Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади натиҷагирӣ аз раванди баргузории Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) санаи 18 сентябри  соли 2023 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Мониторинги вазъи амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: ҳолат ва дурнамо» баргузор менамояд.

Зимни баргузории конфронс натиҷаи вохӯриҳои душанбегӣ, вазъи амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ: ҳолат ва дурнамо; мавқеъ ва ҳамкории кишварҳои минтақа дар мубориза бо таҳдидҳои замони муосир; Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди минтақа; ҳолат ва дурнамои амнияти иқтисодии Осиёи Марказӣ; амнияти озуқаворӣ дар минтақа; рушди инфрасохтори хизматрасониҳои нақлиётӣ ва лагистикӣ дар Осиёи Марказӣ; дурнамои таъмини амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳлилу баррасӣ мегарданд.

Дар кори ҳамоиш намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илми-таҳлилӣ ва васоити ахбори омма иштирок менамоянд.

Оғози конфронс: соати 9:00;
Макон: ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 89;
Забони кории конфронс: тоҷикӣ, русӣ.

Чоп кунед