Афзоиши аҳолии минтақа ва ҷаҳон, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти муҳити зист, масъалаи норасоии оби тоза ва дигар масъалаҳои вобаста ба об ба омилҳои таъсиргузор дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Дар ин масъала, Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои ҳассос ба шумор меравад. Аз рӯи тадқиқоти олимони соҳаи об, танҳо 3% оби ҷаҳонро оби тоза ташкил дода, зиёда аз 2/3 ҳисаи ин об дар шакли барфу ях қарор дорад. Обҳои зеризаминӣ 31% тамоми захираи оби тозаро ташкил медиҳанд, дар ҳоле ки кӯлҳо, дарёҳо ва обанборҳо камтар аз 0,3% захираҳои оби тозаро ташкил медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи ин захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ буда, татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро авлавияти сиёсати хориҷии худ медонад.
Истифодаи самараноки захираҳои оби тоза, ки манбаи аз ҳама осебпазир дар шароити тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравад, дар расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим дорад. Маҳз бо дастгириву ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон вобаста ба масъалаҳои марбут ба об дар якҷоягӣ бо кишварҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид ва сохторҳои дахлдори он, як қатор ташаббусҳои глобалӣ, аз ҷумла “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013 ” Даҳсолаи нави байналмилалии амал” Об барои рушди устувор, 2018-2028″-ро пешниҳод намудаанд. Ин иқдомҳо ва ташаббусҳои саривақтиву муфид барои ҳамкориҳо дар самти истифодаи ҳамаҷонибаи захираҳои об ва суръат бахшидани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, инчунин ноил гардидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об хидмат намуда истодаанд. Қайд кардан зарур аст, ки ин ташаббусҳо дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.
Бо мақсади идомаи таҷрибаи ҳамкорӣ ва пешбурди минбаъдаи барномаҳои байналмилалӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид ба ҳайси узви Гурӯҳи муассисони Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим дар ҷаласаи нахустини сатҳи баланди он суханронӣ намуда, пешниҳод карданд, ки соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад. Ҳамчунин Пешвои миллат дар рафти суханрониашон пешниҳод намуданд, ки таъсиси фонди Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ташкил карда шавад, ки ин иқдомҳо метавонанд барои омӯзиши фарогир ва пешниҳоди роҳҳои муассири ҳалли ин мушкилоти ҷаҳонӣ замина гузорад. Итминони комил дорем, ки ин ташаббусҳову пешниҳодҳои беназири Пешвои миллат барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мусоидат хоҳад кард ва бар замми ин имиҷи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло бардорад.
Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ иброз доштанд, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ ба таври хос муаррифӣ менамояд. Дар чаҳорчӯби «Раванди оби Душанбе» Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ҷонибҳои шарик чорабиниҳои муҳими сатҳи баланд баргузор менамояд. Дар рафти конфронсҳое, ки марбут ба «Раванди оби Душанбе» баргузор гардидааст, намояндагон аз доираҳои сиёсӣ, молия, энергетика, саноат, ҳифзи беҳдошти омма, маориф, шаҳрсозӣ, рушди деҳот, инчунин мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист бо ибрози иродаи сиёсӣ ва дарки ӯҳдадориҳо нисбати мушкилоти мавҷуда ғояҳои нав, афкори прогрессивӣ ва идеяҳои созандаву инноватсиониро баҳри ҳалли проблемаҳои марбут ба об ва дастрасӣ ба онро манзур намуданд.
Бояд зикр намуд, ки маҳз тавассути ташаббусҳову пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили об имрӯзҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар яке аз мушкилотҳои глобалии ҷаҳон, ки марбут ба об аст, эътироф менамоянд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф намуда, дар баробари роҳбарони 10 кишвари дигари аъзои Созмони Миллали Муттаҳид узви Гурўҳи сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об шомил намудаанд, ки манфиати кишвари хешро дар арсаи байналмилалӣ дар соҳаи об муаррифӣ ва ҳифз менамоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Консепсияи нави сиёсати хориҷии худ “дипломатияи об”- ро яке аз авлавиятҳои худ мешуморад. Зеро маҳз тавассути “дипломатия об” ҷаҳони муосир имрӯзҳо тамоми мушкилоте, ки ба масоили об рабт дорад, ҳаллу фасл менамояд. Вобаста ба татбиқи ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии самтҳои нави пешбурди сиёсати хориҷӣ, тарғиби имиҷи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибташаббус ва ба хотири рушду тараққиёти давлати соҳибистиқлолу истиқболи сазовори ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳи июни соли 2022 баргузории конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баландро доир менамояд. Дар кори он аз кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳони коршиносони сатҳи баланди ҷаҳонӣ даъват гардидаанд. Яке аз дастовардҳои кишвари азизамон дар раванди пешбурди “дипломатияи об” ин аст, ки дар доираи он масоилҳои муҳими обӣ ҳаллу фасл гардида, тавассути он Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши хосаи худро пайдо намудааст.
Хулоса, метавон гуфт, ки “дипломатияи об” дар авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар низоми пешбурди сиёсати хориҷии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷавҳари асосӣ ба ҳисоб меравад.
Муродов Муҳаммад,
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон