Дар доираи мақолаи мазкур ҳадаф – ин таҳияи пешниҳодҳо ва тавсияҳо барои истифодаи муассири технологияи интернетӣ дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ҳамчунин муайян намудани имкониятҳо ва самтҳои рушди минбаъдаи хизматрасонии интернет ва эҳтимоли истифодаи амалии он мебошад.
Имрӯз шарти зарурии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мавҷудияти сомонаи (сайти) расмӣ, ҳамчунин дигар маъхазҳои ҳизбӣ дар шабакаи интернет мебошад. Самаранокии сомонаи ҳизбӣ бо сифатнок ҷой додани иттилооти боэътибору дуруст дар он ва дар ҳолати муносиб нигоҳдорӣ кардани он муайян карда мешавад, ки имконият медиҳад дастрасии шаҳрвадон ба манбаъҳои иттилоотии ҳизб таъмин гардад, фаъолияти ҳизб барои аҳли ҷомеа шаффофтар гардад, ҳамчунин масъулияти иҷтимоии ҳизби сиёсӣ дар назди шаҳрвандон баланд бардошта шавад. Ин махсусан, дар шароити эътимоду боварии пасти шаҳрвандон ба аксарият ҳизбҳои сиёсӣ муҳим аст.
Сомонаи босифат ва ошкори иттилоотии ҳизб метавонад дар баланд бардоштани эътимод ба он аз тарафи шаҳрвандон саҳми назаррас гузорад. Аз рӯи мазмуни сомонаҳои ҳизбҳо метавон дар бораи сатҳи кушода ё пӯшида будани онҳо, дар бораи имконияти дастрасии шаҳрвандон ба фаъолияти ҳизбҳо, дар бораи шаффофият дар соҳаи маблағгузорӣ ва идоракунии буҷети ҳизб, ҳамчунин дар бораи ошкории умумии ҳизб нисбат ба ҷомеа қазоват кард. Ҳамаи ин махсусан дар давраи интихоботи сатҳи гуногун, маъракаи интихоботӣ ва равандҳои электоралии Тоҷикистон ҷанбаи муҳим касб мекунад.
Сомонаи натиҷабахши ҳизб бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯй бошад:
- иттилооти асосӣ (номгӯй, низомнома, барнома, мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб) ва иттилооти иловагӣ дар бораи ҳизби сиёсӣ, аз ҷумла, маълумоти робита бо ҷомеа ва шакли иртиботи баръаксро дарбар гирад;
- маълумоти мазкур бояд ба таври мураттаб ва саривақт таҷдид шавад, ки ин имконият медиҳад, он талабгор дошта бошад ва истифодабарандаро водор созад, ки бори дигар ба он муроҷиат намояд;
- дизайни нодиру ҷолиби дарбаргирандаи рамзи ҳизб дошта бошад;
- сохтори муносиби роҳнамоӣ дошта бошад;
- исми барои ҳизб нисбатан муносибу созгор дошта бошад, ки бояд номгӯйи ҳизбро инъикос намояд ва дар айни замон кӯтоҳ ва ба осонӣ дар хотир нигоҳ дошта шавад;
- ба талабот нисбат ба амнияти сомона, аз ҷумла ҳимоя аз ҳамлаи хакерӣ мувофиқ бошад.
Кори дурусти сомона, ки дар инъикоси дуруст дар тамоми намудҳои паҳнкунии браузерҳо ифода меёбад (ҳифзи қолабсозии дурусти сомона, инъикоси графика), бакорбарии сайтро барои истифодабаранда бо дастгоҳҳо ва барномаҳои гуногун имконпазир месозад.
Истифодаи унсурҳои гуфтугӯӣ дар сомона имконият медиҳад, ки мазмуни иттилоотии он гуногун карда шавад ва механизми иртиботи баръакс бо истифодабарандагони сомона роҳандозӣ шавад.
Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон бояд таҷрибаи ҷалби маблағ аз ашхоси воқеӣ ба воситаи интернетро истифода баранд. Барои ин бояд ба ҳизбҳо тавсия дода шавад, ки системаи пардохти пайвандшуда бо сомонаҳои ҳизбҳоро истифода намоянд.
Барои ҳизбҳо ташкили шабакаҳо дар матбуоти иҷтимоӣ аҳамияти махсус дорад. Роҳбарон ва дигар намояндагони ҳизбҳо бояд робита бо матбуоти иҷтимоиро густариш бахшанд, дар баррасиҳо ва баҳсҳо иштирок кунанд, мавқеи ҳизбро оид ба ин ё он масъала асоснок намоянд, ба шарҳу тафсирҳои созанда ҷавоб диҳанд.
Ба мақсад мувофиқ мебуд, агар ба кормандони ҳизбӣ вазифаи идоракунии саҳифаҳои ҳизб дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва блогҳои ҳизбӣ вогузор гардад.
Ин кормандон бояд мунтазам гузоришҳоро барои роҳбарияти ҳизб бо тавсияҳои созанда ва муфид таҳия намуда, ин тавсияҳоро барои баррасии коршиносон ва раъйгирии дохилӣ пешниҳод намоянд, то ин ки имконияти ислоҳи барномаҳои ҳизбӣ мутобиқи тавсияҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирад.
Истифодаи имкониятҳои иртиботии матбуоти иҷтимоиро метавон ба намояндагони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ: ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ашхоси алоҳидаи фаъоли сиёсӣ низ тавсия дод, ки бояд ба баланд бардоштани самаранокии ниҳодҳои он мусоидат намояд.
«Ба асоси технологияи иттилоотӣ – иртиботӣ ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ воситае дарёфт мекунанд, ки имконият медиҳад чунин системаи робита созмон диҳанд, ба баланд бардоштани самаранокӣ ва суръати кори иштирокчиёни онҳо мусоидат мекунад». Дар айни замон, технологияи интернетӣ бо сохтори шабакавии хосаш қобилияти тавсеа ва тақвият додани робитаҳои уфуқӣ дар ҳизбҳои сиёсии мавҷуда ва бавуҷудмеомадаро дорад.
Шабакаҳои интернетӣ бо бештар аз 3 000 истифодабаранда дар шабонарӯз бояд аз тарафи мақомоти дахлдор ба қайд гирифта шаванд ва соҳибони онҳо бояд як силсила маҳдудиятҳоро, ки нисбат ба мазмуни ин шабакаҳо ҷорӣ мешавад, иҷро ва риоя намоянд. Мақомоти давлатии масъули назорат ба соҳаи алоқа, технологияи иттилоотӣ ва воситаҳои ахбори омма бояд нашри матлаби манъшуда дар шабакаҳои интернетии ҳизбҳо ва дигар созмонҳои ҷамъиятиро назорат кунанд.
Дар аксарият кишварҳо воситае барои бақайдгирии ақидаи шаҳрвандон, – яъне портали «Ташаббуси ҷамъиятӣ» таъсис шудааст, ки бо пешниҳоди шаҳрвандон дар интернет масъаларо нашр намуда, аз рӯи он раъйгирӣ карда мешавад. Тибқи ин тарҳ, пешниҳодҳоеро, ки на камтар аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандон тайи як сол дастгирӣ карда бошанд, аз тарафи мақомоти ҳокимият мавриди баррасӣ қарор мегиранд (чунин меъёр дар Британияи Кабир аллакай амал мекунад).
Ба ақидаи мо, бояд як шабакаи интернетии «Ташаббуси ҷамъиятӣ барои ҳизбҳои сиёсӣ» ташкил карда шавад, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд пешниҳодҳо ва ибтикорҳои гуногунро ҷиҳати таъсиррасонӣ ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсии бақайдгирифташудаи Тоҷикистон (махсусан, ҳизбҳои парламентӣ) матраҳ намоянд. Пешниҳодҳое, ки бештари овозро ба даст оваранд, бояд дар барномаи ҳизб инъикос ёфта, ба ислоҳи ҳадафҳои эълоншудаи ҳизбҳои сиёсӣ мусоидат менамоянд. Чунин амал махсусан барои ҳизбҳои сатҳи давлатӣ муҳим аст, чунки гоҳҳо дурии ҳизбҳо аз масъалаҳои воқеии шаҳрвандон ба мушоҳида мерасад.
Ин имконият медиҳад, ки ихтилофот мулоим шуда, ниҳоят бартараф карда шаванд: яъне, ҳадафи ҳизб ба даст овардани ҳокимият ё дастрасӣ ба ҳокимият ба манфиати гурӯҳи иҷтимоӣ мебошад. Чунин шабакаи интернетӣ ҳамчунин метавонад рақобати дохили ҳизбиро бо роҳи гузаронидани праймериз дар фазои электронӣ таъмин намояд: яъне, раъйгирӣ ба рӯихати номзадҳо дар байни аъзои ҳизб.
Ба сабаби ин ки қоидаи ягонаи ҷой додани иттилоот дар сомонаҳои ҳизб ва меъёрҳои қонунгузории уҳдадоркунандаи ҳизбҳои сиёсӣ барои таъсис додани сомонаи худ дар интернет вуҷуд надоранд, пешниҳоди тавсиявӣ менамоем, ки дар қонунгузорӣ дар қисмати баланд бардоштани шаффофияти иттилоотӣ ҳангоми таъсис додан ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» аз 8.08.2015, № 1209 тағйирот ворид карда шавад.
Ҳамчунин, ба мақсад мувофиқ мебуд, ки имконияти дар моддаи 20 «Асос барои манъ кардани бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ … ва рад кардани бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ…» чунин асос дохил карда шавад:
- «набудани сомонаи (сайти) расмии ҳизби сиёсӣ»;
- «мутобиқ набудани иттилоот дар сомонаи расмии ҳизби сиёсӣ бо талаботи Қонуни мазкур».
Ба ғайр аз ин, зарур мешуморем, ки ба воситаи моддаи алоҳида талабот ба сомонаи расмии ҳизби сиёсӣ муқаррар карда шавад.
Ҳаҷми ҳатмии иттилооти таъйиншуда барои ҷой додан дар сомонаи расмии ҳизби сиёсӣ:
- номи ҳизби сиёсӣ, аз ҷумла кӯтоҳкардашуда;
- иттилоот дар бораи санаи таъсиси ҳизби сиёсӣ;
- низомномаи ҳизби сиёсӣ;
- барномаи ҳизби сиёсӣ;
- иттилоот дар бораи мақомоти роҳбарикунандаи ҳизби сиёсӣ ва шуъбаҳои минтақавии он (аз ҷумла, маҳали ҷойгиршавӣ ва рақами телефон барои алоқа);
- иттилоот дар бораи узвият дар ҳизби сиёсӣ;
- маълумот дар бораи теъдоди номзадҳои бақайдгирифташуда ба вакилӣ ва ба дигар мансабҳои интихобӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалии худидоракунӣ, ки ҳизбҳои сиёсӣ, шуъбаҳои минтақавии он ва дигар сохторҳо пешниҳод кардаанд, ҳамчунин маълумот дар бораи рӯихати номзадҳо ба вакилии бақайдгирифташуда аз тарафи комиссияҳои интихоботӣ;
- ҳисоботи ҷамъбастии молиявии ҳизби сиёсӣ;
- суроғаи шабакаҳои иттилоотӣ-телекоммуникатсионии ҳизбии истифодаи умум, аз ҷумла, суроғаи нашрияҳои ҳизбӣ дар васоити ахбори оммаи иҷтимоӣ (агар бошанд);
- маълумоти дигари дахлдошта ба фаъолияти ҳизби сиёсӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зиддият надорад.
Ҷиҳати тавсеаи имкониятҳои ҳизбҳои сиёсӣ барои ҷалби маблағ оид ба таъмини фаъолияти худ бо истифода аз технологияи интернетӣ, имкони ворид кардани ислоҳ дар моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба вуҷуд меояд.
Ҳамзамон бо ин, қонунан бояд маҷмӯи тадбирҳои назорат ба пардохти система дар қисмати верификатсияи соҳибони сандуқҳои электронӣ ба мақсади роҳ надодан ба беном (анонимӣ) будани онҳо пешбинӣ карда шавад. Ҳамчунин, бояд андозаи ниҳоии кумаки молиявӣ аз як шахси воқеӣ, ки ба воситаи пардохти электронӣ анҷом мегирад, муқаррар карда шавад.
Маблағи ниҳоии кумаки пулӣ бояд бо роҳи санҷиш муайян карда шавад.
Бадин тартиб, шарти зарурии фаъолияти ҳизби сиёсӣ маҷудияти сомонаи расмӣ дар шабакаи интернет мебошад. Барои ҳизбҳо ташкили шабакаҳо дар матбуоти иҷтимоӣ аҳамияти махсус дорад. Ба роҳбарон ва дигар намояндагони ҳизбҳо тавсия дода мешавад, ки иртибот бо матбуоти иҷтимоиро густариш бахшанд, дар баррасиҳо ва баҳсҳо иштирок кунанд, мавқеи ҳизбро оид ба ин ё он масъала асоснок намоянд, ба шарҳу тафсирҳои созанда ҷавоб диҳанд. Таъсис додани як шабакаи интернетии «Ташаббуси ҷамъиятӣ барои ҳизбҳои сиёсӣ»-ро муҳим мешуморем, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд пешниҳодҳо ва ибтикорҳои гуногунро ҷиҳати таъсиррасонӣ ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсии бақайдгирифташудаи Тоҷикистон (махсусан, ҳизбҳои парламентӣ) матраҳ намоянд.
Пешниҳодҳое, ки бештари овозро ба даст оваранд, бояд дар барномаи ҳизб инъикос ёфта, ба ислоҳи ҳадафҳои эълоншуда мусоидат намоянд. Ба сабаби мавҷуд набудани меъёрҳои қонунгузории уҳдадоркунандаи ҳизбҳои сиёсӣ барои таъсис додани сомонаи худ дар интернет, пешниҳод менамоем, ки дар қонунгузорӣ дар қисмати баланд бардоштани шаффофияти иттилоотӣ ҳангоми таъсис додан ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ тағйир ворид карда шавад.
Нақши технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ пайваста меафзояд. Ин имконият медиҳад таъкид намоем, ки технологияи интернетӣ дар фаъолияти ҳизбҳо ҷанбаи омилӣ мегирад.
Ба ақидаи мо, истифодаи технологияи интернетӣ ба беҳтар шудани ҳамкории мутақобила дар системаи «шаҳрвандон – ҳизбҳои сиёсӣ – давлат» мусоидат хоҳад кард ва ба амалкарди системаи демократии сиёсӣ таъсири мусбат хоҳад расонид.
Нуриддин П.Р.,
Маркази
тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
сардори раёсат, номзади илмҳои сиёсӣ