вақта дида бештар рӯзафзун гардидааст. Дар доираи илми сиёсӣ муҳаққиқон талош намудаанд, ки раванди рушд ва системаи таъмини устувории сиёсии давлатро ба омилҳои гуногун вобаст намоянд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳ намудан ба ниҳоди сарварӣ ва шахсияти сиёсӣ мавқеи махсус дорад. Бояд қайд кард, ки чунин тарзи масъалагузорӣ воқеияти худро дорад. Албатта, раванди таъмини усувории сиёсӣ ба фаъолияти субъекти сиёсӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Маҳз роҳбари сиёсӣ аст, ки тавассути фаъолияти ҷудонопазир аз хирад, сиёсат, ҷасорат ва ҳувиятсози худ масири пурпечутоби таърихро тай намуда, давлату миллатро ба саодат ва ормонҳои бузурги миллӣ мерасонад. Ҳамин аст, ки таърихи миллатҳоро тарҷумаи ҳоли шахсиятҳои бузургашон ҳифз ва муаррифӣ менамоянд.
Мавҷудият ва рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ ва дорои истиқлоли сиёсӣ дар замони муосир муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик дар ҷодаи таърих ба ҳисоб меравад. Аз таърихи сиёсии Тоҷикистон ба хонандаи огоҳ ва дурандеш маълум аст, ки раванди ҳифзи истиқлол ва таҳкими он дар кишвар, ба низоми муайяни рушд даровардани системаи сиёсии давлат ва ба марҳалаи рушди устувор ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастагӣ ба фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дорад. Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардид ва ин ҷанги таҳмилӣ омили фалаҷ гардидани сохтори сиёсӣ, нобуд гардидани низоми идоракунӣ ва инкишофи бисёрҳокимиятӣ дар давлат гардид. Дар чунин раванди ҳассос барои миллати тоҷик роҳбар ва раҳнамое зарур буд, ки аркони давлатдориро аз нобудшавӣ ва миллатро аз парокандашавӣ нигоҳ дорад. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон бо вуруди худ ба саҳнаи сиёсати давлати тоҷикон ҳамчун абармард, шахсияти мардумӣ, худогоҳ ва сулҳофар тавонист дар як муддати аз нигоҳи таърихӣ начандон тулонӣ сулҳу ваҳдатро дар мамлакат барқарор намуда, низоми муайяни идоракуниро рушд диҳад.
Мусаллам аст, ки дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги миллӣ ноил гардида, дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳалли муаммоҳои глобалӣ ҳамчун давлати ташаббускор муаррифӣ шудааст. Барои дарки масъалаи мазкур ба хонандаи огоҳ баён намудани чанд воқеияти инкорнашаванда ва чанд нукта, муҳим арзёбӣ карда мешавад.
Нуктаи аввал ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар шароите ба саҳнаи сиёсат ворид гардид, ки низоми сиёсии давлат фалаҷ гардида, давлат дар ҳолати нобудшавӣ қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ ва бозиҳои сиёсии гурӯҳу давлатҳои манфиатхоҳ суботу оромии ҷомеаро аз байн бурда буданд. Дар ин давраи ҳассос ва душвор Эмомалӣ Раҳмон бо андешаи барқарории сулҳу ваҳдат аз байни мардум ва барои мардум ба саҳнаи сиёсати миллат ворид гардида, фаъолияти худро оғоз намуд. Дар ҳақиқат, иброз доштани “Ман ба шумо сулҳ меорам”-и Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид. Роҳбари давлат заминаҳои бунёдии системаи идоракуниро ташаккул дод ва давлатдории миллиро эҳё намуд. Агар қабули Конститутсия (1994) паҳлуҳои ҳуқуқии ташаккули системаи сиёсиро фаро гирифта буд, пас дар амал ташкил намудани сохтори сиёсии бонизом ғайрати сиёсиро талаб менамуд, ки Эмомалӣ Раҳмон онро аз худ зоҳир намуд. Иқрор бояд шуд, ки дар раванди ҷанги шаҳрвандӣ системаи идоракунӣ гирифтори буҳрон мегардад ва бисёре аз роҳбарон қудрати идоранамудани вазъро аз даст медиҳанд. Танҳо ҳамон сарвароне, вазъи буҳрониро идора намуда метавонанд, ки дорои шуҷоат ва хиради сиёсӣ бошанд, равандҳои сиёсиро дарк намуда тавонанд ва аз ҳама муҳим шахсияти онҳоро мардум эътироф намуда бошад. Шахсияти Эмомалӣ Раҳмон чунин ҷиҳатҳо, ҳатто аз онҳо бештарро фаро гирифта буд ва он тавонист дар муддат муайян системаи сиёсии давлати тоҷиконро эҳё ва рушд диҳад.
Нуктаи дигар ин аст, ки баъд аз ташаккул додани низоми сиёсии идоракунӣ масъалаи таъмин намудани субот ва эҳёи ваҳдат масъалаи ҳаётан муҳим арзёбӣ карда мешуд. Дар алоқамандӣ ба ҳолати мазкур дар раванди ҷанги шаҳрвандӣ масъалаи барқарор намудани сулҳу ваҳдат ва сарҷамъ намудани миллати тоҷик яке аз унсурҳои асосии барномаи кории Эмомалӣ Раҳмонро фаро гирифта буд. Бояд таъкид намуд, ки дар марҳалаи даргириҳо ва авҷи моҷароҳо дар мамлакат ва ҳамзамон дастгирӣ ёфтани нерӯҳои бадхоҳ аз ҷониби қудратҳои хориҷӣ барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ кори мушкил буд. Ҷонфидоӣ, талошҳо ва ҷасорати Эмомалӣ Раҳмон омиле гардид, ки суботу ҳамгироии миллӣ дар давлат барқарор гардида, ваҳдати миллӣ тантана ёфт. Имрӯз дар фозои субот, ҳамгироӣ ва ваҳдату якдилӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмон аст.
Нуктаи сеюм ин аст, ки барои ҳифз намудани сулҳу ваҳдат ва бартараф намудани хатару таҳдидҳо масъалаи таҳким ва пойдор намудани ваҳдати эҳёгардида ба вуҷуд омада буд. Аввалин иқдоме, ки дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намуда буд, бунёди нақб ва бозсозии роҳҳои мошингард ба ҳисоб мерафт. Бунёди нақбҳо ва азнавсозии роҳҳои мошингард дар он замони душвор фалсафаи худро дошт. Агар аз як тараф бунёди нақбу роҳҳо омили баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро ташкил менамуд аз тарафи дигар заминаи муҳимми таҳким ваҳдати миллӣ гардид. Сангарҳои табиат, ки сабаби маҳдуд гадидани муносибатҳо байни минтақаҳо буданд, бартараф карда шуданд. Тоҷикистон ҳамчун давлати воҳид ба марҳалаи нави инкишоф ворид гардид.
Нуктаи чорум ин аст, ки дар мамлакат масъалаи бартараф намудани харобаҳои ҷанг ва баромадан аз буҳрони шадиди иқтисодӣ ва ҳамзамон таъмин намудани шароити зисти арзанда муҳим буд, зеро суръати рушди давлатҳо ва технологиякунонии ҳаёти ҷамъиятӣ чунин ҷиҳатро тақозо менамуд. Эмомалӣ Раҳмон дар радифи таҳкими сулҳ масъалаҳои мазкурро дар барномаи миллатмеҳвари худ қарор дод. Ҷиҳати ҳалли муаммоҳои мазкур дар ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ташкил ва бозсозӣ гардида, соҳаи кишоварзӣ рушд дода шуд. Ҳамчунин, дар мамлакат як қатор нерӯгоҳҳои барқии обӣ бунёд карда шуданд, ки ҳам амнияти энергетикии мамлакатро таъмин намуданд ва ҳам дар пешрафти корхонаҳои саноатӣ мусоидат намуданд. Махсусан, бунёди Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ва ба истифода додани ду чархаи он, яке аз муҳимтарин фаъолияти таърихии Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ карда мешавад. Ин воқеиятест, ки инкорнашаванда аст. Доираҳои фикрӣ гувоҳанд, ки нақшаи бунёди НБО Роғун-ро ҳанӯз давлати абарқудрати Шӯравӣ роҳандозӣ намуда, ба анҷоми сохтмони ба он натавонист ноил гардад. Ин ормон ва ҳадафи миллӣ маҳз бо талош ва фаъолияти Эмомлаӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст. Имрӯз дар натиҷаи чунин ҷасорату талошҳои сарвари сиёсии тоҷикон мардум соҳиби зиндагии шоиста гардида, давлат марҳилаи рушди устуворро фаро гирифтааст.
Нуктаи панҷум ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини устувории сиёсӣ ва беҳтар намудани иқтисодиёти давлат ҳамчунин арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддуни қадимаи миллати тоҷикро эҳё, ҳифз ва системаи инкишофашро таъмин намуд. Эҳё намудани ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик, таҷлил намудани солгарди бузургони ниёгон ба монандӣ Абӯабудлоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра аз ташаббусҳои фарҳангсолории Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин муддат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шуд. Илова бар ин, эҳё ва бозсозии маконҳои таърихии миллати тоҷик ҷузъи таркибии сиёсати таърихиву фарҳангии Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳад.
Нуктаи шашум, ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ташаккул додани низоми муайяни рушди давлатдорӣ, ҳамчунин дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ташаббусҳои беназирро роҳандозӣ намуд, ки мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Хусусан, ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ, вобаста ба маъалаҳои марбут ба об ва масоили амниятӣ ба манфиат ва ҳалли мушкилоти аҳолии сайёра равона гардидаанд, ки мақсади асосии онро хайрияти умум ташкил медиҳад.
Умуман, фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ фарогири дастовардҳои беназиру бештар аст. Агар ҳамаи он дастовардҳоро огоҳона баҳогузорӣ намоем, ба мо маълум мегардад, ки ӯ худро барои миллату давлати тоҷик фидо намудааст. Маҳз чунин фидокорӣ боис гардидааст, ки миллати тоҷик дар дохил ва хориҷӣ мамлакат, умуман тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат ва роҳбари тоҷикони ҷаҳон пазируфтаанд.
Дар алоқамандӣ ба нуктаҳои зикргардида қайд намудан муҳим аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи рушди устувор ворид гардидааст. Ва ҳамзамон Тоҷикистон дар пешорӯйи интихоботи президентӣ қарор дорад. Дар фазои субот ва ҳамгироӣ баргузор гардидани интихобот бисёр муҳим аст, зеро марҳилаи рушди устувори давлат суботи комил ва шахсияти сиёсии ташаккулёфтаро тақозо менамояд. Воқеан, чунин шахсияти комил Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ ба Эмомалӣ Раҳмон эҳтиёҷи фавқулодда муҳим дорад. Зарурати интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи пешорӯйро метавон аз чанд ҷиҳат муҳим арзёбӣ намуд.
Якум, ҷаҳони кунуниро хатару таҳдидҳои нав ба монандӣ экстермизму терроризм, манфиатҷуйи давлатҳо, ҷангҳои иттилоотӣ, мушкилоти табиӣ ва ғайра ноором сохта истодааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун лидери сисёӣ қобилияти дарки чунин равандҳоро дорад ва ҳамзамон, яке аз субъектҳои муҳимми муборизабаранда бо экстремизму терроризм аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудааст.
Дуюм, қудратҳои ҷаҳонӣ ва доираҳои манфиатхоҳ Осиёи Марказиро ҳамчун минтақаи стратегӣ медонанд ва кӯшиш менамоянд дар ин ҷо ҳадафҳои худро амалӣ гардонанд. Аз ҳамин лиҳоз, интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатеро ба вуҷуд меорад, ки суботи сиёсӣ дар минтақа мавҷудияти худро нигоҳ дорад. Чун, Эмомалӣ Раҳмон дорои обрӯй ва шахсияти сиёсӣ дар ҷаҳон аст. Дар сиёсати ҷаҳонӣ авторитети сарвар нақши бағоят бузургро мебозад.
Сеюм, Эмомалӣ Раҳмон дар баробари авторитети сиёсӣ доштан дар ҷаҳон, инчунин аз ҷониби миллати тоҷик ба сифати Пешвои миллат эътироф шудааст, ки ин ҷиҳат кафили субот ва ҳифзи устувории сиёсӣ дар мамлакат аст.
Ҳамин тавр, метавон бо боварӣ гуфт, ки интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ кафили зиндагии осоиштаву давлати пешрафта, татбиқкунандаи калиди рушди минбаъда ва сипари амнияти кишвар, ормон ва ҳадафҳои бузурги миллӣ барои ҳар як шахс аст.
Алиназар Ашуров, мутахассиси
пешбари раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дихилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон