Моҳи марти соли ҷорӣ дар Чин ду чорабиние баргузор гардиданд, ки дар онҳо намояндагони давлатҳои гуногун, коршиносони созмонҳои байналмилалӣ ва олимон иштирок намуданд.Форуми рушди Чин (CDF) форуми сатҳи баланди байналмилалӣ мебошад, ки бо ибтикори Фонди тадқиқоти рушди Чин (CDPF)-и назди Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Чин аз соли 2000 инҷониб баргузор мегардад. Форум аз ҷониби муассисаи миллӣ, ҷамъиятӣ ва ғайритиҷоратии Маркази тадқиқоти рушд, ки бевосита ба дафтари Генералии шӯрои Давлатии Ҷумҳурии Чин тобеъ аст, сарпарастӣ карда мешавад. Форум дар ҳар сол моҳи март пас аз Маҷлиси умумихитоии намояндагони халқ баргузор мегардад. Форуми мазкур барои дар сатҳи баланд мустаҳкам намудани муносибати Чин ва ҷаҳон равона гардида, ҳамчун платформаи муколама байни Ҳукумати Чин ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, корпоратсияҳои фаромиллӣ ва олимони маъруф баромад менамоянд, ки ба таҳкими робитаҳои байни Чин ва ҷаҳон нигаронида шудааст. Соли ҷорӣ низ Форуми мазкур санаи 24-25 март дар шаҳри Пекин таҳти унвони “Рушди устувори Чин”баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи он тақрибан 400 нафар, аз ҷумла мутахассисони чинӣ, хориҷӣ, соҳибкорон, шахсони расмӣ ва намояндагони созмонҳои бонуфузи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар ифтитоҳи Форуми мазкур, Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Тсян баромад намуда, иброз дошт, ки рушди иқтисодии Чин тақвият меёбад ва заминаи беҳтаргардонии дарозмуддати иқтисодиёт бетағйир боқӣ мемонад. Инчунин, қайд карда шуд, ки иқтисоди Чин, айни замон аз ҷиҳати бузургӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад, дорои асосҳои устувории қавӣ, потенсиали назаррас ва қобилияти кофӣ барои рушди дарозмуддат мебошад. Зиёда аз 1,4 миллиард аҳолии кишвар бозори бузурги дохилиро ташкил дода, гурӯҳи аҳолӣ бо даромади миёна пайваста васеъ мешавад. Ҳамчунин, иброз гарди, ки Чин дорои бузургтарин шабакаи ҳамгирошудаи нақлиётӣ, низоми энергетикӣ, шабакаи 5G дар ҷаҳон мебошад. Сарвазири Шӯрои Давлатии Чин зимни баромад ваъда дод, ки ислоҳи сиёсати макроиқтисодиро фаъолтар ва талаботи дохилиро зиёд менамояд, шаҳрсозии навъи нави ба инсон нигаронидашударо пеш мебарад, инчунин, навсозии васеи таҷҳизотро равнақ мебахшад ва ба савдои молҳои истеъмолии дарозмуддат ташвиқ мекунад. Чин пешбурди рушди инноватсионии истеҳсолотро дар асоси навовариҳои илмию техникӣ идома медиҳад, рушди қувваҳои истеҳсолии сифати навро метезонад ва тағйироти “сабз” – ро пеш мебарад. Кӯшишҳои пайваста ба фароҳам овардани муҳити олии байналмилалии тиҷорат равона карда мешаванд, ки риояи принсипҳои бозор ва волоияти қонун, пешбурди устувори кушодагии институтсионалӣ ва барқарор кардани робитаҳо бо ҷаҳон дар сатҳи боз ҳам баландтари кушодашавиро таъмин мекунанд. Ҳамчунин, Сарвазири Шӯрои Давлатии Чин қайд кард, ки Чин омода аст, ки имкониятҳои бузурги рушди устувори худро бо ҷаҳон мубодила кунад ва бо тамоми ҷонибҳо барои эҷоди ояндаи дурахшон барои рушди умумӣ кор кунад.

Сарони ниҳодҳои байналмилалӣ ва раҳбарони тиҷорати ҷаҳонӣ рушди иқтисоди Чинро мусбат арзёбӣ менамоянд ва ба дурнамои рушди босифати иқтисодии Чин эътимод доранд ва бовар доранд, ки Чин ҳамчун як муҳаррики муҳимми рушди иқтисоди ҷаҳон хоҳад буд, чунончи назари коршиносон соҳаи бонкӣ ба ин масъала ҷолиб аст:

  • “Саёҳати ғайриоддии Чин собит мекунад, ки ҳама чиз имконпазир аст” –Ангел Панг Раиси Бонки Ҷаҳонӣ;
  • “Ба оянда назар карда, ман боварӣ дорам, ки Чин дар соли 2024 ба траекторияи хеле устувори рушд ноил хоҳад шуд ва инчунин ба ҳадафҳои рушди эълонкардаи Ҳукумат ноил хоҳад шуд” – Масатсугу Асакава Раиси Бонки Осиёии Рушд;
  • “Иқтисоди Чин аз суръати баланд ба рушди босифат мегузарад ва рушди босифат дар ниҳоят ба ислоҳот вобаста аст” – Кристалина Георгиева Раиси Фонди байналмилалии асъор. Ӯ итминон дорад, ки Чин як пешвои ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ аст ва инфрасохтори рақамии пешрафтаи он ба он бартарии пешбаранда медиҳад. Дар робита ба рушди иқтисоди “сабз”, Чин дар истифодаи энергияи таҷдидшаванда дар ҷаҳон пешсаф аст, дорои потенсиали бузург ва инчунин, дар саёҳатҳои “сабз” ба пешравиҳои назаррас ноил шудааст. Қайд гардид, ки Чин ба муваффақиятҳои барҷастаи тараққиёт ноил гардида, ба садҳо миллион одамон фоидаи калон расонд. Ӯ боварӣ дорад, ки Чин ва ҷаҳон метавонанд тавассути ҳамкорӣ бо мушкилоти кунунӣ мубориза баранд ва барои инсоният ояндаи шукуфонро эҷод кунанд;
  • “Ин форум азми Чинро дар пайи рушди босифат инъикос мекунад: “L’Oreal сармоягузорӣ ба Чинро идома медиҳад, зеро мо боварӣ дорем, ки сармоягузорӣ дар Чин сармоягузорӣ ба оянда аст” – Йе Ҳонгму мудири кулли ширкати L’Oréal Group.

Форуми Осиёии Боаос (BFA) созмони байналмилалии ғайриҳукуматӣ ва ғайритиҷоратӣ мебошад, ки ҳадафи он дастгирӣ ва рушди мубодилаи иқтисодӣ, ҳамкорӣ ҳам дар Осиё ва ҳам берун аз он, тавассути баргузории вохӯриҳои ҳарсолаи сатҳи баланд, бо иштироки намояндагони доираҳои ҳукуматӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ, илмӣ ва муҳокимаи масъалаҳои мубрами иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва ғайра мебошад. Онро “Давоси Шарқӣ” низ меноманд. Форуми мазкур соли 2001 пас аз Буҳрони молиявии Осиёӣ аз ҷониби 26 давлатҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором барои муколама оид ба сиёсат ва тиҷорат асос ёфтааст. Ҳамчунин, ба онҳо се кишвари дигари минтақа илова карда шуданд. Саридораи асосии созмон дар шаҳраки Боаои шаҳри Тсюнхайи вилояти Ҳайнани Чин ҷойгир буда, конфронсҳои ҳарсолаи он дар шаҳраки Боао аз соли 2002 инҷониб гузаронида мешаванд. Соли ҷорӣ низ санаи 26 март Конфронси Осиёии Боаос таҳти унвони «Осиё ва ҷаҳон: таҳдидҳои умумӣ, масъулияти умумӣ» ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар он зиёда аз 2000 намояндагони 60 давлатҳо ва минтақаҳо иштирок намуданд.

Дар яке аз ду гузоришҳои солонаи пеш аз ифтитоҳи конфронс нашршуда, “Дурнамои рушди иқтисоди Осиё” дурнамои рушди иқтисодии минтақаи Осиё таҳлил ва пешгӯйӣ гардидааст, ки “дар соли 2024 нооромиҳо ва фарқиятҳои иқтисодии ҷаҳонӣ боқӣ хоҳанд монд. Биёер иқтисодиёти Осиё бо шароити душвори беруна дучор гашта, бо мушкилоти ҷиддии дохилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бо вуҷуди ин, рушди иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақавӣ дар минтақа динамикаи умедбахшро идома медиҳанд”:

  • Суръати афзоиш. Дар тақсимоти минтақавӣ интизор меравад, ки соли 2024 суръати рушди иқтисодӣ дар Осиёи Шарқӣ мисли соли 2023 4,3%-ро ташкил медиҳад, иқтисодии Осиёи Ҷанубӣ то 5,8% ва Осиёи Ғарбӣ то 3,5% афзоиш меёбанд. Иқтисоди Осиёи Марказӣ эҳтимолан аз 4,5%-и соли 2023 то 4,3% коҳиш ёбад. Эҳтимолияти афзоиши ҳаҷми умумии иқтисодии Осиё дар ММД-и ҷаҳонӣ то 49% мавҷуд аст, ки нисбат ба соли 2023 – 0,5 банди фоизӣ зиёд аст.
  • Шуғл. Дар зери таъсири коҳиши идомаёбандаи иқтисодӣ, дурнамои ҷаҳонии шуғл барои соли 2024 мусбат арзёбӣ намегардад. Аммо, интизор меравад, ки сатҳи умумии бекорӣ дар Осиё аз сатҳи умумии бекории ҷаҳонӣ пасттар боқӣ монад. Минтақаҳои сераҳолии Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубӣ бо қувваи кории сершумори худ дар соли 2024 метавонанд афзоиши нисбатан сусти шуғлро аз сар гузаронанд, ки эҳтимолан боиси коҳиши афзоиши умумии шуғл дар Осиё аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ гардад. Ба истиснои Осиёи Шарқӣ, дигар минтақаҳои Осиё метавонанд суръати афзоиши шуғлро ба дараҷаҳои гуногун коҳиш диҳанд. Аммо, аз нуқтаи назари бекорӣ дар Осиё, дар маҷмуъ, вазъ дар соли 2024 аз ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ беҳтар хоҳад буд, дар ҳоле, ки сатҳи умумии бекорӣ дар кишвар дар соли 2024 4,71% – ро ташкил медиҳад, ки аз сатҳи пешбинишудаи бекории ҷаҳонӣ 5,16% хеле пасттар аст.
  • Сатҳи даромад. Интизор меравад, ки сатҳи даромад дар Осиё ба таври назаррас афзоиш намеёбад ва дар баъзе минтақаҳо, ҳатто метавонад коҳиш ёбад. Дар робита ба нархҳо, фишори таваррум дар Осиё боз ҳам сабуктар хоҳад шуд, гарчанде, ки баъзе кишварҳои дорои таварруми паст метавонанд каме болоравии нархҳоро эҳсос кунанд. Бо сабаби паст шудани нархи молҳо ва сахттар шудани сиёсати пулию қарзӣ, суръати таваррум дар аксари кишварҳои Осиё дар соли 2023 коҳиш ёфт.
  • Савдо ва сармоягузорӣ. Таҳти таъсири таназзули иқтисодии ҷаҳонӣ, низоъҳои геополитикӣ, вазъи молиявии мураккаби байналмилалӣ ва баъзе омилҳои дигар, афзоиши тиҷорат ва сармоягузории Осиё ва ҳатто ҷаҳонӣ метавонад ба фишори зиёд ва оқибатҳои шикастани занҷирҳои таъминот дар соли 2024 дучор ояд. Аммо, бо рушди босуръати тиҷорати рақамӣ, барқарорсозии сайёҳӣ дар Осиё ва рушди пайвастаи баъзе созишномаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, аз қабили шарикии ҳамаҷонибаи иқтисодии минтақавӣ (RCEP), интизор меравад, ки таъсири мусбати таҷдиди занҷирҳои истеҳсолӣ ва фурӯши осиёӣ ва занҷирҳои саноатӣ ба ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат намуда, ба тиҷорат ва сармоягузории Осиё такони нав бахшад.

Санаи 28 март, ҷаласаи пленарӣ дар қатори раиси BFA, собиқ дабири кулли СММ Пан Ги Мун, дабири кулли BFA Ли Баодун, Президенти Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев низ суханронӣ намуд. Президенти Қазоқистон иброз дошт, ки: “Дар миёнаи даҳсола торафт равшантар мегардад, ки суръати афзоиши ММД-и ҷаҳонӣ дар 30 соли охир пасттарин хоҳад буд. Яке аз мушкилоти ҷиддии иқтисоди ҷаҳонӣ ташаннуҷи муносибатҳои тиҷоратии байни кишварҳои пешрафта боқӣ мемонад. Сиёсати протексионизм ва шиддат гирифтани баҳсҳои тиҷоратӣ занҷирҳои ҷаҳонии таъминотро вайрон мекунанд, рушди иқтисодиро бозмедоранд ва эътимоди сармоягузоронро коҳиш медиҳанд. Аён аст, ки иқтисоди ҷаҳонӣ ба парадигмаҳои нави рушд ниёз дорад. Нотавонии ҳалли ин масъала метавонад дар даҳсолаи оянда имкониятҳои аз даст додашударо ба бор орад”. Ӯ шарикони осиёиро ба ҳамкорӣ даъват кард ва ба онҳо пешниҳод кард, ки ба иқтисоди Қазоқистон сармоягузорӣ кунанд ва ба ин васила роҳҳои нави ҳамкориро боз кунанд. Ҳамчунин, нақши Чин дар ҳамкории иқтисодии байни Қазоқистон, бахусус дар заминаи иштирок дар лоиҳаи азими “Як камарбанд, як роҳ”, ки ҳамчун пули калидӣ байни Шарқ ва Ғарб хизмат мекунад, арзёбӣ гардид (80%-и тамоми ҳамлу нақли заминӣ байни Чин ва Аврупо тавассути Қазоқистон амалӣ карда мешавад).

Ҳамин тариқ, санаи 29 март нишасти матбуотии ниҳоии Форуми Осиёии Боао дар соли 2024 баргузор шуда дар он Дабири кулли BFA Ли Баодун дар ҷамъбаст таъкид кард, ки конфронси солона натиҷаҳои муҳим ва мусбат ба даст овард, даъвати баланд ба “ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ ба хотири рушди умумӣ”, ки Осиёро намояндагӣ мекунад, садо дод ва ба як қатор консенсусҳои (хулосаҳои) муҳим ноил шуд:

“Аввалан, фаҳмиши возеҳи таҳдидҳое, ки имрӯз дар назди ҷаҳон истодаанд, вуҷуд дорад. Барқарорсозии иқтисоди ҷаҳонӣ суст аст, муноқишаҳои минтақавӣ идома доранд ва мушкилоти дарозмуддат, ба монанди тағйирёбии иқлим, торафт бештар ба назар мерасанд. Худи инсоният дар ибтидои ин мушкилот қарор дорад.

Дуюм, танҳо ба шарофати ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ мо метавонем мушкилотро беҳтар ҳал кунем. Ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ, бисёрҷонибавӣ, ҷаҳонишавӣ ва иқтисоди кушоди ҷаҳонӣ ягона роҳи пешрафт мебошанд.

Сеюм, яке аз мушкилоти асосии иқтисоди ҷаҳонӣ ин афзоиши парокандагӣ мебошад. Ҷаҳон ба системаи савдои бисёрҷониба, ки ба принсипҳои адолат ва ошкорбаёнӣ асос ёфтааст, ниёз дорад.

Чорум, Осиё ба давраи нави рушди устувор ворид мешавад. Интизор меравад, ки Осиё имсол 60% афзоиши ММД-и ҷаҳонро ташкил медиҳад. Осиё минтақаи динамикӣ ва ояндадор дар ҷаҳон ва арзандатарини сармоягузорӣ боқӣ мемонад.

Панҷум, Чин такягоҳи рушди устувори иқтисоди ҷаҳонӣ дар давраи пас аз пандемия мебошад. Чин минбаъд низ ба рушди иқтисодии ҷаҳонӣ саҳми бештар хоҳад гузошт.

Шашум, инноватсия қувваи пешбарандаи бепоёни рушд мебошад. Мусоидат ба пешрафт ва навовариҳои илмию техникӣ муҳим аст, аммо дар айни замон бояд аз хатарҳои он, хусусан дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ муҳофизат карда шавад.

Ҳафтум, фаъолият дар самти посӯх ба тағйирёбии иқлим фаъол карда шаванд. Ҳукуматҳо, тиҷорат ва шаҳрвандон бояд чора андешанд. Бояд ба кӯмак ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ бо маблағгузории   “сабз” диққат дод. Барои системаи энергетикии Осиё, гузариш ба карбони сифрро суръат бахшидан лозим аст.”

Ҳамчунин, намояндаи Федератсияи Россия муовини нахуствазир А. Оверчук, иброз дошит, ки “Имрӯз, албатта, мо афзоиши бозорҳои Осиёро мебинем; мо мефаҳмем, ки бозорҳои ғарбӣ барои мо бастаанд ва то замони номуайян боқӣ хоҳанд монд. Дар як муддати хеле кӯтоҳ мо тавонистем, ки гардиши молҳои худро ба Шарқ равона кунем”.

Мусаллам аст, ки ММД Чин дар соли 2023 ба 126 триллион юан афзоиш ёфта, таваррум дар сатҳи 0,2% нигоҳ дошта шуд (қариб мавҷуд нест). Бо вуҷуди аҳолии зиёд доштан суръати афзоиши аҳолӣ 6,1 дарсадро ташкил дода, зиёда аз 82,5 дарсади талаботаш аз ҳисоби таъминоти худӣ мебошад. Дар умум рушди иқтисодии Чин нисбат ба давлатҳои тараққикардаи Ғарбӣ, ҳатто аз ИМА (2,5 % рушди иқтисодӣ) пешсаф мебошад. Ҳамзамон, дар солҳои баъдиковидӣ яъне дар солҳои 2020, 2021, 2022, 2023 индикатори рушди иқтисодӣ 4,7 дарсадро ташкил медод.

Бо дарназардошти таҳримҳои давлатҳои Ғарб дар баъзе аз давлатҳои Шарқ ин бумерангвор таъсири бевоситаашро ба худи ин давлатҳо расонид. Аз ин ҷониб, дар солҳои баъдиковиди (яъне дар давоми чор сол) рушди иқтисодиёти ИМА 2%, Канада 1,4%, Итолиё 0,8%, Бритониёи Кабир ва Фаронса 0,4%, Ҷопон 0,3%, Олмон 0,2% ва дар маҷмуъ рушди иқтисодиёти ҳафтгонаи бузург дар давоми солҳои баъдаз ковидӣ 1%-ро ташкил намуд.

Мутахассисони соҳаи иқтисодӣ ва коршиносон пурра дарк намудаанд, ки иқтисодиёти Чин рӯз то рӯз афзоиш ёфта, сармоягузориҳо ба ин кишвар манфиатоварии бештар дорад. Бо вуҷуди оне, ки дар баъзе бахшҳои иқтисодиётӣ Чин давлатҳои Ғарбӣ таҳримҳо эълон намудаанд, аммо сармоягузориҳои онҳо ба ин кишвар дар ҳолати афзоиш мебошад. Масалан, сармоягузориҳои давлатҳои Ғарб ба Чин дар соли 2023 – 8,3%-ро ташкил дод, зеро маҳз иқтисодиёти Чин дар оянда кафили асосии гирифтани дивиденд аз саҳмияҳояшонро дода метавонад.

Дар хулосаи коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ва дохилӣ пешгӯйи карда шуд, ки дар соли 2024 низ рушди иқтисодии Чин ба 5% баробар гардида, эҳтимолияти зиёд шудан ва на пастар аз ин нишондод мегардад. Дар соли 2024 иқтисодиёт ва истеҳсолоти Чин зиёда аз 30%-и ММД ҷаҳонро ташкил менамояд.

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии мардумии Чин яке аз мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта мебошад, ки тағийротҳои иқтисодии он бевосита ба иқтисодиёти дигар мамлакатҳо таъсири худро мерасонад. Аз он ҷумла, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири мусбати худро дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт мерасонад. Чӣ тавре, ки дар чаласаи Форуми рушди Чин соли 2023 дарҷ гардида буд, ба 1% афзоиш ёфтани маҷмуи маҳсулоти дохилии Чин ба 0,3% афзоиш ёфтани иқтисоди Осиё мусоидат менамояд. Ширкатҳои бонуфузи саросари ҷаҳон нисбат ба иқтисоди ҷаҳонӣ ба дурнамои рушди иқтисоди Осиё эътимоди бештар доранд.

Тоҷикистон низ аз фазои баамаломада метавонад ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузорон, соҳибкорон ва сайёҳон самаранок истифода барад. Аз ҷумла дар самти логистикӣ ва рушди соҳаҳои инфрасохтори нақлиётӣ, тавассути идоранамои рақамӣ. Чин дар сатҳи иқтисодиёти баъдииндустриалӣ ва дар сатҳи иқтисодиёти иттилоотӣ ҳастанд, ки дар онҳо талабот дигар аст. Дар ин бозор ба ҷойи ҳукумронии фурӯшандагон, бозори харидорон ҳукмрон аст. Ҳар истеъмолкунанда моли хуб талаб менамояд ва на танҳо моли сифатан нағз, балки бо нархи пасттар харидоришаванда. Аз ин лиҳоз, роҳе ки байни Ҷумҳурии Мардумии Чин, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия ва дигар давлатҳои Аврупост, ин роҳест, ки нисбати роҳи Чин, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Туркия мувофиқтар, наздиктар ва самараноктар мебошад. Ин роҳ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бениҳоят аҳаммияти калон дошта, имкон медиҳад, ки ба қисми ғарбии Афғонистон низ бо роҳи оҳан пайваст гардем. Дар самти ҳаракат ба шимол тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва ба бештаре аз минтақаҳои Федератсияи Русия расида тавонем.

Тавассути ҳаракати роҳи оҳан ба ғарб бошад чунинанд: Чин, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон то бандари Аббос, тавассути халиҷи Форс ба уқёнуси Ҳинд роҳ кушода мегардад. Боз бо ҳамин роҳ Чин, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Покистон ва Ҳиндустону уқёнуси Ҳинд роҳ кушода мегардад. Инчунин, тавассути ин роҳ аз Чин, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия ва бандари Мерсин ба баҳри Миёназамин мерасем. Ё ин, ки ба қисми шимолии Туркия бошад, ба бандари Самсун ва Истамбул ба Баҳри Сиёҳ ва Аврупо мебарояд. То расидан ба қисми шимолӣ бошад, тавассути бандари Решт ба баҳри Хазар (Каспий) баромада метавонем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз ин нишондодҳо зиёдтар манфиат аз хизматрасонии нақлиётӣ ба буҷаи кишвар маблағ ворид кунад. Дар шароити кунунӣ бештаре аз молу маҳсулоти Чин тавасути Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркия ба Аврупо меравад. Агар 10 дарсади молу маҳсулоте, ки аз Чин ба Аврупо тавассути Тоҷикистон гузарад ва дар он саҳми ширкатҳои нақлиётии кишвар бошад, эҳтимолияти афзун гардидани буҷети кишвар ва афзоиш ёфтани саҳми логистика дар ММД мегардад.

Бахши иқтисодии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед