Аз қадимулаём мардуми тоҷик дорои анъана ва урфу одати ба худ хос буданд. Ҷашни Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва амсоли инҳо аз фарҳанги куҳани мардуми мо дарак медиҳад. Ҳангоми таҷлили ин ҷашнҳо одатҳои хосе иҷро карда мешавад, ки ба ин ҷашн алоқаманд аст. Ҳангоми таҷлили иди Меҳргон, ки онро иди ҳосил низ меноманд  он гувоҳ аз ҳосили сол аст. Яке аз анъанаҳое, ки ба ҷашни Наврӯз хос аст гуштигирӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ҳамин лиҳоз Пешвои  муаззами миллат дар тули 30 соли истиқлолият дар баробари сулҳу ваҳдати миллӣ овардан ба миллати тоҷик боз ба эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва маросимҳои таърихии гузаштагонамон талошҳои зиёд  намуданд, ки  яке аз онҳо ҷашни  Сада ба шумор меравад.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд: “Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст.
Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд”.

Анъанаҳои мазкур  дар санаҳои муайяни таърихӣ ҷашн гирифта мешуд, ки вобаста ба он  дар сарчашмаҳои гуногун маълумот оварда шудааст.

Сада ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории милодӣ мебошад. Моҳияти асосии ин ҷашн гиромидошти нуру рушноӣ мебошад.

Инак, биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,
     Ҷашни Сада талоши Наврӯзи навбаҳор.

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо расман ҳамасола таҷлил карда мешавад.  Ба андешаи баъзе муҳаққиқон ва донишмандон  ҷашни Сада рамзи зиндашавии табиат ва оғози киштукори баҳорӣ ба шумор меравад.

Яке аз одатҳое, ки ҳамасола дар ин ҷашн вуҷуд дорад ин афрухтани оташ ва рақсу сурудхонӣ дар гирди он мебошад. Баъд аз ҳамон рӯз сар карда деҳқонон барои киштукор ва батартибдарории боғҳо шуруъ мекунанд. Ин кӯшишҳои деҳқонон, ки баъд аз ҷашни Сада оғоз мегардад, боиси ҳосилхезии замин гашта ва дар ин сол ҳосили хуб ба даст меоваранд. Бо омадани ҷашни Сада деҳқонон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри ободии боғу бустонҳо камари ҳиммат мебанданд. Инро аз батартиб овардани дарахтон шурӯъ менамоянд.

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
         Мужда бипазиру бидеҳ хилъату кораш  ба тароз

Воқеан ҳам дуюмбора зинда гардонидани ҷашнҳои миллӣ дар раванди кунунӣ бамаврид буда, ҷомеаро аз таъриху таммадуни аҷдодӣ огаҳ месозад.

Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Дар аксар сарчашмаҳо маънои ин ҷашнро ба рақами сад рабт дода чунин мешуморанд, ки ин ҷашн 50 шаб ва 50 рӯз қабл аз омадани  ҷашни Наврӯз, ки мардум онро бесаброна мунтазир мешуданд, то ин ки ҷашни Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯзро пешвоз гиранд.

Аз рӯйи урфу одати мардум баъд аз сипарӣ гардидани сардиҳои фасли зимистон барои пешвози ҷашни Сада омода шуда ва дар ин ҷашн бо афрӯхтани оташ ба пешвози фасли дигари сол мераванд.

Дар якчанд асарҳои машҳур роҷеъ ба ин ҷашн оварда шудааст ва инро мо дар амсоли “Наврӯзнома”-и Умари Хайём дида метавонем, ки дар он перумони  ҷашни Сада ва моҳияти асосии он чунин оварда шудааст:

“Афридун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигрифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд”

Ҳангоми назар кардан ба дилхоҳ сарчашмае, ки дар он доир ба ҷашни Сада оварда шудааст, баъд аз варақгардон кардан ба чунин натиҷа мерасем, ки ин ҷашн мисли Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва дигар ҷашнҳои миллӣ таърихи қадима дорад.

Истиқлолияти  давлатӣ барои эҳёи арзишҳои миллию фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи  фарҳангии кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ устувор намудааст.

Боиси шукргузорист, ки ҷашнҳои ниёгон дубора зинда гардида, бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешаванд.

ТАВАРОВА МОҲИРА ШАРИФХОНОВНА,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед