Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, ки дарвоқеъ, оғози марҳалаи сифатан нави рушди давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Иштироки огоҳонаи ҳар шаҳрванд дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ нишондиҳандаи масъулияти интихобкунанда дар баробари сарнавишти давлату миллат ва имрӯзу фардои хеш аст.
Аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ шудани номзадии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ин интихобот ташаббуси оқилона ва дурандешона ба шумор меравад. Бо вуҷуди ин, набояд чунин пиндошт, ки пешбарии номзадии Пешвои миллат фақат хоҳиши ҳамин се ташкилоти ҷамъиятию сиёсист, балкӣ имрӯзҳо мо шоҳид ҳастем, ки номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти кишвар ҳамчунин, аз тамоми гӯшаву канори мамлакат, чӣ дар пойтахт ва чӣ дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, дастгирии васеъ ёфта, қишрҳои гуногуни аҳолӣ ҳимояти худро аз шахсият ва фаъолияти ӯ изҳор медоранд.
Албатта интихобот озод аст ва ҳар нафар метавонад ба ҷонибдории номзади арзандаи худ овоз диҳад. Вақте номзади арзанда гуфта мешавад, пеш аз ҳама, интихоб болои нафаре меафтад, ки ӯ на дар гуфтор, балки дар амал шоиста будани худро барои миллат собит кардааст, ӯро на танҳо барои ваъдаҳои созандагиву бунёдкориаш дар оянда, балки ҳамзамон, ба хотири корҳои бузурги анҷомдодааш дар гузаштаву имрӯз ва неруи ваҳдатмеҳвараш мардум гиромӣ меҳисобад. Бегумон дар ин чаҳорчӯбаи арзишву қиёси хирадсолорона Президенти имрӯзи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гунҷоиш меёбад. Хизматҳои бузургу беимислаш барои давлати Тоҷикистону миллати тоҷик Эмомал Раҳмонро ба номзади ҷовидонаи халқу миллат табдил додааст.
Барои ҳар шаҳрванди кишвар зарур аст, ки ҷоннисорӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллатро пеши назар дошта бошад. Дар замоне, ки ҷанги шаҳрвандиро таҳмил карда буданд, алангаи оташи он рӯз ба рӯз густариш меёфт, хавфи нестшавии миллат ва истиқлоли он вуҷуд дошт, зимоми давлатдориро ба хотири наҷоти он ва хомӯш намудани ин оташ ҳеҷ кас бо ҷасорати комил ба зимма гирифтан намехост. Масъулияти бисёр сангин буд. Дар ин роҳ Сарвари давлат неруву ғайрат ва ҳастияшро барои ояндаи неки ин Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ сарф намуд. Инчунин, барои ҳаёти хушбахтонаи мардуми кишвар заҳмат кашиду тамоми тадбирҳоро андешид.
Чун сулҳ барқарору пойдор гардид, Ватани маҳбубамон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои зиёд ноил шуд, ки дар арсаи байналмилалӣ назаррас буданд. Бешак, мушкилоту проблемаҳо вуҷуд доштанд, аммо Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки онҳо муваққатӣ ва даргузар мебошанд. Замон ин ҳақиқатро собит сохт. Пас аз он мақсад гузошта шуд, ки ин Ватани аҷдодӣ бештар обод бигардаду бештару беҳтар муаррифӣ бишавад. Ин ҳамаи дастовардҳоро бо камоли хоксорӣ, аммо ба худ нисбат надод. Борҳо арз доштаанд, ки он маҳсули талошу заҳматҳои фидокоронаи тамоми мардуми азизи ин кишвар мебошад.
Мо, дар ҳақиқат, мардуми хушбахти замонем, ки ин ҳақиқатро на танҳо шоҳид гардидем, балки роҳи тайкардаи онро низ дидем. На дар миёни роҳ мондем ва на аз роҳ рафтан боз истодем, зеро дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари шоиста доштему дорем. Пайрави ӯ будан пайрави хушбахтӣ ва саодати беназир мебошад.
Таҳти заҳматҳои хастанопазири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи зиндагии мардум боло бардошта шуд. Дарвоқеъ, чӣ сон метавон фаромӯш кард? Нон набуд. Мардум аз гуруснагӣ азият мекашид. Барои рафъи он ва наҷоти худ чандин зироатҳое ҳам истифода намуданд, ки боиси ҳалокату маргашон шуд. Магар аз пеши назар меравад, ки бар ин асар ҳазорон сокинони кишвар ба ҳалокат расиданд?
Сокинони кишвар аз нимашаб дар назди корхонаи нон навбат мегирифтанд, аммо на ба ҳама нон мерасид. Дар остонаи интихоботи президентӣ ёд кардан из ин рӯзҳои вазнин на ба хотири муассир намудани қалби сокинони кишвар, балки нишон додани сатҳи пешрафту зиндагии хуби мардум аст, зеро барои андозагирии сатҳи имрӯзи рушду дараҷаи некӯаҳволӣ аз ҳама ченаки дурусту созгор ин гузашта мебошад. Гузаштае, ки бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хобу хаёл табдил ёфт ва ободиву осудагӣ воқеияти имрӯзи мардуми кишвар шуд.
Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, дарвоқеъ, як барномаи комил ва васеи давлатдорист. Барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021–2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла, таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ, равона мегардад.
Бояд зикр намуд, ки бо натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомшуда ҳамаи нишондиҳандаҳои барномаи номзад ба мансаби Президенти мамлакат аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҳафт сол, ки дар соли 2013 пешбинӣ шуда буд, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд.
Акнун тибқи барномаи навбатии номзад ба мансаби Президенти мамлакат дар ҳафт соли оянда мақсад гузошт шудааст, ки рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин карда шавад, дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ корхонаҳои истеҳсолии нав бунёд гардад ва истеҳсоли маҳсулоти ба рақобати бозор тобовар ва ба содирот нигарондашударо ба роҳ монда шуда, тамоми иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт сафарбар гарданд. Ҳамзамон бо ин, вазъи соҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва бахшҳои дигар беҳбуд ёфта, ба сокинони мамлакат барои расидан ба зиндагии шоиста имконияти бештар фароҳам хоҳад омад.
Аз ин рӯ, дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ сарбаландона дар сафи пеш истода баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистон аз номзади арзандаи худ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ хоҳем кард.
Мирзо Ашӯров, корманди Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон